Ҳар як халқу миллати соҳибдавлат дорои парчаму нишон ва дигар рамзҳоидавлатдорӣ мебошад. Ин нишонаҳоифодагари хусусиятҳои хоси давлатдории ҳамон халқ буда, барои наслҳо ва фарзандони ояндаи миллатҳо мояи ифтихор ва эҳтиром мегардад.
Яке аз рамзҳоидавлатдорӣ Парчами миллӣ аст, ки дорои маъно ва тарзу тартиби истифодабарии худро дорад. Инчунин дар давлатдории муосири Тоҷикистон дирафши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дошта, дар он тасвири «Дирафши ковиён» инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.
Мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷудомадаанд. Аз ҷумла, истилоҳи«парчам» аз вожаи забони суғдии «parčam» сарчашма гирифта, ба маъноҳоиовеза ё алам омадааст.
Мафҳумидирафш бошад, аз забони авастоии «drafšā», форсии бостонии «drafša-», паҳлавӣ «drafš», суғдӣ «’rδ’šp»[arδašf] ва бохтарии «λraφo» гирифта шудааст.
Тибқитаҳқиқотҳои бостоншиносон аз рўи миниатюра ва устураҳое, ки мавриди омўзиш қарор доранд, таърихи парчамдориву парчамбардории халқи мо аз аҳдибостон оғоз гардида, то имрўз ин анъана идома дорад.
Аз ҷумла дар мақолаҳои илмӣ ва татқиқотҳоиолимони ҷумҳурӣ доир ба парчамдории халқимо маълумотҳои зиёде ҷамъоварда шудаанд, ки далели таърихи кўҳандоштани парчамдории тоҷикон мебошанд.
Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд «Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақшгардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирўманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷикоғоз гардад, дар хотираи мардуми тоҷикКоваи оҳангари афсонавӣ пеши назар меояд.
Зеро тибқиомўзиши фанни адабиёти тоҷик ва таърихи қадимаи халқитоҷик бо ин қаҳрамони афсонавӣ рўба рў мешавем ва аз ғаюрию мутаҳидсозии халқихуд барои бартараф намудани зулму истибдод ва таъмини ҳаёти осишта маълумоти зарурӣ мегирем.
Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандўстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи ин қаҳрамони милии халқитоҷик ёдовар мегардад. Коваи оҳангар ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза сару кор дошт, ба зулми тоқатнофарсои замона тоб наоварда, пешдомани чармии худро дирафш кард ва халқиситамдидаро ба мубориза даъват намуд.
Маҳз ҷолибият ва бузургии парчами халқи тоҷиказ ин давра намудор мегардад. Боло бардоштани парчами Кова на ба хотири тасарруфи мансаб ва боигарию давлат буд, балки танҳобарои баҳамомадани мардум дар зери як матои муқаддасе, ки дар пешдомони марди ҳунар, заҳматкаш ва бо меҳнати ҳалол зиндагии худро пеш мебурда канда шуда, манфиати мардуми заҳматкашро ифодакунанда буд, то имрўз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, сол то сол қадру қиммати он зиёда мегардад.
Замоне, ки парчами Кова боло шуд, онро ҳамагон «Дирафши Ковиён» номиданд ва муборизаи онҳо танҳомуборизаи озодихоҳӣ буд. Аз он айём сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи парастиш қарор дорад.
Ҳамон тавре, ки гуфта шуд, бори аввал пиромуни дирафш ё парчам дар достони асотири «Кова ва Заҳок»-и Шоҳнома ёд карда мешавад.
Парчам дар ҳама давру замонҳо ҷояш дар сафи пеш, дар боло ва аз матои зебою нафис сохта шуда, тартиби истифода, нигоҳдорӣ ва супоридан будааст. Парчамбардор мансаб будааст ва шахсе интихоб мешудааст, ки дорои ҷуссаи тавоно ва ғайрату матонати мардонагӣ дошта бошад.
Ҳангоми набардҳопарчамбардор аз ҳарду тараф дорои статуси махсус будааст ва натиҷаи набардҳо, аз ҷумла пурра ғолиб ё мағлуб шудан аз ишораи онҳо тавассути боло ва поён намудани парчам муайян карда мешудааст.
Аз оғози таърихи давлатдорӣ доир ба мавҷудияти парчамҳо маълумотҳоигуногун шаҳодат медиҳанд, ки аҳди бостон лашкаркашон ҳангоми набард бо душман зери парчам гирд меомаданд ва ҷилвагарии парчам нишони зафар буд.
«Аввалин тасвири парчами сипоҳи Ориён-порсҳо, суғдиён, бохтариён дар деворнигораҳоишаҳри Помпеи Рум, асрҳои2-1 то мелод кашида шудааст. Дар он саҳнаимуҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиён, зери сарварии Дорои охирин бо лашкари Искандар дар соли 333 то мелод акс ёфтааст».
Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақомиарзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таърих фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун ливои озодӣ ҳанўз то ҳуҷуми арабҳо ва густариши ислом дар байни аҷдодони тоҷикон маълуму машҳурбуд.
Ҳанўз дар асрҳои 3-2 пеш аз мелод қабилаҳоиориёнажод соҳиби рамзи худ буданд, ки онро «Меҳроб» ё «Фарри ориёӣ»меномиданд. Ин рамзи хуршед, офтоб, покизагӣ ва нишонаи абадият буда, ишораест ба чаҳор унсур, хок, об, оташ, ҳаво, ки мавҷудияти оламро ташкил медиҳанд.
Муқаддас будани Парчам дар он зоҳирмегардад, ки инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳоихуд дар ҳар давру замон барои мубориза баҳри ҳаёти осоишта, баробарию баробарҳуқуқӣ ва таъмини адолат баланд мебардошт.
Дар зери Парчам мардуми ориёитабор натанҳоимперияҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён ба вуҷудоварда, низоми тавонманди идоракунии давлатиро созмон доданд, ҳамчунин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқииаҳли башар, ки дар таърих бо номи «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» маълум аст, ба оламиён муаррифӣ намуданд.
Салимов Юсуф Шарифович ходими калони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон