Табрикоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати 27- солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ
Ҳамватанони гиромӣ!
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат 27- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон санади сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад.
Фаромӯш набояд кард, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеан нодиру фараҳбахши таърихӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам оварда, дар ин раванд мавқеи давлати мустақили Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баланд гардид. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ сулҳу суббот ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқии мамлакат таъмин гардида, обурӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ- истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад».
Воқеан, Ваҳдати миллӣ бузургтарин падидае ҳаст, ки мардуми ҳама кишварҳои олам барои ноил шудан ба он мубориза мебаранд. Дар дунё давлате нест, ки бидуни иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардумонаш пешрафт карда бошад. Тоҷикистон 27 сол қабл аз ин бо тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шоҳроҳи Ваҳдати миллӣ ворид шуд.
Ваҳдати миллӣ, ҳамбастагии халқу шукуфоии Ватанро таъмин намуда, вазифаи ҳар фарди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки онро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳимоя намояд.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!
КОНФРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ “ТАЪРИХНИГОРИИ ЭТНОЛОГИЯИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ ХХ - АВВАЛИ АСРИ ХХI
5 декабри соли 2024 бо ташабуси шуъбаи этнология ва антропологияи таърихии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Осорхонаи мардумшиносии ба номи М.С. Андреев Конфренсияи байналмилалии илмии “Таърихнигории этнологияи Тоҷикистон дар асри ХХ - аввали асри ХХI: нигоҳи нав ба мероси ниёгон” ва намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик" ба муносибати шомил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳангӣ ғайримоддии ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимаи миллӣ” баргузор гардид.
Дар конфренсия олимону муаррихони Институт ва дигар кишварҳо ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ин конференси асосан масоили таърихнигории этнологияи Тоҷикистон аз ҷониби маърӯзакунандагон баррасӣ гардид.
Санаи (06.12.2024) соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои Миллат” баргузор карда шуд.
Дар баргузории хониши сиёсӣ академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Каримзода Нилуфар, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф ва аъзоёни ҲХДТ – и АМИТ иштирок намуданд.
Нахуст ба кори ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ Қурбонова Ширин – доктори илмҳои таърих ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро барои ташрифашон хайрамақдам гуфт.
Ҳамзамон ҳозиринро ба муносибати ҷашни пуршукуҳи 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод намуда, аз китоби таълифнамудаи хеш бо номи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои Миллат” - аз таърихи таъсиси ҲХДТ ва талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва ба дастовардҳои назаррас ноил шуданамон ибрози ақида намуд.
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, корманди шоистаи Тоҷикистон – Мирзошоҳрух Асрорӣ оид ба дастовардҳои 30 – соли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба муваффақиятҳои беназир ноил шудан таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд.
05 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи сафари корӣ ба Ҷопон аз Институти миллии илмии маводшиносиии Сукуба дидан намуданд.
Дар Институти мазкур корҳои таҳқиқотҳои илмӣ ба самти ташхису таҳлили моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ равона гардидааст.
Зимни боздид қайд гардид, ки Институти мазкур яке аз бузургтарин муассисаҳои илмӣ дар самти маводшиносӣ дар Ҷопон ба шумор рафта, дар тобеъияташ якчанд лабораторияҳои омӯзишу таҳлил ва таҳқиқи самти кимиëи ғайриорганикиро дорад. Дар озмоишгоҳҳои мазкур имконияти хуби ба анҷом расонидани корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯëн мавҷуд мебошад.
Роҳбарияти Институти илмии маводшиносии Сукуба қайд намуданд, ки баъди ба тавсиб расидани шартномаи тарафайн имконияти васеи ҷалби муҳаққиқони тоҷик ҷиҳати омӯзиш ва иҷрои корҳои илмӣ дар ин муассиса пайдо мешавад. Дар охир ҷиҳати рушди минбаъдаи таҳқиқотҳои илмии тарафайн изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
04 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари кори ба шаҳри Акитаи Ҷопон аз мактаби миёнаи Сано дидан намуданд.
Дар рафти боздид иттилоъ дода шуд, ки мактаби миёнаи Санои шаҳри Акита давлатӣ буда, он 1 апрели соли 1953 тавассути муттаҳид кардани мактаби миёнаи наврасони Сиеваи шаҳри Акита расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар мактаби мазкур хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бояд гуфт, ки мактаби мазкур бо техникаву таҷҳизотҳои мутобиқ бо талаботи муосир таҷҳизотонида шуда, базаи модию техникии пурқувватро доро мебошад.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари ин муассиса мулоқот намуда, доир ба рушди соҳаи илму маориф суҳбат намуданд.
