Skip to main content

(Дар ҳошияи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қувайт)

Дар даврони истиқлоли давлатӣ равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, махсусан ҷаҳони араб рӯ ба афзоиш намуд. Аз ҷумла ҳамкориҳои гуногунсамти Тоҷикистонро дар муносибатҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ҳам дар ҳолати рушд дида мешавад. Ин ҳамкориҳо бо кушодани якчанд сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ифтитоҳ гардида, заминаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаро ба миён оварданд. Дар ин асно, сафарҳои расмии роҳбарияти Олии кишвар, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои арабӣ ва натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, боиси тақвияти ҳамкориҳои гуногунсамт гардид.

Кувайт як кишвари рӯ ба тараққӣ буда, иқтисоди хеле даромаднок ва аз ҷиҳати захираҳои нафт дар ҷаҳон шашумин кишварикалонтарин аст. Динори Кувайт гаронбаҳотарин пули ҷаҳон маҳсуб мегардад. Дар соли2009 Кувайт дар ҷаҳони араб баландтарин шохиси рушди инсониро дошт. Кувайт яке аз муассисони Шӯрои ҳамкорииКишварҳои Халиҷи Форс, инчунин узви СММ, Лигаи Араб, ОПЕК ва Созмони ҳамкории исломӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор шуданд. Баъдан 23 июни соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба фаъолият шуруъ намуд ва ҳамкориҳои судманд барқарор карда шуд. Инчунин дар асоси таҳкими ҳамкориҳои тарафайн ва устувории муносибатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон се маротиба (17-19 апрели 1995, 23-25 июни 2013 ва15-17 майи 2016) аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Инчунин дар асари ҳамкориҳои пурсамар, 17 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои аъзои «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба Давлати Кувайт сафар намуда буданд.

Барои боз ҳам густариш ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои тарафайн, 3-уми ноябри соли равон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе» ба Давлати Кувайт сафар намуданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Ҷиҳати таҳкиму тавсиаи муносибатҳои ҳамкории тарафайн, дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо ва 4-тои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт рост меояд. Ёддоштҳои тафоҳуми тарафайн оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ, оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилоотӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2024-2026 ва миёни Вазорати корҳои хориҷии тарафайн ва миёни Ҳукуматҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маросими баланд имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар мулоқоти сатҳи олӣ дар шаҳри Кувайт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот доир гардид. Дар вохӯрӣ маҷмуаи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд. Аз ҷумла дар ин сафар таъкид гардид, ки “Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар – Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”. — изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зеро ду кишвар, Тоҷикистону Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузори барои ҳарду ҷониб судбахш имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла, ҷалби сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ ба Кувайт ҳам ба манфиати кор дониста шуд. Инчунин баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, барқарор намудани тамосҳо миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

Дар гузашта, Сироҷидин Аслов - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти мабуотии худ, ки бо бархе аз расонаҳои маҳаллӣ зимни сафари расмияш ба Давлати Кувайт баргузор гашт, иброз дошта буд, ки Кувайт яке аз аввалин кишварҳои арабӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда, онро ба расмият шинохт. Ин як рӯйдоди муҳими таърихӣ дар робитаҳои дуҷонибаи ду кишвар шинохта шуда буд. Инчунин ҷаноби Аслов таъкид намуда буданд, ки ду кишварро дидгоҳҳо, мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳангсоз дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ муттаҳид мекунад. Ҳамзамон илова намуда буд, ки онҳо ба иттифоқи дуҷониба расиданд ва он дар анҷуманҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дидгоҳҳои яклухт ва ҳимояти мутақобила барои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои ҳар ду кишвар судмандро кафолат медиҳад. Ҳамзамон сафари мутақобилаи ду кишвари дӯст ба қуллаҳои баланди дурнамои ҳамкориҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дар пешгирифта ҳусни тоза мебахшад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои араб муносибати неку судманд дорад. Мардуми араб роҳбари давлати Тоҷикистонро ҳамчун як шахсияти бузурги сиёсӣ ва ташаббускор таваҷҷуҳу эҳтироми хосса доранд. Тоҷикистонро дар олами араб чун як сарзамини зебову дорои табиати мафтункунанда ва ҳамзамон соҳибтамаддун дар минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф кардаанду мешиносанд. Барои барқарор намудани ҳамкориҳои гуногунсамт бо Тоҷикистон майли зиёд доранд. Зеро Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини дорои сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ ва сарчашмаи ташаббусҳои оби тоза ва захираҳои бузурги обу пиряхҳо медонанд.

Дар ин замина аксари расонаҳои арабӣ, бахусус кувайтӣ ба масъалаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъалаи дӯстии ду миллатро доимо мавриди таваҷҷуҳи мардумашон мегардонанд. Аз ҷумла миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” расонаи хабарии Агентии Миллии Иттилооти Кувайт ёддошти имзо гардид, ки ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ин ёддошти тафоҳум хабарҳо дар АМИТ “Ховар” ва АМИК “Kuna” интишор хоҳанд гашт ва аз вазъи ду ҷониб бохабар хоҳанд шуд.

Ҷои тазаккур аст, ки Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориҳои созандаро ба роҳ монда, бо дастгирии роҳбарияти ду мамлакат, табодули Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Кувайт ва Рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ки ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг ду ҷонибро аз расму оин ва таъриху тамаддуни ҳамдигар ошно менамояд.

Инчунин, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт қадаме барои таҳкими ҳамкорӣ ва амали намудани ҳадафҳои сулҳофаринӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд марҳилаи наверо дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ тақвият бахшида, ҳамкориҳои байналмилалиро густариш мебахшад. Ин вохӯрӣ саҳифаи дигареро дар самти сулҳи пойдор ва шукуфонии кишварҳо ба таҳкими амиқ ва ба эҳёи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

ОДИНАЕВ АБДУҲАЛИМ, - ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ШАҲЛОХОН МУРОДАЛӢ, - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ҳар як давлати мутамаддин дар шароити ҳозира, бояд дорои конститутсия бошад. Имрӯз конститутсия қонуни асосии қариб ҳар давлати муосири мутамаддин мебошад. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститутсионӣ дарҷ мегарданд. Чунки дар конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолият инъикос ёфтааст. Конститутсия қоидаҳо, меъёр ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб аст.

