Башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.
Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанги даҳшатнок талафоти зиёде додааст. Беш аз 250 ҳазор нафар фиристодагони диёри мо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳои мубориза аз худ шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Зиёда аз 50 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шудаанд, ки қариб 60 нафари онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар дорандаи ордени «Шараф» мебошанд.
То охири муҳорибаи Москва фиристодагони Тоҷикистон қаҳрамониҳои зиёде нишон дода, зиёда аз 150-нафарашон ба ордену медалҳо сазовор гаштанд[1].
Дар ин ҷанг на танҳо мардон, балки занон низ саҳми бузург гузошта, бо матонату садоқати худ ба Ватан номашонро дар саҳифаҳои таърих сабт карданд. Занҳои тоҷик бо шуҷоату корнамоиҳои худ ҳам дар майдони набард ва ҳам дар ақибгоҳ намунаи олии ватандӯстӣ ва садоқат гардиданд.
Бо вуҷуди он ки дар ибтидо иштироки занон дар фронт ҳамчун ҷанговар зиёд маъмул набуд, ҳазорон занони шӯравӣ, аз ҷумла садҳо духтари тоҷик, бо хоҳиши худ ба артиш пайвастанд. Онҳо дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамчун ҳамшираи шафқат, мухобир, тирандоз ва сардори гурӯҳҳои тиббӣ фаъолона иштирок мекарданд. Мисли мардон, занон низ дар хатарноктарин хатҳои ҷангӣ қарор доштанд ва бисёре аз онҳо дар майдони ҷанг ҷон бохтанд[2].
Қаҳрамонию садоқати занони тоҷик дар солҳои ҷанг барои наслҳои имрӯз намунаи олии ватандӯстӣ мебошад. Ном ва корнамоиҳои онҳо дар осорхонаҳо, китобҳо, филмҳо ва осори адабӣ ҷовидона мондааст. Дар даврони сулҳ низ ин бонувони шуҷоъ бо фаъолияти ҷамъиятӣ, омӯзгорӣ ва хизмат дар соҳаҳои муҳими кишвар ба пешрафти Тоҷикистони шӯравӣ саҳм гузоштанд.
Корнамоиҳои занони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи пурифтихори таърихи халқи тоҷик мебошад. Онҳо бо ҷонфидоиву фидокорӣ нишон доданд, ки дар рӯзҳои сахту сангин метавон бо ирода, меҳру муҳаббат ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандӣ муқовимат нишон дод. Ёд ва номи ин қаҳрамонзанон то абад дар дилу хотири мардум боқӣ хоҳад монд.
Муҳаммадҷонова Ойгул соли 1921 дар деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Дар интернати деҳаи Ғусар хонда, барои идомаи таҳсил дар Хонаи бачагони шаҳри Панҷакент рафтааст. Дере нагузашта, хонаи бачагони шаҳри Панҷакентро мебанданд. 80 нафар дастпарварони онро ба Хуҷанд интиқол медиҳанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун халабонзан қаҳрамонона ҳалок шудааст.
Дар ин ҷо Ойгул факултаи кишоварзии омузишгоҳи касбӣ-техникиро хатм кард, баъд ба Академияи низомӣ ҳавоии Тошканд дохил шуд ва дар соли дуюми таҳсил аз он ҷо бо хоҳиши худ ба ҷабҳа рафт.
Ӯро дар шаҳри Смоленск бо командири эскадрон Василий Лапко шинос менамоянд. Командир ба Ойгул муҳимтарин қоидаҳои парвози ҷангиро меомӯзонад.
Маҳорати Муҳаммадҷонова нисбат ба синну солаш чунон баланд буд, ки рӯзномаи "Тоҷикистони Сурх" (ҳоло Ҷумҳурият) соли 1943 аввалин мақола бо номи "Лочиндухтари сарзамини тоҷик" дар бораи ӯ ба табъ мерасонад. (Спутник)
Дар бораи аввалин парвози ҷангии Муҳаммадҷонова командири гурӯҳи киштии ҳавоӣ В.Лапко моҳи октябри соли 1943 дар рӯзномаи "Коммунист Таджикистана" таҳти сарлавҳаи "Духтари сиёҳмӯй" чунин нақл кардааст: “Мо аз замини холӣ гузашта, муддате дар болои бешазори анбӯҳ парвоз кардем ва баъд ба хатти фронт расидем. Самолёте, ки онро Ойгул идора менамуд, дар звенои ман аз тарафи чап парвоз мекард. Ман ба парвози звенои худ, хусусан халаббондухтари навомада бодиққат назар мекардам. Вале, Ойгул самолётро олӣ идора мекард. Ӯ ягон бор аз саф набаромад, ягон дақиқа ҳам баландии парвозро вайрон накард”.