04 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари кори ба шаҳри Акитаи Ҷопон аз Маркази тадқиқоти экологии шаҳри Акита боздид намуданд.
Дар рафти боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз шароиту имконият ва фаъолияти илмию таҳқиқотии кормандони маркази мазкур шинос гардиданд.
Ҳамзамон намоишу дастовардҳои дар натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ба даст овардаи олимону кормандони Маркази тадқиқоти экологии шаҳри Акита ба маърази тамошо гузошта шуданд. Инчунин, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз майдони панелҳои офтобии маркази мазкур дидан намуданд.
Дар идома зикр гардид, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) фаъолият менамояд. Аз ин рӯ олимони мо бояд дар якҷоягӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак ҳамкориҳоро хуб ба роҳ монанд.
03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни ташриф ба Донишгоҳи Акитаи Ҷопон дар муаррифии лоиҳаи iTAG-SATREPS иштирок намуданд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи iTAG-SATREPS - «Сохтмони низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои оби зеризаминӣ» дастгирии техникӣ буда, барои таъсис ва ҷиҳозонидани лаборатория, сохтмони истгоҳҳои (2 дона) гармидиҳӣ- хунуккунии бино равона гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур истгоҳи эксперименталии гармидиҳӣ-хунуккунии барои 100 м2 дар назди бинои Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта шуда, дар рузҳои наздик таҷҳизоти лозима насб карда, ба истифода дода мешавад. Истгоҳи эксперименталии гармидиҳӣ-хунуккунии дуввум дар дармонгоҳи Мачитон ба нақша гирифта шуда, корҳои пармакунӣ оғоз ёфтаанд. Баъди ба пуррагӣ омӯхтани кори истгоҳҳои мазкур дар шароити Тољикистон, тавсияи истифодаи он ба дигар муассисаҳо дода мешавад.
Инчунин мувофиқ ба қарордодҳои тарафайн ба Донишгоҳи Акита аз ҳисоби муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 нафар барои гузаштани курси магистрӣ, 1 нафар барои PhD ва 2 нафар барои гузаштани курсҳои такмили ихтисос фиристода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби муҳақиқи ҷавони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардида, бо дастгирии намояндагони Ҷопон амалӣ шуда истодааст.
03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон аз озмоишгоҳи санҷиши таҳлили сифати об боздид намуданд.
Дар рафти боздид иттилоъ дода шуд, ки дар Озмоишгоҳи мазкур тадбирҳои санитарию техникӣ барои нест кардани ангезандаи бемориҳои сироятии об андешида мешаванд. Пас аз таҳлили пурраи таркиби об сифати он муайян гардида, ҳамзамон тавассути моддахои химиявӣ (мас., хлор, озон, йод, ионхои нуқра) ё усулхои физикӣ (ҷушонидан, тавассути афканишоти ултрабунафш, ултрасадо, гамма-афканишот) безарар гардонида мешаванд.
Озмоишгоҳи мазкур дар пояи Донишгоҳи Акитаи Ҷопон фаъолият намуда, дар он муҳақиқони ҷавон ва магистрантону докторантони PhD ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Ҳамзамон дар ин озмоишгоҳ муҳақиқони ҷавон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, донишҳои муосири худро сайқал дода истодаанд.
Зимни боздид аз озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо муҳақиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суҳбат ороста, зикр дошт, ки дастгири пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон бештар зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, муҳақиқони ҷавонро зарур меояд, ки донишҳои худро муккамал сохта, дар оянда барои пешрафти соҳаи илми кишвар саҳми арзишманди худро гузоранд.
ВОХУРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БО МУҲАҚИҚОНУ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ ДАР ДОНИШГОҲИ АКИТАИ ҶОПОН
Дар таърихи 03 декабри соли равон дар ҳошияи сафари корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон бо муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурӣ намуд.
Зимни вохурӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани таҳқиқотҳои илмӣ, истифодаи самаранок аз таҷрибаи олимони ин кишвар, саривақт анҷом додани рисолаҳои илмӣ, хуб таҳсил намудани ҷавонон ва бо интизоми намунавию хониши аъло хатм намудани Донишгоҳи Акита тавсияиҳои судманд доданд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон зери таваҷҷуҳи хосаи сиёсати илм ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамин аст, ки ташаббуси ҷавонон пайваста дастгирӣ меёбад.
Боиси хушнудист, ки дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва муҳаққиқони ҷавон равона гардидааст. Албатта шароит ва имкониятҳои фароҳам овардаи Сарвари кишвар аст, ки хушбахтона дар ин донишгоҳ зиёда аз 10 нафар магистрантон ва муҳаққиқони ҷавон таҳсил ва кору фаъолият намуда истодаанд.
