Skip to main content

13 январи соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҷалби роҳбарони сохторҳои гуногуни академия ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030- ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.

Таъкид гардид, ки гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия яке аз роҳҳои асосии расидан ба рушди иқтисодиёти давлатӣ ва пешрафт дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад.

Инчунин, дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030” – ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои амалисозии он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни ҷаласа масъалаи таҳкими заминаи моддиву техникӣ муассисаҳои илмӣ баррасӣ гардид. Бояд гуфт, ки муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ ва бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳаз намудани базаи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ яке аз масъалаҳое аст, ки зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, мо бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намуда, барои амалисозии ин дастуру супоришҳо тадбирҳои муҳим андешем.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузории Форуми олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани форуми мазкур ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.

Дар идома он нафароне, ки тибқи Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи номзадӣ ва докторияшон тасдиқ гардидааст аз ҷониби роҳбарият ба соҳибонашон супорида шуд.