Перейти к основному содержанию

“Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Таърихномаи давлатдории халқҳои ҷаҳон собит месозад, ки ҳар як парчам сарнавишти худро дошта, дар масири таърих борҳо такмилу такомул ёфтааст. Аз ин рӯ, шакл ва ранги парчам вобаста ба таҷрибаи таърихӣ ва ҳаводиси дар сарнавишти миллат рухдода тағийр меёбад. Вобаста ба ин, нусхаи аслии парчамҳои пешин дар осорхона ва мавзеъҳои муайяншуда нигоҳ дошта мешаванд, ки ин аз арҷгузорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва заҳмати гузаштагон шаҳодат медиҳад. Мусаллам аст, ки дар дарозои таърихи башар Парчам дар баробари дигар ҷанбаҳои ҳаёти башарият яке аз бахшҳои таърихи инсоният буда, таҳия ва мавриди истифода қарор додани он дар сарнавишти халқу миллатҳои сайёра нақши муҳим ва умда дорад.

Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусиятҳои хоси давлатдории миллӣ номдор буда, тӯли садсолаҳо тавонистаанд, ки бо таҷрибаи ғании давлатсозии худ империяҳои бузургу тавоноро пойбарҷо гузоранд. Омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон нишон медиҳад, ки ҳокимону роҳбарон барои ифодаи қудрати салтанати хеш рамзу нишон, ишораву аломат ва рангҳоро қабулу истифода намудаанд. Ба ин маънӣ, Парчам дар марҳалаи тулонии таърихи пуршебу фарози мо дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ буда, ҳамзамон як ҷузъи муҳимми таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба ҳисоб меравад.

Метавон ойини парчамдории тоҷиконро вобаста ба ҳукмронии сулолаҳо ба чунин марҳалаву номҳо ҷудо намуд:

- Дирафши ковиёнӣ

- Штандарти империяи Ҳахоманишӣ

- Дирафши давлати Ашкониён

- Дирафши давлати Сосониён

- Дирафши давлати Сомониён

- Дирафши сулолаи Ғуриён

- Парчами Аморати Бухоро

- Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

- Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

- Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, аҷдодони мо ҳанӯз дар асрҳои III- II пеш аз милод соҳиби рамзҳои «Меҳр» ё «Фарри ориёӣ» буданд, ки чун тимсоли замину хуршед, покиву озодагӣ ва нишонаи абадият ба чаҳор унсури ҳаёт: хок, об, оташ ва ҳаво ё ба асосҳои мавҷудияти олами ҳастӣ далолат мекарданд.

Нигоҳе ба таърихи Парчам

Парчамҳои давлатӣ вобаста ба хусусиятҳои давлатдорӣ омода ва истифода мешаванд. Дар дунё чӣ миқдор давлате, ки бошад, ҳамон қадар парчами давлатӣ вуҷуд дорад. Дар рӯзгори мардумони сайёра парчамҳои аввалин дар байни мардумони ориёй, арабҳо, чиниҳо ва юнониҳо бештар маълум будаанд. Парчамҳо дар муҳорибаҳо ва лашкаркашиҳо истифода мешуданд. Парчамҳо аслан дар муҳорибаҳо ба сифати василаи шинохти бегона аз худӣ ба кор мебурданд. Рушди ойини парчамдорӣ дар байни мардумони аврупоӣ аслан бо ташаббус ва дар иртибот ба амалиёти ҷангии арабҳо сурат гирифтааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар Аврупо аввалин парчам соли 480 то милод аз ҷониби лашкаркаши номдор Фемистокл дар муҳорибаи Силамин ҳамчун аломати ҳуҷум афрошта шудааст. Баъдан парчамҳо хусусияти фардӣ гирифта, дар баробари лашкарҳо ҳамчунин сарлашкарон ва баҳодурон парчами худро сохтанд. Бо мурури замон дар заминаи парчамҳои ҷангӣ ва фардии лашкаркашон парчами давлатҳо зуҳур карда, нуфузу эътибори парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва маҳбубияти он дар қалби сокинони кишварҳо зиёд гардид. Яъне, минбаъд раванди эътибору арзиши умумимиллӣ пайдо кардани парчамҳо ба миён омад.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, нахустин парчамҳо дар байни аҷдоди мо ҳанӯз дар асри III пеш аз милод дар Эрони қадим пайдо гардидаанд. Дар он замон парчам аз қӯрғошим бо иловаи маъданҳои гуногун сохта мешудааст.

Рӯзи Парчам дар Мексика, Канада, ШМА, Швейтсария, Лаҳистон, Ҷопон ва Либерия низ ботантана таҷлил карда мешавад. Манораҳои бузурги парчам бо баландии 162 метр дар Озарбойҷон, 160 метр дар Куриёи Шимолӣ, 133 метр дар Урдун ва 126 метр дар Уммон бунёд шудаанд.

Боиси тазаккур аст, ки соли 2011 баландтарин Манораи парчам дар Тоҷикистон ба баландии 165 метр барафрохта шуд. Манораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди афрохта шудани пояи парчами 175 - метраи Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.

Яъне, дар марҳалаи нави давлатдории миллӣ Парчам василаи асосии ҳастӣ ва мавҷудияти давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявии мост.

Чуноне ки Асосгузори ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар суханрониашон бахшида ба рӯзи Парчам қайд намуданд, “Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.” Аз ин лиҳоз, гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат аз он шаҳодат медиҳанд, ки муқаддасоти миллиро бояд пос дошта, ба он арҷгузорӣ намуд. Зеро муқаддас донистани парчам барои ҳар як фард дар ҳар давру замон баҳри ободии ҳаёти осоишта ва пирӯзии адолат ба шумор рафта, он рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар марҳалаи нави давлатдорӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ҳар як фарди Тоҷикистонро зарур аст ки ба қадри обу хоки ин кишвар ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам бирасад, зеро муаррификунандаи давлат ин парчами миллӣ мебошад ва дӯст доштани ин муқаддасоти миллӣ нишонаи ватандӯстӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамин тариқ, дар ҷаҳони муосир Парчам василаи муарифӣ сохтани давлату миллатҳо буда, ҳар як давлатро аз рӯи парчаму нишонаш мешиносанд. Миллати тоҷик низ яке аз кишварҳои дорои таъриху фарҳанги пурғановат ва оламшумул дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки аз рӯи парчам мақому манзалати хоссаро доро буда, тули ҳазорсолаҳо ин арзиши олии миллиро ҳифз намудааст.

Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ парафшон мебинем, ки ин ҳама аз пешравию ободии диёри маҳбубамон дарак медиҳад. Ба ин васила, ҷавонони мо чи дар соҳаи варзиш чи дар соҳаи илм кӯшиш доранд парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд ва кишварро ба ҷаҳониён бештару беҳтар муаррифӣ намоянд. Пас ҳар як фарди тоҷикро месазад, ки ҳамеша дар ободиву осоиштагии диёрамон саҳмгузор бошаду Парчами давлатиро ҳамеша ҳифз намуда, барои парафшон будан ва баланд бардоштани он саъй намояд.

Саидова Саёҳат, - лаборанти калони Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон