Skip to main content

«Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем».

Эмомалӣ Раҳмон

00Бо шарофати Ваҳдати миллӣ бо такя ба хиради азалӣ, бо дарки томи масъулияти ватандорию хештаншиносӣмардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари оқилу дурандеш ва муътабари хеш Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳон устувортар намуд. Бунёди шоҳроҳу пулҳои азим, эҳёи «Кохи нур» ва барафрохтани шуълаҳои умедбахш, коштани донаҳои умеду сарсабзу хуррамгардонии диёр, баҳравар сохтани насли наврас аз нури маърифат самараҳои неки ин дастоварди таърихии миллати тоҷик – Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.

Имрӯз бархе аз кишварҳои ҷаҳон барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат талошҳои зиёде намуда, аммо ба он ноил намегарданд. Миллати сулҳофари тоҷик бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ тавонист, ба ин дастоварди гаронмоя – Ваҳдати миллӣсазовор шавад. Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва рушди ҳаёти осудаи мардум басо барҷаста аст. Барои таҳкими пояҳои давлатдории навини миллии мо – халқи тоҷик вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги таърихӣ – Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ ва меваи шаҳдбори он сулҳу суботи сартосариро гиромӣ дорем, эҳтиёт кунем, ояндабину дурандеш бошем, Ватани маҳбубамонро чун модари азизи худ дӯст дорем. Зеро сулҳи деринтизори халқи тоҷик миллати моро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз вартаи нестӣ раҳо карда, ба ояндаи босаодат расонд. Таҷрибаҳои таърихиву имрӯза собит менамоянд, ки муноқишаҳои хушунатбор ба нооромию беваҳдатӣ оварда мерасонад. Имрӯзҳо давлату миллатҳое ҳастанд, ки барои барқарор намудани фазои сулҳмеҳвар дар давлати хеш талош мекунанд, вале ба ваҳдату ҳамбастагии миллӣ расида наметавонанд. Дар давлатҳои дар ҳоли ҷангу рӯ ба муноқишаҳои дохилю хориҷӣ, ки ҳодисаҳои нангин ба монанди надоштани сулҳу субот, нооромиву нофаҳмӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар сокинони бегуноҳ, ба ҳаёти талх мубаддал гаштани рӯзгори занону модарон, фирор кардани шаҳрвандон ба дигар давлатҳо, гирифтори азобу машаққати гурӯҳҳои манфиатхоҳ бори дигар мо – миллати тоҷикро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, муттаҳид бошем ва суботи сиёсиро дар кишварамон боз ҳам устувортар гардонем. Зеро рушди ҷомеа, рӯзгори осуда ва умеду орзуи ҳар як шаҳрванд танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ метавонад, амалӣ шавад. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тиҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат ҳанӯз 27.06.2017 таъкид дошта буданд, ки: «Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣва таъмин намудани пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад, яъне ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад».

Бо такя ба таъкидҳои роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудан ба маврид аст, ки Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад ва бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандўсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои даврони соҳибистиқлолӣталош намояд. Маҳз, дар заминаи имкониятҳои фароҳамнамудаи ин дастоварди нодири тоҷикон – Ваҳдати миллӣ халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик рӯба бунёдкориву созандагӣниҳода, дар самти муаррифии таъриху тамаддуни волои худ ба ҷаҳониён шарафёб гашт. Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш миллати тоҷикро шарафёб кард, ки дар роҳи бунёдкориву созандагӣ гомҳои устувор гузорад. Татбиқи ҳадафҳои стратегии халқу давлати Тоҷикистон, пешрафту шукуфоӣ, ҳаёти осудаи мардум аз Ваҳдат аст.

Бояд гуфт, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши кишварҳои гуногуни олам, бахусус, кишварҳое, ки дар онҳо ҷангҳои дохилӣ ҷараён дорад, қарор гирифтааст. Дар ҳамоишу конфронсҳои байналхалқӣ сулҳи тоҷикон намунаи ибрат дониста мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27.06.2016 дар шаҳри Хоруғ таъкид карда буданд, ки: «Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт».

Маврид ба қайдаст, ки меҳвари рушди ҳаёти мардум ва пешрафту тараққиётро сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, поянда ва устувору ҷовидона нигоҳ доштани суботу оромиш ва ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини муқаддаси Тоҷикистон дониста мешавад.

Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар ватани маҳбубамон – Тоҷикистони сулҳмеҳвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаҳои мусоид муҳайё гардид. Ваҳдати миллӣ - чун қувваи иттиҳод барои халқу давлати мо муқаддасу гаронмоя аст. Ватанро сидқан дӯст доштан, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо овардан, эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ гузоштан, Ватанро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кардан ва барои пойдории Ваҳдати миллӣ саъю талош намудан вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордилу худогоҳи ин сарзамин – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, д.и.т., профессор