“Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.”
Эмомалӣ РАҲМОН
Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ, ҳамзамон барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқҳои сокини кишварамон низ тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд. Зеро забон сарчашма, калиди ҳамаи дастовардҳо ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар руҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад.
Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад ва инчунин робитаҳоро тақвият мебахшад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.
Бояд қайд кард, ки феълан дар кишвари мо дар баробари тоҷикон ҳамзамон намояндагони дигар халқу кишварҳои олам, аз ҷумла, русҳо, арманиҳо, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, бошқирдҳо ва дигарон низ зиндагонӣ мекунанд. Бинобар ин аз ҷониби Роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои сокини кишвар заминаҳои муҳимми ҳуқуқӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои пурмуҳтавои худ марбут ба масоили гиромидошти забони аҷдодиамон аз ҷумла чунин гуфта буданд “Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсолаи худро маҳфуз доштаанд”.
Дар кишвари азизи мо ҳамаи ақаллиятҳои забонӣ барои рушду инкишофи забони модарии хеш тамоми имкониятҳоро доранд. Онҳо низ дар пешрафти забони адабии давлатӣ саҳми худро мегузоранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳала ба марҳалаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуд.
Ҳамин тариқ баъдан рӯзи 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав аксар масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуданд, ниҳоятан мавқуи зарурии худро пайдо карданд.
Ҳамин тариқ, зарурати иҷтимоии ҳар як забони миллӣ на танҳо дар рушду нумӯи таърихи ин миллат, балки ҳамзамон дар хусусияти истифодаи амалии он низ бозтоб мешавад. Зеро забони миллӣ - сарвати бебаҳои миллат буда, ҳамчун воситаи тавоною пурқудрати муоширати байни одамон хидмат мекунад ва инчунин имкон фароҳам меорад, ки маълумоти зарурӣ перомуни натоиҷи дар раванди бунёдкоронаву созанда ва зеҳниву ақлонӣ омӯхтаву андӯхтаи инсоният захира, нигаҳдорӣ ва аз насл ба насл интиқол дода шавад.
Дар воқеъ, таъкиди Пешвои муаззами миллат маҳз бар ҳамин мабност, ки аз ҷумла чунин зикр кардаанд: “Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад. Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқлол, Ватан, Модар ва фарҳанг, аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем. Забон инчунин воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Яъне, бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст”.
Хулоса, ҳифзу гиромидошти забони ноби тоҷикӣ ва ҳамзамон эҳтиром гузоштан ба он вазифаи ҷонии ҳар кадоми мо соҳибзабонон ба шумор меравад.
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо.
Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед!
Баҳромов Илҳом, - сармутахассиси бахши ҳуқуқ ва матбуоти Раёсати АМИТ