Парчами миллӣ рамзи ифтихор ва эҳтироми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бе ваҳдат ва истиқлолият Парчам пайдо намешуд — он натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Парчам рамзи давлатдории пойдор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.
Халқи тоҷик яке аз кӯҳантарин халқиятҳо дар рӯи олам буда, аз ниёгон ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои гуногун мерос гирифтааст. Парчамдориву парчамбардорӣ низ барои халқи мо таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ нигарем, ҳар як рамз равшангари таърих, сарнавишту саргузашти халқ, инъикосгари фарҳанг ва орзуву ормонҳои мардум мебошад.
Парчам дар таъриху фарҳанги тоҷикон дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, аз муборизаи Коваи оҳангар ёдовар мешавад. Коваи оҳангар чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Имрӯз тасвири «Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.
16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини кишвар нақши ҳалкунанда дошта, барои истиқрори сулҳ ва тасдиқи Парчами давлатӣ саҳми бесобиқа гузошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Парчам ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти беназир дорад.
Парчами милли ифтихори миллӣ, ору номус, сулҳу ваҳдат ва рамзи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Дар мобайни Парчами давлатӣ тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки рамзи тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон ва ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2011 бо дастгирии Пешвои миллат дар Душанбе баландтарин парчами дунё сохта шуд, ки ба китоби Рекорди Гиннес ворид гардид (баландиаш 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метр), ва ба ҳусни пойтахт ҷалби ифтихор ва шукӯҳ бахшид.
Рӯзи Парчами давлатӣ ҳар сол 24 ноябр таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳо ва намоишҳо доир мегарданд, ки худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории мустақилро тақвият медиҳанд. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст эҳтироми Парчами миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, ҳисси ифтихор аз миллат ва Ватанро ҳифз намояд.
Сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат барои пойдории сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ бозидааст. Таърихи истиқлолият ва пешрафти Тоҷикистон ба хотири сиёсати созанда ва иродаи қавии Пешвои миллат имконпазир гардидааст.
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи Қабули яке аз рамзҳои давлатӣ — Парчами милли қарор дорем. Ин рамз барои ҳар як шаҳрванди кишвар нишонаи ифтихор ва эҳтироми ба Ватан мебошад. Парчами миллӣ рамзи ягонагӣ ва соҳибихтиёрии давлат аст ва дар ҳар чорабинии расмӣ ва идона бо эҳтиром ва ифтихор намоиш дода мешавад.
Дар арафаи ин иди муқаддас, мо бояд ба таърихи парчам ва маънои рамзии он назар андозем. Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки ваҳдати миллӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ пояи мустаҳками Ватан мебошанд. Бигузор парчами Тоҷикистони азизамон ҳамеша баланд барфишорад, рамзи ваҳдат, сулҳ ва истиқлол бошад.
и.в. котиби илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон н.и.т. Раҳимзода Фирӯз Акбар
