Skip to main content

Дар Паёми Асосгузори Сулҳу-ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон 22 декабри соли 2017 оиди мафҳуми «террорист» ва «терроризм», чунин ироа шудааст; «... дар арсаи байналмиллалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои«терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духурагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худи ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ман борҳо таъкид намуда будам, террорист, тероррист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад», ҳақ ба гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки дар ҳақикат мафуми умуми қабулшудаи «террорист» ва «терроризм» дар адабиёти муосир то ҳол аниқ нест. Дар луғатҳо маънидодкунии гуногуни расмӣ ва ғайрирасмии он мавҷуд аст. Террор: 1). Тарсонидани рақибони сиёсӣ бо роҳи зӯроварии ҷисмонӣ; 2) тарсонидани бераҳмонона ва зӯроварӣ; ва ё террор-сиёсати тарсонидан, нест кардани рақибони сиёсӣ бо роҳи зӯроварӣ мебошад. Дар луғати электронии «Кирил ва Мефодий» террор ҳамчун сиёсати тарсонидан аз ҷониби давлат ба шаҳрвандон ва аз ҷониби мухолифин ба муқобили ҳокимияти сиёсӣ аст.

Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таснифоти амалҳои террористӣ пурра дода шудааст. Терроризм дар он чун амали таркиш, сӯхтор ва дигар амалҳое мебошад, ки бо марги одамон, зарари молу мулкии онҳо оварда мерасонад, ҳамчунин амнияти ҷамъиятиро халалдор карда, ба қарорҳои ҳокимияти давлатӣ таъсир гузошта, намудҳои дар боло бударо бо роҳи тарсонидан амалӣ менамояд.

Нишонаҳои асосии терроризм ва террор ин пеш аз ҳама психологияи тарсу воҳима аст. Террор дар натиҷаи якчанд амалҳо ба вуқуъ меояд, ки амнияти инсон ва оромии ӯро аз байн мебарад. Байни мафҳумҳои «террор» ва «терроризм» чӣ муносибат аст? Террор ин тарзи амали сиёсӣ, иборат аз усулҳои воқеии дағал, рӯйрости ҷисмонӣ ва психологӣ аст, ки бо роҳи зӯрӣ бо рақибон истифода мегардад ва қувваи муқовимати онҳоро суст менамояд. Вақте, ки ин амалҳо хусусияти ташкилӣ мегиранд, чун функсияи ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ё мухолифин он гоҳ дар бораи террор чун сиёсати махсуси дорои амалҳои террористӣ ном бурдан мумкин аст.

Мафҳуми «терроризм» васеъ аст. Терроризм худ амалҳои террористӣ аз ҳисоби гурӯҳҳо бо усулҳои фаъолияти сиёсӣ ва тарзҳои он бар зидди рақибон аст, ки мақсади иҷтимоӣ-сиёсӣ дорад. Террор яке аз шаклҳои паҳнгаштаи экстремистон мебошад, лекин он ягона нест. Ҳаракатҳои харобиовари экстремистон гуногун мебошад, онҳо тарсониданро ҳамчун ҳадаф қарор дода, бештар харобкориро ҳадаф мегиранд. Худи террор бошад ин тарси иҷтимоии аз худ рафтагон аст, ки оянда надорад. Вай ҳолати тарсу воҳимаро дар ҷомеа боз дучанд менамояд. Барои ин мо бояд ба дарки комили ин зуҳурот бирасем, то мубориза бо он бароямон осон гардад.. Террор шахсро ислоҳ ва тарбия карда наметавонад, вай ба инқилобчии мубориз ахлоқи бад ва бемории руҳиро ба вуҷуд меорад.

Терроризм – ҳамчун зуҳуроти махсуси ҷамъиятӣ-сиёсӣ таърихи хеле дуру дароз дорад, ки бе он пайдоиш ва амалҳои терроризми муосирро фаҳмидан душвор аст. Дар терроризми муосир ҷанбаи идеологии пештараи он мавҷуд нест. Ҳадафи муосири терроризм ва гурӯҳҳои он дур аз ҳар гуна идеал мебошад. Давлат, ки бо терроризм рӯ ба рӯ мешавад, бояд стратегия ва тактикаи мубориза бар зидди онро кор карда барояд. Барои ин донистани донишҳои аввалияи он зарур аст.

Терроризм ҳамрадифи ҳаёти инсоният аст. Ҳанӯз дар асри I то миллод дар Яҳудия сектаи сикариҳо амал менамуд. (Сика- маънояш ханҷар ва ё шамшери кӯтоҳ аст.) Онҳо амалдорони яҳудиро мекуштанд, ки бо римиҳо ҳамкорӣ доштанд. Фомаи Аквинӣ ва падарони калисои христианӣ барои куштани ҳокимон, ки зидди халқ бошанд, фатво медоданд. Дар ин вақт терроризми сиёсӣ аз ҳисоби ташкилотҳои пинҳонӣ дар шаҳрҳои Ҳиндустон ва Хитой амалӣ карда мешуд. Дар ҳудуди ҳозираи Эрону Афғонистон ва як қатор мамлакатҳои дигар тарсу воҳима ба аҳли суннат аз ҳисоби сектаи исмоилиҳо барои куштани амалдорон паҳн шуда буд. Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст.

Соли 1848 радикали немис Карл Гейнсеген шахсиятҳои ба мусолиҳа наомадаро дар муборизаи сиёсӣ ва ё куштани сад ё ҳазорон одамон барои «манфиатҳои олии инсонӣ» дуруст меҳисобид. Гейнсеген ба як андозае, асосгузори терроризми муосир аст. Гейнсеген чунин меҳисобад, ки бо қувва ва низом дар роҳи қушунҳои реаксионӣ бояд чунин гурӯҳи хурд ва силоҳеро муқобил гузошт, ки дар давлатҳо бетартибиро ба вуҷуд оварда тавонад. Ин ҷо Гейнсеген истифодаи газ, ракета ва дигар воситаҳои навро барои террор тавсия медиҳад. Ана ин аст, «бомбаи фалсафӣ», ки асри Х1Х пайдо шуда, решаҳои он ба таърихи Юнон рафта мерасад. Консепсияи «бомбаи фалсафӣ» минбаъд ташаккул ва рушди худро аз «назарияи харобиоварӣ»-и Бакунин инкишоф дод. Охирин дар навиштаҳои худ фақат ва фақат дар андешаи худ, як масъала харобкориро талқин менамуд. Барои воситаи мубориза вай заҳр, корд ва бандро тавсия медод. Ба инқилобчиён ба андешаи Бакунин ҳамчун шахсиятҳои кару гунг набояд созиш кард, балки хок ва замини русро аз онҳо ба воситаи шамшер ва оташ тоза бояд кард. Доктринаи «тарғиби амал» аз ҷониби анархистон солҳои 70-уми асри Х1Х пешниҳод гашт.

Моҳияти он на ин ки сухан, балки танҳо амалҳои террористӣ буданд, ки оммаро барои фишор ба ҳукумат истифода мебурданд. Ин афкор баъдан аз ҷониби Куропаткин чун муайянкунандаи анархизм ҳамчун «доимо бедоркунанда ва таҳрикаандоз бо ёрии калимаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ корд, яроқ ва динамит»-ро пеш мегузорад. Дар охири асри ХIХ тарғиби терроризм дар Аврупо ва ИМА ба Иоганн Мост, ки «воситаҳои варварии муборизаро ба системаи варварӣ» тарғиб мекунад, рост меояд. Терроризм омили асосии ҳаёти ҷамъиятии нимаи дуюми асри ХIХ мегардад. Намояндагони он халқчиёни рус, миллатгароёни радикалӣ дар Ирландия, Македония ва Сербия, анархистон дар Франсияи солҳои 90-ум, инчунин ҳаракати ба он монанд дар Италия, Испания ва ИМА мебошанд. То оғози ҷанги якуми ҷаҳонӣ терроризм яроқи чапҳо ба ҳисоб мерафт. Лекин аз рӯи моҳият ба онҳо фардҳои бе платформаи сиёсӣ, инчунин чапҳои сотсиалист ва миллатчӣ ҳамроҳ гаштанд. Баъди ба охир расидани ҷанг террорро ҳамчун яроқ гурӯҳҳои рост, миллатчиён-сепаратистҳо ва ҳаракати фашистӣ дар Олмон, Франсия, Венгрия ва «гвардияи оҳанин» дар Руминия низ гирифтанд. Амали террористии калонтарин дар ин замон куштори сиёсии Карл Либкнехт ва Роза Люксембург дар соли 1919, куштори шоҳи Югославӣ Александр ва сарвазири франсавӣ Барту дар соли 1934 буданд. Дар саргаҳи ин ҳаракатҳо платформаҳои гуногуни сиёсӣ меистоданд, лекин амалан онҳо ба доктринаи «бомбаи фалсафӣ» ва «тарғиби амал» тааллуқ доштанд.

Дар асри ХХ тарзу усулҳои террор васеъ гаштанд. Агар халқчиёни рус, эсерҳо якуммартовҳо терроро чун қурбонӣ мепиндоштанд барои нафъи ҷомеа, он гоҳ «бригадаҳои сурх» тарзҳои худқурбониро истифода мекарданд. «Террори сурх» ва «террори сиёҳ» фашистӣ ва неомиллатчигӣ аз якдигар дур меистоданд ва умумият надоштанд, ки халқчиён аз он истифода мекарданд. Аз терроризми муосир фақат як мақсад, ғасби ҳокимият ва ғанигардонии он аст. Ин умуман ба нафъи ҷомеа равона нагаштааст.

Дар асри ХХ вазъи «баровардан»-и терроризм ба сатҳи давлатӣ амалӣ гардид, ки то ин маврид набуд. Терроризми давлатӣ шаҳрвандони дохилии худро истинтоқ мекард, ки онҳо доимо беқувват ва бемадорӣ эҳсос намоянд. Вай рафтори худро дар хориҷи кишвар низ дигаргун намесохт. Мисоли таърихии он Германияи фашистӣ мебошад. «Баъди барҳамхӯрии ИҶШС анъанаи бандитизм ба тамоми ҳудуд ва минтақаҳои пасошӯравӣ реша давонд ва паҳн гашт. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои худ, ҳатто аз ҳама олиҳиматтаринҳо худро ба ҳавзаҳои нави терроризми давлатӣ дохил намуданд. Ҳавзаҳои террористи нав ба нав дар Гурҷистон, Озорбойҷон, Арманистон, Молдавия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва мисоли инҳо рух доданд». Имрӯзҳо ҷаҳонро терроризми ядроӣ, ҳамчунин терроризм бо истифодаи моддаҳои мадҳушкунанда таҳдид мекунад, ки характери эпидемӣ (паҳншавӣ)-ро ва хислати дуздидани одамон, бо мақсади ироб (шантаж) ва гирифтани маблағ ба миён омадааст. Ҳамчунин дар баробари ин одамон дар худ «ҷазобият»-и терроризми иттилоотиро эҳсос намудаанд.

Терроризм дар шаклҳои гуногун аз рӯи мавқеъ ва ҳаҷм хеле хатарнок шуда, ба оқибатҳои ногуворӣ ҷамъияти-сиёсӣ ва ахлоқи асри ХХI оварда мерасонад. Терроризм ва экстремизм бо зуҳуроти хеш ба амнияти давлатҳо таҳдид менамояд, хисороти калони сиёсӣ, иқтисоди ахлоқӣ ба бор меорад, фишори зурии психологӣ ба аксарияти одамон оварда, ҳаёти одамони бегуноҳро аз байн мебарад. Нерӯи низомии терроризм махсусан дар солҳои 60-уми асри ХХ дар минтақаҳои гуногун афзуда, ки шумораи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ афзоиш ёфтаанд. Ҳоло дар ҷаҳон 500-ташкилоти ғайрилегалии террористӣ мавҷуд аст. Аз соли 1968 то соли 1980 6700 амалҳои террористӣ ба амал омада, дар натиҷаи он 3668 одам ҳалок ва 7474 одамон ярадор гаштанд. Дар шароити муосир паҳншавии фаъолияти экстремистӣ ва террористии шахс, гурӯҳ ва ташкилотҳо ба назар мерасад, ки фаъолияташон мураккаб гашта, амалҳои зиддиинсонии террористӣ мегузаронанд. Аз рӯи тадқиқотҳои як қатор олимон ва тадқиқотчиёни хориҷӣ, барои террористон маблағҳои калон ҳар сол аз 5 то 20 миллиард доллари америкоӣ мегузаронанд.

Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишварҳои алоҳид, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.

Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳаққиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст. Экстремизм ба таври умумӣ, дағал, бераҳмона ва вайронкор аст, ки аз терроризми сиёсӣ бо ин фарқ мекунад. Барои терроризм амали террористӣ яке аз тарзҳои содиркунии он бо роҳи эътиқод аст. Дар экстремизм бештар усулҳои харобиовар, ниқоби хаёлии абстрактии идеали экстремизм, ки ба он боварӣ доранд, мавриди истифода бо таври омехта қарор мегирад. Дар адабиёти муосири ҳуқуқӣ ва мафҳумҳои сиёсӣ маънидодкунии ягонаи экстремизм мавҷуд нест. Дар луғати сиёсатшиносӣ мафҳуми экстремизм (аз калимаи лотинӣ «extremis» - «канорӣ», «гузаро», «ифротӣ») гирифта шудааст. Яъне ба забони содда «экстремизм» низоми ақидаҳои сиёсӣ ва амалҳои марбути онҳост, ки дар «канора» мебошад.

Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ)» мафҳуми экстремизм чунин ифода ёфтааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зидди қонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст», инчунин дар қонун ба таври мукаммал намуд ва мафҳумҳои муайяни амали экстремистӣ, оварда шудааст, вале моҳияти идеологияи экстремистӣ, ки асоси онро фаъолияти экстремистӣ ташкил медиҳад, равшан нест. Дар натиҷа, амалҳои воқеии экстремистӣ, ки маҳз бо идеологияи экстремистӣ асосёфтааст, ба амали радикалӣ бо осонӣ монанд кардан мумкин аст, ки ба экстремизм ҳеҷ иртибот надоранд.

Муайянкунии мафҳуми экстремизм бо роҳи баёни объектҳо, ки дар мафҳум дохиланд, пурра мафҳуми онро кушода наметавонанд. Дар адабиёти илмӣ мафҳуми экстремизм ҳамчун каҷрафторӣ қабул гардидааст. Каҷрафторӣ-чунин намуди рафторе мебошад, ки аз меъёрҳои муқаррарии ҳаёти иҷтимоӣ дур буда, монеаи иҷроишӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ аст. Барои муайянкунии мафҳуми экстремизм онро аз омӯзиши мафҳуми радикализм шурӯъ менамоянд. Мафҳуми «радикализм» маънои ягона ва муайянро дар адабиёти илмӣ надорад ва дар баъзе маврид дар мафҳуми «радикализм» маънои духурагӣ эҳсос карда мешавад: 1) Зуҳуроти сиёсӣ, ки тарафдорони он системаро зери танқид қарор медиҳанд, фаҳмида мешавад, ки бояд ислоҳоти қатъӣ гузаронида шавад. 2) Радикализм истифодаи усулҳои қатъиро дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда тақозо намуда, тарзи рафтор ҳисобида мешавад.

Радикализм - ин намуди амалӣ ва фаъолияти иҷтимоист, ки қатъиятро доро буда, зуҳуроти таҷовузкорона ва идеологӣ дошта, мехоҳад системаи иҷтимоӣ-сиёсиро комилан дигаргун созад. Дар радикализм ду тарафи ба ҳам монандро қайд кардан мумкин аст: идеологияи радикалӣ ва фаъолияти радикалӣ. Радикализм ин реаксияи субъектҳои иҷтимоӣ ба ҳолатҳои номуайян, экстремалӣ ва носазо дар раванди таърихӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба хислати тағйиротҳои иҷтимоӣ ду шакли асосии радикализмро ҷудо кардан мумкин аст: шакли якуми радикализм: -конструктивӣ, радикализми инқилобӣ буда, системаи иҷтимоиро сифатан бо роҳи прогрессивӣ ва инқилобӣ дигаргун менамояд. Шакли олии он ин инқилоби иҷтимоӣ аст. Ҳадафи ин шакл бунёди ҷомеаи нав мебошад. Шакли дуюми радикализм: -радикализми деструктивӣ (вайронкунанда мебошад, ки сохтори кӯҳнаро тарғиб менамояд.) Ба ин шакли радикализм зӯроварӣ, таҷовуз, вайронкорӣ, шикасткорӣ хос буда, ба ҳама гуна система муқобил меистад. Экстремизм маҳз ба ҳамин намуди радикализм мансуб аст. Радикализми харобиовар боз ба ду намуди дигар ҷудо мегардад, ки ба идеологияи он мансуб аст. Якум, идеологияи фанатизм буда, дорои барномаи хаёлпарастона мебошад ва бо ин роҳ мехоҳад ҷомеаро тағйир диҳад. Фанатизм чун шакли догмаҳои шахшудаи динӣ баромад мекунад. Ин бештар ба фундаментализми динӣ хос аст, ки роҳи бозгашт ба қафоро талқин менамояд.

