ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аҳамияти он барои ҳар халқу миллат калидӣ мебошад, зеро бе он ҳуқуқу манфиатҳои шахсӣ ва миллиро ҳифзу пешбарӣ намудан хеле душвор аст. Хушбахтона, 33 қабл аз ин мардуми тоҷик аз ин неъмати бебаҳо бархурдор гардид, ки он имрӯз мояи сарбаландӣ ва ифтихори мардуми тоҷик аст»,- чунин нигоштааст дар мақолааш котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмон Ҳабибов.
— Истиқлолият падидаи муҳиме дар ташаккули давлати муосири тоҷикон мебошад. Новобаста аз мушкилиҳое, ки Тоҷикистон дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ дучори онҳо шуд, ҳукумати мамлакат ва мардуми ватандӯсту меҳнаткаши тоҷик тавонист ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ-иҷтимоӣ ноил гардад. Албатта, дастоварди муҳимтарин- ин Ваҳдати миллӣ мебошад, ки асоси ҳамаи дастовардҳои дигари даврони истиқлолият маҳсуб шуда, бо заҳмату талошҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва таъмини фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ имконият пайдо шуд, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат диққат дода шавад.
Шуруъ аз соли 2000 Тоҷикистон бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба ислоҳоти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт рӯ овард. Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявӣ ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инноватсионии бахши воқеии иқтисодиёт ва саноатикунонии бусуръати мамлакат аз ҷумлаи иқдоми ин давра мебошанд.
Дар ин раванд ҳадафҳои стратегӣ муайян шуда, баҳри амалигардонии онҳо стратегия ва барномаҳои гуногун бо ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ амалӣ шуданд. Дар натиҷа Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, барои давлати транзитӣ шудан кӯшиш дорад. Вобаста ба ин бунёди марказҳои логистикӣ, тақсимоти яклухт ва афзоиш додани шумораи нақлиёти боркаш, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти яхдондор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон муҳим мебошад, ки ин ба рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон новобаста аз тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ таъмини амнияти озукавории мамлакат дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар се даҳсолаи гузашта аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион расид, яъне талабот ба маводи ғизоӣ ду баробар афзоиш ёфт.
Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфт. Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар мамлакат ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 2,5 баробар зиёд мебошад.
Дар баробари ин афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини рушди маҷмааҳои агросаноатӣ зарур аст.
Ҳукумати мамлакат бо назардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ ва иқтидори бузурги истеҳсоли энергияи «сабз» ва содироти он дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор мегузорад. Соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод.
Сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳо, беҳтар кардани таъминоти аҳолии мамлакат бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан, бунёди хати интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ, кам кардани талафоти неруи барқ, бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ чораҳои аввалиндараҷа баҳри расидан ба ин ҳадафи стратегӣ ба шумор мераванд.
Бояд гуфт, ки рушди бомароми соҳаи энергетика солҳои охир ба раванди саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад. Соҳаи саноат яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи мамлакат ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.
Давоми солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар мамлакат беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шавад. Соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт.
Бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат солҳои 2022 – 2026 дар ҷумҳурӣ Солҳои рушди саноат эълон карда шуданд. Барои амалисозии ин иқдом давоми ду соли охир дар мамлакат беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шуд. Имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Бо вуҷуди ин дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат якчанд масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд. Афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидори истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро ҳамчун роҳҳои ҳалли ин мушкилот ном бурдан мумкин аст.
Чунин дастовардҳои назарраси рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ташкилоти байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун давлати дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.
Аммо дастовардҳои то имрӯз ноилшуда боиси қаноатмандии пурра набуда, расидан ба ҳадафҳои гузошта дар шароити таҳаввулоти идомадошта захираву неруи иловагӣ тақозо менамояд.
Ҳамзамон бо ин, бо назардошти тамоюлҳои муосири иқтисоди ҷаҳонӣ ташаккули иқтисоди «сабз», суръат бахшидани
раванди рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имконияти содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ мо бояд муттаҳиду сарҷамъ шуда, тамоми саъю талошро ба ободии Ватани азиз ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол равона созем.
Абдураҳмон ҲАБИБОВ,
котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