Албатта, конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаётан муҳими ҷомеа таҷассуми ҳукуқӣ меёбанд.

Бояд гуфт, ки конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, сарчашмаи асосии қабули санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ мегардад. Баланд бардоштани эътибори конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он ба сифати санади асосии таҳкимгар ва такмилдиҳандаи ҳаёти ҷомеа баромад менамояд. Он ба ғояи олии сиёсӣ асос ёфтааст. Конститутсия ҳамчун муқаддасот эътирофи умум пайдо менамояд.

Тавре маълум аст, конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии инкишофи ҷомеа, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он, вазъи воқеии инсон инъикос меёбанд. Қонуни асосӣ бештар принсипҳо, арзишҳои олї ва меъёрҳои муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва ҷомеаро муайян менамояд. Конститутсия асосҳо ва захираҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инкишофи ҷомеаро ҳамчун қисматҳои муҳимтарин ва асосии системаи ҷамъиятӣ муайян бояд намояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсӣ қабул гардид ва эътибор пайдо намуд. Воқеан ҳам конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян кардани муносибати байни шаҳрванд ва давлат, инчунин танзимкунандаи сохтори қудратии давлатдорӣ - асоси сохти конститутсионӣ мебошад. Аз ин рў, боби аввали конститутсияи Тоҷикистон «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном гирифта, моҳияти давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ тавсиф мегардад. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ пазируфта мешавад. Мақоми забони русӣ ва забонҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Рамзҳои давлатӣ ва мақоми пойтахт мушаххас гардонида шудаанд. Арзиши олӣ пайдо намудани худи инсон, ҳуқуқу озодиҳои вай ва дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ҷойгоҳи хосаро пайдо намудаанд. Халқ манбаи ягона ва ҳар гуна ҳокимият (моддаи 6) эътироф гардида, масъалаҳои бевоситаи марбути он мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтаанд.

Дар конститутсия дахлнопазирии сарҳадот ва тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар (моддаи 7) таъкид гардида, дар заминаи плюрализми сиёсӣ амал намудан, фаъолият намудани тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятї муқаррар гардидаанд.

Муносибати Тоҷикистон бо акторҳои дигари сиёсати ҷаҳонї муқаррар карда шудаанд. Санадҳои эътирофшудаи ҳуќуќи байналмилалї ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳукуқии кишвар пазируфта мешаванд ва аввалияти онҳо эътибори хосаро касб намудаанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон дар маркази диққат қарор дода шудааст. Ҳамкории самарабахш бо давлатҳои дигар яке аз ҳадафҳои асосии мамлакатро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҳар як кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай таъмин мегардад.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамдигарро эътироф намоянд, барои пойдорӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳмгузор бошанд. Воқеан ҳам конститутсия санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Зулайхо Қодирова – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Масъалаҳои вобаста ба муайян намудани сиёсати иҷтимоии давлат назар ба асрҳои пеш дар замони муосир диққати аксарияти пажуҳишгарон ва сарварони давлатҳои хурду калонро бештар ҷалб намудааст.

Дар моддаи 1 вобаста ба сиёсати иҷтимоии кишвар омадааст:” Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Дар марҳилаи муосири инкишофи иттиҳодияи ҷаҳонӣ фаҳмиши мубраме пешниҳод мешавад, ки қисми асосии дилхоҳ давлатро сиёсати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ки дар идоракунии давлат мақоми махсусро ташкил медиҳад. Давлат дар марҳилаҳои инкишофи худ метавонад ба он ё дигар самти дигари сиёсати иҷтимои афзалиятнокиро раво бинад.

Мустаҳкамии системаи иҷтимоии тамоми ҷомеа ба сифати омили қобилияти рақобатпазирии сиёсати иҷтимоӣ, дар қонеъгардонии талаботи мушаххаси ҳаёти инсон баромад менамояд. Дар ин ҳолат мақомоти идоракунӣ нақши асосиро дар амалисозии сиёсати иҷтимоӣ мебозанд. Вазифаи асосӣ ва пойсутуни онро қонеъсозӣ, инчунн ба эътиборгирифтани талаботи иҷтимоӣ-иқтисодии ҳамаи ҷомеа, давлати мушаххас, марзи мушаххас, фарди мушаххас ташкил медиҳад.

Дар адабиётҳои илмӣ сиёсати иҷтимоӣ ҳамчун мавзуи таҳқиқоти ҳамаҷониба пажуҳиши худро ёфтааст, аз ҷумла, табиати он, таркиб, шаклҳои гуногун ва механизмҳои ҳамкориҳои он ва ғ.

Сиёсати иҷтимоӣ дар қатори дигар навъҳои вазифаҳои сиёсат ба монанди сиёсати иқтисодӣ, дохилӣ, сиёсати байнидавлатӣ, синфҳо, миллатҳо, экология, иҷтимоӣ, илмӣ-техникӣ, маъмурӣ, идеологӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд.

Сиёсати иҷтимоӣ фаъолияти давлат ва дигар институтҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки бо инкишофи тараққиёти соҳаи иҷтимоӣ, беҳтаршавии сифат, шароит ва шакли ҳаёти одамон, таъмини баъзе аз қисматҳои талаботи ҳаёти онҳо ёрию дастгирии зарурии шаҳрвандон, муҳофизати онҳо равона шудааст. Фаъолияти давлат оид ба қонеъгардонии талаботи иҷтимоии одамон ҳамчун сиёсати иҷтимоӣ муайян мегардад.

Натиҷаи ниҳоии сиёсати иҷтимоии давлат бо шарофати на танҳо фаъолияти институтҳои давлатӣ ва худи давлат, балки субъектҳои дигар, ки сиёсати иҷтимоии худро дар ин ё дигар сатҳе, ки дар мувофиқа бо давлат мебаранд, амалӣ мегардад. Бо вуҷуди ин, нақши калидии сиёсати иҷтимоӣ танҳо ба давлат нисбат дорад, чунки субъектҳои дигари хусусӣ дар чаҳорчӯбаи вазифаҳои муайян намудаи давлат амал мекунанд.

Мақсадҳои иҷтимоӣ дар давлати демократӣ аз манфиатҳои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маншаъ гирифта ташаккул меёбанд. Давлат дар ҷомеаи муосир субъекти ҷомеаи муосир мебошад ва таъмини қонеъгардонии талаботҳои моддӣ ва маънавии аъзоёни он, ба танзими раванди тафриқаи табақаҳои ҷомеа равона карда шудааст. Давлат сиёсати иҷтимоиро дар шакли фаъолияти мақсаднок аз рӯи ноилшавии мақсадҳои иҷтимоӣ танҳо бо ба вуҷуд омадани вазифаи иҷтимоӣ ҳангоми муайян шудани вазифаи иҷтимоӣ, яъне пайдоиши масъулият ва уҳдадориҳо дар назди давлат оид ба қонеъгардонии талаботҳои иҷтимоии шаҳрвандон амалӣ месозад. Асоси таркибии сиёсати иҷтимоии давлатро инкишофи сохтори вазифаҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад.

Дар ҳолати таҳаввулоти давлат аз шакли одӣ ба мураккаб, яъне бевосита гузариши сиёсати иҷтимоӣ ва элементҳои сиёсати иҷтимоии гузариши сиёсати иҷтимоӣ тағйирот ба вуҷуд меояд. Ба сифати элементҳои сиёсати иҷтимоӣ субъект, объект, муносибатҳои субъекту объект, мақсад ва механизмҳои он дониста мешавад.

Бо ёрии институтҳои иҷтимоӣ амаликунии вазифаҳои иҷтимоии давлат рух медиҳад, ки дар навбати худ дар сатҳи гуногуни ташкилиамалӣ мешаванд. Мақомотҳои давлатӣ ва муассисаҳо ба субъектҳои сиёсати иҷтимоии давлат тааллуқ доранд. Онҳо майдони ҳуқуқӣ ва иҷтимоии иттилоотиро ташкил намуда, бо ёрии онҳо хизматрасониҳои модӣ ва иҷтимоиро, ки шахсиятҳо эҳтиёҷ доранд, пешнҳод менамоянд. Нақши давлат дар чунин ҳолат аз таъмини натиҷаҳои комёбиҳои муносиби дахлдор аз ҳисоби имкониятҳои гуногуни механзмҳо иборат аст. Дар ин ҳолат давлат баъзе ташкилотҳои ғайридавлатиро истифода мебарад, аз ҷумла, иттифоқи касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фондҳо, ширкатҳои сиёсӣ, муассисаҳои гуманитарӣ, ассосиатсияҳоро барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ даъват менамояд. Сиёсати иҷтимоии давлат ин фаъолияти иҷтимоии давлатиест, ки кӯшиши мақсадҳои муайянро дорад ва дар навбати худ аз ҳолати мушаххаси таърихӣ, захираҳои мустаҳками молиявӣ, кӯшишҳои таблиғотӣ ба натиҷаҳои муайяни иҷтимоӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Сиёсати иҷтимоӣ ҳамчун қисми таркибии сиёсати дохилӣ дар қонунгузорӣ таҷассум ёфтааст, аз ҷумла, дар барномаҳои махсус, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва танзими муносибатҳо дар ҷомеа ба воситаи ҳамкориҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва манфиатҳои онҳо дида мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки давлат, ҷомеа ва инсон дар фазои ягонаи иҷтимоӣ фаъолият менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки дар сатҳи шаҳрвандӣ инсон бо табиат, одамони дигар, ҷомеа ва давлат таъсири мутақобила дорад. Қисми асосии манфиатҳои инсонро соҳаи иҷтимоӣ-меҳнатӣ дарбар мегирад, ки соҳаи асосии онро маориф, тандурустӣ, маданият, бозори меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, таъмини нафақа ва ғ. ташкил медиҳад.

Чӣ тавре дар боло қайд кардем, сиёсати иҷтимоӣ, сиёсати яке аз рукнҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ буда, он бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба монанди ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ зич алоқаманд мебошад. Агар дар ҷомеа ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баланд бошад, дараҷаи ҳаёти иҷтимоӣ низ пеш рафта, баланд мегардад. Бинобар ин, ҳар як давлат сиёсати иҷтимоиеро бояд пеш гирад, ки ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандонаш серу пур ва ором бошад. Инро ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд мекунанд: «Давлат ва ҷомеа ҳамон вақт устувор ва пойдор мегардад, ки фаъолияти тамоми шохаву рукнҳои он ба мақсади беҳбудии зиндагӣ ва осӣдагиву оромии мардум сафабар шуда бошад. Аз ин рӯ, мо соҳаи иҷтимоиётро ҳамеша яке аз афзалиятҳои сиёсати дохилии давлат мешуморем ва дар ин самт мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешем».

Бояд қайд намоем, ки вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ баъди 33 соли соҳибистиқлолӣ ҳоло рӯ ба беҳбудии зиёдеро овардааст, аммо иқтисодиёти мамлакат то дараҷае имконияти ба пуррагӣ ҳал кардани масъалаҳои вобаста ба қашшоқӣ, ҳифзи иҷтимоии мардуми камбизоатро фароҳам наовардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани ин падидаи номатлуб саъйу кӯшиш карда истодааст. Масалан, моҳи августи соли 2012 сафи нафақахӯрони ҷумҳурӣ 571 ҳазор нафар зиёдтар буд ва Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ чораҳои заруриро андешид. Самараи ҳамин кӯшишҳо буд, ки сатҳи камбизоатй аз 65 % и солҳои пешин ба 45% фароварда шуд. Барои бунёди давлати иҷтимоӣ, ки ин мақсад дар Сарқонуни кишвар муқаррар гаштааст, бояд ҳамаи сохторҳои давлатӣ кӯшиш намоянд. «Дар сиёсати иҷтимоии давлат, - зикр менамоянд Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - кафолати ҳадди ақали кумакҳои иҷтимоӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон мавқеи асосӣ дорад.

Пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи иҷтимоӣ пеш аз ҳама ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини иҷрои чорабиниҳо дар бораи беҳдошти саломатии мардум, аз ҷумла, занону кӯдакон, рушди маориф, фарҳанг ва тарбияи кадрҳо на танҳо аз вазифаҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошанд, балки ҳукуматҳои маҳаллӣ низ вазифадоранд дар доираи салоҳият ва имкониятҳои худ барои амалӣ шудани ин сиёсат кӯшишҳои ҷиддӣ намоянд».

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад”

Чӣ тавре қайд кардем, сиёсати иҷтимоӣ, яке аз рукнҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ буда, он дар бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба монанди ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ зич алоқаманд мебошад. Агар дар ҷомеа ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баланд бошад, дараҷаи ҳаёти иҷтимоӣ низ пеш рафта, баланд мегардад. Бинобар ин, ҳар як давлат сиёсати иҷтимоиеро бояд пеш гирад, ки ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандонаш серу пур ва ором бошад. Дар моддаи 38 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад” (моддаи 38 саҳ. 20).

Тағйироти асосҳои иқтисодии ҳаёти ҷамъиятӣ ба самту сурати амалисозии мақаду вазифаҳои сиёсати иҷтимоии давлат таъсири бағоят бузург мерасонанд. Сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат моҳиятан пайвасти якдигар буда, ҷараёни ҳама гуна сиёсати иҷтимоӣ ба стратегияи рушди ҳаёти иқтисодии кишвар ва дастрас ё дастнорас будани захираҳои он ба аҳолӣ бунёд меёбад.

Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӣаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд:

- аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

- аз 1-уми июли соли 2024 маош вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракуни давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;

- - инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шаванд;

- Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.”. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳури”. Душанбе, 28 декабри соли 2023, саҳ. 49).

Рушди иқтисодии мамлакат ва таъмини сатҳи сазовори зиндагии мардум маҳз ба татбиқи самараноку саривақтии афзалиятҳои миллии кишвар, таъмини раванди рушди устувори мамлакат тибқи Стратегияи миллии рушд, стратегияҳои миёнамуҳлат ва барномаҳои соҳавию маҳаллӣ вобастагии мустақим дорад. «Аз ин рӯ, - қайд шудааст дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ зарур аст, ки барои амалӣ намудани Стратегияи миёнамуҳлати ҷорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд».

Амалӣ гардонидани стратегияҳои миллии рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бояд бо дарназардошти талаботи зайл таъмин карда шавад:

Якум, мақсадҳо, афзалиятҳо ва самтҳои асосии ин санадҳо барои дигар барномаҳои мӯҳлатноки давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ, инчунин барои барномаҳои кӯмаки беруна ба кишвар заминаи асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Дуюм, стратегияҳои мазкур бо роҳи таъмини рушди босуръати иқтисодиёт, ки ба истифодаи самарабахши захираву имкониятҳои мавҷуда, ҳамчунин сармояи беруна асос ёфтааст, татбиқ карда мешаванд.

Сеюм, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи шарикони рушд дар асоси принсипи баробарҳуқуқии бахши давлатӣ ва хусусӣ сурат мегирад.

Чорум, бо мақсади ташаккули низоми рушди миллӣ салоҳият, вазифа ва нақши мақомоти марказӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ такмил дода мешавад, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрваидӣ ба ҷараёни муҳокимаи қарорҳои қабулшаванда ва татбиқи онҳо таъмин мегардад.

Сиёсати демографӣ ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат аст. Онро, асосан илми демография меомӯзад. Демография илмест, ки қонуниятҳои афзоиш, муҳоҷирати аҳолӣ, таносуби синну солӣ ва ҷинсиятро меомӯзад. Ин раванд бо сиёсат робитаи ногусастанӣ дорад. Проблемаҳои демографӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳар як давлати ҷаҳон қарор дорад.

Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Танзими оила - кафолати рушди устувори ҷомеа» зикр менамоянд, ки проблемаи демографӣ бо муаммоҳои глобалии ҷаҳон дар як қатор меистад. Масъалаи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи он аст. Афзоиши босуръати аҳолӣ (14 фоиз) ва камшавии истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ (64 фоиз), маҳдудияти захираҳои табиию геополитикии кишвар боиси таваҷҷуҳи бештар мегардад.

Бояд қайд намоем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, 5,3 мллион нафар дар соли 1991 ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расидааст. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳури”. Душанбе, 28 декабри соли 2023, саҳ. 47).

Самаранокии амалисозии сиёсати демографии кишвар, пеш аз ҳама, ба сатҳи фарҳанги демографии аҳолӣ, махсусан, ҷавонон вобаста аст. Самти сиёсати демографии Тоҷикистони муосир ба он нигаронида шудааст, ки «тадриҷан паст кардани дараҷаи таваллудшавӣ ва баробари он баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, дарозумрии мардум» таъмин карда шавад. Барои суботи вазъияти демографии ҷумҳурӣ чунин чораҳо заруранд: дарки фарҳанги демографӣ аз тарафи аҳолӣ;

• маълумоти аҳолиро оиди вазъи демографии кишвар бештар кардан;

• механизмҳои ғайримаҷбурии танзиму банақшагирии оиларо таҳия намудан;

• таҳияи механизмҳои танзими муҳоҷирати аҳолӣ;

• ғамхории пайваста оид ба баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ.

Барои ин роҳҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар байни омма бештар бо роҳ мондан зарур аст. Аммо дар давлати демократӣ ҳеҷ гоҳ бо роҳи қонун ё қарори ҳукумат зиёдшавии аҳолиро манъ кардан мумкин нест, чунки ин хилофи озодиву ҳуқуқи инсон мебошад.

Ҳакимов Р.М. н.и.с., дотсент Ходими

калони илмии Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ

(Ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба вуқуъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст.

Дар моддаи аввали Конститутсияи ватанӣравшан эълом шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад бояд қайд намуд, ки ин ҳадафи муҳимми сиёсию давлатӣ, пеш аз ҳама, аз ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, сарчашма гирифтааст.

Конститутсия, ҳамчун санади таърихӣ, воқеан ҳам омили муҳимми муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Аз тарафи дигар, Конститутсияи ватанӣ сарнавишти миллатро рақам зада, дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъияӣ инъикос ёфтааст ва аз тариқи ин санади асосии ҳуқуқӣ роҳи рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садсолаҳо муайян гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар муҳокима ва қабули Конститутсия саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Конститутсия чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд». Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи ватанӣ тавонистааст ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ дар шароити ҷаҳоншавӣ муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу субот ва ба Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷКонститутсияи беҳтарин ва мардумитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣдар Аврупо номбар гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо Конститутсияи ватанӣ чунин ибрози назар намудаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст». Бо мурури замон ва вобаста ба тақозои раванди ҷаҳонишавӣ ба ин санад се маротиба тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016). карда шуданд

Тайи 30- соли вуҷуду ҳузури Конститутсияи ватанӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол муносиботҳои гуногунҷанба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои зертобеи он, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва амсоли инҳо таҳкиму тақвият ёфтаааст инчунин раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар арсаи байналмилалӣ идома дорад.

Муҳимтар аз ҳама, дар асоси ин санади таърихсоз нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд, ки пайваста дар такмили қонунгузории кишвар нақш мебозад. Ин аст, ки бояд ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намоем ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи кишвар равона шудааст, риоя намоем. Дигар ин ки халқи тоҷик, бо такя ба Конститутсияи ватанӣ кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо намуда, дар талоши ҳифзи манфиатҳои худ ба муваффа-қиятҳои беназир ноил гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар кишвар волоияти қонун, яъне озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, таъмин гардида, дар маҷмуъ, ҷомеаи навини адолатпарвар барқарор карда шудааст. Аммо душманони миллат дар хориҷ аз кишвар дар пайи барангехтани кинаву адоват ва ихтилофоти сиёсию мафкуравӣ буда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба баданаи миллату давлат садама ворид созанд. Хушбахтона, миллати тоҷик ва махсусан, насли ҷавони мо бар он мекӯшанд, ки давлатро бо ибтикороти созанда обод созанд ва роҳро барои расидан ба зиндагии шоиста ҳамвор намоянд. Дар чунин вазъи ногувори бозиҳои геосиёсӣ ва бархурди тамаддунҳо ҷавонони кишвар бояд бо ҳар роҳ кӯшиш кунанд, ки тамоми дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию техникии ноилгардидаро ҳифз ва муаррифӣ намоянд.

Барои расидан ба ин ҳадаф, наврасону ҷавонони кишвар бояд қабл аз ҳама, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиашонро баланд бардошта, дар рушди кишвар ва таҳкими сулҳу субот ва амнияту осоиши Ватан саҳми арзанда бигузоранд.

Чун дар арафаи 30-солагии Конститутсияи ватанӣ қарор дорем, мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба муносибати ин ҷашни сиёсию давлатию ҳуқуқӣ табрик намуда умед мекунем, ки халқи тоҷик бо такя ба Конститутсияи ватанӣ дар рушди минбаъдаи давлат ва кишвар саҳми муносиб мегузорад.

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

123Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии тақдирсози давлат, санади ҳуқуқии таъсисёбандаи кишвар ва ба танзимдарорандаи фаъолияти ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Истилоҳи Конститутсия маънои «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-ро дошта, таърихи хело ҳам тулонӣ дорад. Аммо ба сифати Қонуни асосии кишвар, низому дастури давлатдорӣ, ки ҳадафи асосиаш аз маҳдуд сохтани ҳокимияти беҳади давлат, танзимкунандаи равобити байни давлат ва мақомоти мухталифи он ва аз ҳама муҳим муайянкунандаи равобити байни давлат ва шаҳрванд, таҳкимбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, мутафаккирон ва муҳаққиқони даврони гузашта ба ин ақида буданд, ки қонунӣ будани ҷомеаи сиёсӣ ва сохти бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Қонуни асосӣ марбут аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин, санади муътабар барои такмил ва танзими ҳуқуқи инсон ва фаъолияти мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, мавҷудияти гуногунандешии сиёсӣ рӯи кор омад.

Моҳи феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ, таъсис дода шуд ва охири моҳи апрели соли 1992 лоихаи Қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандони дар матбуоти даврӣ нашр гардид. Бинобар сабаби вазъи нооромии кишвар бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳлати муҳокимаи лоиҳаи Қонуни асосӣ то аввали моҳи июли соли 1992 тамдид карда шуд. Сарфи назар аз ин ва дигар тадбирҳое, ки ҳукумати воқеӣ андешид, аммо вазъияти сиёсӣ аз зери назорат хориҷ гардида то ба сатҳи ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ расид. Табиист, ки дар ин шароит қабул кардани Конститутсияи кишвар ғайриимкон буд.

Пас аз баргузории Иҷлосияи тақдирсозӣ 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таҷлили Конститутсияи нави миллӣ аз нав ба миён омад. Иҷлосияимазкур барои барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши басо бузурге бозид ва вазъи солими ҷомеаро таъмин кард. Дар ин шароит лоиҳаи нави Конститутсия таҷлил гардид ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешнидод шуд.

Муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурӣ, ба маъракаи дар ҳақиқат сиёсии умумихалқии тақдирсоз табдил ёфт ва мардуми кишвар барои такмили мазмуну муҳтавои лоиҳа пешнидодҳои муфид ирсол доштанд. Илова бар ин ба лоиҳаи Конститутсия, коршиносони як қатор кишварҳои ҷаҳон, ба мисли давлатҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Аврупо, инчунин Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар Созмонҳои байналмиллалӣ назару андешаҳои худро изҳор доштанд.

6 ноябри соли 1994 лоиҳа аз тариҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ба худ ҳукми қонуни асосии давлатро гирифт. Ин санади тақдирсоз қонуни олии кишвар мебошад ва номи «Конститутсия»-ро гирифт.

Хислати олӣ доштани Конститутсия дар меъёрҳои ҳуқуқии он дарҷ ёфтаанд. Масъалан, қисми моддаи 10-и он, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши Олии ҳуқуқӣ дошта меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқие, ки бар хилофи Конститутсия мебошанд эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Тамоми қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурӣ ба расмият дароварда ва қабул карда мешаванд. Агар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бар хилофи Конститутсия бошанд онҳо қувваи қонунӣ пайдо намекунанд.

Мувофиқи қисми 2-и моддаи 10 –и Конститутсияи Ҷумҳури, давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя ва иҷро намоянд. Яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат ва ҳамаи сохторҳои мақомоти давлати, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандони ҷумҳури ва иттиҳодияҳои онҳо вазифаи риоя ва иҷрои талаботи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони, қонунҳои Ҷумҳури ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки дар асоси Конститутсия ба расмият дароварда ва қабул шудаанд,гузоштааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини шароити зиндагии арзанда, зиндагии осоишта ва инкишофи озодонаро бо чунин аломатҳояш барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад:

Мувофиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон- Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, зарои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Давлати соҳибихтиёр самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, интихоби шакли давлатдорӣ ва шакли молумулкиро мустақилона ҳал мекунад.

Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки таввасути меъёрҳои Конститутсия ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», ки 14 декабри соли 1996 қабул гардидааст, амалӣ мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худашон ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, макомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муроҷиат намоянд. Бинобар ин, тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси бе шаҳрванд аз тарафи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе восита ҳифз гардида, эҳтиромона доир ба масъалаҳое, ки шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, новобаста аз мансубият мақомотҳои давлатӣ эҳтиром зоҳир намуда, оиди масъалаҳои пешниҳод шудаи шаҳрвандон роҳу усулҳои ҳалли масъалаҳоро дар доираи Конститутсияи мамлакат ва дигар қонунҳои Ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, талаботи муроҷиаткунандагонро қонеъ мегардонанд.

Бедилзода Ҳ- н.и.с., Мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байнамилалии Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ

Сафару ташрифҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як гӯшаву канори кишвари азизамон пайки шодӣ ва ободӣ овардааст. Ин сафару ташрифҳои созанда ва ободкор, ҳар як гӯшаву канор ва шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизро боз зеботару ободтар гардонидааст. Тавре, ки дар боло зикр кардем, ҳар сафару ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ доимо пайки шодӣ ва фараҳ овардааст. Инчунин қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат ба рушду инкишоф ва сифату суръати корҳои ободониву созандагиро суръат бахшидааст. Инро аз сафарҳои Пешвои миллат пурра дарк намудан мумкин аст. Мардуми кишвар низ аз омадану ташрифи Пешвои миллатро доимо хуб истиқбол намуда, барои корҳои созандагию бунёдкорӣ як руҳияи тозае ба худ касб менамудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 29-уми октябр бо ташрифи созандаву ободкор ва таърихӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни ин ташрифи созандаву бунёдкор Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонромавриди истифода қарор доданд.

Ҳамзамон баъди ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Пешвои миллат боз 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалӣ ва лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ гардиданд.

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмии олимони тоҷик ва таваҷҷуҳи хос ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, илм ва маорифи миллии тоҷик дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушду инкишоф ёфта, имрӯз бо кишварҳои дигар роқобатпазир шудааст.

Шарифов И.И. ходими илмии шуъбаи ИДМ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.

Бо ҳидояти хирадмандонаи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт. Дар саргаҳи ин иқдом қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт ва бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалкӣ сурат гирифта, хамчун хуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз чониби ҷомеаи ҷахонӣ эътироф шуд. Дар ин замина 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Ин рӯйдод яке аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Минбаъд чун тағйиротҳои дар ҷомеа ба амаломада, дар Конститутсия низ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийру иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд. Ба вуқуъ пайвастани чунин рӯйдоди таърихӣ, албатта, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон гардид. “Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”,- гуфтаанд Президенти ватанамон Эмомалӣ Раҳмон.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Конститутсияи соли 1994 маҳсули зеҳнии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шудааст. Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзоёни комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия таи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа манзури рӯзи гузаронидани райпурсӣ карда шавад. Дар байни аъзоёни комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ пазируфта шуд, ки мо самараи онро ҳамарӯза эҳсос мекунем.

Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(6-уми ноябри соли 1994) ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз- қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд.

Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлатимутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созем.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 150 давлати дунё пазируфтаанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

Рӯзӣ Конститутстяи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Рахмонов Р.О. – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

“Мо ҳамеша ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоем. Онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифату банангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа пазируфтанд ва дар ҳама самтҳо занону бонувони кишварро дастгирӣменамоянд, ки ин дастгириҳо барои пешрафти фаъолияти онҳо бисёр муҳим мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳтаргардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.

Ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, иқдомгирифтан дар роҳибарпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ҶумҳурииТоҷикистон кӯшишҳоихудро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқуозодиҳоиинсон тавассути мустаҳкамкардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқисиёсат дар самти масъалаҳои занон ва бонувон мунтазам тақвиятмебахшад. Бо дарки муҳимиятидастгирии қувваиин ду қишри ҷомеа ҳамчун қувваиасосӣ ҷиҳатиамалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣтавассути истифодаи нерӯи занон ва бонувон дар ташаккул, пешрафти давлат ҳифзиарзишҳоифарҳанги миллӣ ва ниҳодидавлатдорӣ яке аз самтҳоиафзалиятноки давлату ҳукуматмаҳсубмеёбад. Зеро таърих исбот намудааст, ки субот ва пешрафти давлат аз дастгирии ин ду қишри ҷомеа вобастагии зиёд дорад.

