01 июли соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Академияи туркӣ Шоҳин Мустафоев мулоқот доир намуд.
Дар оғози мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба маркази илми ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, зимнан доир ба рушди дурнамои ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳама ҳолат барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак омода хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Академияи туркӣ як созмони байналмилалӣ буда, таҳти сарпарастии Созмони давлатҳои туркӣ таъсис ёфтааст. Умуман, академия ҳамкориҳои илмию таълимӣ байни кишварҳои туркӣ ва ҷомеаҳои туркиро ташвиқ ва пеш мебарад.
Инчунин тибқи ваколатҳои оинномавии худ, зарурати ҳамкорӣ дар бахшҳои туркшиносӣ, аз ҷумла таърих, археология, этнология, антропология, адабиёт, забоншиносӣ, истеҳсолот, санъат ва масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодиро баррасӣ мекунанд. Ҳадафи Академияи туркӣ мусоидат ва ҳамгироии ҷаҳони турк ба илму маориф мебошад.