“Ҳавопаймоҳои мо дар як рӯз якчанд маротиба ба он ҷое, ки тӯпҳои гуногун хатти истеҳкомҳои душманро вайрон мекард, ба он ҷое, ки тӯдаи танкҳои мо барои дивизияҳои тирандозӣ роҳ мекушод, парвоз мекарданд. Дар ҳамин ҷо Ойгул аз имтиҳони ҷангӣ гузашт. Ӯ аз пулемёт моҳирона тирпаронӣ карда, як ҳавопаймои ҷангии душманро зада ғалтонд”[3].
Дар муборизаи аввал душман тирандози ҳавопаймои Ойгулро ҳалок кард ва худи қаҳрамондухтар аз китфаш захмӣ шуд. Вазъият аз сабаби нокомии идоракунӣ, ки қариб ба суқути ҳавопаймо сабаб шуд, бадтар шуд. Аммо Муҳаммадҷонова маҳорати беҳамто нишон дода, муяссар шуд, ки ҳавопайморо аз зери оташи душман бароварда, ба мавқеъҳои артиши Шӯравӣ расонд.
Ҳамин тавр, комсомол Ойгул аввалин парвози ҷангии худро анчом дод. Мувофиқи фармони командири полк старшина Ойгул Муҳаммадҷонова ба иҷрои вазифаҳои лейтенант Петроваи ҳалокгашта таъин шуда буд.
Муҳаммадҷонова 99 амалиёти ҷангӣ анҷом додааст ва дар яке аз набардҳои ҳавоӣ ҳавопаймои ӯ оташ гирифтааст. Ӯ ҳавопаймои оташгирифтаи худро ба анбори аслиҳаи немис равона карда, онро нобуд сохт, вале мутассифона дар ин набард қаҳрамонона ҳалок гардид[4].
Ойгул Муҳаммадҷонова дар солҳои ҷанг 300 адад амалиёти ҷангиро иҷро карда, дар яке аз амалиёт даргузашт. Ӯ ягона зани тоҷик аст, ки дар замони ҷанг бо ордени Ленин мукофотонида шудааст
Ба хотири абадӣ гардонидани хотираи Ойгул Муҳаммадҷонова нимпайкараи ӯ дар шаҳри Панҷакент гузошта шуда, яке аз кӯчаҳои шаҳр ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.
Ин аст он чизе ки мо дар бораи Ойгул медонем. Ходими калони илмии Институти таърихи Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон Л.П.Сечкина чанд бор дар матбуот баромад карда, дар бораи ёфтани нақшаи гумшудаи ҳаёти ӯ ба меҳнаткашони ҷумҳурӣ муроҷиат намуд. Дар ин бора дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” низ мақола чоп шуда буд. Асрҳо мегузаранд, вале халқи мо ҳамаи он ҷанговарон, аз ҷумла занони муборизеро, ки дар талоши бахти мо қурбон шудаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Номи накӯи лётчикдухтари қаҳрамон Ойгул Муҳаммадҷонова ҳам бояд дар саҳифаи таърих абадӣ навишта шавад [5].
Чунончӣ шоире дар бораи ӯ шеър эҷод кардааст:
Ту дар майдони ҷанг диловарона ҷангидӣ
Лётчикдухтари маҳбуби кишвари кӯҳӣ.
Ту дар фазои оташ аз уқоб далертар
Киштии пӯлодини худро бар сари фашистон рондӣ [6].
https://tg.org/wiki/%D2%B6%. Санаи муиолиа 15.04.2025.
Бахтиёр Самиъзода. Мақола 09.05.2023. https://oila.tj/.../aramonioi-toikistonien-dar-angi.... Санаи мутолиа 15.04.2025.
Неъматуллоева М. Ҳ. Корнамоии Ойгул Муҳаммадҷонова дар солҳои ҷанги бузурги ватанӣ. Муаррих. Саҳ 125-130.
https://sputnik.tj/.../khalabon-afsari-ittilooti.... Санаи мутолиа 01.05.2025
Занони Тоҷикистон Лочиндухтар. 1965, №1-12, №5 (297)
Турсунов А., Лагунов К., Исломов Ю. Материалҳо оид ба таърихи Комсомоли Тоҷикистон.-1957, саҳ.124.
Убайдулло Убайдуллоев - корманди МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”