Бо фаро расидани Истиқлолият ва забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ масъалаи забон аҳамияти хоса пайдо кард ва ба ҳадде мубрам гардид, ки онро метавон яке аз падидаҳои муҳимми шуури миллӣ ва афкори ҷамъиятии ин солҳо номид.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз таърихи башарӣ бармеояд, ки арзишмандтарин муқаддасот барои миллат дар радифи истиқлолу озодӣ, забон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти хоссааш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро сарчашмаи ҳастии миллат номидааст. Воқеан, дар ҳама давру замон ягона нишонаи инъикосгари миллату халқиятҳо забон мебошад. Вақте ба таърихи миллатҳо назар меафканем маълум мегардад, ки маҳз забон дар равандҳои тақдирсозу мураккаб кафолати мавҷудияти миллатро дар навбати аввал таъмин намудааст. Дар робита ба ин бояд тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ ҳамчун куҳантанрин забон дар минтақа дар тамоми марҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ барои миллати мо нақши сипарро иҷро намудааст. Ин забони тамаддунофар тавассути чеҳраҳои мондагори миллат, ки бо хираду ҷаҳонбинии хеш ба фарҳанги башарӣ саҳм гузоштаанд, то имрӯз моро ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунсолор муаррифӣ намудаистодааст.
Дар ин радиф забон яке аз воситаҳои муҳимтарини инъикоси таърихи пуршебу фарози миллат маҳсуб ёфта, чун оина роҳи сипарикардаи ниёкони моро инъикос менамояд. Таҷрибаи давлатдории ниёкони тоҷикон мо нишон медиҳад, ки аксар сарварони сиёсӣ талош менамуданд, ки ҷиҳати таҳкими аркони давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсурҳои забонӣ истифода намоянд. Чун ба таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ назар меафканем маълум мегардад, ки ниёкони мо ҷиҳати рушду равнақ ва мақоми устуворро касб кардани забони модарӣ чи талошҳое накардаанд. Наъустин маротиба аҷдоди тоҷикон дар аҳди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён таҳти роҳбарии Куруши Кабир (550–529 т.м.) ва пасон дар замони ҳукумати Кушониён таҳти роҳбарии Канишкаи Кабир забони қадимаи форсӣ-тоҷикиро ба сифати забони расмӣ коргузорӣ қабул намуданд. Бояд гуфт, ки унсури марказии тамаддуни аҷдодии моро дар замони сулолаҳои ҳукумрони Варорӯд, Хуросон ва Эрон забон ташкил медод, ки он решаи забони имрӯзаи тоҷикӣ маҳсуб меёфт. Аз замони ҳукумати Ҳахоманишиҳо сангнавиштаҳое то имрӯз боқӣ мондаанд, ки инъикосгари арҷгузорӣ ба забони модарии худ буд. Ба ин мисол шуда метавонад катибаҳои «Бесутун», «Куруши Кабир» ва «Эъломияи ҳуқуқи инсони Куруши Кабир», ки ба забони қадими форсӣ-тоҷикӣ ҳакокӣ шудаанд.
Бо ташаббуси сиёсати фарҳангпарваронаи сулолаҳои ориёитабор минбаъд забони форсӣ-тоҷикии миёна мавқеи назаррасро соҳиб гардид. Дар аҳди ҳукумати Ашкониён ва Сосониён аз шарқи Чин то Осиёи Хурд ва аз Қафқоз то соҳили Уқёнуси Ҳинд забони форсии миёна чун забони расмӣ ва илму фарҳанг эътироф шуда буд. Забони форсии миёна дар муносибатҳои тиҷоратӣ дар заминаи шоҳроҳи Бузурги Абрешим ва дар муносибатҳои дипломатӣ нақши аввалиндараҷаро касб карда буд, ки аз ҳашомати сиёсати фарҳангпарваронаи шоҳаншоҳони Сосониён хабар медод. Ёдгориҳои нодири хаттӣ аз ҷумла «Дарахти асурик», «Ёдгории Заррирон», «Худойнома» ва амсоли инҳо аз ҷойгоҳи устувори забони форсии миёна хабар медиҳад.
Баъди инқирози ҳукумати сулолаҳои маҳаллӣ ва забт кардани минтақа аз ҷониби арабҳо муддате забони арабӣ маъмул буд, вале заминаи устувори забони тоҷикӣ, ки забони илму адаб ва тиҷорат буд, боис гардид, ки аз нав эҳё шавад. Тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абубакри Наршахӣ амирони арабтабори Хуросон маҷбур шуданд, ки баъзе аз сураҳои китоби муқаддаси дини Ислом «Қуръон»-ро дар солҳои 740-742 ба забони тоҷикӣ тарҷума намоянд. Ҳарчанд муддате забони арабӣ дар доираҳои илмӣ ва адабӣ маъмул буд, вале дар аҳди сулолаи Саффориён, махсусан замони ҳукумронии Яъқуб ибни Лайс забони тоҷикӣ аз нав эҳё шуда, ба сифати забони расмӣ-коргузорӣ қабул гардид. Шоҳи арҷгузор ба арзишҳои миллӣ – Яъқуби ибни Лайс чунин гуфта буд: «Чизе, ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфтан?».
Қудрату тавоноӣ ва рақобатпазирии забони тоҷикиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бо тафсил иброз намудаанд: «Вақте ки забони арабӣ ҳампойи футуҳот ва густариши ислом дар як қисми бузурги ҷаҳон фотеҳона қадам зада, забони бисёр давлатҳои муқтадири дунёи қадим, ба монанди забони маҳаллии Испания, лаҳҷаҳои романии Ситсилия, забонҳои барбарии соҳилҳои Африқои Шимолӣ, забони қибтии Миср, забон ва гӯйишҳои оромии Сурия, Фаластин, Ироқ ва ғайраро аз феҳристи забонҳои ҷаҳон нобуд мекард, муҳим он аст, ки забонҳои дар ҳоли ташаккул ва ҳатто бехати эронии мардуми Хуросону Мовароуннаҳрро фурӯ бурда натавонист. Ба иборати дигар, дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем».
Дар муқобили фарҳангу забони арабӣ аксар забонҳои қисми шимолии Африқо ва Шарқи Наздик аз байн рафтанд. Айни замон бо сабаби аз даст додани рукни муҳимми миллат, яъне забони модарӣ ин халқҳо дар Миср, Либия, Ироқ, Марокаш ва Сурия, араб номида мешаванд. Маҳз забони тоҷикӣ дар муқобили чунин як раванди бисёр таъсирпазир ҳастии худро аз даст надод, ки ин аз амалӣ гардидани рисолати бузурги соҳибони он хабар медиҳад.
Наҳзати фикрии шуубия, ки дар саргаҳи он мутаффакирони барҷастаи тоҷик бо ашъору эҷодиёти худ меистоданд, бо мақсади ҳифзи фарҳанги миллӣ ва забони миллат ба амал омад. Дар заминаи хидматҳои намояндагони мактаби шуубия забони тоҷикӣ мақомашро устувор намуд. Яке аз марҳалаҳои «тиллои»-и рушди забони тоҷикӣ ва устувор гардидани ҷойгоҳи он ба аҳди ҳукумронии нахустин давлати миллии тоҷикон Сомониён рост меояд. Амирони сомонӣ дар радифи арҷ гузоштан ба аркони исломӣ, ҳамчунин ба унсурҳои фарҳанги миллӣ ва эҳёи онҳо диққат медоданд. Ҳамин буд, ки бузургтарин пешвоёни забон ва адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо маъруфтарин осори илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд.
