Skip to main content

Терроризм яке аз ҷанбаҳои хатарноки ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, на танҳо давлати моро, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ зидди терроризм аст”. Дар ин замони ҳасосе, ки дар ҳоли ҷаҳонишавӣ (глоболизатсия) зиндагию фаъолият дорем, набояд беаҳамият бошем, ба хусус дар таълим ва тарбияи наврасону ҷавонон. Мо насли калонро мебояд тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ (интернетро) ба насли ҷавон омӯзонем, чун ки манбаи асосии паҳн шудани хатарҳои терроризму экстремизм миёни мардуми Тоҷикистон ана ҳамин шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба ин самти ҳалокатбору даҳшатнок корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст ва дар ҷойи намоён ҳам қарор дорад. Дар ин раванд устод Муҳаммад Абдураҳмон узви вобастаи АМИТ дар мақолааш чунин гуфтааст: “ Аз ин ҷо мо бояд дар мадди аввал зуҳуроти терроризмро ҳамчун меготерроризм ё ин ки терроризми умумӣ шиносем, зеро ба меготерроризм боз кибертерроризм, биотерроризм, терроризми равонӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ низ дохил мешавад.”

Хоинону бадхоҳони давлату миллат ва манфиатҷӯён барои қонеъ намудани нафси ҳайвонии худ дар доираи терроризми технологӣ ва иҷтимоӣ аз иродаи суст ва бесаводии баъзе ҷавонони истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, онҳоро бо ваъдаҳои хушку холӣ, бо истифода аз номи поки дини ислом ё ваъдаи маблағҳои калон ба доми худ афтонида ба воситаи ин қишри фиребхурда ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.

Мақсад аз давлату ҳукумат дар ҳамин аст, ки насли ҷавон донишҳои замонро омӯхта забондону донишманду ҳимоятгари хеш бошанд, хоинону ҷосузону террористону ифродгароёнро инсон набояд шуморид, онҳо инсон нестанд, ҳисси одамӣ надоранд, чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон соли 2017 эълон доштан “террорист ватан, дин мазҳаб ва миллат надорад” модоме ки чунин бошад, чаро бар зидди онҳо мубориза набарем. Мубориза бурдан бар зидди ин афроди нодаркору зараррасони ҷомеа танҳо вазифаи кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нест, балки тамоми ҷомеаро мебояд дастаҷамъона бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд.

Дар ҳар баромадашон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон даъват ба амал оварда, таъкид менамояд, ки ҳушёр бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Баҳри бартарафкунии ин зуҳуроти номатлуб тамоми сохторҳо аз ҷониби Роҳбари давлат дастуру супоришҳо гирифтаанд, ки миёни мардум корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронида, ба хусус ҷавононро аз паёмадҳои нохуши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бохабар намуда, баҳри бартараф намудани ин падидаи зиёновар чораҳои зарурӣ андешанд. Аз ин лиҳоз ҷавононро мебояд, ҳушёру чолоку донишманд бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи найрангҳои хоинону ҷосузон нашаванд, Натиҷаи дар ин роҳ рафтани ҷавонон то зиндаанд, ғуломвор ба сар мебаранд ва дар охир ҷони худро аз даст медиҳанду халос.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола садҳо ҷавононро ин ташкилотҳои ғайридавлатии террористию экстромистӣ ва ифротгароӣ ба коми худ кашида, аз терроризми рӯҳию равонӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ истифода намуда, ҳарчи зудтар роҳҳои заифии иродаи онҳоро ёфта, ҳаёти онҳоро зери хатарҳову оқибат онҳоро ба марг дучор меоранд. Ҷамъияти имрӯзаро мебояд, ҷавонону фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, донишандӯзӣ тарбия намоянд, то ки аз хатарҳои марговар эмин бошанд.

Дар ин масир ман фикр мекунам, ки пеш аз ҳама волидони муҳтарам беэътинои зоҳир накунанд, чун ҳама мардуми Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки дар дигар давлатҳо агар душманонашон хориҷиёну бегонагон бошанду барои ба доми худ афтондани ину он миллат вақти зиёд масраф намоян, душмани асосии давлату миллати мо аз худамон яъне кормандони ҳизби мамнуъгаштаи ҲНИ аст, ки онҳо психологияи мардумамонро хуб медонанд ва чи гуна ҷалб карданашонро низ медонанд. Аз ин лиҳоз мову шуморо мебояд, ки ба тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳем ва онҳоро огоҳ кунем, дар шабакаҳои интернетӣ ба хусус аз сомонаҳои ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо равияҳо ва ташкилотҳои терористӣ – экстремистии зерин:

1. Ҳизби Наҳзати Исломӣ

2. Ташкилоти “Ал - Қоида”

3. Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ

4. Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон)

5. Ҳаракати “Толибон”

6. Ташкилоти “Бародарони мусулмон”

7. Ташкилоти “Лашкар – е - Тайба”

8. Гурӯҳи исломӣ (Ҷамъият – е – Ислом – и Покистон)

9. Ҷамъият – е – таблиғ

10. Ташкилоти динӣ – мубаллиғии “Созмони таблиғот”

11. Тоҷикистони Озод

12. Ҳизби таҳрир

13. “Ҳизб – ут - таҳрир”

14. Равияи динии салафия

15. Ҷамоати (Ҷамъияти) “Ансоруллоҳ”

16. Ҳаракати ҷамъияти “Гурӯҳи 24”

17. Ташкилоти “Давлати исломӣ” (Давлати исломии Ироқу Шом)

18. “Ҷабҳату – н - Нусра” (Ҷабҳат – ан - Нусра)

19. “Паймони миллии Тоҷикистон”

20. Ҷанги муқаддас (Ал – Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ)

21. Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият – ал – Ислоҳ – ал - Иҷтимоӣ)

22. Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Иҳё – ат – Тураз ал Исломӣ)

23. Хонаи ду зиёратгоҳ ( Ал – Ҳарамейн, Дом двух святых)

24. Ҷунд аш – Шом (Артиши Шоми Бузург)

25. Ҷиҳоди Исломӣ – “Ҷамоати муҷоҳиддин”

26. Иттиҳоди экстремистии “Шоҳидони Яҳво”

27. Ташкилоти “Памир дейлӣ нюс” (Pamir Daily News) ё “Памир нюс” (Pamir News)

28. Ташкилоти террористӣ – экстремистии “Давлати исломии вилояти Хуросон”

29. Ташкилоти экстремистии “Тоҷикистони нав 2”

эҳтиёт бошанд, то ки дар доми хатар наафтанд.

Алишер Саидов – корманди шуъбаи матбуот