Skip to main content

Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Нахустин бор истилоҳи “террор” ва “терроризм” дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи як гурӯҳи муайяни одамон ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин калима шакли дигаргуншудаи калимаи арабии “таррор” аст. Таррор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои роҳзану одамкӯш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст. Эҳтимол аврупоиён калимаи “террор”-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи арабии “таррор” гирифта бошанд. Ҳамин тариқ бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Инро ҳамагон қабул доранд, аммо калимаи арабии “таррор” ва калимаи лотинии “terror” қариб, ки маънои якхела доранд.

Маънои аслии экстремизм бошад – (аз калимаи франсавии “extremism” ва лотинии “extremus”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.

Воќеан, терроризм худ зуҳуроти номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин дониста мешавад. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои терроризм чунин шарҳ дода шудааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист».

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.

Ҳамин тавр, мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон бошад, синаи худро сипар намоем. Чи гунае, ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд”. Мувофиқ ба суханони Пешвои миллат мо, ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастии худ, ҳамеша бо ҳама гурӯҳҳо ва ҳаракатҳое, ки ба зиндагии осоиштаи сокинон ва рушду тараққиёти кишвари азизамон – Тоҷикистон халал эҷод кардан мехоҳанд, мубориза бурда, барои устувории сулҳу субот ва амнияту тартиботи кишвар ҳиссагузор хоҳем шуд.

Назарова З.К. - лаборанти калони ШҶБ