
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бебаҳое аст, ки субот, амният ва рушди устувори ҳар як давлатро таъмин мекунад. Барои миллати тоҷик, ки таърихи қадима ва фарҳанги бой дорад, ваҳдати миллӣ ҳамчун нерӯи созанда ва ҳифзгари сулҳ маънои умдаи зиндагӣ дорад.
Ваҳдат маънои муттаҳидии мардуми кишвар, эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва умед ба ояндаи беҳтарро дорад. Ин арзиш, махсусан барои миллати тоҷик, ки таърихи пурпечутоби сиёсӣ ва фарҳангӣ дорад, ҳамчун нишонаи умед ва роҳнамои зиндагӣ шуҷоатмандона арзёбӣ мешавад. Зеро мавфҳуми ваҳдати миллӣ худ маънои якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву бародарии тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллатҳоро дорад. Ин ваҳдат на танҳо дар забон, балки дар шуури мардум ва муносибатҳояшон ба давлат ва якдигар таҷассум меёбад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун мафҳум дар бар мегирад якдилии тамоми гуруҳҳои этникӣ, динӣ ва иҷтимоии кишвар. Ин якдилиро метавон дар шаклҳои гуногун — ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эҳсоси масъулият нисбат ба давлат ва миллат тасвир кард. Ваҳдат на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар зеҳн ва ҳиссиёти ҳар як шаҳрванд таҷассум мешавад.
Барои рушди ваҳдати миллӣ зарур аст, ки ҷомеа ба арзишҳои умумимиллӣ ва умумимаънавӣ ҳамчун пояи асосӣ эътимод дошта бошад. Ин арзишҳо, аз ҷумла сулҳ, меҳру муҳаббат, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва дӯстии байни миллатҳо мебошанд.
Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-ум аз ҷанги дохилӣ ранҷ кашид, ки ҳаёти мардумро вайрон кард. Вале бо талошҳои беандозаи мардуми кишвар ва раҳбарияти он, Созишномаи сулҳ соли 1997 ба имзо расид ва 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ таҷлил мешавад.
Имрӯз ваҳдати миллӣ пояи пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илм, маориф, фарҳанг ва иқтисод аст. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар фазои сулҳ ва бародарӣ зиндагӣ мекунад ва эҳтироми арзишҳои миллӣ кафолати суботи ҷомеа мебошад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳама одамон, новобаста аз миллат, дин ва ақидаҳои сиёсӣ, ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар доранд. Муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона ба якдигар заминаи зиндагии осоишта ва сулҳомезро фароҳам меорад. Ваҳдат на танҳо монеаи ихтилофҳо ва ихтилофпарастӣ мешавад, балки муҳаррик ва манбаи рушди ҷомеа мебошад.
Барои ҳифзи ваҳдати миллӣ лозим аст, ки ҳар як шахс худро ҷузъи ҷумҳурии ягона ва ватани худ ҳис кунад, ба якдигар эҳтиром гузорад ва ҷавононро ба рӯҳияи ваҳдат ва ифтихори миллӣ тарбия намояд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва онро барои наслҳои оянда ҳамчун мероси муқаддас гузорад. Ба ин тариқ мо метавонем ҷомеаи сулҳомез, мутамаддин ва пешрафтаро бунёд намоем, ки дар он ҳар як фарди миллат эҳтиром ва озодии худу ҳамдигарро эҳсос кунад.
Ваҳдати миллӣ на танҳо як шиор, балки роҳи зиндагӣ ва омили боэътимоди пешрафти миллат бошад. Мо бояд онро ҳифз карда, ба наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳо супорем.
Муалиф: Ходими илмии Шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳои Институти астрофизикаи АМИТ Аюбов Д.Қ.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Навид
06 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари корӣ ба Доншгоҳи Сукубаи Ҷопон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Нагата Кёсуке мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Донишгоҳи Сукуба бо таҳқиқоти байнисоҳавӣ, равишҳои инноватсионӣ ва ҳамкории фаъоли байналмилалӣ машҳур мебошад. Боиси хушнудист, ки Шумо анъанаҳои таҳсилоти пешрафта ва тадқиқотро бо таваҷҷӯҳи махсус вобаста ба мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ дастгирӣ менамоед.
Гуфта шуд, ки мо метавонем дар оянда ҳамкориҳои илмиро байни муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Сукуба дар самти илмҳои бунедӣ ва амалӣ аз ҷумла биология ва биотехнология густариш диҳем.
Ҳамзамон дар доираи ин ҳамкорӣ олимону муҳақиқони Институти ботаника, физиалогия ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонанд бо олимони Донишгоҳи Сукуба дар соҳаи биологияи экологӣ таҳқиқот гузаронад.
Ҳамчунин дар рафти мулоқот ба самти тадқиқотҳои кайҳонӣ таваҷҷуҳи хоса равона гардид. Зикр шуд, ки азбаски Донишгоҳи Сукуба бо Агентии тадқиқоти аэрокосмосии Ҷопон фаъолона ҳамкорӣ мекунад, олмону муҳақиқони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, метавонанд дар таҳияи технологияҳо барои таҳқиқи кайҳон, системаҳои моҳвораӣ ва омӯзиши иқлими Замин иштирок кунанд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки як аз самтҳои дигари ҳамкориҳои мо дар оянда ин дар самти физика ва химия, аз ҷумла тадқиқот дар соҳаи механикаи квантӣ, маводшиносӣ, нанотехнология ва фотоника хоҳад буд.
Дар доираи ин бояд озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи А С. У. Умароваи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо олимони Ҷопон дар соҳаҳои зерини физикаи атмосфера аз ҷумла, тадқиқоти атмосфера аз рӯи барномаи АЭРОНЕТ, интиқоли фаромарзии ифлосшавӣ дар атмосфера ва таъсири ифлосшавӣ ба сифати ҳаво, мушкилоти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, инчунин санҷиши лазерии атмосфера ба роҳ монанд.
Ҷонибҳо зимни суханронӣ ба масъалаи тадқиқот дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи хоса равона намуданд. Албатта Донишгоҳи Сукуба бо таҳияи алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ, маълумоти калон ва робототехника машғул мебошад. Донишгоҳи Сукуба инчунин дар соҳаи биниши компютерӣ, коркарди забони табиӣ ва системаҳои мустақил тадқиқот мегузаронад. Ҳамаи ин таваҷҷӯҳи зиёди илмиро ба вуҷуд меорад ва мо метавонем дар оянда олимони ҷавони худро барои омӯхтани таҷриба ба ин донишгоҳ ҷалб намоем.
06 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷопон аз Институти тиббии Ҷопон дидан намуданд.
Зимни бозид аз Институт ба Президенти Академияи миллии илмҳо иттилоъ дода шуд, ки Институти тиббии Ҷопон соли 2019 таъсис ёфта, илми ферментатсияи Ҷопонро барои беҳбуд бахшидан ба саломатии одамон дар саросари ҷаҳон омӯзонидани кор бо асбобҳои тиббӣ фаъолият менамояд.
Корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ дар Институти мазкур дар риштаҳои гуногуни соҳаи тибб пеш бурда шуда, ҷиҳати анҷоми таҳқиқотҳои илмӣ аспирантону унвонҷӯëн ва докторантон қабул карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти илмҳои тиббӣ имконияти қабули муҳаққиқони ҷавон ва олимони самти тиббӣ дар Институти мазкур мавҷуд буда, омодаи роҳандозии ҳамкории судманд мебошанд.
Ҳамчунин, дар навбати худ президенти Академияи миллии илмҳо изҳори назар намуданд, омода кардани кадрҳои иилмӣ дар самти илмҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосии банақша гирифта буда, талаботи омодакунии кадрҳои илмӣ дар ин самт бисëр мебошад.
Имрӯз (09.12.2024) дар асоси дастури президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷониби сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ рафти дарсҳои магистрантон мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Зимни санҷиш масъулин масъалаҳои мубрамро доир ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотии магистрантон, ки дар ҷаласа аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон садо доданд баррасӣ намуданд.
06 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари корӣ ба Доншгоҳи Васедаи Ҷопон ташриф оварда, бо декани факултети инжинерии донишгоҳ Йонеда ва профессор Ямамото Томоюки мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории илмии Тоҷикистону Ҷопон фаъолона рушд намуда, соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, технология, кишоварзӣ, экология ва таҳқиқоти тиббиро фаро мегирад. Дар робита ба ин мо тасмим дорем, ки самтҳои асосии ҳамкорӣ ва дурнамои ҳамкориро дар оянда дар соҳаи илм баррасӣ намоем.
Қайд гардид, ки мо бояд имконият фароҳам оварем то дар оянда байни олимони Донишгоҳи Васеда ва олимони Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ, инчунин Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳо вусъат ёфта, таҳқиқотҳои муштарак байни ҳам гузаронида шаванд.
Дар идомаи мулоқот таъкид шуд, ки китобхонаи Донишгоҳи Веседа дорои колексияи беназир мебошад. Ҳамзамон зимни суханронӣ ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориҳоро бо китобхонаи Маркази илмии ба номи И.Гандии АМИТ ва инчунин бо Маркази мероси хаттии АМИТ мавриди баррасӣ қарор доданд. Пас аз фароҳам овардани имконияти ҳамкорӣ олимон, аспирантҳо, докторантҳо ва магистрҳои мо таърихи Ҷопон, фарҳанг ва эҷодиёти адабии онро омӯхта манбаи донишу ҷаҳонбинии хешро васеъ мегардонанд.
Дар мулоқот ҷонбиҳо ҳамкориҳои худро дар самтҳои технология ва муҳандисӣ, лоиҳаҳо дар соҳаи инфрасохтор баррасӣ намуданд. Қайд гардид, ки азбаски Ҷопон дар як қатор лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва такмили системаҳои обтаъминкунӣ маблағгузорӣ иштирок мекунад. Дар доираи ин лоиҳаҳо мо метавонем масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва омӯзиши мутахассисони тоҷикро Дар Ҷопон баррасӣ намоем. Ҳамзамон дар самити амнияти сейсмикӣ, бо назардошти фаъолияти сейсмикии минтақа, мо метавонем дар таҳияи системаҳои мониторинг ва пешгирии оқибатҳои заминларзаҳо ҳамкорӣ кунем.
Дар идома аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қайд гардид, ки мо бояд дар самтҳои экология ва захираҳои табиӣ идоракунии захираҳои об ҳамкориҳоро дар оянда хуб ба роҳ монем.
Бо дарназардошти нақши калидии Тоҷикистон дар экосистемаи обии Осиеи Марказӣ, соҳаи муҳими ҳамкорӣ метавонад идоракунии захираҳои об бошад. Дар ин самт мо ба дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технология барои истифодаи самараноки об ниёз дорем қайд гардид дар фарҷоми мулоқот.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳи мазкур 2 нафар олимони ҷавон аз Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
КОНФРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ “ТАЪРИХНИГОРИИ ЭТНОЛОГИЯИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ ХХ - АВВАЛИ АСРИ ХХI
5 декабри соли 2024 бо ташабуси шуъбаи этнология ва антропологияи таърихии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Осорхонаи мардумшиносии ба номи М.С. Андреев Конфренсияи байналмилалии илмии “Таърихнигории этнологияи Тоҷикистон дар асри ХХ - аввали асри ХХI: нигоҳи нав ба мероси ниёгон” ва намоиши “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик" ба муносибати шомил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳангӣ ғайримоддии ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимаи миллӣ” баргузор гардид.
Дар конфренсия олимону муаррихони Институт ва дигар кишварҳо ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ин конференси асосан масоили таърихнигории этнологияи Тоҷикистон аз ҷониби маърӯзакунандагон баррасӣ гардид.
Санаи (06.12.2024) соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои Миллат” баргузор карда шуд.
Дар баргузории хониши сиёсӣ академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раисони ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – Каримзода Нилуфар, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф ва аъзоёни ҲХДТ – и АМИТ иштирок намуданд.
Нахуст ба кори ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ Қурбонова Ширин – доктори илмҳои таърих ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро барои ташрифашон хайрамақдам гуфт.
Ҳамзамон ҳозиринро ба муносибати ҷашни пуршукуҳи 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод намуда, аз китоби таълифнамудаи хеш бо номи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби сиёсии Пешвои Миллат” - аз таърихи таъсиси ҲХДТ ва талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва ба дастовардҳои назаррас ноил шуданамон ибрози ақида намуд.
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, корманди шоистаи Тоҷикистон – Мирзошоҳрух Асрорӣ оид ба дастовардҳои 30 – соли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба муваффақиятҳои беназир ноил шудан таҳти роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд.
05 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи сафари корӣ ба Ҷопон аз Институти миллии илмии маводшиносиии Сукуба дидан намуданд.
Дар Институти мазкур корҳои таҳқиқотҳои илмӣ ба самти ташхису таҳлили моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ равона гардидааст.
Зимни боздид қайд гардид, ки Институти мазкур яке аз бузургтарин муассисаҳои илмӣ дар самти маводшиносӣ дар Ҷопон ба шумор рафта, дар тобеъияташ якчанд лабораторияҳои омӯзишу таҳлил ва таҳқиқи самти кимиëи ғайриорганикиро дорад. Дар озмоишгоҳҳои мазкур имконияти хуби ба анҷом расонидани корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯëн мавҷуд мебошад.
Роҳбарияти Институти илмии маводшиносии Сукуба қайд намуданд, ки баъди ба тавсиб расидани шартномаи тарафайн имконияти васеи ҷалби муҳаққиқони тоҷик ҷиҳати омӯзиш ва иҷрои корҳои илмӣ дар ин муассиса пайдо мешавад. Дар охир ҷиҳати рушди минбаъдаи таҳқиқотҳои илмии тарафайн изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
04 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари кори ба шаҳри Акитаи Ҷопон аз мактаби миёнаи Сано дидан намуданд.
Дар рафти боздид иттилоъ дода шуд, ки мактаби миёнаи Санои шаҳри Акита давлатӣ буда, он 1 апрели соли 1953 тавассути муттаҳид кардани мактаби миёнаи наврасони Сиеваи шаҳри Акита расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар мактаби мазкур хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бояд гуфт, ки мактаби мазкур бо техникаву таҷҳизотҳои мутобиқ бо талаботи муосир таҷҳизотонида шуда, базаи модию техникии пурқувватро доро мебошад.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари ин муассиса мулоқот намуда, доир ба рушди соҳаи илму маориф суҳбат намуданд.