Skip to main content

876«Мо терроризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем,ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем».

Эмомалӣ Раҳмон.

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба мушкилоти рӯзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу суботи ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.

Ҳануз, 16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди Терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии ин қонун аз он иборат аст, ки тадбиқ ва пурзӯрнамоии сиёсати давлатӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Таҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва ҳуқуқу муносибатҳо вобаста ба мубориза бар зидди терроризм танзим карда шавад.

Дар айни замон фаъолияти созмонҳо, гурўҳҳои террористӣ васеъ шуда истодааст, ки ин хатари ҷидди рӯзмарра мебошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз суханронии хеш қайд намуда буданд: «Терроризм ва эксремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли онҳо гувоҳ аст, ки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст».
Таҳқиқи падидаи экстремизм ва махсусан терроризм бисёр мушкил аст, вале маълум аст,ки терроризм ва экстремизм ин як зуҳӯроти манфии умумӣ, моҷароҷўӣ, зуроварӣ ва хушунат аст. Маъмулан террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зуроварӣ (ба фикри онҳо зуровари ин ба даст овардани ҳақу ҳуқуқ) аст.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон, гурӯҳҳои террористӣ бар он ақидаанд, ки ҳақиқатро талабгоранд, вале ин фикри онҳо ғалат аст. Ҳақиқат бо роҳи қатлу куштор, ғорату зуроварӣ талаб карда намешавад, балки ҳақиқат бо роҳи сулҳу субот бояд талаб карда шавад.

Мафҳуми экстремизм аз лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, аз ҳад гузаштан ва фикру андешаҳои тундравона доштан аст. Терроризм аз калимаи лотинӣ «terror» гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳму даҳшатафкнӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки инҳо падидаҳои нави раванди сиёсӣ набуда, ҳамчун шаклҳои муборизаи сиёсӣ дар таърихи инсоният дар намудҳои гуноун ҳама вақт вуҷуд дошт. Имрўзҳо терроризм проблемаи аз ҳама таҳдидовари байналмиллалӣ мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда аст. Рўз то руз ташкилотҳои террористию экстремисти бо ҳар роҳу восита амнияти марудми баъзе аз кишварҳоро зери хатар қарор медиҳанд. Ин зуҳуроти номатлуб боиси ноамнӣ, таҳдид ба ҳаёти инсоният, расонидани зарар, тағйири сохти Конститутсиони ғасби ҳокимиятҳо ва дар байни мардум барангехтани кинаю адоват, амали намудани ҳадафҳои зишти нопоки худ мебошад.

Ҳамагон шоҳиди онанд, ки ин гурўҳҳои номатлуб даст ба чи ҷиноятҳои ваҳшиёна мезананд барои онҳо инсон, зиндагии осудаю ором, падар модар ва аз ҳама муҳим Ватан ҳеҷ арзише надорад. Борҳо Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин зуҳуроти номатлубро хатари байналмиллали эълон намуда, ин фаъолияти ба инсон зарароварро маҳкум карда зикр намудаанд, ки терроризм амнияти ҷомеаҳоро халалдор кардааст. Бар асари даҳшатафканиҳои ин гурӯҳҳои террористӣ дар солҳои охир ҳазорон нафар занону кӯдакони ноболиғ, ҷавонон ва пиронсолон ваҳшиёна ба қатл расонида шудаву даҳҳо ҳазор тани дигар бехонаву ҷой монда, фирорӣ гардидаанд.

Бо назардошти гуфтаҳои дар боло зикргардида, ҳаминро таъкид менмоям, ки дар шароити кунунӣ ва авзои печидаи минтақа ва ҷаҳон ҳифзи истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии мейҳан барои ҳар фарди худогоҳ ва бо нангу номус аз ҳама арзишҳо боло буда, ҳамчун унсури таъмини амният, карзи имонӣ ва виҷдонӣ ба ҳисоб меравад. Дар охир ҳаминро бояд тазаккур дод, ки чун дар арафаи ҷашни умумимиллӣ – яъне ҷашни Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, бо ба даст овардани ин неъмати бебаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои бузургу назаррас ноил гаштааст, ки арзишмандтарини онҳо Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил маҳсуб меёбад.

Мо миллати тоҷик нисбат ба тақдири имрўзу фардои давлати тозаистиқлол бояд бетараф набошем, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, ватанамонро обод созем ва баҳри ояндаи неки худ ва фарзандонамон аз имрӯз замина гузорем.

Комрон Бобоев – ходими илмии шуъбаи илмӣ –таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизматрасониҳои техникии Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