Баланд бардоштани сифатнокии татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ҳалли муҳимтарин мушкилоти соҳа, ба як низоми мушаххас даромадани коргузории махфӣ ва дар маҷмуъ таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот масъалаҳое мебошанд, ки дар баробари мақоми ваколатдор мақомоти давлатии дорои мақоми низоми махфият низ масъул мебошанд.
Дар робита ба тақвияти фаъолияти соҳа яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳим ин таъминоти кадрӣ, такмили донишҳои касбӣ ва ҳуқуқӣ, такмили малакаи кор бо технологияи муосири иттилоотӣ аз ҷониби масъулони мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва кормандони дорои рухсат ба сирри давлатии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо мебошад.
Бо назардошти муҳиммияти масъалаи омодасозии кадрҳои соҳавӣ бахусус масъулони мақоми низоми махфият ва шахсони дорои рухсат ба сирри давлатии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳамкории мутақобилан судманд бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10 октябри соли 2024 бо ташаббуси Академия семинари омузиширо барои масъулони мақоми низоми махфият ва кормандони дорои рухсат ба сирри давлатии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он дар мавзуи “Ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: заминаҳои қонунгузорӣ ва тадбирҳои амалигардонии он” ташкил намуд.
Семинари омузиширо ноиби Президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуд. Баъдан аз рӯи мавзӯи семинари омӯзишӣ Аҳмадзода Дилноза- муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ гузаронид.
Мақсад аз ташкил намудани семинари мазкур ин ба роҳ мондани фаъолияти якҷоя ва дастаҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар самти риояи низоми махфият, баланд бардоштани масъулият ва сатҳи касбияти кормандони масъул дар иртибот ба иттилооти бо қонун ҳифзшаванда мебошад.