Вобаста ба ин, дар риштаи рушди қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқҳова озодиҳои занон ва бонувондараҷа ва миқёситатбиқионҳодар ҳаётиимрӯза таҷассуми худро ёфтааст. Яъне, барои дастгирии ин табақаи ҷомеа дар сатҳи қонунгузорииамалкунанда дар баробари қабули қонунҳо, қабулибарномаҳоирушди иҷтимоии онҳо ҷиҳатитаъмини иштироки васеъ дар ҳаёти ҷамъиятиву идоракунии давлатӣ қабулгардида, самти фаъолияти занон ва бонувон дар шароити муносибатҳоинави сиёсиву иҷтимоӣ дар мамлакат муайян гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳтаргардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.

Раванди демократӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ барои мардон ва занон озодии васеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳайё намуда, барои ифода ва ҳаллу фасли проблемаҳояшон имконият ба вуҷуд овард. Дар баробари ин ҳоло ҳам рушди озоди иқтисодию сиёсӣ, фарҳангию таълимӣ бинобар фаъолияти нобаробари сохторҳои гуногун имкониятҳои баробарро барои мардон ва занон таъмин намекунад. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба баробарҳуқуқии мардон ва занон аз тариқи ислоҳоти сиёсӣ ва аз роҳи татбиқи тадбирҳои мушаххас, ки ба беҳбудии вазъи занон мусоидат мекунад, дахолати давлатӣ лозим аст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.

Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ; аз 8 августи соли 2001 №391 «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 30 апрели соли 2004 №196 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», аз 31 октябри соли 2005 №421 «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», аз 3 марти соли 2006 №94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд, ки мақсади онҳо ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.

Зиёда аз ин, ҷиҳати дастгирӣ бо таваҷҷуҳи хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Нақш ва мақому манзалати зан дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим мебошад. Бе иштироки фаъолонаи занон, бидуни фикру ақида ва пешниҳодҳои онҳо ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ғайри имкон мебошад”.

Занони бомаърифат, соҳибфарҳанг, омӯзгор, устод дар тарбияи фарзанд, оила ва ҷомеа нақшу мақоми арзанда мебозанд. Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони фаъоли занони мамлакат бахшида ба Рӯзи модар, 6 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе чунин иброз дошта буд: «Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри заҳматимодарон, хоҳарон, меҳрубониву ғамхории самимии занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».

Сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки мақому манзалати занон дар ҷомеа ба маротиб баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳанги тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун гардида истодааст.

Чуноне Сарвари давлат зикр доштанд: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.

Дар ҳақиқат, занону бонувони тоҷик бо сабру таҳаммул, ифату порсоӣ меҳру садоқат ва гузашта аз ин, бо кору пайкори созанда ва заҳмати софдилона номи Зан-Модарро маҳбуби қалбҳо гардонидаанд. Ҳамин тавр, эҳсос мешавад, ки занон- модарон низ бо азму иродаи қавӣ кӯшиш доранд, ки рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пешаи худ созанд. Минбаъд низ занони созандаи кишварро мебояд, ки ба қадри соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу суббот ва оромии ҷомеа расанд, истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми босазо гузоранд.

Шоиста Исматзода - ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Пайнавишт:

1. Эмомалӣ Раҳмон. Хизмати модарон барои башарият беҳудуд аст: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо занони мамлакат. ш. Душанбе, 6 марти соли 2007 // Минбари халқ. - 2007. - 10 март.

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2016 // Ҳақиқати Суғд. - 2016. - 24 декабри соли 2016.

3. http://kumitaizanon.tj/index.php/tj/.

4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» // http://www.president.tj/node/27417.

Сафару ташрифҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як гӯшаву канори кишвари азизамон пайки шодӣ ва ободӣ овардааст. Ин сафару ташрифҳои созанда ва ободкор, ҳар як гӯшаву канор ва шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизро боз зеботару ободтар гардонидааст. Тавре, ки дар боло зикр кардем, ҳар сафару ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ доимо пайки шодӣ ва фараҳ овардааст. Инчунин қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат ба рушду инкишоф ва сифату суръати корҳои ободониву созандагиро суръат бахшидааст. Инро аз сафарҳои Пешвои миллат пурра дарк намудан мумкин аст. Мардуми кишвар низ аз омадану ташрифи Пешвои миллатро доимо хуб истиқбол намуда, барои корҳои созандагию бунёдкорӣ як руҳияи тозае ба худ касб менамудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 29-уми октябр бо ташрифи созандаву ободкор ва таърихӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни ин ташрифи созандаву бунёдкор Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонромавриди истифода қарор доданд.

Ҳамзамон баъди ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Пешвои миллат боз 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ, лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ, лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаи бинои Маркази байналмилалӣ ва лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ гардиданд.

Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмии олимони тоҷик ва таваҷҷуҳи хос ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, илм ва маорифи миллии тоҷик дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушду инкишоф ёфта, имрӯз бо кишварҳои дигар роқобатпазир шудааст.

Шарифов И.И. ходими илмии шуъбаи ИДМ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи сарбаландии ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва барои ҳар як шаҳрванд рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли2003 ва 22 майи соли2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии кишвари моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Дар Моддаи 1-уми он зикр гардидааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

6 ноябри соли 2024 ҷашни 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлил мегардад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки онбори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст. Дар ҳақиқатан бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ мебошад, ки бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст”.

Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст.

22 майи соли 2016 мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ бори сеюм тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистонро собит намуданд.

Ин раъйпурсӣ, ки дар фазои сулҳу суботи комил ва сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид, бори дигар исбот сохт, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошанд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар Конститутсия меъёрҳои принсипҳои демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайра дар бар мегирад.

Соҳиби Баҳруло, - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар ҳама давру замон вазифаи асосии давлат танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Давлат дар навбати худ дар раванди танзимнамоӣ аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд, ки самараноктарини он қонун маҳсуб меёбад. Махсусан, қонуни асосӣ ва ё Конститутсия, ки дар ҳама кишварҳо сарчашмаи асосии ҳуқуқ шумурда мешавад.

Хушбахтона имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо қабул шудааст. Конститутсия давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба самти комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад.

Дар муддати 30 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузург ба даст овард. Фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор гардидани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.

Воқеан ҳам, Конститутсия кафили сулҳ, якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу раҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик мебошад.

Конститутсия санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи давлату миллат буда, дар он номи давлат, шакли давлатдорӣ ва сохтори он инъикос мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

Дар асл Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ ба шумор меравад. Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Конститутсия ҳанӯз дар Руми қадим маъмул гардида буд. Дар як вақт чандин конститутсияҳои мухталиф амал мекарданд. Ҳамчунин, дар бархе аз мамолики Аврупо дар асрҳои миёна низ мавҷудият доштанд. Аммо дар шакл ва мазмуни муосири худ бошад, Конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нави буржуазӣ пайдо гардид.

Дар замони муосир Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, тамоми меъёрҳои ҳуқуқии дохили давлатӣ, ки ба ҳуқуқу озодии инсон мутааллиқанд, дар асоси он қабул карда мешаванд. Халқи Тоҷикистон тибқи дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор намудааст. Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд.

Имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки новобаста аз касбу кор ба Конститутсия арҷ гузошта, онро ҳамчун роҳнамои хеш истифода намояд.

Абдулмуминзода Гесу Насимҷон корманди маркази инноватсионии илм ва технологияҳои АМИТ

Боиси фараҳмандист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз қудуми созанда ва мубораки хешро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ниҳоданд. Албатта мо шоҳид аз онем, ҳар куҷое, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам мегузоранд онҷо ободу зебо мегарданд. Ин аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи ин абармарди миллат гувоҳӣ медиҳад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи илмии кишвар дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши бориз дорад. Аз моҳи январ инҷониб маҳз роҳбарии ин ниҳодро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ӯҳда доранд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ин муассисаи илмии кишвар ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гардидааст.

Ҳамзамон дар се моҳи соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар се муассисаи илмию таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияҳои нав харидорӣ ва ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар доираи ин ҳидоятҳо дар заминаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бунгоҳи тиббӣ ва ошхона аз таъмири капиталӣ бароварда шуда ба истифода дода шуданд. Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифттитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни ифттитоҳ таъкид гардид, ки Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расид. Бояд гуфт, ки иншооти навбунёд 4-ошёна буда, дар масоҳати 35 садяк бо тарҳи меъмории замонавӣ бунёд ёфтааст.

Ҳамзамон зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Инчунин, озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад. Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.

Ҳамзамон пас аз ифттитоҳи Маркази мазкур ба Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 5 лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ муаррифӣ гардиданд. Инчунин ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттилоъ дода шуд, ки 3 лоиҳа дар асоси ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯйи кор омадааст. Бояд гуфт, ки лоиҳаҳои мазкур на танҳо бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотии муштарак, балки дар мустаҳкам намудани дӯстии мардумони ду кишвари дӯст дар доираи ибтикороти “Як камарбанд - як роҳ” мусоидат менамоянд.

5- ЛОИҲАИ НАВИ СОХТМОНИ БИНОҲОИ МАРКАЗҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ

-Лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар иншоот синфхонаҳои таълимӣ, маркази тамрини мошинҳои барқӣ, озмоишгоҳи ташхиси техникӣ, омӯзишии қисмҳои иловагии мошинҳои барқӣ, марказҳои таҳқиқот ва коркард ва коргоҳи маъмурият, толори таълимӣ бо 150 ҷой ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст омода мешавад.

- Лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо маркази иттилоотӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷой, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳи таҳлилии химиявӣ, таҳлили хосиятҳои маводҳо, ҳуҷраи реагентҳо, нигоҳдории боқимондаҳои моддаҳои хавфнок ва заҳролудкунанда ҷойгир мешавад. Мақсад аз таъсиси Маркази санҷишӣ ва озмоиши канданиҳои фоиданоки маъдан таҳлил ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва омӯзишу таҳлили таркиби химиявӣ ва физикаи хок мебошад.

-Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2000 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо марказҳои иттилоотӣ, идоракунӣ, толори намоишӣ, озмоишгоҳҳои барномасозӣ, шабакавӣ, кабинети мултимедиавӣ ва маркази идоракунӣ ва толори лексионӣ ҷойгир карда мешавад.

-Бинои Маркази байналмилалӣ аз 10 ошёна иборат буда, бунёди он дар масоҳати 40 садяк замин пешбинӣ гардидааст.

-Лоиҳаи 5 бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, сохтмони он дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст. Бинои мазкур аз маҷмуи биноҳои 2 ва 3-ошёна иборат буда, дар масоҳати 12 садяк замин бунёд мешавад.

Воқеан иқдому ташаббусҳое, ки ҷиҳати пешрафти илми ватанӣ роҳандозӣ мегарданд, маҳз аз сиёсати илмпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати - миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд. Дар заминаи ин тибқи дастур ва ҳидоятҳои ин абармарди миллат талошҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои пешрафти илми ватанӣ, таъмини шароити мусоиди корӣ барои олимону кормандон боиси таҳсин аст.

Дар оянда маҳз бо дастгриҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт соҳаи илми кишвар ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Ҳамзамон амалӣ намудани лоиҳаи 5 сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ дар оянда барои олимону кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам меорад ва дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотияшон мусоидат менамояд.

Таҳияи МУҲАММАД Аминзод