Фундаментализм - ин идеологияи ҷамъиятӣ-ҳаракати динӣ буда, ба принсипҳои аввала, арзишҳои таълимоти гузашта ва ҳатто аз дин дур, таълимоти ибтидоии падида дар ҳамбастагӣ ба шароити таърихӣ бидуни ба инобат гирифтани тағйирпазирии таърихӣ ва диалектикии олам масъалагузорӣ мегардад. Фундаменталистон ба монанди анъанагароёни пешина таърихро ба тамоми ҳастиаш дар хизмати замони нав гузошта онро ба қабристони маънавии замони муосир табдил доданӣ мешаванд. Фундаментализм дар шароити бӯҳронии ҷомеа пайдо мешавад, ки роҳҳои зӯровариро пеша менамояд.

Фундаментализм ва экстремизм байни ҳамдигар алоқаманд мебошанд. Экстремизм – дар ибтидо ин воситаи амалкард ва дар ниҳоят натиҷаи фундаментализм баромад менамояд. Дар шакли қатъӣ фундаментализм ҳамчун экстремизм баромад мекунад. Экстемизм ин арзишҳои қатъӣ, ҷаҳонбинии фундаменталистии тағйири ҷомеа буда, чун таҷовузи иҷтимоӣ баромад мекунад ва ҳолатҳои буҳронӣ, фавқуллодаро ба миён меоварад. Ин таҷовуз аввал ба мақсади сифатан дигаргунсозии ҷомеа баромад карда, ба субъектон ва шароитҳои он таъсиргузор аст. Агар фанатизм бо роҳи назари хаёлӣ ҷомеаро дигаргун сохтанӣ шавад, экстремизм ин шакли нигоҳдории субъектони он дар вазъи мураккаб баромад мекунад. Аз рӯи хислат ва тарзи амаликунонии мақсадҳои худ фанатизм ва экстремизм якхела мебошанд. Ҳам фанатизм ва ҳам экстремизм амал ва усулҳои фавқуллода, зӯроварӣ, тахрибкорӣ ва террористиро истифода менамоянд. Дар бисёр маврид ин мафҳумҳоро бо терроризм омехта менамоянд. Мафҳуми «экстремизм» дар худ чунин лаҳзаҳо аз қабили мақсад, идеология, майли амал, тарз ва воситаҳои амалро дар бар мегирад.

Мафҳуми «терроризм» бошад, танҳо амали он ва тарзи содиркуниро дар бар мегирад. Вай реаксияи табиии қувваҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Аз рӯи мазмуни иҷтимоӣ экстремизм таҷовузи ҳимояти бар зидди тартиботи ҷамъиятӣ аст, ки бар ҳолатҳои низоӣ ва таълимотӣ оварда мерасонад. Экстремизм муборизаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тарзи мубориза ба ҳолатҳои низоӣ бо роҳи шикастани тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Ин муборизаи вайронкорӣ ва хаёлӣ аст, ки масъалаҳоро ҳал накарда, балки онҳоро тезу тунд мекунад ва ҳолати низоъ ба вуҷуд меорад. Мафҳумҳои экстремизм ва терроризм ба ҳам монанд набуда, лекин робитаи байни онҳо вуҷуд дорад.

Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Мудири Шуъбаи Ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикисто