Табрикоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!
Боиси хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил мекунем.
Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Забони давлатӣ ба ғамхориву пуштибонии доимӣ на танҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, балки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони мамлакат ниёз дорад, зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он рамзи устувориву пойдории давлат ва истиқлоли сиёсии мо дар замони пурошӯби имрӯза мебошад.».
Аз таърихи башарӣ бармеояд, ки арзишмандтарин муқаддасот барои миллат дар радифи истиқлолу озодӣ, забон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти хосааш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро сарчашмаи ҳастии миллат номидааст. Воқеан, дар ҳама давру замон ягона нишонаи инъикосгари миллату халқиятҳо забон мебошад. Вақте, ки ба таърихи миллатҳо назар меафканем маълум мегардад, ки маҳз забон дар равандҳои тақдирсозу мураккаб кафолати мавҷудияти миллатро дар навбати аввал таъмин намудааст.
Дар робита ба ин бояд тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ ҳамчун куҳантарин забон дар минтақа дар тамои марҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ барои миллати мо нақши сипарро иҷро намудааст. Ин забони тамаддунофар тавассути чеҳраҳои мондагори миллат, ки бо хираду ҷаҳонбинии хеш ба фарҳанги башарӣ саҳм гузоштаанд, то имрӯз моро ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунсолор муаррифӣ намуда, истодааст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки он яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик гуфта, дар корҳои илмию таҳқиқотиятон комёбиҳо таманно дорам.
Рӯзи забони давлатӣ муборак!
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз (21.02.2024) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”- и АМИТ дидан намуда, ҳамзамон бо олимону кормандони марказ вохӯрии судманд анҷом дод. Дар оғоз Президенти АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. оид ба ҳисоботи пешниҳоднамудаи роҳбарияти Марказ ва аз корҳои баанҷомрасонидаи кормандони Марказ натиҷагирӣ намуда, баҳри баланд бардоштани корҳои ба Марказ нигаронидашуда ба масъулин дастурҳои зарӯрӣ доданд.
Ҳамзамон оид ба Соли 2025 соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз 03.03.2021 ёдовар шуданд: Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ намуда, вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Дар ин рабт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад ва пешниҳод пазируфта шудааст.
Президенти Аакадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба масъулини марказ оид ба амалӣ намудани корҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Имрӯз (21.02.2024) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз Институти физикаю техникаи АМИТ дидан намуда, ҳамзамон бо олимону кормандони институт вохӯрии судманд анҷом дод. Дар оғоз Президенти АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. аз ҳисоботи пешниҳоднамудаи маъмурияти институт натиҷагирӣ намуда, барои бартарафнамоии камбудию норасоии ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.
Дар раванди вохурӣ дар бораи дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ” ва дар ин равия омода намудани олимони ҷавон, навиштани китобҳои илмию дарсӣ, навиштани мақолаву манаграфияҳо ва чопи онҳо дар журналҳои бонуфузи тақризшавандаи дохилу хориҷии кишвар, омӯхтани таҷрибаи бойи олимони соҳибмактаб, таъсиси маҳфилу семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзиши таҷрибаи олимони соҳибмактаб, омода намудани шароити корӣ барои кормандони илм, дастгирии ҷавонон дар самти ҳимояи номзадию докторӣ, харидории технологияи ҳозиразамон ба масъулин машваратҳои лозимӣ доданд.
20- уми феврали соли равон бо мақсади беҳтару хубтар гардидани шароити корӣ дар ниҳодҳои зертобеи академия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти Химияи ба номи В.И.Никитин вохурӣ намуд. Дар оғози суханронӣ роҳбарияти академия доир ба вазъи фаъолияти корӣ дар институт ва дар оянда беҳтару хубтар гардидани интизоми меҳнат байни кормандони ин ниҳод, фикру андешаҳои худро баён намуда, ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон зимни суханронӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба рушду пешрафти илми тоҷик, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар соҳаи химия, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, дар амал тадбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ”, ташкили шуроҳои дисертасионӣ ва ҷоннок намудани кор дар ин самт, таъсиси дастаҳои олимпӣ аз ҳисоби магистрантон, докторантони PhD, ибрози андеша намуданд.
Дар ибтидо қайд гардид, ки мо бояд барои рушду пешрафти илми тоҷик стратегияи рушди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - ро омода намуда, дар якҷоягӣ бо олимони соҳа барои пешрафти илми тоҷик иқдомҳои навро рӯи кор оварем.
рӯз (20.02.2024) вохӯрии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимону кормандони Институти математикаи ба номи А.Ҷураев АМИТ баргузор гардид. Нахуст Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040, ки ба институти маскур ҳам рабт дорад, ибрози ақида намуда, аз олимону кормандони соҳа даъват ба амал оварданд, ки барои дар амал татбиқ намудани фармони маскур чораҳои зарӯрӣ андешида дар ин муҳлати муайяншуда омода намудани олимони ҷавонро ба олимони пуртаҷриба дастур доданд.
Ёдовар мешавем, ки Институт аз соли 1973 дар заминаи шуъбаи математика бо Маркази ҳисоббарории АМИТ таъсис ёфтааст, аз таъсис ёфтани институт то имрӯз садҳо олимон дар ин даргоҳи муқаддас омода, шуда ба бозори меҳнат равона шудаанд, ҳамзамон Президенти АМИТ барои тақвиати корҳо дар самти илм омоданамоии кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонон омӯхтани таҷрибаи бойи олимони пуртаҷриба ва барои пешбурди кори самтҳои гунонгуни институт ба масъулин достурҳои мушаххас доданд.
Имруз (20.02.2024) вохурии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти геологияи АМИТ доир гашт. Нахуст Президенти АМИТ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, самтҳои ба илм нигаронидаи Паёмро шарҳу тавзеҳ дода, барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ”, ки бевосита ба Институти геология тааллуқ дорад, ба олимону кормандони соҳа машваратҳои судманд дода, ҳамзамон оид ба ҷоннок намудани кор дар самтҳои институт, аз он ҷумла омода намудани олимони ҷавон, андухтани таҷрибаи олимони соҳибмактаб, харидории лабараторияҳои наву замонавӣ, таъсиси маҳфилҳои инфиродӣ, ҳамкориҳои судманд бо олимони муассисаҳои олии дохил ва хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи кормандони илм, расонаӣ намудани корҳои баанҷомрасидаи илмӣ, чопи мақолаву манаграфияҳои илмӣ дар журналҳои тақризшавандаи дохил ва хориҷ, баланд бардоштани хирши кормандони илм, дарёфти грантҳои хориҷӣ барои харидории лавозимоти лабараторияҳо, навиштани мақолаҳои идеологӣ, андешидани чораҳои зарӯрӣ барои баланд бардоштани илми тоҷик ба масъулини институт дастурҳои мушаххас доданд.
Имрӯз (19.02.2024) вохурии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти астрофизикаи АМИТ баргузор гардид. Дар вохурӣ фаъолияти институт баррасӣ гардида, камбудиву норасоиҳои мавҷуда ҷиҳати бартарафсозӣ мадди назар шуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х. олимону кормандони Институтро барои иштироки фаъолонаи олимони ҷавон дар олимпиядаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ раҳнамоӣ намуд.
Зимни вохурӣ доир ба масъалаҳои самаранок истифодабарии озмоишгоҳҳо, зиёд кардани сафи номзадону олимони соҳа, ҷоннок кардани кор дар расадхонаҳои шаҳри Ҳисор, Расадхонаи астрономии Санглох дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, Расадхонаи астрономии Помир, маслиҳатҳои судманд дода, ҳамзамон барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба “Бистсолаи омӯзиши рӯшди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” барои боз ҳам баланд бардоштани кор ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардан дар самти астрофизика ба масъулини институт маслиҳатҳои муфиду судманд ва дастурҳои мушаххас доданд.
Покиву зебоипарастӣ, ободкориву бунёдкорӣ хоси миллати тамаддунофар ва қадимаи тоҷик буду ҳаст. Баҳри дар амал тадбиқ намудани амру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои сабзгардонии кучаву хиёбонҳои шаҳрамон ва чораҷӯиҳо барои ҳифзи табиат имрӯз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои дар тобеияти академия буда дастаҷамъона ба баргузории шанбегӣ баромада, шурӯъ аз тозагардонии утоқҳои кории худ ва тозаву озодагардонии гирду атрофи биноҳо рубу чин намудан, шинонидани гулҳо, нармгардонии бехи дарахтон, ба тартиб даровардани гулу буттаҳо, аз хошок тоза намудани заминҳо, тозагардонии ҷуйбору заҳбурҳо саҳм гузоштанд.
Минбаъд низ ин иқдомҳо барои пешвози фасли зебои сол, баҳори лолазор ва барои ба ҳусни зебои табиати биҳиштосои Тоҷикистони азизамон ҳусни иловагӣ зам кардан дар АМИТ идома меёбанд.
ОЛИМОНИ ҶАВОН БОЯД ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР НАҚШИ МУАССИР ГУЗОРАНД.
Иқтисодиёт яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими ҳар як давлату ҷамъият буда, рушди давлат ба пуррагӣ аз иқтисодиёт вобастагӣ дорад. Пешбаранда ва тақвиятдиҳандаи кори ин соҳа олимону мутаххасисони худи соҳаи иқтисодиёт ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз аз соли 2011 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 33 барои рушди ин соҳа Институти иқтисодиёт ва демография дар тобеияти АМИТ таъсис дода шуд.
Имрӯз (16.02.2024) бо мақсади шиносоӣ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои ҳалталаби илмиву иқтисодӣ Президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот нахуст Президенти академия Хушвахтзода Қ.Х. аз корҳои илмии баанҷомрасидаи институт дар самти иқтисодиёт ва демография дар соли 2023 натиҷагирӣ намуда, баҳри тақвияти корҳо дар ин соҳа ва нақшаҳои амалишаванда дар соли 2024 ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд: муҳаё намудани шароити корӣ барои зиёд кардани шумораи номзадону докторани соҳаи иқтисодиёт, тақвият бахшидани корҳо дар самти омоданамоии магистрантону докторантон ва то бозори меҳнат омода намудани онҳо, таъсиси маҳфилҳои инфиродӣ барои омӯзиши донишу маҳорати олимони академия, ба нақшагирии барномаҳои дурнамо барои рушди иқтисоди кишвар, аз ҷумлаи маъалаҳои мубрами вохурии мазкур маҳсуб меёбанд.