Skip to main content

Терроризм ҳамчун як зуҳуроти номатлуб аз равишҳои носолими иҷтимоӣ ва одобу ахлоқи номукаммали ҷомеа маншаъ мегирад. Табиист, ки он асолати фитрӣ (зотӣ) надорад, зеро ҳеҷ инсоне аз модар барои қатлу куштор ва харобкорӣ ба дунё намеояд. Ҳамин тавр, дар шуури ҷавонон қобилият ва тавони арзёбии арзишҳо (меъёрҳои шоистаи ахлоқӣ) коста мегардад.Ҷалби чунин афрод ба амалҳои террористӣ кори мушкил нест ва ин шароит бозори ҳомиён ва ҳидоятгарони терроризми ҷаҳониро гарм нигоҳ медорад.

Бояд гуфт, ки ҳомиёни терроризми ҷаҳонӣ дар аксари маврид зеҳни ҷавонони камтаҷрибаро бо тарғиботи ҳимоят аз арзишҳо ва муқаддасоти динӣ фирефта, дар асл онҳоро барои анҷоми мақсадҳои номатлуби хеш истифода мебаранд. Дар асл барои ҷавононе, ки баҳри молу сарват даст ба қатли инсону хароб кардани ҷаҳон мезананд, чизи муқаддасе вуҷуд надорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро чунин баён кардаанд: «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Таҷрибаҳои талхи таърихӣ нишон медиҳанд, ки гоҳе терроризм бозичаи дасти баъзе кишварҳои абарқудрат гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба ҷомеаи ҷаҳони ҳушдор медиҳанд, ки: « Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

Тавре аз мутолиаи матолиби сиёсатшиносӣ бармеояд, терроризм як зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, ба ҷомеаи инсонӣ аз ҳар гуна офатҳои табиӣ зарари бештар расонидааст ва мерасонад. Бо таваҷҷуҳ бар ин ҷанбаи масъала, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ терроризм ва экстремизмро бо ҷидият маҳкум кардаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Доир ба амалҳои даҳшатноки террористӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори ақида намудаанд: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».

Бинобар ин, моро лозим аст, ки масъалаи терроризм ва экстремизмро кори саҳлу сода напиндорем ва барои ҳалли ин мушкилот бо тамоми қудрату тавон мубориза барем:

«Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст».Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа буда, пайваста барои ҳалли мушкилоти терроризм талош меварзад.