Skip to main content
Дар низоми давлатдории муосир Паём ба парлумон як ҳуҷҷати намунавӣ, санади расмӣ, барномасоз ва муайянкунанда ё дастурест, ки барои кори ҳамаи сохторҳо роҳнамоест, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣва хориҷии мамлакатро таҳлил намуда ва вазифагузориҳоро барои соли оянда ва солҳои минбаъда муайян мекунад. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солонаи Президенти кишвар дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Дар Паём дастовардҳо дар як марҳилаи муайян мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҳамзамон барои таҳкими фаъолият дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди кишвар вазифагузорӣ карда мешавад.

Боиси хурсандист, ки Паёми имсола дар бинои нави хуштарҳу замонавӣ ва барҳавои мақоми олии қонунгузории мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Сарвари давлат кормандони ин мақоми олиро табрик намуда, онҳоро ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ба халқу ватан ҳидоят намуданд.

Дар як Паёми Президенти кишвар ба марҳилаи муайяни рушду инкишоф рабтдошта, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар заминаҳои асосноки илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд. Дар оғози Паёми имсолаи Пешвои миллат зикр шуд: «Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Дар замони муосир шарти асосии рушду пешрафти давлату ҷомеа рақамикунонии иқтисодиёт ва роҳандозии барномаҳои рақамиву электронӣ арзёбӣ мегардад. Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад”.

Ҳамзамон дар Паёми навбатӣ ва дар Паёмҳои каблӣ оид ба вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи озуқаворӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.

Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки то охири соли 2025 ҳамаи намуди пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия буда, табдирҳои мазкур имкон медиҳад, ки дар рушди ҷомеа ва давлат боз ҳам қадамҳои устувор гузошта шавад.

Яке аз монеаҳои ҷиддие, ки дар пешорӯи рушди ҷомеа ва давлат қарор дошт, ин мушкилиҳо дар самти таъминоти аҳолӣ бо барқ маҳсуб меёбад. Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ва иқдомҳои наҷибонаи Президенти мамлакат, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд ва марҳила ба марҳила ба ин ҳадафи олии пешгирифтаи Роҳбари давлат хоҳем расид. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ зикр намуданд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад». Яъне, ин яке аз дастовардҳои бузургтарин мебошад, ки халқи тоҷик зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ба он ноил мегардад.

Натиҷаи таҳлили Паёми Пешвои миллат нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат қарор дошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд, ҳамзамон аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки масъулини соҳаҳои зикргардидаро мебояд, баҳри рушди соҳсҳои номбурда кушиш ба харҷ диҳанд.

Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои ҳарсола иброз мегарданд, имкон медиҳад, ки ободии Ватан ва пешрафти давлат таъмин карда шуда, халқи тоҷик ба тамоми ҳадафҳои муайяншуда ноил гардад.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад, зеро бар арсаи гармшавии иқлим дар солҳои охири асри гузашта 30 дарсади пиряхҳо об шудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, низ бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст. Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз мамлакатҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад. Давлати мо ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад.

Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон ташаббус оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.

Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад мебошад.

Пешниҳодҳои саривақтӣ ва зарурии Пешвои муаззами миллат ба созмони бонуфузи байналмилалии Созмони Милалӣ Муттаҳид ва ҷонибдорӣ ёфтани ин пешниҳодҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, инҳо масъалаҳое, ҳастанд, ки на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки ба нафъи тамоми сайёра аст. Аз он ҷумла ташаббуси қаблии Пешвои муаззами миллат, ки солҳои 2018 – 2028 – ро даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон доштанд, ки ин ба манфиати тамоми сайёра аст, чун ки ҳамарӯза аз навиштаҳои матбуотии олимону таҳқиқотчиён ва ё аз тариқи оинаи нилгуну шабакаҳои иҷтимоӣ мехонему мебинем, ки чи қадар аҳолии рӯи замин аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва мақсад аз масъалагузории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бо оби ошомидани таъмин намудани аҳолии ҷаҳон мебошад.

Ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар боло ёдовар шудем, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аст, инҳам бошад, аз муътадилии обу ҳаво, сарчашмаи таъминоти оби ошомиданӣ ба аҳолии ҷаҳон, ҳифз ва эмин нигоҳ доштани мардум аз офатҳои табиӣ ва осоиштагии аҳолии ҷаҳони муосирр дар бар мегирад.

Расулзода Ҳомидҷон – ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

332323Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.

Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.

Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.

Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки “сада” аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.

Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.

Ҷашни Сада (форсӣ: جشن سَده‎) — яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.

Ходими илмии - маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ Ғанизода Н.Х.

321Ҷашнҳои миллӣ ва мардумӣ, ки аҳаммияти таърихиву фарҳангӣ доранд, ҳамеша, ҳама ҷо, барои ҳама кас ва дар ҳар куҷои ҷаҳон, ангезаҳое барои шоду шодмон ва хушдил сохтани мардумон будаанд, ҳастанд ва боқӣ мемонанд. Пажуҳишу ковишҳои коршиносона нишон медиҳад, мардуме, ки соатҳову рӯзҳо кору кӯшиш мекунанд, чунончи оромиши равонии шоистае барои соатҳои бекориву осӯдагии худ фароҳам накунанд, дучори афсурдагиву ноҳинҷориҳое хоҳанд шуд, ки афзун бар равон, бар тану ҷони эшон низ таъсирҳои нохушоянд барҷой мегузорад. Бар пояи чунин бунёдҳое донишмандону андешамандони пешин барои осоиши мардум ва дур нигаҳ доштани онҳо аз андуҳу ранҷ, ҷашнҳои гуногунеро барои ташкил додан пешниҳод менамуданд. Дар ин пайванд ва дар миёни мардумони ҷашндӯсти ҷаҳон, мардумони сарзаминҳои мо низ яке аз пурҷашнтарин мардуми саросари гетӣ ба шумор меравад.

Яке аз ин ҷашнвораҳо ҷашни Сада мебошад, ки бар асоси сарчашмаҳои фарҳангиву таърихӣ ва осори ниёкон таърихи чандинсола дорад. Бар асоси фарҳангномаҳо, махсусан фарҳангномаҳои адаб ҷашни Сада аз вожаи “сат”-и паҳлавӣ омадааст ва маънии он сад мебошад. Бинобар бахшбандии фаслии қадимӣ Сада ҳангоме аст, ки сад рӯз аз зимистон мегузашт ва ё ба ривояти имрӯзиён панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз мондааст. Ҷашни Сада ҷашне буд, ки панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз монда, яъне охири моҳи январ баргузор мешуд. Тибқи ривоятҳои пешина, мардум дар ин рӯз бо равшан кардани оташ Аҳримани бадкирдорро аз худ дур мекарданд. Гуфта мешавад, ки Каюмарс дар ин рӯз соҳиби садумин фарзанди худ мегардад ва ба маҳзи дидани фарзанд, Аҳурамаздоро сипос мегӯяд.

Дар робита ба равиши ҷашн гирифтани Сада дар манотиқи мухталифи форсзабонон андешаҳои гуногун оварда шудааст. Гуфтан зарур аст, ки аз дер боз дар бисёре аз шаҳрҳо ва манотиқи сукунати форсзабонон ин ҷашнро бо ифтихору шодмонӣ пешвоз мегирифтанд. Усулу тартиби ҷашни Сада бад-ин гуна буд, ки пас аз ғуруби офтоб се тан аз мубадон дар ҳоле ки либоси сафед бар тани худ доштанд, ба сӯйи тудае аз ҳезуми хушк, ки пеш омода шуда буд, ҳаракат менамуданд. Гурӯҳе аз ҷавонон, ки онҳо ҳам либоси сафед бар тан доштанд, бо машъалҳои равшан мубадонро ҳамроҳӣ мекарданд. Дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ мубадон бахше аз “Авасто”-ро месуруданд ва мубади бузург бо оташи мавҷуд дар оташдон ва ҷавонони сафедпӯш ёрӣ гирифтан аз шуълаҳои машъал ҳезумро оташ мезаданд. Гурӯҳи навозандагон аз оғоз, то поён оҳанги шодӣ менавохтанд. Зардуштиён бо шодиву пирӯзӣ шуълавар шудани оташи Садаро ҷашн мегирифтанд ва ба умеди он ки то ҷашни соли дигар равшаниву гармӣ дар дилҳояшон бошад, ба хона бозмегаштанд. Бархе бар онанд, ки дар оини зардуштӣ ба ҷашни Сада таваҷҷуҳи зиёде доштанд, зеро ки оташ яке аз унсурҳои асосӣ ва муҳимми ҷашни мазкур ба шумор меравад.

Баъд аз заволу суқути силсилаи Сосониёни бузург ва вуруди дини ислом ба манотиқи форсзабонон ҷашн гирифтани Сада ба таври пинҳонӣ ба амал меомад, то инки хонадони Бармакиён ба боргоҳи Хулафо роҳ ёфтанду гардонанда ва ҳамакора шуданд ва ҷашнҳоро дубора зинда карданд. Бо ёриву дастгирии ин гуна силсилаҳои форсзабон ҷашнҳои милливу фарҳангӣ натанҳо дубора зинда шуд, ки гоҳо бо шукӯҳу шаҳомати бештар аз пеш низ баргузор мегардид. Агарчи барои муддатҳои нисбатан тулонӣ ин ҷашн ба сурати расмӣ дар даврони баъд аз ислом баргузор намешуд, аммо рафта-рафта бо қудрат гирифтани форсзабонони ватандӯст, ин ҷашн низ дубора зинда мешуд.

Яке аз ин шахсиятҳои барҷаставу ватандӯсти муосир, ки ҳамеша талош дорад, то фарҳанги миллии хешро рушду камол бидиҳад, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки дар дубора равнақ бахшидани ин ҷашни ниёгони мо саҳми беназирро дорад. Бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат аст, ки дар чанд соли охир ин ҷашни куҳанбунёди мо вижагии умумимиллӣ гирифт ва ҳоло ҳам дар ҳоли рушду камол аст. Мавриди зикр аст, ки муаррихону муҳаққиқон ва шоирону сарчашманигорон баргузориву ҷашнгирии Садаро дар давраҳои мухталиф, ба шаклҳои гуногун ёд кардаанд.

Яке аз шоирони барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар ашъораш ҳамвора аз фарҳанги милливу дӯст доштани меҳан сухан дар миён аст, роҷеъ ба ҷашни Сада дар китоби арзишманди хеш “Шоҳнома” достони кашфи оташ тавассути Ҳушангро оғоз мекунад, ки рӯзе Ҳушанг, шоҳи ҷаҳон бо гурӯҳе аз ҳамроҳон ва ёрони худ ба кӯҳ рафт. Дар ин ҳангом ҷонваре дароз, сиёҳранг ва тиратан, ки бо суръат дар ҳоли ҳаракат буд аз фосилаи дур падид омад. Фирдавсӣ зоҳири ин ҷонвари тарснок, ки дар ҳақиқат море буд ваҳшатнок ва онро чунин тавсиф мекунад, ки бар рӯйи сараш ду чашм вуҷуд дошт, ҳаммонанди ду чашмаи хун ва дуде аз даҳонаш хориҷ мешуд, ки ҷаҳонро тираву торик сохта буд. Ҳушанг вақте бо мор мувоҷеҳ шуд, диранг кард ва бо фаросату диққат ба он нигарист ва бедигарн сангеро ба даст гирифту ба ёрии зӯри каёние, ки дошт он сангро бо қудрату суръат ба тарафи мор партоб кард, аммо мори ҷаҳонсӯз аз бархӯрди санги Ҳушанг ҷон ба дар бурду гурехт. Дар натиҷаи партоб, санг бар санги дигар бархӯрда, аз ин бархурди ду санг оташе ба вуҷуд омад.

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун...

Нигаҳ кард Ҳушанг бо ҳушу санг,

Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.

Ба зури каёнӣ раҳонид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.

Тибқи ривоятҳои таърихӣ ва сарчашмаҳои адабӣ баъд аз он ки Ҳушанг оташро кашф кард, шабҳангом ба поси хушҳолӣ ва шукргузорӣ, оташе бузург ҳамчун кӯҳ барафрӯхту худ ва дигарон ба даври вай гирд омаданд. Ҳушанг ин ҷашни бузургро ҷашни Сада ном гузошт ва он шаби фархундаро ба бодагусорӣ пардохт. Фирдавсӣ дар идомаи шеър ёдовар мешавад, ки ҷашни Сада аз Ҳушанг ёдгор мондааст ва орзу мекунад, бошад, ки шоҳони бисёре ҳамчун ӯ дар оянда биёянду бар ин сарзамин ҳукм биронанд, зеро ки подшоҳе ҳамчун Ҳушанг, ҷаҳонро шоду обод кард ва ба ҳамин далел низ ҳамагӣ аз ӯ ба некӣ ёд кардаанд:

Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада ном он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Ҷашни Сада ва достони кашфи оташ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ тавассути Ҳушанг фақат ривоятест куҳану мондагори таърихӣ ва ба мо ёдоварӣ мекунад, ки падидаи оташ то чи андоза барои форсзабонон, махсусан тоҷикони даврони пешин муҳим будааст, ки ҳатто кашфи онро низ ба худ нисбат додаанд. Баъд аз сипарӣ шудани даврони подшоҳии Ҳушанг, ки барои мардуми минтақа, бахусус тоҷикон саршор аз некиву хуррамӣ буд, даврони подшоҳии фарзанди Ҳушанг, яъне Таҳмурас фаро мерасад, ки вай низ тавонист бисёре аз девонро ба банд даровараду онҳоро мутеи худ созад.

Фирдавсӣ дар манзумаи “Андарз кардани Доро ба Искандар” аз ҷашни Сада ёд карда, дар байте мегӯяд:

...Нигаҳ дорад ин фолу ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада...

Ҳамчунин дар достони “Ҷанги Ардашер бо Ардавон ва кушта шудани Ардавон” аз ҷашни Сада чунин мегӯяд:

Баровард бар чашма оташкада,

Бар ӯ тоза шуд Меҳру ҷашни Сада...

Бояд гуфт, ки Фирдавсӣ дар достонҳои дигари “Шоҳнома”-и хеш монанди “Подшоҳии Луҳросп”, “Куштани Ардашер Ҳафтводро”, “Панд кардани Яздигурд ба Баҳром...”, “Падруд кардани Баҳроми Гӯр Мунзар ва Нуъмонро”, “Бозгаштани Баҳроми Гӯр ба эронзамин”, “Ширӯя ва Ширин” ва монанди инҳо ҷашни Садаро бо шодмониву сурур ёд мекунад.

Баъд аз зуҳури ислом дар минтақа таҷлили ҷашнҳои миллӣ каме коста гардид ва ҳатто бархе аз онҳо аз байн бурда шуданд. Дар давраи Сомониён ҷашнҳои миллӣ дубора зинда карда шуда, вобаста ба имконот таҷлил гирифта мешуданд.

Абулфазли Байҳақӣ дар китоби арзишманди хеш “Таърихи Байҳақӣ” аз таҷлилу баргузории ҷашни бошукӯҳи Сада дар рӯзгори Масъуди Ғазнавӣ сухан меронад ва менависад, ки ин ҷашни Сада чунон бошукӯҳ барпо мешуда, ки оташи афрӯхтааш аз чанд фарсанге диданӣ буд. Дигар муаррихону сарчашманигорони ин давра гуфтаи Байҳақиро тарафдорӣ намуда, муҳиммияти баргузории ҷашни Садаро дар давраи мазкур ёдовар шудаанд.

Дар баробари А. Фирдавсиву А. Байҳақӣ, ҳамчунин дар ашъори дигар шоирон низ роҷеъ ба ҷашни Сада сухан дар миён аст.

Унсурӣ низ аз ҷашни Сада ёдовар шудааст ва ӯ дар қасидае дар мадҳи Амир Наср бини Носируддини Сабуктегин чунин гуфтааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст...

Фалакро бо замин анбозӣ омад,

Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.

Ҳама аҷроми он аркони нур аст,

Ҳама аҷсоми ин аҷзои нор аст…

Манучеҳрии Домғонӣ ҳам дар қасидае аз омадани шаби ҷашни Сада ёд мекунад ва чунин мегӯяд:

Омад эй Саидаҳрор, шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмат, бисёр бувад.

Барфурӯз оташи Барзин, ки дар ин фасли шито,

Озари Барзин пайғамбари озор бувад…

Поёни сухан ин, ки вожаи садаро аз ҳама бештар Ҳаким Фирдавсӣ дар ашъораш мавриди корбурд қарор додааст. Агар истифодаи вожаи садаро дар ашъори бархе аз шоирони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аз лиҳози омор мушоҳида кунем, мебинем, ки Фирдавсӣ 17 бор, Анварӣ 16 бор, Фаррухӣ 11 бор, Хоқонӣ 9 бор ва Манучеҳрӣ 5 бор мавриди корбурд қарор додаанд.

Қосимзода Солеҳ Салим - сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и АМИТ

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии тамоми тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Зеро дар Паём сараввал натиҷаҳои фаъолияти солонаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар мавриди ироа шуда, дар заминаи он стратегия ва самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда муайян карда мешавад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеъ ва нақши муосири ҷавонон дар пешбурди сиёсати босуботи Ҳукумати кишвар ва рушди устувории он ишора намуда, масъулини сохтору мақомоти соҳаҳои марбутаи кишварро ҷиҳати аз нав таҳрир намудани барномаҳои давлатӣ, ки барои ҳифзи минбаъдаи манфиати ҷавонон равона карда шудаанд, вазифадор намуданд.

Ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари аввали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон он аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши муҳим мебозанд.

Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар қайд гардидааст: «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошад ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дўст медорад ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд».

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҷавонон нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошад, ки татбиқи самараоварандаи сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст.

Дар замони Истиқлолият ташаккули давлати ҳукуқбунёд ба ҳайси ҳадафи муҳимтарини дигаргуниҳои куллии пайгирона дар Тоҷикистон идома ёфта, раванди амалигардонии ин ҳадаф дар ҷомеаи муосири тоҷикон ба густариши низоми сиёсӣ-ҳуқуқии он дар матнҳои бунёдии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шакли муайян даровардаву таҳким бахшида шуда, ба пешрафти маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъсир гузошт.

Дар солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди Конститутсия, кодексҳо ва қонунҳо зоҳир мегарданд. Маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ шуданд.

Албатта тарбияи ватандўстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз соли 1995 барномае қабул намуд, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ буд. Аз ин лиҳоз бо назардошти тақвият бахшидани ин ҷода дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастиии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005» қабул шуд, ки бо иҷрои он якчанд корҳои судманд дар ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд.

Роҳбарияти давлату Ҳукумат дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва грантҳои ҳукуматӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон таъсис дода шуданд.

Самти фаъолият дар ин масъала дар паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд. Тавре, ки сарвари давлат таъкид намуданд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд».

Аз ин лиҳоз қабули барномаҳо ва амалӣ намудани он бетарафии ҷомеаро нисбат ба тақдири ҷавонон рафъ намуда, масъулияти онҳоро дар пешрафти шукуфоии мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар гардонид.

Дар шароити дигаргунсозии ҷаҳонӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон аст. Вобаста аз оне, ки қувваи асосии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, муайян намудани асосҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба онҳо мувофиқи мақсад аст.

Яке аз чунин афзалият ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Зарурати ташаккули ин сиёсат дар Тоҷикистон асосан баъд аз соҳибистиқлолӣ тақозои замон маҳсуб мешавад. Дар мадди аввал қарор додани инсон ва захираҳои инсонии давлат хусусияти хоси ин сиёсат маҳсуб мешавад. Қариб 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро насли ҷавон ташкил медиҳад ва татбиқи ин сиёсат дорои аҳаммияти бузург аст.

Мутаасифона вуҷуд доштани омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ҳаёти ҷамъиятиро халалдор сохта, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид менамоянд.

Вобаста ба ҳамин масъала Пешвои миллат дар Паёми имсола чунин ибрози андеша намуданд. « Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».

Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти сиёсии мамлакат дар ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрўзҳо ба масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Яъне истифодаи технологияҳои иттилоотӣ аз як тараф тақозои замон буда, рушди иқтидори технологиву иттилоотии мамлакатро таъмин менамояд, аз тараф дигар, истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотӣ ба мақсадҳои ғаразнок, паҳн намудани маводҳои номатлуб, мубодилаи иттилоот дар хусуси фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин ташкилот ба мафкура ва ҳаёти минбаъдаи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон дар ин шароит аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, дар ин самт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандустии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор барномаҳои дигар таҳия ва амалӣ гардиданд. Мақсади асосии қабули ин барномаҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рўҳияи худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таҳмин намудани ҳуқуқҳо ва тащаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Бо такя ба андешаҳои баёншуда ба назари мо, дар ҳоли ҳозир маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд ба татбиқи маҷмуи ҳадафҳое равона карда шавад, ки дар санадҳои болозикр инъикос ёфтаанд. Санадҳои зикршуда, моҳиятан тарзе амалӣ карда мешаванд, ки аксарияти ҷавонон ба рафтори фаъоли иҷтимоӣ мутамоил гардида, рафторе, ки ба дарки амиқи асоснокӣ, адолатнокӣ ва мувофиқи мақсад будани меъёрҳои ҳуқуқ асос ёфтааст ва фаъолияти шахсро баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар назар дорад, нигаронида шудаанд.

Ҳамин тавр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандўстӣ барои тақвияти маъсулиятшиносии ҳар як шаҳрванд ба хусус ҷавонон дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли наврасу ҷавони солиму меҳандўст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

Вобаста ба ин масъала дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози андеша намуд.«Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд,Ватанро сидқан дўст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.» Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Пешвои миллат ба ҷавонони мамлакат боварии калон доранд ва ҷавононро лозим аст, ки ин боварии сарвари давлатро дучанд зиёд намояд.

Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна – ходими хурди илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Таҳлили адабиёти илмӣ ва воқеияти имрӯза оид ба ташаккули идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити сохторёбии муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар ҷумҳурии мо ба он ишора мекунанд, ки дарки ҳувияти миллӣ аз ҷониби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ хеле муҳиму масъалаи ҷиддӣ буда, дар таҳкими давлати соҳибистиқлоли миллӣ муҳим аст. Он танҳо дар асоси шинохти амиқу тарҳрезии идеяи миллӣ муяссар мегардад.

Идеяи миллӣ - баёнгари ҳадафу маънии зиндагӣ ва асолату рисолати ҳастии гурӯҳи қавмии мардуми кишвар дар замони ҳозира ва оянда бо назардошти гузаштаи онҳо, дар пояи таҷрибаи таърихии халқу миллати хеш ва таҷрибаи дигарон ташаккулёфта мебошад, ки ғояи бунёдии он ватандорию ватандӯстӣ - изҳори меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инчунин, меҳанпарастӣ - сипосгузорӣ ба фарҳанги аҷдодии худ буда, дар ҳар як фарди бошуури миллат баҳри ҳифзи Ватан ҳисси ватандӯстиро бедор намуда, аз онҳо худогоҳӣ, масъулиятнокӣ ва садоқатмандиро нисбат ба халқу Ватан талаб мекунад. Ҳамин тариқ, мафҳумҳои «идеяи миллӣ» ва «ҳувияти миллӣ», ки дар як пояи бунёдии ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулияти давлатдорӣ дар робита ба ҳам ба вуҷуд омадаанд, дар шароити худмуайянкунии миллатҳо ва таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Зоҳиршавии ин мафҳумҳо дар шароити кунунии амалишавии фикру андеша ва ормонҳои миллӣ дар симои давлати соҳибистиқлоли миллӣ равшан мушоҳида мешавад, ки ин падидаҳои иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ ба ҳам дар худмуайянкунии миллатҳои дунё - чун ифодагари худшиносии миллии мардум баромад карда, дар барпо шудани истиқлолияти давлати миллӣ нақши калидӣ мебозанд.

Бояд гуфт, ки ҳувияти миллӣ - яке аз ҷузъҳои ҳувияти фард аст, ки он марбут ба эҳсоси мансубият доштани вай на фақат бар миллату фазои муайяни фарҳангию иқтисодӣ, балки бар кишвару давлати муайян низ мебошад. Ҳувият - хусусияти равонии инсон аст, ки он тасаввуроти мутамаркази шахсро оид ба мутааллиқ будани вай ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ нишон дода, дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ доштан, он, инчунин, ташаккули умумияти этникии худогоҳеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ, якпорчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар азму субот доранд, зоҳир месозанд.

Ҷаҳонишавӣ ба худ хусусиятҳои муайянкунандаи асосии системаи ҷаҳонии муосирро касб карда, ба яке аз қувваҳои таъсирбахш табдил ёфтааст, ки роҳи минбаъдаи рушди сайёраи моро тарҳрезӣ мекунанд. Вай ҳузури худро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нишон дод: дар иқтисодиёт, сиёсат, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг, экология, амният ва ғайра.

Ба ақидаи муҳаққиқ А.Р.Нематов “падидаҳои муосири сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, ба моҳияти дунявии давлатҳои Шарқ таҳдид мекунанд ва ба нобуд шудани рамзи миллии онҳо мусоидат мекунанд. Аз як тараф, қабули пурраи ғояҳо ва арзишҳои либералии Ғарб, ки аксари онҳо бо фарҳанг ва анъанаҳои халқҳои Шарқ мухолифат доранд, метавонад боиси вайрон шудани пояҳои давлатдории дунявӣ гардад. Аз тарафи дигар, воридот ва ҷорӣ намудани арзишҳо ва ғояҳои барои мардуми тоҷик аз Шарқ бегона, инчунин тамоюли қавӣ ба исломигароии ҷомеа мавҷуд аст. Имрӯз, мардуми тоҷик, ки дорои фарҳанги бой ва таърихи бостонӣ ҳастанд, ба ҷуз бунёди ҳаёти давлатию ҳуқуқӣ дар асоси арзишҳои фарҳангии худ, ки асос ба ҳифзи пояҳои дунявии давлатдорӣ ва ҳувияти миллии худ мегузорад, роҳи дигаре надорад”.

Бояд гуфт, ки тоҷикон дорои анъанаҳои қадима мебошанд, ки таърихи ҳазорсолаҳо доранд. Ҳифзи анъанаҳо дар ин гуна ҷомеа арзиши баландтар аз рушд ба ҳисоб меравад. Барои Тоҷикистон ғояи марказии рушди давлат дар баробари демократия, воҳидият, иҷтимоӣ ва волоияти қонун принсипи давлати дунявӣ ва ҷомеа буд, ки раванди сиёсии кишварро устувор ва пешгӯишаванда сохт.

Таҳлили рушди конститутсионии ҷомеаи Тоҷикистон ва фарҳанги сиёсии он нишон медиҳад, ки ҷомеаи мо дар раванди тағйирёбии амиқ майл ба сӯи эътидолгароӣ ва прагматизмро кардааст. Таҷрибаи мо барои ҳамсоякишварҳо, ки роҳи ҷомеаи дунявӣ ва демократиро интихоб кардаанд, як намунаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид. Аз ин рӯ, мо бояд ба муваффақиятҳое, ки дар шароити истиқлол ба даст оварда шудаанд, баҳои баланд диҳем ва барои таҳкими дастовардҳо, арзишҳо, меъёрҳои ахлоқӣ ва сифатҳои нави шаҳрванди давлати соҳибистиқлол ҳама корҳоро кунем.

Дар тӯли таърих яке аз шаклҳои муқобилати як миллат алайҳи миллати дигар - мубориза барои заиф ва нобуд кардани ҳувияти миллии рақиб аст. Аз ин рӯ, дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ низ ба миён меояд. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат ташаккули фарҳанги замони истиқлолият дар заминаи фарҳанги ахлоқӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар руҳияи сулҳпарварӣ ва таҳаммулгароӣ асос ёфта истодааст. Дар муқобили идеяҳои таҳмилшудаи хориҷӣ, ки ҳадафашон аз сар задани низои миллӣ ва мазҳабӣ иборат аст, фарҳанги миллии мо бо ҷалби қувваҳои фарҳангии дунявӣ ба сӯи ризоият ва ваҳдати миллӣ қадам мезанад.

Донистани таърихи миллат, инчунин дарки маънои рамзии идҳои миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, дарки арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллии тоҷикон дар муҳити наслҳои оянда зарур аст. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳоро аз қабили “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дигар озмунҳоро ба роҳ монданд, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, бисёр ҳам саривақти мебошад.

Ин дар замони муосир, вақте ки дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги анъанавии моддӣ ва маънавии аз ниёгон меросмонда ба таъсири доимии беруна дучор мешавад, махсусан муҳим ҳисобида мешавад. Мусаллам аст, ки ҷаҳонишавӣ танҳо бо сиёсат ва иқтисод маҳдуд намешавад, балки ба ҳамвор кардани арзишҳои моддӣ ва маънавии миллатҳои алоҳида равона шудааст. Маҳз ҳамин чиз омӯхтан ва ҳифз кардани урфу одатҳои ниёгонро ба миён меорад. Ҳифзи анъана имкон медиҳад, ки онро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.

Ба ақидаи мо, фишанги рушду нумӯи минбаъдаи ҳувияти миллӣ чун дигар падидаҳои хусусии иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аз рӯи қонунҳои диалектикӣ ба тавассути ангезаҳои ҷадиди пурмӯҳтаво доир мегардад. Ба ҳамин минвол, ҳувияти миллӣ, ки он шабоҳат, айнияту тафовутҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллатҳоро оиди мутааллиқ буданашон ба як фарҳанги хос муайян мекунад, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳангоми наздикшавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо маҳз ҳамон фишанги амалиёти мутақобилае, ки дар вуҷуди ҳар падида, мавҷудот ва ҳодисот маҳфуз аст, боиси ҳаракати онҳо ба сӯи мавҷудияту инкишофи ояндаашон мегардад. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ бояд барои таъмини арзишҳо ва амнияти ҷомеа мусоидат намояд.

Албатта, ҳувияти миллӣ дар устувории пайванди наслҳо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дорад. Дар ташаккули давлати дунявии тоҷик нақши ҳувияти миллӣ, ки аз асоси фаҳмишҳои аслии миллат иборат аст, таъсиргузор мебошад. Моҳияти масъала барои устувории ин ҷомеа ва таъмини амнияти миллӣ дар он ифода меёбад, ки худи он ҳамчун муҳаррики ин арзишҳо баромад менамояд.

Руйхати адабиёти истифодашуда.

1. Нематов А.Р. Духовно-культурные аспекты развития государствен но-правовой системы Таджикистана: постановка вопроса//Известия высших учебных заведений. Правоведение. 2017. № 1 (330).

2. Орифҷонова Н.Идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ//"Илм ва Ҷомеа"-№4 (17), 2019.Манбаи электронӣ:https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/ideyai -mill-va-uviyati-mill-dar-sharoiti-isti-loliyati-davlat.html

3. Петров П.А. Концепции глобализации в социальной философии// Электронный ресурс:URL:https://cyberleninka.ru/article/n/kontseptsii-globalizatsii-v-sotsialnoy-filosofii [дата обращения: 15.11.2020].

4. Хайдаров Р.Дж. Влияние процесса глобализации на трансформацию таджикского общества: дис....док.филос.наук 09.00.11/Р.Дж. Хайдаров .-Душанбе,2007.- с.244

5. Ҳайдаров Р.Ҷ. Тоҷикистон дар масири таҳкими истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ. Монография. -Душанбе: “Шоҳин С ”, 2020. -76 с.

6. Ятимов С.С.Равоншиносӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Дар доираи шуури муқаррарӣ) Ҷавонони Тоҷикистон, 05 Май 2016.

Қодирова З.Б. – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар боз як пешниҳоди таърихии моҳияти умумиинсонӣ дошта ва барои шиносонидани фарҳанги миллат ба ҷаҳониён муҳиму саривақтӣ баромада, пешниҳоди ҷолибе ба созмони ҷаҳонии «ЮНЕСКО» дар бораи ҷашни 2500 –солагии «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир», дар соли 2025-ро матраҳ намуданд. Мисли тамоми пешниҳодҳои Пешвои миллат ин пешниҳод низ на танҳо моҳияти таърихӣ, балки аҳамияти рӯзмарра барои фазои сиёсию маънавии кишварро доро буда зарурати рӯзмарра мебошад ва аз умқи дидгоҳи сиёсиву мафкуравии эшон хабар медиҳад.

Дар баробари пешниҳоди аввал оид ба эъломи даҳсолаи сулҳ дар ин асри ҷаҳонишавии пур аз ҷангу зиддияту ихтилофоти байни кишварҳо ва миллатҳо бо иштироки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва бо мақсади мудохила ва зери тасаллути худ нигаҳ доштани миллатҳои дигар, ки дар натиҷа ҳар рӯз садҳо инсонҳо куштаву ба асорат гирифта мешаванд, ин пешниҳод низ аз манфиати зиёде бархурдор мебошад.

Аҳамияти ин пешниҳод дар ошкоро эълон кардан ва ба миён гузоштани ин воқеияти раднопазир аст, ки ниёгони мо аввалин поягузори маншури ҳуқуқи озодии башар аз ғуломӣ будан, ҳуқуқи ва қонуни озодии эътиқод ва виҷдонро низ поягузорӣ кардаанд. Ин пешниҳод ба инкори вуҷуди тасаввуроти нодурусти таърихӣ дар бораи сарчашмаи ҳуқуқи озодии инсон аз ғуломӣ ва озодии дину этиқод ҳаргуна дин будани аврупоиёнро инкор намуда, бо далелу бурҳони таърихии раднопазир тасаввуроти бепояи онҳоеро, ки низоми дунявият ва озодии виҷдонро таърихан барои мо бегона медонанд ошкор менамояд. Ин пешниҳод заминаи низоми дунявиро дар кишвар тақвият намуд, ҳақиқатан заминаи ҳуқуқи миллӣ доштани модели нави дунявиятро, ки дар кишвари мо тавассути кушишҳои Пешвои Миллат пиёда шудааст собит мекунад.[1] Зимни ин таҳқиқот мо бояд нишон диҳем ва исбот кунем, ки мабною заминаи чунин низом на танҳо дар таърихи пеш аз исломии мо ва ҳатто дар худи илова ба ҷузвияи дар поварақ ишора шуда, асли ниҳоии матолиби ин мақоларо муаллиф баъдтар соли 2021 ба сифати мавзӯи кори нақшавии таҳқиқоти илмӣ ба нақша гирифта, навишта буд ва ҳоло дар ин ҳошия чанд нуктаи марбут ба он ироа-пешниҳод хоҳад шуд.

1.1. Вуҷуди заминаҳои озодӣ ва таҳаммулгароии динӣ-мазҳабӣ дар фарҳанги сиёсии тоҷикон

Дар таърихи тамаддуни башар ҳамеша қонуни меросият амал мекунад ва дар тамоми соҳоти тамаддуни мо падидаи мутаассиршавӣ ва доду гирифти тамаддунҳо ва таҳаввули доимии анвоъи гуногуни фарҳангии башарро аз унсурҳои соддаю ибтидоӣ ба сӯи такомулу рушди болотар дорем. Дар ин робита пайдоиши заминаҳои давлати дунявӣ (секулор) ва таҳаввули баъдии он низ истисно нест.

Масъала он аст, ки дар кишварҳои исломӣ, аксаран вақто ки сухан аз моҳияти низоми давлати дунявӣ меравад, ҳамоно ин қазияро матраҳ мекунанд, ки низоми секулор падидаи соф аврупоӣ буда, бо олами ислом рабте надорад ва бегона мебошад. Ҳол он ки аввалан, ин исломиёни наздикбин барои гардишу тақвияти осиёби ғарбиёни мутассиби аврупосентрист об мерезанд, сониян, инҳо бехабар аз қонунияти таҳаввули падидаҳои иҷтимоӣ буда, намедонанд, ки ҳеҷ чунин падидае дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд намеояд, балки асосе, заминаю мабное дар тамаддунҳои пешинаи башар дорад ва солисан, инҳо таърихи пайдоишу такомул ва таҳаввули мӯҳтаво ва мавводи«Маншури эъломияи ҳуқуқи башар»-ро наомӯхтаанд, набошад далоили ба аксарияти ҳуқуқдонониё маъруф, чун: «Маншури қонуни Ҳамурапи» ва «Маншури ҳуқуқи Куруши Кабир» -ро намебоист нодида мегирифтанд.

Ҳоло мо зимни ин таҳқиқ саъй дорем нишон диҳем, ки ба олами Шарқ аз ҷумла тоҷикону эрониён таърихан низоми дунявӣ (секулор) бегона набуда, балки яке аз дастовардҳо ва таҷрибаҳои маъмули давлатдорӣ ва низоми сиёсии таърихӣ худи ин миллат будааст. Ба қавли маъруфтарин рӯшанфикри эронӣ Алӣ Шариатӣ дунявият мисли мафҳуму калимаи «алмаз» ҳамон «мост»-и форсӣ буда, арабҳо онро иқтибос карда ба он артикли «ал»-ро илова кардаанд ва шудааст «ал-мос» ва аз паси арабҳо аврупоиҳо иқтибос карда онро «алмаз» хондаанд ва пас аз ин муллою охунди аз таърихи этимология бехабари мо онро калимаи аврупоии ба забони форсӣ бегона хонда, фатвои «бегона аст!»-ро содир кардаанд ё мекунанд.....

Ҳамин тавр агар ба рушди аҳкоми ҳуқуқӣ ва аз ҷумла ташаккулёбии ва такомули мавводи «Эломияи ҳуқуқи башар» нигарем хоҳем дид, ки он низ мисли тамоми анвои фарҳанги башар натиҷаи таҳаввул ва рушди он усулу қонунҳое мебошанд, ки ба тадриҷ дар қадимтарин марказҳои тамаддуни таърихии башар Мисру Бобулу Эрону Чину Ҳиндустон, Юнон зуҳур карда баъдан шаклан суфтатару моҳиятан густардатар гардидаанд. Алалхусус дар сафҳаҳои таърих бе восита дар мавриди пайдоиш ва рушди ҳуқуқи башар метавон бидуни иғроқ ва шакку шубҳа гуфт, ки нақши тамаддуни бобулӣ ва эронӣ бараъло равшан ва шинохташудаву эътироф гардида мебошад.

Дар ин робита аз нигоҳи ду сарчашмаи маъруф бо номи «Маншури ҳуқуқии Ҳаммурапи» ва «Маншури Ҳуқуқи башари Куруши Кабир» бидуни баҳс метавон гуфт заминаи ин чунин санадро дар таърихи башар тарроҳи ва интишор карданд.

Ин аст, дар робита бо мавзӯи ин таҳқиқот ва қазияи дар боло зикршуда оид ба он, ки заминаҳои қонунгузорӣ решаи амиқтари худро дар фарҳанги шарқӣ доранд, далелу бурҳони нахустин ҳамин ду қонуни таърихан қадимаи шарқӣ шуда метавонад. Агар қонуни Ҳаммурапи танҳо як намунаи ҳуҷҷати қонунгузорӣ қадимтарин буда, ба ҳар сурат ҳанӯз 1750 сол пеш аз солшумории мелодӣ дар сарзамини Бобил ба вуҷуд омадани низоми қонунмеҳвари сиёсиро собит кунад. «Маншури ҳуқуқи Куруши Кабир» аз аввали ҳам наздиктар ба моҳияти арзишҳои ҳуқуқии башар дар ин асри 21 мебошад. Чунки он арзишҳои он низомҳое, ки ҳатто баъд аз Куруш Кабир низ пой барҷо буд, яъне ғуломдорӣ ва табъизу нобаробарии инсонҳо аз лиҳози динӣ,- озодии ақидати ва динию мазҳабиро инкор мекунад.

Метавон гуфт, ки ин ду асли ҳуқуқии инсони озодро ҳатто ду дини пас аз «Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир» зуҳур карда: дини насронӣ ва ислом низ ба куллӣ натавонистанд аз байн баранд ва он низоми ғуломдорӣ ва нобаробарии инсонҳо аз нигоҳи динию мазҳабӣ мебошад, ки ҳатто имрӯзҳо низ пайравони ин ду дин аз ин чунин муносибат пурра раҳоӣ наёфтаанд.

Метавон гуфт, ки зери тасири «Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир» боз дар ҳамон даврони то исломии мо боз ба як сарчашмаи дигаре дорем, ки дар ҳеҷ гӯшае аз кишварҳои аврупоӣ дар он замон аз чунин сарчашмае ҳаракате дар масири таҳкими пояи баробарӣ ва бунёди ҷомеаи одилу инсонмеҳвар хабаре нест ва набуда ва ин назария ва ҳаракати динӣ –иҷтимоии Маздаки Бомдод шуда метавонад. Ҳаракате ки Маздак дар асри 5-6-и мелодӣ дар Эрон сарвари мекард, яке аз аввалин ҳаракатҳои баробарихоҳии иҷтимоии инсонҳо буд, ки баъдан, ҳатто бо номи ҳаракат ва инқилобҳои коммунисти шӯҳрат ёфт.

Ниҳоят чаҳорумин далели марбут ба таҳаммулпазирии мазҳабию динӣ дар таърихи ниёгони мо он аст, ки ҳатто дар давраи ҳокимияти шоҳони сосонӣ, сарзамини Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо Эрони Ғарбӣ кишваре буд, ки пайравони дину мазҳабҳои гуногун, аз ҷумла маздакиёну монавиён озодона зиндагӣ ва кор мекарданд.

Ҳоло ба тартиб ҳар яке аз ин далоилро мухтасар баррасӣ мекунем ва зимнан то чӣ андоза нақши амиқ гузоштани ниёгони хешро ба тамаддуни ҷаҳонӣ дар боби пайдоиш ва рушди пояҳои ҳуқуқӣ ва ташаккули шуури қонунгузории инсоният ва ворастани он аз муносибатҳои барбарию зӯроварӣ то фарҳанги қонунмеҳварӣ шинос мешавем.

Аҷоиб он аст, ки дар таърихи инсоният, дар олами Шарқ эрониён ҳанӯз садсолаҳо пештар аз пайдоиши китобҳои динии маърӯф: «Панҷкитоби Мӯсо» ва дигар китобҳои «Аҳди қадим» ва «Аҳди ҷадид» даст ба эъҷози қонунгузории маданӣ намуда будаанд. Исботи ин қазия он аст, ки дар қисмате аз китобҳоии анбиёи қисмати «Аҳди қадим» дар Китоби Ишаъёи набӣ Курушро худои яҳудиён ҳамчун масеҳи худ ёд карда аз кӯмакҳояш ба ӯ сухан мегӯяд.[2]

Дар олами Шарқ аввалин қонун «Қонунҳои Ҳаммурапи / Зако́ны Хаммура́пи (аккад. Inu Anum sîrum,/ дар замони ҳокимияти Ҳаммурапи, ҳануз пеш аз «Панҷкитоби Мӯсо», ки ҳадди ақал пайравони ин дин пайдоиши онро асри Х-то мелод медонан ҳанӯз дар асри XVII-XVIII солҳои 1755-1752 т. м. ба забони аккодӣ тадвин гардида буд. Ин бозёфти бостоншиносӣ (археологӣ) аз тарафи экспедисияи археологии франсавӣ соли 1897 бо раҳбарии Ж. де Морган дар сарзамини Эрон дар замони ҳокимияти Музаффаридин-шоҳи Коҷор дар ноҳияи Элам ба даст омад, ки ҳоло дар муюзейи Луври Париж маҳфӯз аст.

Аксар аз ин бояд гуфт, ки ин ягона маҷмуи қонун нест, илми ҳуқуқшиносӣ дар таърихи то қонуни Ҳаммурап дар сарзамини Бобил ва Ассуриё ва Аккод боз чандин маҷмӯаи қонунгузориро медонад, ки онҳо бо номҳои: ислоҳоти қонуни Урукагин, Қонуни Ур-Намму, Қонуни Липит-Иштар, Қонуни Эшнунни маъруфанд. Қонуни Хаммурап ин марҳиллаи ниҳоии таҳаввули конунгузорӣ дар ин минтақа буда, дар он дастовардҳои конунгузориҳои пешина ҷамбаст шудааст. Қонунгузории Ҳаммурап ин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад, ки ҳанӯз пеш аз «Панҷкитоби Мӯсо» масоили бештари ҳуқуқро дар худ инъикос ва ҳал када, мубоҳисоти зиёдеро дар доираи васеъ ба вуҷуд овард .

Аммо дар Устувонаи «Маншури ҳукуки башари Куруши Кабир»масоили ҳуқуқие гузошта шудааст, ки на дар матнҳои ҳуқуқии бобулӣ, на Ҳаммурап ва на дар китобҳои паёмбарони сомӣ-динҳои Иброҳимӣ вуҷуд надоранд. Он ҳам бошад пеш аз ҳама масъалаи бекор кардани ғулому ғуломдорӣ ва озодии динӣ-мазҳабӣ мебошад.масоили ҳуқуқие гузошта шудааст, ки на дар матнҳои ҳуқуқии бобулӣ, на Ҳаммурап ва на дар китобҳои паёмбарони сомӣ-динҳои Иброҳимӣ вуҷуд надоранд. Он ҳам бошад пеш аз ҳама масъалаи бекор кардани ғулому ғуломдорӣ ва озодии динӣ-мазҳабӣ мебошад.

Дар ин маврид муҳаққиқи эронӣ Ҳабиб Замонии Маҳҷуб бо иснод ба таҳқиқоти тамаддуншиносу муаррихи машҳур Вилий Дронт чунин менависад: «Аз ҷилваҳои арзишманди имперотурии Ҳахоманишиҳо ва Ашкониён, озодманишиӣ ва иғмоз нисбат ба бовариҳо ва ақоиди мазҳаби пайравони сойири адён ва мазоҳиб аст.» Асли сиёсати Подшоҳони ин ду силсиларо ӯ чунин арёбӣ менамояд: «Подшоҳон ба ҳамин қонеъ буданд ки раоёи/раиятҳо/-и миллали мағлуб мутеъи шоҳаншоҳ ва вафодор ба ӯ бошанд ва молиёти худро ба коргузорон биспоранд. Дар воқеъ подшоҳон дар муқобили атои озодии мазҳабӣ ба мағлубин имони устувор ба импературиро аз онҳо хостор буданд.» . ر.ک: ویل دورانت، تاریخ تمدن (مشرق زمین گاهواره تمدن)، ج 1، ص 408)

Сипас дар идомаи ин баррасӣ сухан аз нақшу корномаи Куруши Кабир аввалин императури Ҳахоманишии эронӣ меравад, ки дуввумин санади қонунгузорӣ ва аввалин «Маншури Ҳуқиқи башар»-ро дар таърихи тамаддуни башар интишор кардааст. Дар мақола омадааст: «Нахустин иқдоми Куруш (539-559м) пас аз фатҳи минтақае эломи тааҳудотӣ дар бораи озодии мазҳабӣ буд, ки дар миёни мардум таблиғ ва тарвиҷ мешуд. Ӯ бо эҳтироми фаровоне, ки ба мабади Мадрук қоил шуд муҳаббат ва алоқаи фаровоне бо Бобулиёнро ба даст овард. Дориюш низ дар Миср бо таъзими худоёни онҳо маншаи мазҳабии Курушро истимрор бахшид.»

Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки Ҳабиб Замонӣ ин иқдоми Курушро бо муқаррароти дини зардуштия пайванд медиҳад ва бо ин таъсир зуҳури ҳуқуқи башар муассир медонад.

Хулоса, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мо танҳо дар Эрони бостон дар устувонаи маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир ин се муҳимтарин ва ҳассостарин қонун-қонуни бекоркардани ҳаргуна навъи ғуломӣ, озодии виҷдон дар интихоби дин ва баробарии нажодиву миллиро дорем.

Ин мавзӯъро ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» баррасӣ намуда, ҳарчанд дар бораи ҷангҳои сахту хунини Ҳахоманишиҳо барои мутеъ намудани мардуму кишварҳои Осиёи Миёна низ менависад, бо вуҷуди ин дар ниҳоят мунсифона кайд менамояд,ки«Ҳахоманишиҳо бар хилофи дигар подшоҳони пешини Шарқи бостон нисбат ба ойину мазоҳиби сойири халқҳои сокини қаламрави худ бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто ба бозсозии маъбадҳо ва калисоҳои кишварҳои мухталифро (ба мисли ибодатхонаҳои Бобил ва Яҳудистон) дубора барқарор намудаанд. Махсусан, асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруш шӯҳрати зиёде пайдо карда буд. Форсҳо ӯро, расули худои Мадрук, юнониҳо раҷули бузурги давлатӣ, ва яҳудиён наҷотбахши Худо Яҳво номидаанд.»[3]

Бобочон Ғафуров дар идомаи ин баҳс мефармояд: «Лозим ба ёдоварист, ки оғози омезиши фарҳангӣ ва ҳамгароӣи тамаддунҳои мардумони гуногун ҳануз 200 сол қабл аз кишваркушоиҳои искандари Макдунӣ ба вуқуъ пайваста буд…. Дар аҳди салтанати ҳахоманишиҳо дар сарзаминҳои матбуъи импературии эшон намояндагони миллат ва аквоми мухталиф ба иттифоқи ҳам умр ба сар мебурданд. Масалан ҷазираи Алфонтин дар ҷанби сарҳади Нубия ва дар шахри Менфиси кишвари Миср мисриён, форсҳо, юнониён, хаворазмиҳо, бобулиҳо, оромиҳо ,яҳудиён финикиҳо ва ғайра тиҷорат мекарданд. Аквоми мазкур аксаран сунан ва ибодоти мазҳабии якдигарро пазируфта на фақат ба худоёни худ, балки ба худоёни дигар ҳам саҷда мекарданд, ҳатто асомии худро бо номҳои дигарон иваз менамуданд.»[4]

Ҳамчунин, бояд гуфт ки Б.Ғафуров дар идомаи ин матлаб боз ду-се саҳифа аз зиндагии якҷоя ва ташаккули фарҳангу тамаддуни омехтаи даврони ҳахоманишиҳо сухан гуфтаанд, ки фикр мекунам хондану донистани ин суннати деринаи ниёгони мо барои муқобила бо сиёсати динию фарҳангии исломгароёни ифротӣ ки дар асри 21 бо таассуби динию кавмӣ мехоҳанд атрофии олами ислом девори хитоӣ кашанд, лозим ва зарур аст.

Ногуфта намонад, ки хушбахтона ин мавзӯъ- нақши Куруши Кабир дар таърихи ҳуқуқшиносӣ аз тарафи ҳуқуқшиносони миллат, аз ҷумла бо сарварии профессор Холиқзода А.Ғ. асари арзандае бо номи «Ҳуқуқ дар таърихи халқи тоҷик», як сол пас аз ин таҳқиқоти мо, ба нашр расид, ки метавон гуфт як дастоварди бузурге барои соли сипарӣ шуда- соли сиёсатшиносӣ буда, дар он аз таҳқиқоти ҳуқуқшиносони тоҷик дар атрофи ин мавзӯъ маълумоти кофӣ дода шудааст.[5]

Хол мепурсем ба саволе, ки ин ҳама аз чӣ шаҳодат медиҳад? Аз он ки бар хилофи иддаои исломиёни кӯтоҳназару торикбин, ки ҳатто аз таърихи гузаштаи худ огаҳӣ надоранду вазъияти имрӯзаи дунёро низ намедонанд, аносиру заминаи иҷтимоию сиёсии низоми дунявият на сифр дар Аврупо, балки асрҳо пеш ҳатто аз динҳои маъруфи аврупоӣ дар Шарқ дар ҳамон гаҳворае, ки баъдтар ҳамаи динҳои ба ном иброҳими зуҳур кардаанд, зуҳур намуда сипас дар Аврупои асри 18-20 интишор ёфта, такмилу суфта шудаанд.

Боз як бори дигар арз мешавад, ки мисли тамоми пешниҳодҳои Пешвои миллат ин пешниҳод низ на танҳо моҳияти таърихӣ, балки аҳамияти рӯзмарра дошта, барои муаррафӣ ва ҳимояти мафкуравӣ ва сиёсии низоми дунявият дар кишвар ва такмили додани он зарурист.

Шерзот Абдуллоев (Абдуллозода) - ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзиш ва қимати ҷашнҳои миллии аҷдодӣ баҳои баланд додаанд: «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад.

Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд». Сада дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Сада ҷашни кишоварзон ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми форсизабон ба ҳисоб рафта, аз қадимулайём халқи эронинажод онро ботантана ҷашн мегирифтанд. Дар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои олимону адибони маъруф, Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбоби олоти оҳанин ба даст овард. Сада омодагӣ ба киштукор баъди сардиҳои зимистон барои баҳор мебошад. Гирифтани ҳосили баланду дилхоҳ, яке аз ҳадафҳои асосии деҳқон мебошад, ки барои он ҳатман дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва органикӣ захира бояд бошад. Дар ин давра яхобмонии заминҳо ба роҳ монда мешавад, ки манфиати хеле калон дорад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ роҷеъ ба ҷашни Сада зиёд гуфта шудааст. Ҷашнгирии Сада пас аз 29-уми январ оғоз мешавад. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ин сана ба 30-уми январ рост меояд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» -и худ Ҳушангро асосгузори ин ҷашн меҳисобад. Баъзеҳо муътақиданд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ин оини Каюмарс, Исфандиёр бошад.

Манучеҳрии Домғонӣ

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Унсурии Балхӣ

Дар омӯзиши таърихи пайдоиши Ҷашни Сада ва қоидаву суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост. Ӯ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сӯи дигаре меҷаҳад ва ба санги дигаре бархӯрда оташ падид меояд».

Даҳуми моҳи баҳман будааст (баробар ба 29 январ) фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон мебахшад. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта зери пойро навозиш мекарданд.

Азбаски ҳаёти одамони он давра бо шикор мегузашту хӯрокашон меваи дарахтону либосашон пӯсти даррандаҳо буд, мардум барои дарёфти ризқ ба ҷойҳои дур, то дараю кӯҳҳо ва маконҳое, ки ҳанӯз пайи пой норасида буд, мерафтанд. Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдодони гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд.

Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои аҷдодии миллати тоҷик ба монанди Меҳргону Сада, Тиргону Наврӯз дубора эҳё шуданд ва ҳамасола таҷлили бошукӯҳи ин идҳо дар сартосари кишвар бо иштироки олимону зиёиён, шоирону нависандагон баргузор мешавад.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Ҷашни Сада ба 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».

Солҳои охир таҷлили ҷашни Сада дубора эҳё гаштааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ истиқбол гирем. Садаро ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистан мутлақо хатост. Сада идест, ки аҷдодони дуру наздикамон бо шукрона оташ меоростанд ва бояд барои гиромидошти оташ - ин муъҷизаи худодод, яке аз чор унсури офарида дар қатори обу хоку бод ин иди бузург қайд карда шавад.

Таҷлили ботантанаи ҷашнҳои аҷдодӣ кор ва амали хайрест барои имрӯзу оянда. Ҷашни Сада ба монанди идҳои Наврӯзу Тиргону Меҳргон яке аз куҳнатарин ҷашнҳои мардуми форсзабонон буда, дар замони қадим бо шодию сурур, оташафрӯзӣ, рақсу бозӣ ва оростани хони пурнозу неъмат истиқбол мешудааст.

Ширин Қурбонова - муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ доктори илмҳои таърих

Рӯзи 28.12.2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Роҳбари давлати тоҷикон дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба самти фаъолияти илмию инноватсионии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, рушди сармояи инсониро омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ номиданд.

Дар ҳақиқат пешрафти илм худ пешрафти тамоми соҳаҳои дигари иқтисодии хоҷагии халқ ба шумор меравад, ки он бо маориф низ вобастагии дорад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Тадқиқоти илмӣ дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳамеша дастгирӣ ёфта истодааст ва он тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории тадқиқоти илмӣ, созмон додани марказҳо ва озмоишгоҳҳои замонавии илмӣ, инчунин тавсеаи ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар оянда ниҳоят муҳим ҳисобида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазоратҳои Маориф ва илм, Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Рушди иқтисод ва савдо, Молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Академияҳои соҳавӣ вазифадор карда шуданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар асоси супоришҳои Пешвои миллат зарур аст, ки тақвият бахшидани имкониятҳои илмии муассисаҳои болозикр, бо истифода аз лоиҳаҳои давлатию байналмилалӣ иҷро кардани тадқиқоти илмии дархӯри замони муосир ва дар иқтисодиёти кишвар татбиқшаванда таъмин карда шавад.

Академияи миллии илмҳо дар қатори Вазоратҳои Маориф ва илм, Муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадор гардиданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд. Ин тадбир аз роҳҳои асосии ба илм ва ихтироъкорӣ рӯй овардани шумораи бештари кадрҳо мегардад.

Дар Паёми имсолаи ғамхории Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба некуаҳволии сокинон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, боз ҳам равшантар эҳсос гардид. Дар ин ҷо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овардан ҷолиб аст, ки омадааст: Дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам: музди меҳнати кормандони соҳаҳои дар боло зикргардида, махсусан соҳаи маориф ва илм дар ҳаҷми 20-30 фоиз иттиллоъ дода, ба сохторҳои марбут ба соҳаи маблағгузорӣ супориш дода шуд, ки дар муддати чор моҳ санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқиро тартиб дода, шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2025 супориши мазкур амалӣ карда шавад”.

Маълум аст, ки афзоиши музди меҳат ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири мусбат дорад. Вобаста ба афзоиши ин нишондиҳандаи иҷтимоӣ истифодаи ғизои солим аз ҷониби аҳолӣ боз хубтар шуда, ба дарозумрии ҳар як нафар мусоидат менамояд. Аз натиҷаҳои зикргардида бармеояд, ки Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешгирии таворум сайъу кӯшиши зиёд ба харҷ дода, музди меҳнатро дар солҳои 2020 то 2024 ба 100 фоиз расонид, ки 80 фоизи он аз солҳои 2024, 2025 рост меояд, ки ин нишондиҳандаи хеле баланд буда, аз заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти мамлакат гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин тариқ, таҷрибаҳои солҳои пешин нишон медиҳад, ки сол ба сол афзоиши музди меҳнат ва дар робита ба он паст шудани сатҳи камбизоатӣ боиси болоравии дарозумрии миёнаи аҳолӣ гардида истодааст.

Котиби илмии Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктор (PhD) Якубов Умарали Шералиевич

Ходими пешбари имлии Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т. Хоҷаев Фируз Камолович

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст.

Замини ин шаб гӯё Кӯҳи Тур аст,

К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

Ҷашни Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва дар маҷмӯъ ҷашни ниёгони мо мебошад. Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадима ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии гармо бар сармо, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо аст, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст.

Абулқосими Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба Ҳушанг марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар «Шоҳнома» тасвир намудааст.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Абурайҳони Берунӣ дар ду асараш- «Китоб-ут-тафҳим» ва ҳамчунин «Осор-ул-боқия» ё «Ёдгори мондагор», ки ба арабӣ таълиф намудааст, роҷеъ ба ҷашни Сада ва таърихи он тавзеҳи кофӣ додааст.Ҷашни Сада мисли Наврӯзу Меҳргон дар давраҳои аввали исломӣ низ шукуҳу эътибори худро то ҷое нигоҳ дошта, аз тарафи амирону сарварони давр бо шукуҳу ҷалол ид мешуд.Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти умҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашниСада дар кишвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд.

Бобоев К.О – Доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агенти аминияти химиявӣ биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ

31231231313Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ муваффақ гардад. Эҳё ва густариши доманаи ҷуғрофии онҳо дар таҳкими ҳофизаи таърихӣ, ифтихори ҳувияти миллӣ, муаррифии фарҳанги пурғановати миллат дар сатҳи байналмилалӣ, корбаст кардани идеяҳои инсонсозу бунёдгари арзишҳои дар тули ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи ниёгон, истифодаи ҷавҳари маънавии онҳо дар шароити кунунӣ ва шинохти чеҳраи аслии миллати тоҷик ҳамчун миллати дорои тамаддуни оламгир дар миқёси сайёра заминаи устувор гузошт.

Имрӯз ҳар як тоҷики асил аз ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои бостонии миллат, аз ҷумла Навруз ва Сада, ифтихор мекунад.

Дар раванди ҳамгироии фарҳангҳо ва фарҳангсозии субъектҳои муайяни ҷомеаи башарӣ, ки ин равиш бархурди тамаддунҳоро ба вуҷуд меорад ва сабаби чолишёҳои сиёсӣ мегардад, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани онҳо аз ҷониби ҷомеаи мо аз ҳар вақти дигар дида зарурати бештар касб мекунад.Ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «фарҳанг ҳастии миллат аст».

Дар муборизаҳои шадиди идеологӣ дар ҷомеаи муосир, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар пасманзари муаррифии арзишҳои бебунёд ва ба ҷомеаҳои мавриди ҳадаф бегона ҳофизаи таърихии онҳоро тахриб ва ҳадафҳои созмондодашудаи худро роҳандозӣ кардан мехоҳанд, ҳифзу густариши фарҳангу тамаддуни миллӣ яке аз омилҳои муносиб ва аз қавли ҷомеашиносон дар таъмини бақои миллат ва пойдории давлат неруи нарм маҳсуб мешавад.

Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба феҳристи мероси моддиву ғайримодии башарият ворид намудани номгӯи муайяни мероси ниёгон иқдомҳои саривақтӣ ва мушикофона арзёбӣ мегарданд.

Бешубҳа, Тоҷикистон ягона кишваре аз миёни меросбарони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ мебошад, ки бо сарварии раҳбари хирадсолори худ Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои аҷдодӣ саъйи бештару беҳтареро анҷом медиҳад. Аз рӯзҳои аввали ба Истиқлолияти давлатӣ расидан дар ҳошияи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ дар амал татбиқ шуд, ки ин раванд то кунун бо сураъти баланд идома дорад.

Маҳз шахсияти фарҳангии Пешвои миллат аз асоситарин унсурҳои бунёдӣ дар таҷдиди арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мо - тоҷикон мебошад. Аз таҷрибаи халқҳои ҷаҳон бармеояд, ки ҳамон миллате имрӯз ва дар оянда некному поянда боқӣ мемонад, ки бо таърих ва суннатҳои неки ниёгонаш пайванди ногусастанӣ дошта бошад. Ин пайванд ва иртибот дар арҷгузории арзишҳои фарҳангӣ ва пайравӣ аз корномаи мондагори чеҳраҳои барҷаста вобаста мебошад. Дар ин самт чораҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ мегарданд.

Таҷлили «2500-солагии Истаравшан», «Соли тамаддуни ориёӣ», «2700-солагии Кӯлоб», «800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», «Соли бузургдошти Имоми Аъзам», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «110-солагии Сайдалӣ Вализода», «130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ» ва ғайра баргузор гардид. Ҳамчунин, ба рӯйхатти ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид шудан ва ҷашн гирифтани Наврӯз, Сада, Меҳргон, «1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», «100-солагии Мирзо Турсунзода», «100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ», «600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ», «3000-солагии Ҳисор», «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «5500-солагии Сарзам» ва ғайра дар доираи чорабиниҳои сатҳи баланд ҷиҳати муаррифии тоҷикон дар миқёси байналмилалӣ ва эҳёи таърихи ниёгон иқдомҳои бетаъхир ва муассир мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” таъкид намуданд: «Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».

Имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.

Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.

Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.

Баъди зимистони ба вуҷуд омадани тағйирот дар олами хокӣ ва фаъолияти бевоситаи инсон ба замин оғози тайёрӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор ва таҷлили иди Наврӯз аст. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст. Мисоли барҷастаи ин ҳамон устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» аз ҷониби шоҳ Ҳушанг дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст. Метавон ба таври мантиқӣ тахмин зад, ки устураи мазкур аз замони Пешдодиён то рӯзгори Фирдавсӣ ҳамчун эътиқоди мардум ба Хуршед ва рамзи он ба оташ дар байни омма ифода шуда, баъдан Фирдавсӣ онро ба назм даровардааст.

Перомуни номгузорӣ ва айёми Сада андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Иддае аз донишмандон, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ, ба ин боваранд, ки ҳаргоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона шуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд сабаби чунин ном гирифтани ҷашни мазкур ин аст, ки дар ин рӯз фарзандони Каюмарс сад тан шуданд.

Сада тамоми самтҳои ҳаётии ниёгонро фарогир буд. Самтҳои иҷтимоию фарҳангии пайдарҳамии ҷашнҳои солона низ мавҷуданд, ки онҳо бар асоси бахши кишоварзӣ падид омаданд, зеро ин ҷашнҳое, ки аз аввали пайдоишашон ғояву мароми сиёсиву идеологӣ надоштанд ва давраҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонамон дар давоми солро ифода мекарданд, пайваста бо ҷашнҳои порсоию мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа рукнҳои асосии камолоти ахлоқиро ба вуҷуд оварданд, ки зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле сода инъикос намуданд.

Аз омӯзиши натиҷаи пажӯҳиши манбаъҳои таърихӣ аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ бармеояд, ки Сада ба ҳеҷ дину мазҳабе пайвандӣ надошта, маҳсули тафаккур ва ҷаҳонбинии аҷдоди тоҷикон-ориёиҳо буд. Фалсафа ва ҳикмати бунёдии ин ҷашнро маҳз ҷанбаҳои иҷтимоии он, ки побанди ҳеҷ гуна ғояҳои мазҳабиву динӣ нест, ташкил медиҳад.

Дар шароити авҷгирӣ ва тундшавии риторикаи эътиқодиву мазҳабӣ Сада ҷашнест, ки мардумонро сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ ва мавқеи иҷтимоӣ ба ҳам меорад ва зиндагии мусолиҳаомези инсониро талқин менамояд. Аз ин зовия, ҷавҳари маънавии ҷашни Садаро ҳамбастагӣ, шодиву сурур, иродаи шикастнопазири инсоният дар муқобили неруҳои аҳриманӣ, дар таъмини зиндагии шоиста заҳматкашиву тобоварӣ ва мушкилнописандӣ ташкил медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва хеле хуб аст, ки чанд соли охир он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ таҷлил мешавад. Имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва ориёитаборон - курдҳо, паштунҳо, балучҳо ва дигар мардумони ориёитабор кору зиндагӣ мекунанд, Сада бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин, дар тарабхонаҳо ба ифтихори Ҷашни Сада базми ҷамшедӣ баргузор менамоянд.

Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун, шукӯҳи бостонии он ба таври рӯзафзун боло меравад.

Дар меҳвари фалсафаи ҷашни Сада оташ қарор дорад, ки он рамзи покӣ ва ғалабаи қувваи некӣ бар бадист. Дар гузашта ба ин муносибат гулханҳои калон афрӯхта мешуд. Дар гирди ин гулханҳо корвони шодмонии Сада барпо мегардид. Баъди кашфи оташ ва муқаддас гардидани он ниёгони мобарои худ ҷашни Садаро эҳё намуданд. Он инъикосгари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ буда, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии муҳим дорад. Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ заминае фароҳам овард, ки аҷдоди моба ин муқаддасот ҳатто эътиқод пайдо намоянд. Дар ҳоле, ки Хуршед бо нури гармии хеш ба зиндагии инсонгармӣ ворид намуд, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар карданиқалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошт.

Аҷдоди мо ба сӯи оташ нигариста ё дар партави рӯшноии он дастони худро ба сӯи Хуршед, ки аз ҳама ситораи наздиктарин ба сайёраи замин аст ва ниёгони мо ҳастии заминро ба мавҷудияти неруи Хуршед вобаста медонистанд, яъне ба сӯйи осмон мебурданд ва барои рушди сатҳи зиндагии худ аз Яздони якто ёрӣ мехостанд.

Мақсади асосии ниёиш раҳоӣ аз сардиҳои шадиди зимистон, расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб ҷиҳати кишту кор буд.

Ҳамчунин, дар рӯзи таҷлили ҷашни Сада ҳунармандону ширинкорон, дорбозон, аспакбозҳо, паҳлавонон ва онҳое, ки аз ҳунаре бархурдор буданд, ҳунарнамоӣ мекарданд.

Ҳамчунин, арӯсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия мегардад; рамзи Бобои Деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода мешавад; ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш мегардад.

Ҷашни Сада ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки он манбаи кумаки кишоварзон гардида, ҷиҳати инкишофи боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ ободкорӣ, мусоидат менамояд.

Бешубҳа, ҷашни Сада бо неруи бузурги масуниятофарӣ дар фарҳанги миллат ба тадриҷ шукуҳмандтар гардида, ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ қавитар мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҷашни Сада миёни халқиятҳои аҳди бостон, мисли юнониёну румиён ва дигар қавму миллатҳо маъмул буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки фарҳангу тамаддуни оламгири мо ба ҳар роҳу восита ба мардумони дорои фарҳангу маданияти дигар бетаъсир набуд. Муҳаққиқони барҷаста Нилсон ва Томас Ҳойд дар таҳқиқоти хеш маросиму одоби ҷашнҳои тоҷиконро барои шиносоии аврупоиҳо шарҳ додаанд. А. Кристенсен ҳам ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва оташро бо ҷашнҳои роиҷ дар Аврупо нишон додааст.

Ҳамин тавр, ҷашни Сада аз зумраи унсурҳои фарҳанги ғании аҷдоди мо ба шумор меравад, ки хусусияти иҷтимоӣ - иқтисодӣ дошта, ҳамчунин инсонро ба ҳамгироӣ ва меҳнату талош даъват менамояд. Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд».

Нуктаи дигари хеле муҳимму арзишманд, ки бо ифтихор аз он метавон сухан гуфт, маҳз тафаккури эҳёгари миллати тоҷик бо сарварии Пешвои миллат мебошад. Баъд аз зуҳури арзишҳои бегонагон ва манъи ҷашнгирӣ аз ин суннатҳои миллӣ, то ҷое онҳоро аз ёди халқ дур бурд. Пас аз соҳибистиқлол гардидан ҷашну анъанаҳои неки аҷдодӣ маҳз бо ҷаҳду талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардиданд.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома» менависад: «Ҳар сол то ба имрӯз ҷашни Садаро подшоҳони некаҳд дар Эрон ва Тӯрон ба ҷой меоваранд, баъд аз он ба имрӯз, замони ин ҷашн ба дасти фаромӯшӣ супурда шуд ва фақат зартуштиён, ки нигаҳбони сунати бостонӣ буда ва ҳастанд, ин ҷашни бостониро барпо медоштанд».

Дар айни замон зарур аст, ки ғояҳои баланди ҷашни Сада, монанди инсондӯстӣ, арҷгузорӣ ба унсурҳои муқаддаси табиат монанди замину об, ҳамчунин меҳнату талош баҳри зиндагии босуботу арзишманд миёни ҷомеа тарғибу ташвиқ шаванд.

Дар раванди эъмори давлатдории миллӣ эҳёи чунин суннатҳои аҷдодӣ дар ташаккул ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат менамояд. Махсусан, ташфиқи арзишҳои ҷашнҳои Садаву Наврӯз, ки пурра тарғибгари заҳмату талош баҳри рушди Ватани маҳбубамон мебошад, саривақтӣ ва зарур мебошад.

Маҳз ҳамин хусусиятҳои ба ҷомеа созгори суннатҳои фарҳанги тоҷикон аст, ки новобаста аз равандҳои пуртазоди таърихӣ онҳо аксаран то имрӯз боқӣ мондаанд. Ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани чунин унсурҳои фарҳанги ғановатманди миллат моро зарур аст, ки ҳамеша онҳоро ҳифз намоем ва дар пайи боз ҳам устувор намудани мақоми иҷтимоии онҳо бошем.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – Президенти АМИТ, профессор

Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад.
Эмомалӣ Раҳмон

«Сада» худ чӣ гуна ҷашн аст ва аз куҷо сарчашма мегирад? Чаро зарурати ҷашн гирифтани он ба миён омад? Фарқияти ҷашни Сада аз Наврӯзу Меҳргон дар чист?

12312412Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, “Сада” ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. “Сада” низ мисли ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёитабор ба шумор меравад, ки онро ҳар сол 10 - уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ, ки ба 30 - юми январи солшумории мелодӣ рост меояд, ҷашн мегиранд. “Сада”- ин пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Сада ба ҷашни оташпарастӣ, ки хоси дини Зардуштӣ аст, ягон рабте надорад.

Иди Сада рамзи бедоршавии табиат асту омодагӣ ба корҳои кишту кори баҳорӣ, маънии аз сардӣ раҳо ёфтану ба гармӣ расиданро дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки иди Сада баъд аз асрҳои 12-13, агарчи то як муддате аз байн рафта бошад ҳам, дар байни мардуми тоҷик нишонаҳои он боқӣ монда, то имрӯз бо тобишҳои гуногун ҷилва мекунад.
Олими тоҷик Д.Раҳимов дар китоби хеш «Фолклори тоҷик» дар ин хусус чунин овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале муҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст».

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - и безаволи худ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат дода мефарояд:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22 декабри соли 2017 зикр гардидааст, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ халқи бофарҳанг ва бонангу номуси миллати тоҷик, бо вуҷуди ин ки 70 сол фарҳангу тамаддун, забону одобу рафтори шӯравиро иҷборан дар кишвари худ ривоҷу равнақ медоданд, ғайрату ҳиммати тоҷикона ва руҳу равони миллӣ боис гардид, ки фарҳангу тамаддун, расму оин, забону ҳунари ниёгони худро то ба имрӯз ҳифз карда, ба насли баъдии худ ба мерос гузоранд.

Парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд иди “Сада” дар кишвар расман таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ дар сатҳи ҳукумат ҷашни Сада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал рӯзи 30-юми январ соли 2018 ба таври расмӣ таҷлил гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба ин сана табрику таҳният намуда, ҳамзамон ба сарфакорӣ даъват намуд. Ин табрикоти Пешвои миллат шаби 29-уми январи соли 2018 аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахш шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар табрикоти хеш зикр кард, ки дар замони Истиқлол Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мардуми кишвар умри дубора пайдо карда, "соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллии дигар, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон ба қонунгузорӣ ворид карда шуд". Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ишора ба баъзе аз мушкилиҳо аз сокинон даъват кард, тамоми талаботи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим"- ро низ риоя намоянд. Аз ҷумла изҳор намуд:“Зарур аст, ки бо назардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ аз сарфу харҷҳои беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад”.

Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» бошад, дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё шумораи сад аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз иборат буда, замони фарорасии Наврӯзро ифода мекунад.

Бо шарофати фарорасии иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянду боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва таври ғизонок намудани бехҳои дарахтон ба амал меояд.

Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда намудану ба насли оянда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад.

НУРАФШОН Бозорова - докторант PhD бахши 3-юми Институти забон ва адабиёти АМИТ

Ҳар пойтахте ба таври куллӣ бо пойтахтҳои дигар кишварҳо шабеҳ мебошад, чунки тамаддунҳо дар таърихи башар бо якдигар шабоҳат доранд. Гузашта аз ин, ҳар пойтахте зимни баррасиҳои мудовим ба таври куллӣ бо мардумаш мушаххас мешавад, чунки шаҳрҳоро тибқи анъана тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии сокинонаш баҳогузорӣ мекунанд. Аз ин хотир, масали мардумӣ низ ҳаст, ки агар хоҳед аҳволи миллате ва давлатеро пай бубаред, ҳатман ба бозорҳояш равед, чунки дар бозорҳо одамон ҷамъ шуда, авзоро баррасӣ мекунанд.

Илова бар ин, дар шаҳрҳое, ки мақоми пойтахти давлатҳоро соҳиб мебошанд, ё худ бо ҳар баҳона диққати хориҷиҳоро ба хеш ҷалб намудаанд, аз лиҳози тартиби иқоматкунандаҳояш ба аносири милливу хориҷӣ ҷудо мешавад, аммо хориҷиҳое, ки дар дилхоҳ пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар асл ба хориҷиҳо монанд намебошанд. Аз рӯйи ин шабоҳатҳо метавон шаҳри Душанберо бо дигар шаҳрҳо ва пойтахтҳо муқоиса намуд, ки дар гузашта тибқи сарчашмаҳои таърихӣ маркази тамаддун ва иқоматгоҳи афроди шуҷову матиниродат буда, имрӯз ба мартабаи ҷанини илму маърифат ва ҷавлонгаҳи фарҳанги миллӣ баррасӣ мешавад.

Яке аз китобҳое, ки ин андешаро исбот мекунад, бо унвони “Душанбе – қалби Тоҷикистон” нашр гардидааст ва ҳадафи камина аз ин навиштаҳо мақолаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо номи “Бунёдкорӣ – рукне аз фарҳанги миллии тоҷикон” маҳсуб мешавад. Ба қавли муаллиф, Душанбе чун пойтахти кишварамон дар замони муосир ба яке аз шаҳрҳои соҳибнуфуз ва зебоманзари дунё табдил ёфтааст. Маҳз соҳибфарҳангӣ ва аз тамаддун бохабар будани тоҷикон онҳоро дар шаҳрсозӣ муваффақ гардонидааст: “Мусаллам аст, ки тоҷикон дар паҳнои таърих ҳамчун миллати шаҳрдору шаҳрсоз эътироф шудаанд ва ба гаҳвораи тамаддуни инсоният шоҳкориҳои нодиреро мерос мондаанд. Хушбахтона, ин асолатро онҳо давоми садсолаҳо боз побарҷо нигоҳ дошта, бо риояи накутарин анъанаҳо то ба замони мо расондаанд. Ба таври дигар, тоҷикон ҳар куҷое пой ниҳоданд, он маконро дар партави сарҷамъиву иттиҳод ва нангу номуси миллй ба мавзеи ободу зебо табдил доданд. Ҳамин аст, ки миллати моро ҷаҳониён ба сифати мардуми ободгару созанда ва шаҳрсозу шаҳрдор мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.

Айни замон бобати шаҳрсозиҳо бештари муҳаққиқон машғул гардида, хоҳишҳое пайдо мешаванд, ки тибқи онҳо таҳияи илми воҳид дар бораи пойтахтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Масалан, ибораи “шаҳри оқил” имрӯз дар аксар шаҳрҳо мушоҳида шуда, раванди навсозии мушаххас дар шаҳрсозӣ падид омадааст. Шаҳр ҳамчун як падида мавзуи омӯзиши амиқ буд ва боқӣ мемонад, зеро маҳз дар шаҳр соҳаҳои асосии ҳаёти инсон мутамарказ шудаанд. Дар илм тамоюлҳое ҳастанд, ки мувофиқи онҳо хусусиятҳои рушди пойтахт ва шаҳрҳои музофотӣ дар мавзуъҳои алоҳида баррасӣ карда мешаванд ва ин бо он шарҳ дода мешавад, ки мақоми шаҳр бештар тақдири тараққиёти онро муайян мекунад. Бисьёр шаҳршиносон таҳқиқоти худро ба омӯхтани пойтахтҳо бо мақсади ташхиси хусусиятҳои маданию таърихии дар он ба амаломада мебахшанд. Чунки тибқи анъана, пойтахт на танҳо шаҳри асосии ҳар як давлат, балки ҳамчун маркази иқтисод, фарҳанг ва ҳамчун ташаббускори фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Пойтахт ҳамчун як падидаи гуногунҷанба аз мавҷудияти равишҳои зиёде ба омӯзиши он шаҳодат медиҳад. Дар ин бобат, ки Душанбе чун маркази бунёдкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ кадом дигаргуниҳоро ба худ касб намудааст, муаллиф чунин менигорад: “Дар ин миён шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маркази воқеии ташаббусҳову бунёдкориҳо табдил ёфта, симои худро комилан дигар намуд. Акнун он ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, аз шаҳрҳои замонавии давраи нави инкишофи инсоният мондание надорад. Душанберо имрӯз ҷаҳониён ҳамчун маркази бузурги илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни давлати Тоҷикистон мешиносанду медонанд ва орзуи боре ҳам ба он сафар кардану аз наздик шиносоӣ бо онро доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик ба бузургшаҳрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳампо гашта, беҳтарин анъанаҳои шаҳрсозии тоҷиконро дар худ инъикос мекунад”.

Муаллиф дар мақола нақши Сарвари давлатро дар рушду такмилёбии меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъкид намуда, ба хулосае меояд, ки дар бартариҳои пойтахт саҳми сокинонаш кам нестанд. Чунки ҳар шаҳре тибқи мавқеъ ва тарзи зисту зиндагонии сокинон муаррифӣ мешавад. Зимни баррасӣ ва таҳқиқи хусусиятҳои хосси пойтахтамон, метавон хулоса кард, ки тафовути он аз шаҳрҳои минтақавӣ дар татбиқшавии фарҳанги пешқадам аст. Пойтахт ҳамчун намуна ва рамзи ҳама чизи пешқадам ва идеалӣ ғояву зебоии худро тавассути замону фазо мебарад, ба пеш саъй мекунад ва монеаҳои сари роҳро пай намебарад. Маҳз ҳамин омил, ки нақши созандаро дорост, ба шаҳри Душанбе нисбат дода мешавад ва ба ибораи Қобилҷон Хушвахтзода, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ, ки дар пойтахт қомат афрохтаанд, омили ҷалбшавии ҷавонони минтақаҳо ба пойтахт мегардад: “Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки миёни ин ҳама ташаббусу корҳои созандагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва хусусан шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба таъмиру таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии сатҳҳои гуногун махсус арзёбй мешавад. Хосатан, дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ин масъала чораандешиҳои саривақтӣ амалӣ гардида, шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олин касбӣ сохта ба истифода дода шуданд. Худ қазоват намоед, ки агар дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ миқдори донишгоҳу донишкадаҳо дар саросари кишвар ҳамагӣ 13 ададро ташкил медоданд, имрӯз танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 19 мактаби олии тахассусӣ фаъолият доранд”.

Бинобар андеша ва баррасиҳои муаллиф, дар рушди ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле қобили қабул ва бо қаноатмандии хос арзёбӣ гардидааст. Дар воқеъ, аксар биноҳои баландошёна ва тарҳи нави муассисаҳо бо дарназардошти меъморӣ ва намуди зоҳирии онҳо дар солҳои охир пазируфта шуда, пойтахтамонро дар қатори бузургтарин пойтахтҳои ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард. Бинобар ин, Қобилҷон Хушвахтзода нақши калидии Раиси шаҳрамонро дар самти бунёдкориҳои камназир таъкид намудааст: “Бо ибтикору раҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи 30-содагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба яке аз пойтахтҳои зеботарини дунё табдил хоҳад ёфт, ки ин иқдоми наҷиб барои рушду такомули илму фарҳанги миллати сарбаланди тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад. Симои пойтахт ба таври куллӣ дигаргун гардида, бунёди инфрасохтори муосир шароити зисти бошандагони ин шаҳри биҳиштосоро беҳтару хубтар месозад”.

Тағйироти босуръати иҷтимоӣ боиси мушкилисозии эътимоди шахс гардада, ҳангоми кӯшиши муайян кардани шахсияти худ, одамон ба таснифоти равшантарин, аз ҷумла ҳудудӣ муроҷиат мекунанд. Ин, дар навбати худ, масъалаи ҳувияти шаҳрнишиниро актуалӣ месозад. Хусусияти шаҳр ҳамчун субъекти иҷтимоӣ мавҷуд набудани як ҷомеаи ягонаи шаҳрӣ ҳамчун манбаи намунаҳои якхела барои муайянкунӣ мебошад. Ҷомеаи иттилоотии муосир танҳо гуногунии мавҷудаи сокинони шаҳр ва ҷамоатҳоро афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ, ғояҳои аслии шахсият аслан ғояҳо дар бораи шаҳр мебошанд. Яъне, шаҳр макони густариши ҳувият аст ва инсон дар шаҳр зиста, чун шахсият такмил меёбад. Бинобар ин, фақат пойтахт имкон фароҳам меорад, ки тафаккур ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, маркази ҳимояи манфиатҳои миллӣ гардад. Ба ибораи дигар, пойтахти кишварамон маркази бунёдкориҳо буда, имкон фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон на аз рӯйи мансубияти маҳаллӣ, балки аз дидгоҳи созандагӣ мавқеи сазоворро интихоб кунанд. Яке аз вижагиҳои ҳувияти шаҳрнишинӣ дар замони муосир мубориза алайҳи падидаҳое маҳсуб мешавад, ки мафкураи рустоиро дар шаҳр тақвият мебахшанд. Аз ин хотир, бунёдкорӣ роҳи асосии пешрафти шаҳрамон буда, тибқи андешаҳои муаллиф, роҳи таъмини рушди бемайлон шинохта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки баррасӣ ва таҳқиқи худогоҳии миллӣ тибқи андешаи сокинони пойтахт сурат гирифта, таваҷҷуҳ ба он торафт меафзояд, чунки имконоти пойтахт назар ба минтақа фарқ карда, хусусиятҳои ободкорӣ бештар дар шаҳрҳо густариш ёфтаанд. Бинобар падидаҳои навин дар сохтори меъморию корезии шаҳрҳо усули такмил додани бахши ақлии шаҳрҳо нуфуз пайдо кардааст ва ин омилҳоро ба инобат гирифта, метавон пойтахтамонро ба яке аз шаҳрҳои муосиртарин табдил дод.

Ширин Қурбонова - муовини КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ доктори илмҳои таърих

Subscribe to Мақолаҳо