Skip to main content

“Имрӯз терроризм ва экстеремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён овардааст”

Эмомалӣ РАҲМОН

Мусаллам аст, ки маҳз солҳои охир дар кишварҳои мутараққии олам аз қабили Аврупо, Федератсияи Россия, Ховари Миёна, қитъаи Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо мудом амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайваста истодаанд, ки ҳоҷат ба баён кардани онҳо нест. Чунки доираву ҷуғрофияи ин гуна амалҳои нопоку палидона ва бераҳмонаи террористӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди афкору ақоид ва тамаддунҳо торафт фарохтар мешаванд, ки аз ҷониби дигар боиси нигаронист.

Аз ин лиҳоз, лозим ба таъкиди махсус аст, ки терроризм ва экстеремизм умуман гирем ягон дину мазҳаби мушаххас, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надоранд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишварамон ироа намуда буданд, ки “Терроризм ва экстеремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм ҳамеша собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ оид ба масоили бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва инчунин ниҳодии фаъолшавии ба онҳо равонашударо тақозо менамояд.

Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муборизаи дастаҷамъонаи худро алайҳи ин гуна падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумлаи терроризм ва экстремизм ҳамчун вазифаи муҳиммтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ҳамеша саъю талош меварзад.

Асоси ҳуқуқии ин самти фаъолиятро дар кишвари мо уҳдадориҳои байналмилалии он, аз ҷумла Конститутсия, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва инчунин қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», бар замми ин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти пурзӯр намудани муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тасдиқ гардиданд, аз ҷумла, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм», «Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)», Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ва ғайраҳои дигар ташкил медиҳанд.

Ҳадафи асосӣ аз қабул ва таҳияи ин ҳуҷҷатҳои зарурӣ пеш аз ҳама пурзӯр намудани мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияту осоиштагии сокинони мамлакат ва инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва ташаккул додани фарҳанги волои сиёсии ҷомеа ва таъмини сулҳу суботу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, риояи рафтору кирдори қонунии шаҳрвандон ва ба ин васила пешгирӣ намудани рӯҳияи тундгароӣ мебошад.

Аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба ҳамагон таъкид намуданд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозанд, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Аслан гирем, баромади истилоҳи экстремизм аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои асосиаш ифротгароӣ, зиёдаравӣ, тундравӣ, мухолиф будан, ақидаи носолим ва инчунин афкору андешаҳои нопок ва даст задан ба амалҳои тундравона, аз андоза зиёдтар гузаштанро ифода менамояд.

Вожаи терроризм бошад, решааш аз калимаи лотинии «tеrrоr» сарчашма гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Зеро аксарияти террористони зархарид ва кӯтоҳандешу бехирад мехоҳанд, ки ягона мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ва ғасбу ғоратгарӣ ва ҳамзамон даст задан ба аъмоли номатлуб амалӣ созанд.Мақсади асосии террор кардан ин маънои аҳли осоиштаи ҷомеаро ба ҳолати тарсу даҳшат ва яъсу рӯҳафтодагию ноумедӣ ва дилмондагӣ афкандан аст.

Аз ҷониби дигар, терроризм ва экстеремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва аз ҳама хавфноктарин ва басо ҳам душвори пешбинишавандаи ҷаҳони муосир маҳсуб меёбанд, ки боиси ташвиши ҷомеа гардида истодаанд.

Алишер Раҳимзода, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Назрублоев Н.Н. котиби илмии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон