Skip to main content

Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат интихоб гардида, албатта, нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки ҳамчун ифодакунандаи сиёсати мантиқии давлату ҳукумат ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, ки асоси онро солимии миллат, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дустӣ ва тарғиби идеяи миллати солим ташкил медиҳад, асос меёбад.

Имрӯз (22.06.2024) дар саҳни бинои асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба иҷрои ҷадвали баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим-руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст” олимони ҷавони АМИТ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор намуданд.

Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ гардонидани сиёсати давлатии ҷавонон ҳамеша омода буда, дар ин самт дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолияти назаррас нишон медиҳад.

Бояд қайд кард, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳри таъмини иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ҳар рӯзи шанбе мувофиқи нақшаи чорабиниҳои алоҳида оид ба баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ дар институтҳои назди АМИТ бо ҷалби олимони ҷавон ва роҳбарону масъулини институтҳо чунин чорабиниҳои варзиширо ба роҳ мондааст.

Раиси ШОҶ АМИТ Зиёев С.Н.