Skip to main content

25 июли соли равон дар толори маҷлисии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин ва нозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия Нуриддинзода Комрон.

Мутобиқи Нақшаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории суҳбату вохӯриҳо дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи дуюми соли 2024 бо кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурӣ доир намуданд.

Дар вохурӣ ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кормандони Раёсати АМИТ, директорон, муовинони директорон оид ба хоҷагидорӣ сармуҳосибони тамоми сохторҳои дар тобеияти академиябуда иштирок доштанд.

Нахуст ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён Қаюм ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои асосии ҳамоишро ба ҷамъомадагон фаҳмонида, масъулини баргузории ҳамоишро ба ҷамомадагон шинос намуда, ташрифашонро хайрамақдам намуд ва суханро ба ташрифоварандагон вогузор намуд.

Намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҷамъомадагонро аз қонуну қоидаҳо бохабар намуда, роҳҳои пешгирӣ аз хайфу хатар ва корҳои характери коррупсионидоштаро ба иштирокдорон фаҳмонида, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки ба чунин хатогиҳо роҳ надода, баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат ва мубориза бар зидди коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш ба харҷ диҳанд.