Пас аз инқирози ҳукумати Сомониён дар манотиқи Мовароуннаҳру Хуросон ҳарчанд сулолаҳои тоҷиктабор аз истиқлоли сиёсӣ муддате маҳрум гардиданд, вале истиқлоли фарҳангии онҳо пойбарҷо буд. Фаъолияти барҷастаи олимон ва шуарои тоҷик дар асрҳои минбаъда боис шуд, ки забони тоҷикӣ чун забони расмӣ ва илму адаб аз ҷониби сулолаҳои дигар қабул гардад. Дар аҳди Ғазнавиён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён, Манғетиҳо, ки дар сарзамини тоҷикон ҳукумат доштанд, забони тоҷикӣ дар натиҷаи талоши абармадони илму ирфон ба монанди Абулфазли Байҳақӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хаём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва даҳҳо тан аз дигар мутафаккирон ба сифати забони давлатӣ қабул шуд.
Муддати асрҳои вопасини начандон мусоид ва гоҳе ниҳоят фоҷиабор соҳибони ин забон яке аз ғанитарин адабиёт, шеър ва тулонитарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро офариданд. Аз лиҳози миқдор, рангорангии мавзуъ, вусъати андеша, матлаби ҳакимона ва ғайра низ он дар дунё камназир аст.
Новобаста аз он ки сиёсати баъзе аз ҳокимони асрҳои охир боиси тақсими қаламрави паҳновари интишори забони тоҷикӣ шуданду миёни ҳамзабонон бо сабабҳои мухталиф ҷудоӣ андохтанд ва ё мамониату маҳдудиятҳое дар роҳи такомули забон эҷод намуданд, вале онро нобуд ва ё дигаргун сохта натавонистанд.
Бояд гуфт, ки дар ибтидои асри ХХ баъди 1000-соли ба сифати забони давлатӣ амал кардани забони тоҷикӣ аз боиси таъсири идеологияҳои зиддитоҷикӣ, махсусан пантуркизм муддате забони тоҷикӣ мақоми худро аз даст дод. Дар замони ҳукумати шуравӣ низ мавқеи забони тоҷикӣ то ҷое коста гардид, вале талошу эҷодиёти зиёиёни арҷгузор ба фарҳангу забони миллат боис шуд, ки соли 1989 забони тоҷикӣ ба сифати забони расмӣ қабул гардад.
Истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки дар заминаи соҳибихтиёрии миллӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад. Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ чун яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Пешвои миллат забонро чун кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллат як қатор ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро дар амал татбиқ намуданд. Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои хеш забони моро муаррифӣ намуда, онро ба забон сулҳу субот ва ба ҳам овардани мардумони ҷаҳон мубаддал гардонидаистодааст.
Дар айни замон миллати куҳанбунёди тоҷикро зарур аст, ки дар пайравӣ аз ниёкони хеш ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба ин арзиши миллӣ арҷ гузошта, онро ҳифз намояд. Ҳифзи забон кафолати мондагории миллат аст. Зарур аст, ки забони тоҷикиро чун восиати аз худ кардани забонҳои хориҷӣ истифода намуд. Дар ҳоле, ки мо забони хешро ба сатҳи лозима намедонем ҳеҷ гоҳ дар роҳи омӯзиши забони дигар муваффақ намешавем. Қишри зиёии ҷомеаро низ зарур аст, ки тавассути осори хеш ва таълифи он бо забони ноби тоҷикӣ дар устувор гардидани забони миллат саҳмгузор бошанд. Дар сатҳи оилаҳо низ зарур аст, ки бо забони ноби тоҷикӣ муколама кард. Мутаассифона имрӯзҳо мо мушоҳида менамоем, ки баъзан дар дохили оилаҳо ба ин арзиши миллӣ арҷ гузошта намешавад ва бо забони дигаре муколама менамоянд, ки чунин ҳолат паёмади манфӣ дорад. Зарур аст, ки дар дохили оила бо насли наврас ба забони ноби модарӣ ҳарф заду муҳиммияти арҷ гузоштан ба ин унсури меҳварии миллатро шарҳу тавзеҳ дод. Фарзанди тоҷик аз оила бояд ба ҷомеа бо забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ ворид шавад. Дар раванди бунёди давлатдории миллӣ яке аз шартҳои асосӣ ва меҳварӣ ҳифзу гиромидошти забони миллӣ маҳсуб меёбад.
Хушвахтзода Қ.Х. – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