Skip to main content

32Ҳар як фарди миллати тоҷик шоҳид аз он ҳастанд, ки бо заҳмату талоши бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ба даст омад. Дар таърихи тамадуни тоҷикон бо ҳарфҳои заррин ин хизматҳои Пешвои миллат навишта мешавад. Дар солҳои 1990-1991 дар тамоми Тоҷикистонмаҳалла ба маҳаллава деҳаҳо тақсимоти гузару кучаҳо ба роҳ монда шуда буд, ки оқибаташ ба ҷанги бародаркуш оварда расонд. Ин ҳама бошад, бо дасти зархаридҳои хориҷии душманони миллати тоҷик ба амал омадааст. Дар ин ҷанг зиёда аз 150 ҳазор кушта шуда, зиёда аз 1 миллион ба давлатҳои ҳамсоя куч бастаанд ва ҳатто Тоҷикистон ба нестшавӣ қарор дошт.

Бо амри тақдир фарзанди номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонроба ватан баргардонд.

Ба иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омоданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар маҳз аз ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳамазаҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонтавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Ҳамин, тавр хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи (Сарқонуни) нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июн соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро бадаст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст.

Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд. Имрӯз шукрона аз он дорем, ки чунин Роҳбаридавлат дорем, мактаби роҳбарикунандаи онро дигар давлатҳо омӯхта шоёни таҳсинмегуянд. Ҳар як фарди тоҷик шукронаба ин давлат ва сарзамин бояд кард. Тоҷикистонба яке аз давлатҳои пешрафти ҷаҳон дар тамоми дунё шинохта шудааст.

Мирзораҳимзода А.К. доктори илмҳои биологӣ, Ноиби президент – Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон