Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

12Дар ҳақиқат имрӯз соҳаи илм дар кишвар аз рӯи натиҷаҳои илми ҳозиразамон дар сатҳи зарӯрӣбаҳогузорӣ нашудааст. Зарурияти он омадааст, ки пешрафти илми тоҷикро баҳогузорӣ бояд намуд.

Рӯзи 30-май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.

Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

Муҳтарам Ҷаноби олӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Тавре дар Паёми навбатӣ таъкид карда будам, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давраба давра баланд бардоштем, зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонад ҳастии баланди саводнокӣ маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чи гуна тараққӣ карда истодаанд. Ҳоло истифодаи “зеҳни сунъӣ” дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Мисол мегирем телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳое, ки ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд.

Шумо хуб медоненд, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-уми асри ХХ на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод. Дар бораи корҳои тайи беш аз сӣ сол амалинамудаи Ҳукумати мамлакат мехоҳам баъзе рақамҳоро, такрор шавад ҳам, хотиррасон намоям.

Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин донишгоҳу донишкада, бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне, ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст.

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст.

Чунон ки болотар зикр гардид, маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-юм ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонда шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд. Аз моҳи июл дар борабари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад.

Бо вуҷуди ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати Стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расондани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.

Мо ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистонро таъсис додаем. Ба замми ин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Ҳоло даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд.

Ҳамаи тадбирҳои зикргардида далели ғамхориву дастгирии давлатӣ нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло ба дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодаанд.

Ҳоло дар кишвар 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамояд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм, фаъолият мекарданд. Яъне, дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар зиёд гардидааст. Таъкид месозам, ки ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.

Дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест.

Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърихва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем. Бо дарназардошти чунин вазъ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем.

Имрӯз вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд.”

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм эрод гирифтанд дар ҳақиқат дуруст аст.

Дар тайёр кардани мутахассисони варзида Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро зарур аст, ки мутахссисони биологияи молекулиявӣ, генетика, селексия, биотехнология, экология, вирусология, иммунология, генетикаи табииро дар давлатҳои Россия, Пекин, Беларусия ва ғайра дар асоси шартномаи дутарафа омода намоянд. Имрӯз мушкилоти вазнин дар институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ таъмин намудан бо маводҳои кимиёвӣ ва лавозимотҳои ҳозиразамон ҷой дорад, ки ин ба рушди илми тоҷик таъсир мерасонад.

Зарурияти он омадааст, ки дар доираи ҳамкориҳои илмӣ барои таъмини лавозимотҳои ҳозиразамон ва маводҳои кимиёвиро барои харидорӣ ва кумакҳои башардӯстона ба роҳ монда шавад. Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи таҷҳизотҳои тиббӣ дар тамоми соҳаҳои тандурустӣ дар сатҳи баланд харидорӣ шудааст. Ин ба пешрафти илми тиб бисёр аҳамияти калон медиҳад. Хело хуб мешуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо давлатҳои сатҳи илми дақиқашон пешрафта оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ин корҳоро ба роҳ монда, то ин ки сатҳи илми биологияро дар сатҳи ҷаҳонӣ бардорем.

Шукрона ба ҳамаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мекунем, ки барои дар сатҳи баланд бардоштани илми тоҷик ҷоизаҳои беҳтарин: Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи ПрезидентиТоҷикистон дар соҳаи маориф, Ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, Ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон барои олимони тоҷик пешбинӣ шудааст.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки олимони АМИТ аз ин вохурӣ бо Пешвои Муаззами миллат таассуроти калон бардошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар он камбудиву норасоие, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар баромадашон ироа гашт, дар самти пешбурди илми тоҷик сари вақт бартараф намуда, баҳри пешрафти илми тоҷик ба дастовардҳо ноил хоҳанд гашт.

Мирзораҳимзода А.К. доктори илмҳои биологӣ, ноиби президент – Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Воқеан ҳам имрӯзҳо дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа шароити зарурӣ муҳайё гардида, ин сиёсат ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, Тоҷикистон аввалин давлатҳое дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки баробарии зану мардро дар сатҳи Конститутсияи давлат эътироф намудааст.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшан ба назар мерасид. Дар ин раванд дар мамлакат даҳҳо тадбирҳое амалӣ гардиданд, ки ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва мақоми занро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян намуд. Махсусан, бо мақсади таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як қатор қонуну қарорҳои дахлдор қабул гардид. Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат мебошад.

Хусусан, дар ин давра ҷиҳати омӯзиш, соҳибилм ва соҳибкасб намудани занон тадбирҳои зиёд андешида шуд, ки мақоми бонуи тоҷикро дар рушди илму маориф баланд намуд. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 23 -юми декабри соли 2022 иброз доштанд, ки “Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд. Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шумораи ҳарчӣ бештари ҷавондухтарон, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувон квотаҳои президентӣ ҷудо гардид. Аз ибтидои таъсис додани квотаҳои Президентӣ то соли хониши 2019-2020 зиёда аз 11000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа муваффақона фаъолият карда истодаанд. Аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат машғули таҳсил мебошанд, 12300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҳадафи ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиати занон, иштироки онҳо дар рушди ҷомеа ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣва фарҳангӣ, тарбия намудани ҷавонондухтарон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, дастгирӣкардани худмуайянкунии ҷамъиятӣ ва худташаккулёбии насли ҷавон мебошад. Маҳз самараи чунин сиёсат буд, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти қонунгузор, судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.

Албатта, занони соҳибмаърифату соҳибкасб метавонанд дар ҳаёти ҷомеа фаъол бошанд. Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун шуда истодааст. Бояд гуфт, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа занон имрӯз дар рушди илми ватанӣ саҳми назараси худро мегузоранд. Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар бахшҳои гуногуни илми кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ занон дар рушди илмҳои гуногуни бунёдию ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд. Аз шумораи умумии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 721 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 30 доктори илм ва 104 номзади илм мебошад. Аз ҷумла олимаҳои АМИТ, академики АМИТ Яқубова М., узви вобастаи АМИТ Мансурӣ Д., узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Г., докторони илмҳои фалсафа - Усмонова З.М., Хидирзода М.У., Маҳмадова М., Содиқӣ Н.Н., Маҳмадҷонова М.Т, номзадони илм - Муродова Т., Сайҷафарова П.Ш., Насурова Б., дар соҳаи илмҳои таърих - Додхудоева Л., Воҳидова С., Қобилова Б., дар бахши илмҳои филологӣ – Шарифзода Ф.Х., Умарова Ш. ва даҳҳо нафари дигарро метавон ном бурд, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.

Хулоса,шароити соҳибистиқлолӣ ба мақоми зан ва боло бурдани мавқеи ӯ дар ҷомеа заминаи боэътимод гузошт. Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки занон дар пешрафт ва такомули ҳамаи соҳаҳо, махсусан, дар самти илм ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Имрӯз дар симои занон миллати тоҷик олимаҳои муваффақро мешиносад. Занҳои тоҷик дар пешбурди сиёсати дохилию хориҷии кишвар саҳмгузор буда, минбаъд низ барои таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи худро хоҳанд гузошт.

Фазилат Саидова - номзади илмҳои сиёсӣ, ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Минтақаи Осиё ва арзишу масоили мубрами он аз диду назари донишмандони ҷаҳон ба хусус адиби шинохта Мирзо Турсунзода бо зикри санадҳои таърихӣва сафарҳои илмиву адабӣ бештар Осиёи Ҷанубӣ хусусан Покистону Ҳиндустонро мавриди баррасии хос қарор дода, хело хуб баён кардааст, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ховари Миёна ва уқёнуси Ҳинд пайвандӣ дорад. Минтақа шомили Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдиф, Непал, Покистон ва Шриланка буда, 21 фоизи аҳолии дунёро ташкил медиҳад.

Кишварҳо бо доштани афкору андешҳои гуногун ва шароити иҷтимоию сиёсии хос, интихоботҳоро чун воситаи лозиму малзум дар раванди демократии ҷомеа, ислоҳоти иҷтимоӣ ва кушодани роҳҳои муносибу мусбат муҳим мешуморанд. Зеро маҳз тавассути интихобот иродаи дастаҷамъии мардум ифода меёбад ва ҳамин ифода барои ҳамбастагӣ, муттаҳидӣ ва ислоҳоти шароити иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, ҳамчун манбаи бунёдӣ нақш мебозанд.

Суботи минтақавии Осиёи Ҷанубӣ заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро афзоиш дода, зиндагии мардумро беҳтар хоҳад гардонид. Кишварҳои мазкурузви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид буда, дар аксари барномаҳои иқтисодӣ ва мадании он саҳми чашмрас доранд. Созмони ҳамкории минтақавии бо номи Созишномаи Ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (SAARC) низ аз муҳимтарин ниҳод ба назар мерасад , чун пайвандгар бар асоси рушд ва нумуи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин манотиқ маҳсуб меёбад. Ҳамин тариқ, интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё CASA-1000 ва интиқоли лулаи газ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё TАPI (Туркманистан, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) низ аз созмонҳои муҳими иқтисодианд, ки дар рушд ва тиҷорати минтақавӣ кумак мерасонанд.

Минтақа аз манотиқи муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад, ки кишварҳои бо иқтидори минтақавӣ аз ҷумла ҲиндустонуПокистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муштаракона бо ҳам ҳамкорӣ доранд. Тибқи санадҳо робитаи Шибҳи Қораи Ҳинд бо Осиёи Марказӣба асри III пеш аз милод рост омада, ҳарду ба воситаи Роҳи Абрешим, ки на танҳо шоҳроҳи воситаи ҳамлу нақли мол хидмат мекард, балки ба нашру таблиғи андешаву ақидаҳои фалсафӣ, динӣ ва тафаккурро мусоидат менамуд, пайванди қадимӣ доранд. Ба андешаи донишманд ва адабиётшинос, собиқ ходими намоёни Институти Осиё ва Аврупо ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шодравон Мирзо Муллоаҳмад равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ҳинд дорои таъриху суннатҳои бою бостонӣ буда, решаи онҳо ба давраҳои хеле қадим мерасад. Роҳи абрешим, ки аз Осиёи Миёна ва Ҳинд мегузашт, ҳам ба инкишофи муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар ва ҳам ба ривоҷи робитаҳои фарҳангии байни онҳо мусоидат мекард.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият тавонист ҳамкориҳои худро бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хуб роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногун созишномаҳо дорад. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон”, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Моди дар шакли видеоӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти Тоҷикистон, зимни ёдоварӣ аз таҷрибаи хуби ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО, муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” муҳим шуморид.

Дар ин зимн, олимон ва коршиносону ходимони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ аз ҷумла, профессор Ҳабибулло Раҷабов, Турсунов Турсунмурод, Раҳмонов Мирсаид ва дигарон пайванду рушди равобити забону адаб, фарҳангу сайёҳат ва тиҷоративу иқтисодро бо Ҳиндустону Покистон хело муҳим медонанд. Зеро ин манотиқ беш аз 500 сол пайванди забону фарҳангу таърих ва лоиҳаҳои иқтисодии муштарак доштанду то ба имрӯз онро рушд дода истодаанд.

Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо қайд менамояд, ки робитаҳои мутақобилаи халқҳои тоҷику ҳинд таърихи тӯлонӣ дошта, дар гузашта робитаҳои ин халқҳои решапайванд дар доираи давлатҳои гуногун сурат мегирифт. Ба андешаи ӯ Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар зарфи беш аз 30 соли гузашта ҳамкорӣ ва иҷрои барномаҳои зиёди муштаракро имтиҳон ва озмоиш намуданд. Ин ҳамкориҳо, аз кумаки Ҳиндустон ба бахши омӯзишу парвариш, нигаҳдории тандурустӣ, ворид намудани фановариҳои муосир оғоз шуда, сармоягузориҳои мустақимро низ дар бар мегирад.

Собиқ сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов дар навбати худ қайд менамояд, ки тиҷорати байни ду кишвар дар солҳои сипарӣ шуда 23,8 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, маҳсулоти асосӣ аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон доруворӣ, матоъ ва сару либос ва аз Тоҷикистон ба Ҳиндустон хӯлаҳои алюминий ва дигар маъданҳои минералӣ мебошад. Ба иттилои ӯ сармояи умумии Ҳиндустон дар иқтисодиёти Тоҷикистон 47,4 млн долларро ташкил додааст, ки аз он 24,4 млн сармояи мустақим мебошад. Дар дигар соҳаҳо – илм, фарҳанг, мудофиа ва ғайраҳо муносибатҳо дарсатҳи хуб қарор доранд. Аз ҷумла, байни идораҳои хориҷии ду кишвар машваратҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, ки ҳар сол гузаронида мешаванд. Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм низ байни ду кишвар фаъол мебошад.

Профессор Турсунов Турсунмурод дар мақолаи худ зери унвони “Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон” қайд намудааст, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари аграриву саноатии Ҳиндустон дорои аҳаммияти калон мебошад. Зеро Ҷумҳурии Ҳиндустон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои саноати пешрафта буда, ба блоки кишварҳои дорои яроқи ҳастаӣ шомил мебошад ва дар танзими вазъи минтақавӣ нақши муассир дорад.

Дар ин зимн, Доктор Анита Сангупта-директори масоили ҷаҳонии Осиё дар шаҳри Калкутта интеграсия ва ҳамкориҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказиро муҳим мешуморад. Ҳамин тавр, коршиноси дигар Панчук Стобдан аз Деҳлии нав низ ҳамкориҳои статерегии Ҳиндустон бо Осиёи Марказӣ хело муфид дониста, ҷанбаҳои гуногунии масоили муҳими равобитро миёни онҳо муҳим арёзбӣ мекунад, ки таҷрибаҳои ҳамкориҳо миёни ин кишварҳо пайваста мавриди таваҷҷуҳи хос қарор мегиранд.

Ҳамин тариқ, доктор Мино Сингҳ Рой роҳбари маркази омӯзиши минтақаи Аврупо ва Ғарби Осиё, доктор Роман Могилевский аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, доктор Татяна Белоусова ва доктор Скирам Чаулия мудири равобити хориҷии донишгоҳи Ҷиндал Глобал Юниверситӣ-и Ҳиндустон низ ҳамгироии минтақавиро дар коркарди дурусти манобеи табии кишварҳо муҳим медонанд.

Бо чунин андешаҳои донишмандон метавон хулосабарорӣ кард, ки равобити Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа аз ҷумла Ҳиндустон муҳим арзёбӣ шуда, аз тағйирёбии вазъи геополитикӣ ва роҳу раванди сиёсати хориҷӣ он кишварҳо таъсирпазир хоҳанд шуд.

Дар ин зимн, интихоботи нави Ҳиндустон 1-уми июн оғоз шуда, шаш ҳафта идома ёфт ва дар ниҳоят санаи 4 июни соли 2024, бо ҷамъовариву ҳисобҳои овозҳо ба поён расид.

Шумораи интихобкунандагон ва муҳимияти таъмини амнияти ин раванд далели аслии тӯл кашидани интихобот аст. Ин як хусусияти интихоботи миллии Ҳиндустон барои муддати тӯлонӣ мебошад.

Парлумони Ҳиндустон ҳамагӣ 543 курсӣ дошта, тибқи низоми порлумонии кишвар, ҳизби баранда барои ташкили ҳукуматба 272 курсӣ ниёз дорад. Дар интихоботи соли 2019 Ҳизби Бҳаратия Ҷаната (BJP) мустақилона303 курсиро ба даст овард, ки аксариятро ташкил медод. Дар интихоботи имсола эътилофи ҳизби ҳоким дар баробари шариконаш дар Эътилофи миллии демократӣ (НДА) 353 курсиро соҳиб шуд.

Дар интихобот ҳизби BJP тавонист танҳо 240 курсиро ба даст орад, ки хеле камтар аз272 курсии барои аксариятро ташкил медиҳад. Шарикони он дар NDA низ чандон беҳтар набуданд. Сарфи назар аз баъзе овозаҳо, эътилоф хеле устувор аст. Аксари шарикони эътилоф ҳизбҳои хурд ва ночиз ҳастанд, ки ба BJP бештар аз роҳи дигар ниёз доранд. Он инчунин чанд ҳизби муҳими дигарро дар бар мегирад, аз қабили Ҳизби Телугу Десам (TDP) аз иёлати ҷанубии Ҳиндустон Андҳра Прадеш (16 курсиро ба даст овард); Ҷаната Дал (Юнайтед) аз иёлати Биҳари шимолии Ҳинд(12 курсӣ гирифт) ва Шив Сена аз штати ғарбии Ҳиндустон (ҳафт ҷой) дарёфт карданд.

Ба андешаи Доктор РаҷесвариПилай Раҷагопалан директори Маркази Амният, Стратегия ва Технология(CSST)-и Бунёди Тадқиқоти Обсервернатиҷаҳои интихоботи Ҳиндустонто ҳадде боиси ҳайрат низ мебошанд. Маълум нест, ки оқибатҳои мушаххаси сиёсат аз ин натиҷаи ҳайратангез чӣ хоҳад буд. Кишвар дар сиёсати дохилии худ аз бими оқибатҳои манфии интихобот дар гумон мебошад, ки ташаббусҳои шадид ё душвори сиёсӣ амалӣ карда шаванд. Дар Маҳараштра, ки аз ҷиҳати интихобот яке аз бузургтарин иёлатҳои Ҳиндустон аст, ҳизби BJP ва шариконаш хеле заиф ба назар мерасиданд.

Ҳамин тавар, ба назари коршиносон гар ҳизби баранда масоили мубрами сиёсати дохилиро нодида гирад, шароити беруна ба ҳамин монанд метавонад ҳама гуна тағйироти назаррасро дар сиёсати хориҷии Ҳиндустон таъсир хоҳад расонд. Барои ба даст овардани саҳмҳои интихоботӣ тавассути тарҳрезии Моди ҳамчун як пешвои ҷаҳонии Ҳиндустон ташаббусу чорабиниҳо бузург ба монанди ҳамоиши G-20 кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд. Новобаста аз он ки интихобкунандагони Ҳиндустон дар бораи ин кӯшишҳо чи фикру андеша доранд, ба назармерасад, ки он ба ҳизбиNDA алахусус дар ҷойҳое, ба монанди Уттар Прадеш ва Маҳараштра таъсире нарасонидааст.

Аз тарафи дигар, раванди сиёсати байналмилалии Ҳиндустон новобаста аз он дар қудрат аст, тағйироти ҷиддии сиёсатро пешниҳод намекунад. Ҳиндустон бо Чин мувозинати рақобатпазиро идома хоҳад дод. Ин маънои онро дорад, ки Ҳиндустон бояд равобити худро бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида тавассути шарикӣ Quad ё Муколамаи чаҳорҷонибаи амниятӣ(QSD), ки маъмулан бо номи чаҳоргона маъруф буда, чун як муколамаи стратегии амниятӣ байни Австралия, Ҳиндустон, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳида мебошад, ки тавассути музокироти кишварҳои узв нигоҳ дошта мешавад, идома медиҳад. Ҳамин тавр, эҳтимол меравад, ки ҳукумати нави Моди дар раванду равиши сиёсати хориҷии худ бештар эҳтиёткор хоҳад буд.

Дар ҳоли ҳозир кишвари Ҳинд ё ба ибораи дигар Баҳорат бо натиҷаҳои интихобот як давраи дигари нави демократиро мушоҳида карда, мудирияти устувору босуботу босалоҳи кишвар муддати мадид ҷорӣ буда, барои дувумин кишвари сераҳолитарин ва ҳам барои тамоми ҷаҳон таъсир хоҳад расонд. Роҳбарони интихобшудаи кишвар дар рӯ ба рӯи чолишҳои зиёде қарор дошта, бо роҳандозии хуби ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо ва созмону форумҳои минтақавиву фаромантиқавӣ бахусус СММ, СҲШ, СААРК, МҲТБО вадавлатҳои пешрафти ҷаҳон ба монанди ИМА, Чин, Русия, Англия, Олмон, Ҷопон, Кореа ва ғайра чун кишвари ноби демократӣ хубтар ба роҳ хоҳад монд.

Хулоса, ба назари нависандаи сатрҳо мо муҳаққиқони соҳаро лозим меояд, то масоилу мубраму ҳаводиси минтақа ва раванду низомионҳоро хуб омӯхта, аз рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо, хусусан сулҳу суботу созандагӣ бо санаду далелҳои илмӣ натиҷагирӣ кард. Зеро бо дарки дурусти масоили мубрам ва ҳамгироӣ метавон муштаракона дар рушд ва субот, стратегияи рушди инсонӣ, афзоиши тиҷорат, коҳиши ҷангу ҷаҳолат, фаросату фароғат бо истифода аз дипломатияи мардумӣ минтақаро ба як маркази пешрафтаи ҷаҳон табдил дод.

Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Модар ту биҳишти ҷовидонӣ, модар,

Хуршеди баланди осмонӣ, модар.

Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорӣ,

Сарчашмаи меҳри беканорӣ, модар.

Лоиқ Шералӣ

Дар ватани азизамон Тоҷикистон, ки ба унвони давлати ҳуқуқбунёд ва дунявии ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, зан аз ҷойгоҳи хос бархурдор аст.Тимсоли зани хирадманд ва оқила дар осори мардуми тоҷик аз қадим то ба замони муосир ба таври шоиста тасвир ёфтааст. Асри гузашта дар таърихи миллати тоҷик саҳифаеро боз намуд, ки бо фарозу нишеб ва бурду бохтҳои зиёде ҳамроҳ буд. Барои зани тоҷик низ даврае пеш омад, ки имкони таҳсил, интихоби касбу кор ва роҳи фаъолиятро боз намуд.

Давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври куллӣ имконоти мазкурро барои занон на танҳо ҳифз намуд, балки барои ривоҷи бештару фарохтари он мусоидат кард. Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон эҳтиром ба бонувон маъно ва аҳаммияти хос дорад, зеро зан модарест, ки ҳар фарди ҷомеа аз ӯ ба дунё омадааст; зан ҳамсарест, ки бунёди ҳар хонавода бар вуҷуди ӯ устувор аст; зан хоҳарест, ки бародарро ғамхору меҳрубон аст; зан духтарест, ки падару модарро мушфиқу такягоҳ аст. Дар маҷмуъ, зан узви комилҳуқуқи ҷомеа аст, ки бе ҳузури ӯ ҳеч ҷомеае наметавонад комил ва солим бошад.

Дар аксари муассисаҳо, созмонҳо, идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон фаъолият доранд. Онҳо машғул ба касбу кори гуногун ҳастанд ва аз таҳсил ва тахассуси гуногун бархурдор буда, дар баробари мардон, дар зиндагии ҷомеаи муосирхидмат ва нақши муносиб доранд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар поёни соли сипаришуда ироа гардид, саҳми занон дар ҷомеа ба забони омор чунин арзёбӣ шуд: “Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд”.

Шумораи бонувони муҳаққиқ ва коршиносони пажӯҳишгар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рӯ ба афзоиш мебошад. Бино ба тозатарин оморе, ки ба наздикӣ дар Конференсияи илмии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» дар пойтахти кишварамон ироа гардид, дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 993 номзади илм, 131 доктори илм, 84 профессор зан буда, 608 дотсент, 204 нафари дорои унвони илмӣ ва 1 034 ассистент ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул ҳастанд. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 академик, 3 узви вобастаи Академия, 33 доктори илм, 109 номзади илм, 294 магистрант, 104 доктори PhD бонувонанд. Дар фаъолияти илмӣ ва таҳқиқии онҳо натиҷаҳои матлуб ва дорои аҳаммият кам нест.

Сано бодо ба занҳое, ки мардан,

Баёзи зиндагиро пеша кардан.

Ба дигарон бидонанд дарси ибрат,

Даме, ки ҳусни худро гум накарданд.

Сиёсати давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ва кӯшишҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳузури фаъолонаи занону духтарони кишвар дар таҳқиқу пажӯҳиши илмӣ, барномаҳо ва тарҳҳои фанноварӣ, ихтироъ ва навовариҳои муҳимми илмӣ ва истеҳсолӣ бояд омили муҳим ва таъсиргузор дар натиҷаҳои мусбат ва умедбахш дар ин замина донист.

Дар баробари ин ки таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон ва дар марҳалаи кунунӣ ба рушди иқтисоди кишвар низ мусоидат менамоянд, дар муддати се даҳсолаи охир барои донишҷӯён, унвонҷӯёну пажуҳишгарони ҷавон заминаҳои нави таҳқиқ фароҳам омадааст. Ин заминаҳо дар шакли барномаҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишии ватанӣ ва байналмилалӣ, квотаҳо, грантҳо ва стипендияҳо пешниҳод гардида, аз шумораи зиёди ҷавононон, аз ҷумла бонувон барои фаъолияти илмӣ роҳнамоӣ ва пуштибонии моддӣ ва ҳуқуқӣ ба амал меояд.

Бино ба иттилои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, дар 6 соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 283 нафар расида, соли 2023 аз 73 зани ихтироъкор 5 нафар бо ихтирооти нодир дар сатҳи байналмилалӣ бо Шоҳҷоиза ва медали тило, 10 нафар бо медали нуқра ва 1 нафар бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Бонувони Тоҷикистон бо истифода аз дастовардҳои илмӣ, техникӣ ва фанновариҳои муосир, дар таҳқиқот ва пажӯҳишҳои илмӣ муваффақиятҳо ба даст меоранд ва ворисону соҳибони шоистаи илм, фарҳанг ва осори моддию маънавии ватанамон мебошанд.

Натиҷаи барномаҳо ва тадбирҳои пайвастаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аст, ки занон имрӯз дар соҳаҳои иҷтимоӣ, хидмати давлатӣ, нақлиёт, энергетика, мухобирот, сохтмону меъморӣ, заминшиносӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сафҳои Артиши миллӣ ҳузури фаъол ва нақши таъсиргузор доранд.

Бино ба таъкиди Президенти муҳтарами давлат, иштироки занону бонувон дар соҳаи маориф 73 дарсад, тандурустӣ 71 дарсад, фарҳанг 47 дарсад, бонкдорӣ 39 дарсад, мухобирот 25 дарсад ва хидматрасонии иттилоотӣ 40 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар 21 соли охир беш аз 504 000 зан муассисаҳои таҳсилоти касбиро дар риштаҳои гуногун хатм кардаанд; 239 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, 100 000 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифт шудаанд.

Пешвои муаззами миллат афзуданд, ки ҷалби бонувон ба иштироки фаъол дар бахшҳо ва соҳаҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт, зеро онҳо дар ҷомеа неруи бузурге мебошанд. Умед бар ин дорем, ки ташвиқи пайваста ва рӯзафзуни давлат ва ҳукумат барои шинохти масъулият ва кӯшиши бештари занон дар фаъолиятҳои илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ангеза ва илҳоми тоза хоҳад бахшид.

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Шарофова М.У., Хоҷибоева Л.Т., Сагдиева Ш.С. - МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон

АЗ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАРКИ ВОҚЕӢ ДОШТА БОШЕМ

№72 (4812) 07.06.2024

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз рӯйдодҳои муҳими сол буда, намояндагони касбу кори гуногун доир ба он таассурот ва андешаҳояшонро баён намуда истодаанд.

Дар суҳбат бо директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода кӯшиш ба харҷ дода шуд, то моҳият ва рамзу ҳикмати мулоқоти мавриди назар бозгӯӣ гардад.

- Ба андешаи Шумо сабабу омилҳои баргузории ин мулоқот кадомҳо буданд?

Баргузории мулоқоти мазкур, пеш аз ҳама, ба ҳаводиси ҷаҳони муосир вобаста аст. Шоҳид ҳастем, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намудааст.

Дар ин робита ҳадафи мулоқоти мавриди назар, ҳамон тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакат ва муайян намудани вазифаҳо барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, маҳсуб мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, Роҳбари хирадсолори давлатамон доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо, бо истинод ба далелу рақамҳои муътамад андешаҳояшонро баён намуда, дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсоз доданд.

Ҳаводиси охир собит намуданд, ки пайомади тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, фоҷиабор аст. Ба назари Шумо, ки вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ таълифоти зиёд доред, кадом тадбирандешӣ қодир аст моро аз ин раванд эмин нигоҳ дорад?

Пеш аз ҳама, бояд ба тарбияи кӯдакону наврасон, расму оини ниёгон, меросу ахлоқи гузаштагон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Хусусан, баргузории маҷлисҳои падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд самаровар бошанд.

Мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дар шароити кунунии ҷомеа вазифаи ҳар як шахс буда, зарур аст, ки дар ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғу ташвиқ густурдатару муассир роҳандозӣ гарданд. Танҳо дар сурати бетараф набудан, пурзӯр намудани кӯшишҳои зиёиён, намояндагони созмонҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ, бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, васеъ намудани чорабиниҳои иттилоотӣ -тарғиботӣ ва дар ниҳоди шаҳрвандон бедор намудани ҳисси оштинопазир ба тамоюли экстремизм ва терроризм метавон қотеъона мубориза бурду комёб шуд.

Дар кишвари мо қонунгузорӣ тоату ибодатро манъ накардааст. Вале ибодат набояд ба худнамоӣ табдил ёбад, бо хурофот омезиш ёбаду дар ин замина идеяҳои ифротгароӣ афзалият пайдо намоянд. Ҳаводиси солҳои охири дар кишварҳои Ироқ, Сурия ва Яман бавуқӯъомада нишон дод, ки баъзе ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шуда, бо умеди «шаҳид» шудан ва ба «биҳишт» рафтан, ҷонашонро аз даст доданд, ҳамсаронашонро дигар террористон ба занӣ гирифта, фарзандонашон ятим монданд. Маҳз раъиятпарвариву дурандешии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавассути робитаҳои дипломатӣ, занону фарзандони бепарастормондаи онҳо аз минтақаҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида, ба ҳаёти осоишта ва таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Аз он нигаронам, ки тоифае бидуни хатми мактабу мадраса ё таълимгоҳи расмӣ ва эътирофгаштаи динӣ эътиқоди мазҳабии баъзе шаҳрвандонро суиистифода карда истодаанд. Чунин ба ном муллоҳо, ки дар асл саводи комили динӣ надоранд ва аз фарҳанги ислом фарсахҳо дуранд, бо амалҳои номатлуб ба обрӯи дини мубини ислом латма мезананд. Масъалаи дигари боиси нигаронӣ, ин ба тиҷорат табдил додани дин маҳсуб мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Оид ба мубориза бо ин вабо ­Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017), барҳақ, фармудаанд: «Мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё­ро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад».

Мо меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастем, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд. Бо вуҷуди ин, чӣ боис гардидааст, ки хурофот реша давонад?

Мушкили асосии як идда ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусулмоннишин он аст, ки онҳо дар бобати идеологияи аслии ифротгароёни динӣ иттилои комил надоранд. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динӣ ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол ва ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф намекунанд, балки онҳоро дар тобеияти «хилофат» дидан мехоҳанд.

Хусусиятҳои дигари ифротгароии динӣ он аст, ки ба миллатгароии ифротӣ тавъам намояндаи он буданро имтиёз ва ифтихор ҳисоб мекунад. Дар замони муосир низ ин баҳс дар сатҳи гуногун идома дошта, зери шиорҳои миллӣ, мазҳабӣ ва баъзан сиёсию геополитикӣ сурат мегирад. Барои мисол, омӯзиши муҳит ва рӯҳияи ифротгароёни динӣ дар Ховари Миёна собит кардааст, ки ин тоифа нисбат ба мардуми ориёӣ ва ориётабор назари нек надошта, ҳатто забони онҳоро «забони аҳли дӯзах» меноманд.

«Махсусият»-и дигар он аст, ки ­аъзои гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ ба фарҳангу маърифат назари комилан манфӣ доранд. Ин аст, ки пешвоён ва назариясозони чунин равияҳо адабиёту осори ирфониро маҳкум намуда, «бидъат» меноманд.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо дарк накардаанд, ки зиддият бо мардуми ориёинажод ва нафрат ба фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ-форсӣ «рисолат» — и гурӯҳҳои ифротии динӣ буда, дар баробари мағзшӯӣ, чун неруи аҳриманӣ осори фарҳангию ҳунарию таърихиро нобуд карда истодаанд.

- Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, «ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд». Сабабҳои асосӣ кадомҳоанд?

- Ба андешаи ман омилҳои асосии густариши ин зуҳуроти номатлуб инҳоянд:

- баланд гардидани сатҳи диндории бо хурофот омезишёфтаи ҷомеа, афзоиши таълимоти ғайриқонунии ибтидоии динӣ дар синни хурдсолӣ, ки мафкураи ҷавононро ба дингароӣ моил месозанд;

- бетафовутиву фориғболии ниҳоду сохторҳои салоҳиятдор дар иҷрои ваколату салоҳият, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ ихтиёр намудани қисме аз аҳли зиё, ки дар натиҷа, дар мафкураи ҷавонон холигоҳи ғоявиро ба вуҷуд оварда, ба пур кардани он бо идеологияи динии ифротӣ мусоидат мекунад;

- бо назардошти истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби насли ҷавон, паҳнкунандагони идеологияи диниву ифротӣ ин имконияти мусоидро ба манфиатҳои худ суиистифода менамоянд;

- муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари доштани паҳлуҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд;

- новобаста аз татбиқ намудани чорабиниҳои мушаххас, ҳоло ҳам теъдоди муайяни ҷавонон дар кишварҳои исломӣ бо таҳсили ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои таблиғгарони созмонҳои террористӣ заминаи муносиб фароҳам месозад;

- ба таври зарурӣ иҷро нагардидани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд;

- аз тарафи шахсони мансабдор ва шаҳрвандон таъмин нагардидани талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки тибқи муқаррароти он шахсони мансабдор ва шаҳрвандон уҳдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва ё мақомоти корҳои дохилӣ доир ба ҳодисаҳое, ки дар онҳо хусусиятҳои омодагӣ ба терроризм мушоҳида мешаванд ё аллакай содир гардиданд, фавран хабар диҳанд.

- Омили дигаре, ки боиси нигаронии Роҳбари мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гардид, аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ мебошад. Барои пешгирии чунин ҳолат чӣ пешниҳод доред?

Шояд, баъзеҳо ин масъаларо ҷузъӣ пиндоранд, вале содир гардидани амалҳои террористӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар 10 кишвари дунё аз ҳар яки мо андешидани тадбирҳои бетаъхирро тақозо менамояд. Пеш аз ҳама, бояд ҷиддӣ андешем, ки кадом омилҳо замина барои зуҳури терроризми «тоҷикӣ» шуданд?

Посухи ин саволро аз суханронии ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ­фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дарёфтем: «Ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони мо истифода мекунанд. Мо аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳ ҳастем ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаем».

Дар ҷаҳони муосир ҷавҳари тамаддуни иттилоотиро рушди васоити интернетӣ ва гус­тариши алоқаи моҳвораӣ, коркарду пахши ахбору иттилоот ва зуҳуру инкишофи дипломатияи рақамӣ ташкил медиҳанд. Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир фазои иттилоотӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии марказҳои қудрати дунёи муосир ва василаи муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст. Дар вусъати фазои иттилоотии ҷаҳонӣ дар баробари тамоюл­ҳои мусбати созанда, ки огоҳиро таъмин мекунанд, ҳамчунин, равандҳои манфии хатарзо барои амнияти иттилоотии кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуҳуфтаанд.

Аз ин лиҳоз, фаъолият бояд дар ин самт тавсеа ва тақвият бахшида шавад. Дастури Президенти мамлакат дар бобати таъсиси ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта дар назди Прокуратураи генералӣ муҳиму саривақтӣ аст.

Илова бар ин, тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун аз тариқи воситаҳои ахбори омма шарҳу тавзеҳ дода шавад, ки бо иқдоми Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, қатъ кардани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Тавре дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар зикр шуд: «Бо истифода аз ин имконият дар даҳ соли охир 1640 нафар ба Ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд. Танҳо соли 2023-юм 328 ва дар ду моҳи соли ҷорӣ 140 нафар шаҳрвандон аз ин имконият истифода кардаанд». Сохторҳои дахлдорро мебояд тавассути ин ашхос ба шаҳрвандон муроҷиат намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардида, ба номи падару модар, фарзандон, обрӯи давлат ва миллат иснод наоранд.

Дар маҷмӯъ, дарки воқеӣ ва дақиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳо, мусоидат ба эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ дар дохил ва хориҷ баҳри шинохти мусбати Тоҷикистон бояд сармашқи кори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар санаи 30 май соли ҷорӣ баргузор гардид, ки ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, навоварӣ инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад, ки такони ҷиддие дар пешрафти илми тоҷик ба миён меорад.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Воқеан талошҳои пайвастаи Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди илм назарас аст. Чунин шароити мусоид, ки бо баракати Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои муазами миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба даст омадааст, ҷавоноро месазад аз онҳо самаранок истифода намуда, роҳи илмро пеш гиранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷаҳони муосир бузургтарин сармояи инсонӣ ин донишҳои дақиқу илмӣ мебошанд, ки барои пешрафти ҷаҳони инсонӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранд. Ҷаҳони имрӯзро бе пешрафти илму маориф наметавон тасаввур намуд. Зеро тамоми кишварҳое, ки имрӯз ҷаҳон зери нуфузу қудрати онҳо қарор дорад, бешубҳа, пайвандӣ ба пешрафти илму маориф ва техникаву технологияро доранд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ таъкид намудаанд, ки «Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.»

Воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, ки камари иқтисоди ҷомеаро шикаст, ба таври табиӣ ба маорифи кишвар низ зарба зад. Аз ин ҷост, ки бо барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар ва зина ба зина ба эътидол омадани вазъи иқтисоди кишвар давлат масъалаи омӯзишу парваришро яке аз масъалаҳои афзалиятдодашудаи стратегӣ ҳисобида, маблағгузориро дар ин самт аз ҳамаи сарчашмаҳои даромад сол ба сол афзун менамояд.

Чуноне, ки дар мулоқот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Шумо хуб медонед, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод. Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.»

Илм равшангари ҳамаи ҷодаҳо буда, ба зулмот хотима медиҳад, ояндаро дурахшон мегардонад. Ҷиҳати бартараф намудани ҳама мушкилот илм нақши калидӣ доранд, ки ҳар фарди ҷомеа онро бояд дарк намояд. В.Г. Белинский фармудааст: Бе илм ҳаёт нест, инкишоф нест, ободиву тозакорӣ нест, пешрафт нест.

Пешвои муаззами миллат низ бо иқдоми созандаи худ ҷавонон ва умуман ҷомеаи Тоҷикистонро талқин менамояд, ки роҳи илм, созандагию бунёдкорӣ ва ихтироъкориро аз китобҳо ҷӯё бошанд. Донишҳои муосирро аз худ намуда, дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Бинобар ин, бо мақсади баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва аз илмҳои бунёдӣ огоҳ будани ҷавонону наврасон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Ҳамчунин бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавонон ва ҳавасманд намудани олимону муҳақиқон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таъсис дода шуд». Озмунҳои дигар ба монанди «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» , ки дар рушди илм, тарбияи олимони ҷавон заминаи боэътимод аст, роҳандозӣ намудаанд.

Хамчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар ва муаррифии дастовардҳои олимони ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Инчунин, даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд. Ҳамаи ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон бо мақсади дастгирии олимони ҷавону ихтирирокор буда, мақсади асосӣ аз илмҳои замони муосир бархудор будани олимони ҷавон мебошад

Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Ҳамин тавр, яке аз вазифаҳои асосии олимон-ин ташаккули ҷомеаи мутамаддини аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкарда мебошад. Умедворем, ки доир ба ҳар як дастуру супорише, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат мӯхтарам Эмомали Раҳмон дода шуд, аз тарафи масъулини соҳа дар сатҳи баланд амалӣ мегардида. Бояд тазаккур дод, ки баррасиҳои илмии Сарвари давлат моро водор менамояд масъулияти худро дар назди давлатамон ба субот расонида, ҷиҳати татбиқшавии манфиатҳои миллӣ дар илм ҷаҳду кӯшиши даркориро анҷом диҳем.

Назарова Замира - лаборанти калони Шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи АМИТ

(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Рушди илму маориф, калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи мамлакат ва фардои дурахшони босаодати кишвар маҳсуб меёбад. Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат пайваста ҳамаи имконоту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона намуда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ мегузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илмро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди он, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024 масъалаҳои вобаста ба рушди илм ва маорифи кишвар дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Пешвои миллат чуноне қайд намуданд: “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Сиёсати иҷтимоии огоҳона ва илм меҳвари Пешвои миллат боис гардид, ки дар кишвари мо теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ дар шаклҳои гуногун бунёд карда шуда, барои ҷомеа пешкаш карда шавад. Ҳамчунин, дар ин замина сифати таълим ва рушди илм таъмин карда шуд. Тавре дар суханронии хеш дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар Пешвои миллат зикр гардид: “Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст”.

Бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм зиёд гардида, Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Чуноне Пешвои миллат таъкид намуданд: “Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) зикр намуданд, ки: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ 24 декабри соли 2022, №1922 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” қабул карда шуд, ки боиси танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ гардида, барои истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот шароит муҳайё намуд.

Мавқеи илм дар иқтисодиёт, барои рушди фаъолияти инноватсионӣ кӯмак мерасонад. Рушди иқтисодиёти ба илму технологияи муосир ва маориф асосёфта омили асосии пешрафти иқтидодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Иқтисоди инноватсионӣ аз таъсири донишҳои илмӣ ва технологӣ тағйир меёбад, зеро истеҳсолот дар асоси дониш, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва инноватсияҳои нав дар иқтисодиёт сифатан нав гардида, рушд меёбад. Донишҳои нави илмию технологӣ манбаи ғояҳои инноватсиониро ба вуҷуд меоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар изҳори итминон намуданд, ки олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед.

Баргузор намудани мулоқотҳои Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар онҳо натиҷагирии фаъолияти соҳа таҳлилу баррасӣ ёфта, дастовардҳо арзёбӣ, камбудиҳо ошкор ва роҳҳои рафъи онҳо нишон дода мешаванд, аз ҷумлаи иқдоми наҷибу шоиста ва ифодакунандаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи илм мебошад.

Ҷовид АЛИЗОДА, унвонҷӯи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Muhammad AminАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қудрату тавоноӣ ва бо сиёсати ояндасоз ва дурнамои хеш миёни роҳбарони кишварҳои олам мавқеъи муайянро касб мекунад. Маҳз бо шарофати ташаббусҳои ҳалталаби ин марди хирад нуфузи кишвари Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боло рафта, мавқеъи арзишмандро соҳиб мебошад.

Дар таърихи 19-21 сентябри соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Дар баргузории кори ин ҷаласса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво ва забони нобӣ тоҷикӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати масъалаҳои ҳалталаби вазъи имрӯзаи сайёра ибрози андеша намуданд.

Дар кори ин ҷаласса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои замони муосир вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва таъсири онҳо ба иқтисоди кишварҳо, ташаккули "иқтисоди сабз", рушди тавлиди "энергияи сабз" аз ҷумла мушкилоти глобалии сайёра пеш аз ҳама тағйирёбии иқлим, талошҳои муштарак баҳри пешгири аз офатҳои табии ва ташаббусҳои байналхалқии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обӣ ва иқлими сайёра таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб намуд.

Дар ин ҷаласса роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти рушди босуботи ҳамкориҳои байналхалқӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид мавқеъи худро нишон доданд. Маҳз дар ин ҷаласса ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари Тоҷикистон, ки ба ҳалли мушкилоти обӣ ва иқлимии сайёра нигаронида шудаанд, мавриди барасӣ ва ҳамовозӣ қарор гирифтанд. Дар ин ҷаласса тамоми кишварҳои аъзои Созмони Миллали Мутаҳид ба тафоҳум омада, ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вобаста ба масъалаҳои терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани "ҷанги сард" ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ нигаронида шудаанд, мавриди барасӣ қарор доданд.

Дар ҳамин раванд ҷомеаи ҷаҳон дар робита ба ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хос дода, барои ҳамрадифи ҳалли мушкилотҳои хатарбори сайёра ҳамкориҳои худро тақвият медиҳанд. Дар ин замина саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ҳалли хатару таҳдидҳо ва расидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи - 2030 амри ҳатмӣ гардидааст. Ба ин мақсад мавзӯи муҳими ҷалассаи 78- уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳидро зери унвони "Барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: афзудан ба амалҳо оид ба Рӯзнома - 2030 ва Ҳадафҳои Рушди устувор дар самти сулҳ, шукуфоӣ пешрафт ва устуворӣ" яке аз иқдомҳои саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мёбанд.

Хушбахтона имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба кишвари ташаббускори Тоҷикистон бо назари хос ва аҳамияти байналхалқӣ дошта назарҳои неки худро равона мекунанд. Зеро дар кори ҷалассаҳои Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ташаббусҳои ҳалталаби кишвари Тоҷикистон мавқеъи муайян дошта, барои ҳалли мушкилотҳои обӣ ва иқлимии сайёра, мусоидат менамояд. Имрӯз кишвари Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон аҳамияти байналхалқиро соҳиб буда, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ имконият фароҳам меоварад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори дипломатияи об буда, чандин ташаббусҳояш дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамовозӣ ёфтанд. Дар ин росто дар замони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба ҳалли мушкилоти обии сайёра 4 ташаббуси Сарвари давлат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидаанд. Масалан, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамовозӣ ёфтаанд, ки аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об дида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон якчанд конференсияҳои байналмилалии сатҳи баландро вобаста ба ҳалли мушкилоти обии сайёра баргузор менамояд. Дар ҳамин замина бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон 10 июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи байналмилалӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти обии сайёра бо иштироки роҳбарони давлатҳо ва намояндагони тамоми кишварҳои ҷаҳон баргузор мегардад. Мизбони баргузории ин конфронси байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

МУҲАММАД Аминзод - сардори шуъбаи матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм