Skip to main content

Муҳаммад А.Н. ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар моҳи марти соли ҷорӣ дар Суханрониашон ибрози андеша намуданд, ки «бархғрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурғҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷоме аз масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрғз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гғем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад»[1]. Воқеан, густариши бесобиқаи терроризм моро водор месозад, ки ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надода, дар таҳлилу баррасии масъалаи мазкур мавқеи худро дошта бошем.

Терроризм ин зуҳуроти номатлубест, ки ба ташкили фазои тарсу зуроварӣ ва таѓйироти сиёсӣ вобаставу пайваста мебошад.

Хавфҳои репутатсионӣ - аз даст додани боварӣ, нуфуз ва эҳтиром дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар ташкилоту давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Ба хавфу хатар ва таҳдиҳои репутатсионӣ ба ҷуз аз экстремизм, терроризм ва радикализм боз хавфҳое дохил мешаванд, ки онҳо аз таълиму тарбия вобастагӣ доранд. Аз ҷумла, бесаводӣ, камбизоатӣ, бедонишӣ, бекорӣ, эҳтиёҷмандии шадид, бегонапарастӣ ва ѓ.

Вазъи ирғзаи ҷомеаи мо тақозои онро дорад, ки омғзишу таҳқиқи хавфҳои репутатсионӣ бояд ба яке аз парадигмаҳои асосии илмҳои сиёсӣ дар кишври мо мубаддал гардад. Бояд гуфт, ки ташаккули парадигмаи нави таҳқиқотӣ ба монанди терроризм ва хавфҳои репутатсионӣ дар омғзиши равандҳои гуногуни сиёсӣ ва падидаҳо солҳои охир ба чашм мерасад ва пажуҳишгарони мо асоси баъзе мавзуҳои таҳқиқотиро ҳамчун парадигмаҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Аммо натиҷаи ин таҳқиқотҳо начандон чашмрас мебошанд.

Технологияҳои сиёсӣ - маҷмғи усул, роҳу восита ва механизмҳои татбиқи иродаи ҳокимият мебошанд. Масалан, дар мисоли интихобот, ҳалли низоъ ва дигар мухолифатҳо барои ба даст овардани созиш ва ѓайраҳо истифода бурда мешаванд. Ҳамзамон, технологияи «инқилобҳои ранга» ё “инқилобҳои махмалин” ҳамчун омили таѓйири ҳокимияти сиёсӣ дар ҷаҳони муосир барои ба даст овардани ҳадафҳои абарқудратҳо гашта истодааст. Моҳияти онҳо хеле баҳснок буда, бештар усулҳои таъсиррасонии мафкуравӣ, маѓзшғйӣ ва амали фиреби сиёсӣ асоси онҳоро ташкил медиҳад.“Инқилоби норинҷӣ”,“инқилоби лолаҳо”, “инқилоби садбаргҳо” технологияи махсусе мебошанд, ки боиси аз байн бурдани низомҳо ва авҷ гирифтани бесуботӣ дар ҷаҳон гашта истоааст.

Дар баробари ин истифодаи разҳои гуногун сарулибоси махсус

Мақсади асосии таҳқиқи терроризм ва хавфҳои репутатсионӣ ҳамчун усулҳои технологҳои сиёсӣ бояд на танҳо тасвири элементҳои структуравии дараҷаи онҳо, балки муайян намудани сабабҳои асосии ва зарари онҳо бошад. Дар ин раванд бештар мутахассисони соҳавӣ бояд ба манфиатҳои моддии инсон (мақом, даромад, моликият) ва муносибатҳои иқтисодию, динию ҳарбию геополитикӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Дар баробари ин, масъалаи нақши тоҷикон дар минтақа ва сиёсати мустақилона доштани онҳо низ ба ин раванд ворид мегардад.

Таҳлилу таҳқиқи масъалаи мазкур имконият медиҳад, ки онро ба ду қисм ҷудо намоем:

Якум, терроризм ҳамчун зуҳуроти махфӣ бештар ба дасти дигарон амалӣ карда мешавад. Муайян намудани моҳият, сабабҳои асосии, зарари терроризм дар баробари ин боз ба хадамоти ҷосузии Ѓарб ва дигар кишварҳои ҳаммаслакашон мисли толибон ва таҳлилгарони онҳо вобастагӣ дорад. Онҳо мавқегирӣ ва нақши тоҷиконро дар Осиёи Марказӣ нисбат ба Афѓонистон ҳамчун таҳдид баназар гирифта, мақсди асосиашон таъсир расонидан ба обру ва имиҷи Тоҷикистон мебошад.Бинобарин мо бояд корҳои зиёди идеологию тарбиявиро дар байни мардум роҳандози намоем, ки ҷавобгғи замон бошанд.

Албатта имрғз яке аз роҳҳои шинохти терроризм муайян намудани мақсад , афзалият ва иқтидори онҳо мебошад. Зеро дар шароити муосир ҳеҷ як кишвар дар танҳоӣ наметавонад бо ин вабои аср муқовимат дошта бошад.

Ҳамин тариқ, терроризм ва дигар таҳдидҳои нави замонавӣ дар ҳама шароит ва ҳолат ҳамчун зуҳурроти манфӣ муаррифӣ гардида, имконияти расонидани таъсири бад, тахрибкорӣ, вайронсозии системаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеа хусусиятҳои муҳимми онҳоро ташкил медиҳанд.[2]

Дуюм, терроризм ҳамчун зуҳуроти ѓайриинтизорӣ ҳамеша дар амал роҳандозӣ карда мешавад, аммо баъди он террористон кғшиш менамоянд, ки худро барои ҳузур доштан, даҳшатафканӣ ва тарсонидан муаррифӣ намоянд. Бубинед, Ҷумаи Намангонӣ солҳои зиёд бо таври расмӣ бо дастаҳои террористиашон дар минтақаи мо ва Афѓонистон амалҳои зиёди дахшатнокеро ба анҷом расонид, аммо касе ба имиҷ ва обруи миллати онҳо таваҷчғҳе ҳам зоҳир накард.

Аммо воқеаҳои нави террористӣ дар Россия нишон доанд, ки 4 нафар тоҷикро ҳамчун бозичаи дасти баъзе абарқудратон ва ноошноёни миллати мо истифода намуданд ва сару садоҳои зиёде дар арсаи байналмиллалӣ ба миён омад. Албатта террорист миллату мазҳаб имону диёнат надорад ва ҳеҷ як миллату халқиятеро муаррифӣ карда наметавонад. Ғ рғҳан носолим, хиёнатпеша ва даҳшатафкан аст, ки раҳму шафқатро намедонад.

Бояд тазаккур дод, ки баъди фурғпошии Ҳокимияти Советӣ махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистониаз ҳама зиёдтар таҳдидҳои террористӣ ба миён омада буд. Танҳо дар як соли 1996 мухолифони ҳукумати конститутсионии мо 19 амали террористӣ гузарониданд, ки дар он 16 нафар ҳалок ва 28 нафар маъюб гардидааст. Террористони ифротгаро табибони шинохта, шахсиятҳои бузурги кишвар Ю. Исҳоқӣ, М. Ѓуломов ва якчанд бузургони дигарро, ба мисли академик М.С.Осимӣ, профессор М. Назаршоев ба қатл расониданд.

Соли 1995 дастаи террористии Ризвон Содиров, ки зиёда аз 300 нафар террорист дошт . Ҳамин тавр, онҳо то соли 1998 даҳҳо амалҳои террористӣ содир намуданд.

Соли 1998 бошад, ҷиноятҳои вазнини террористиро гурғҳи полковники исёнгар М. Худйобердиев ба миён овард, ки хатари хеле ҷиддие дошт.

Боз дар ҳамон замон чанд дастаҳои авбоши террорист пайдо шуданд. Гурғҳи М.Муаккалов ( бо лақаби Шайх), Раҳмон Сангинов ( бо лақаби Гитлер) онҳо гурғҳҳои боқимондаи ситоди ҷинояткори Ризвон буданд, ки дар ҳудуди ҷамоати Қиблаии ноҳияи Ленин (ирғза Рғдакӣ) гурғҳи нави ҷинояторӣ ташкил карда буданд. Ин роҳгумзадагон бештар роҳи Душанбе-Кофарниҳон-Кғлобро ѓорат мекарданд.

Ҳамзамон, амалиёти террористии собиқ генерал-майор Назарзода А. дар соли 2017 низ хусусияти террористӣ дошт. Соли 2018 низ террористон ба гурғҳи саёҳон ҳамла намуданд, ки чанд нафар сайёҳони хориҷӣ ҷони худро аз даст доданд. Чуноне ки мебинем, ҳамаи ин воқеаҳои террористию ифротгароӣ дар муддати начандон тғлонӣ хусусияти даҳшатангезӣ ва зараррасонӣ доштанд, ки дар бораи онҳо пажғҳишҳои илмӣ хеле кам ба назар мерасарнд.

Дар айни ҳол, таҳдидҳои террористию ифротгарои хатарнок барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле гуногун мебошанд. Ин пеш аз ҳам зиддиятҳои байни гурғҳҳои сиёсию минтақавӣ, байни гурғҳҳои этникӣ, низоъҳҳои сарҳадӣ, масъалаҳои вобаста ба об, ҷараёнҳои ифротии динию сиёсӣ, гурғҳҳои ҷинояткори дохилӣ , трансмиллӣ ва ѓ. маҳсуб меёбанд.

Аммо террор дар кадом шаклу намуде, ки набошад, ҳамеша падидаи номатлуб ва ѓайри қобили қабул аст.

Моҳияти террор ҳамчун зуҳуроти номатлуб - ин пеш аз ҳама, зғроварӣ ё таҳдиди зғроваре мебошад, ки ба ташкили фазои тарс ва ноил шудан ба ягон тағйироти сиёсӣ вобастагӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки дар назди пажғҳишгарон яке аз талаботҳои таҳқиқоти терроризм ин ошкор намудани таъсири он ба ҳодисаҳои рғзмарра мебошад.

Аз ин рғ, дар кишвари мо тибқи Конститутсия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муковимат ба экстремизм”,“Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд. Ҳамзамон барои муқовимат ва фаҳмондадиҳии моҳияти терроризм ва ифротгароӣ чорабиниҳои гуногуне гузаронида мешавад. Масалан, баргузор намудани чунин чорабинии сатҳи баланд дар асоси “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 “ оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”. Ин ҳамоиш моҳи майи соли 2019 доир шуда буд, дар он зиёда аз якуним ҳазор меҳмонон, олимон ва пажғҳишгарони кишварҳои ҷаҳон ширкат варзида, алайҳи терроризм ва ифротгароии хушунатангез баҳсу мунозирахо доир намуда буданд.

Ҳамин тавр, соли 2020-ум низ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расид, ки мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб муайян менамояд.

Ҳамаи ин ба он далолат мекунад, ки муқовимат бо терроризм бояд хусусияти дастаҷамъона дошта, аз ҷониби миллат, шаҳрвандони кишвар, оила ва мактаб маҳкум ва муҳтавои онҳо ба тарбиятгирандагон расонида шавад.

Президенти кишвар дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар оид ба ин масъала чунин баён намуданд, ки «Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанғз ба назар мерасанд. Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сғиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сғиқасд ба он пешгирӣ гардидааст…Тибқи маълумоти мавҷуда дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбғҳи одамон таркондани худ даст задаанд.»[3]

Албатта ҳамаи ин бо кумаки хадамотҳои махсус бо мақсади беобрғ кардани миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва истифодаи хатарҳои репутатсионӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Аз ин рғ, бесабаб нест, ки зарурати эҳёи мушаххаси маърифати ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуда, ҳамчун муҳити табиии рушди инсон ва муҳимтарин падида ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.

Мавриди таъкид аст, ки тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои сиёсӣ ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандғстӣ ва ифтихори миллӣ дучанд гардида, дар самти густариши масъалаҳои номатлуби ҷомеа, ба мисли таҳдиду хатарҳои муосир — терроризм, ифротгароӣ ва бегонапарастӣ андешидани тадбирҳои заруриро вазифагузорӣ менамояд.

Дарвоқеъ, муайян намудани дараҷа ва табиати ин зуҳуроти номатлуб тазодҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи ҷумҳурӣ на танҳо паҳн намудани тарсу ҳарос, балки хавфҳои репутатсиониро ба вуҷуд меоранд, ки ба обрғ ва имиҷи миллату давлат таъсири манфӣ мерасонад.

Пғшида нест, ки амали террористиро чун як навъи муборизаи сиёсӣ бо истифодаи қувваи зғрӣ барои расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ истифода мебаранд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо иҷрокунандагони амалҳои террористӣ инро аз надонистани ҳуқуқу озодиҳои хеш ва надоштани маърифати ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд.

Маълум аст, ки муборизаи оштинопазири ноошноёни миллати мо дар фазои иттилоотӣ бо туҳмату ҳангомаҳои сиёсӣ хеле зиёд ба назар мерасад ва онҳо вобаста ба рушди ҷомеа тактикаву стратегияи амалиёташонро тағйир медиҳанд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки то чӣ андоза хавфи репутатсионӣ ба обрғйи миллату давлати мо ва минтақа таъсиргузор мебошад?

Дар посух бояд гуфт, ки«хавфи репутатсионӣ», яъне аз даст додани боварӣ, эҳтиром ё ин ки нуфузи намояндагони як миллат дар назди ниҳодҳои хориҷӣ, мисли ташкилоти байналмилалӣ, маблағгузорон ва воситаҳои ахбори оммаи ҷомеа мебошад. Иштирок намудани шаҳрвандони ин ё он мамлакат дар ҳаракатҳои экстремистӣ ва амлаҳои террористӣ ба паст задани мақому мартаба ва имиҷи миллату давлатҳо бурда мерасонад.

Хавфҳои репутатсионӣ дар маҷмуъ метавонанд ба вазъи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амнияти ҷумҳурӣ таъсир расонида, фишори дохилию берунии низоъҳоро шиддатнок намоянд. Дар ҷумҳурии мо хавфҳои репутатсиониро вобаста ба оқибати рғйдодҳои марбут ба ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаҳои террористии дигар мамлакатҳо метавонем чунин арзёбӣ намоем:

Якум, хавфи аз даст додани боварӣ аз ҷониби ҳамсоямамлакатҳо, хусусан дар самтҳои хариду фурғш, энергетика, нақлиёт, фарҳанг ва амният. Баъзе мамлакатҳо иштироки шаҳрвандони моро дар ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави хеш ҳамчун амали таҷовузкорона ё мудохила ба вайрон намудани муносибатҳои дғстона ва халалдор намудани амнияти миллӣ метавонанд қабул намоянд.

Дуюм, хавфи бошиддат қарор гирифтани зиддиятнокӣ. Масалан, мамлакатҳое ҳастанд, ки баъди пайдо шудани ҳамлаҳои террористӣ дар қаламравашон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳузури ҳарбӣ ва сиёсиашонро барқарор карданӣ мешаванд, то амнияти дигар мамлакатҳои минтақаро халалдор созад.

Сеюм, эҳтимоли хавфи аз даст додани обрғ ва имиҷ дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки терорризму экстремизмро ҳамчун таҳдиди асосии сулҳу амният маҳкум менамоянд. Иштироки шаҳрвандони мо дар ҳамлаҳои террористӣ ин, пеш аз ҳама, вайрон намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ ва созишномаҳо оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм мебошад.

Чорум, хавфи пайдо шудан ва ё шиддат гирифтани масъалаҳои дохилӣ ва моҷароҳое, ки ба миллатгароӣ, дингароӣ, норозигии сиёсӣ, ифротгароӣ, сепаратистӣ ва ғайра алоқамандӣ доранд. Иштироки шаҳрвандони тоҷик дар ҳамлаҳои террористӣ шояд натиҷаи раванди маргинализатсия, мағзшғии бегонагон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра бошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки барои иштироки як ё ду шаҳрванди як кишвар тамоми миллату давлат гунаҳгор дониста шавад.

Дар маҷмуъ, муқовимат бо терроризм бояд хусусияти дастҷамъона дошта бошад. Ин на танҳо чун вабои аср, балки мубориза бар зидди оммаи башарият аст. Хавфҳои муосири репутатсионӣ - ин метод ва усулҳои нави технологҳои сиёсие мебошанд, ки метавонанд бозиҳои нави геополитикиро ба миён оранд.

Аз ин рғ, зарурате пайдо мешавад, ки ба масъалаҳои мафкуравӣ муносибати дигар дошта бошем. Бинобар ин, барои пешгирӣ ва паст намудани шиддати хавфҳои репутатсионӣ андешидани тадбирҳои зерин зарурат пайдо намудааст:

— Мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва муколама дар масъалаҳои амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин мустаҳкам намудани боварӣ ва дғстӣ байни мамлакатҳои осебдида.

— Таҳқиқ намудани вазъ ва ангезаи (мотив) иштироки шаҳрвандони тоҷик дар ҳамлаҳои террористӣ, муайян намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон, маълумоти дақиқ пайдо намудан оид ба ин амалҳо ва пешниҳоди онҳо ба ҷомеаи байналмиллалӣ.

— Ба танзим даровардани соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хуқуқи инсон, демократия, маориф, фарҳанг, ташвиқу тарғиби таҳаммулпазирӣ ва рушди маърифати ҳуқуқию донишҳои сиёсӣ .

Маълум аст, ки чанд вақт боз ифротгароён ва хоҷагони онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ба воситаи таблиғи иттилооти бардурғғ ба шуур ва рафтори мардум таъсири манфӣ мерасонанд. Қисми зиёди нафароне, ки ба сафи гурғҳҳои экстремистию террористӣ мепайванданд, маҳз аз надоштани маърифати ҳуқуқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшғй мешаванд ва онҳо минбаъд ин дарсро ба наслҳои дигар интиқол медиҳанд.

Бесабаб нест, ки Президенти кишварамон дар Суханрониашон таъкид намуданд, ки «Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурғҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд…Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад…Ин дар шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст»[4].

Аз ин рӯ, дар раванди тағйирпазирӣ ва иҷтимоикунонии ҷомеа ташвиқу тарғиби маърифати ҳуқуқӣ бузургтарин омили пешгирӣ ва муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ мебошад, ки барои таъмини амният ва таҳкими давлатдории миллӣ омғзишу дар амал татбиқ намдани он хеле муҳим аст.