Перейти к основному содержанию

Тоҷикистон 98 фоизи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз рӯйи фоизи тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

454543Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро то соли 2030 ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Ин тадбирҳо на танҳо барои имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ба беҳбудии минтақа нигаронидамебошад. Дар баробари он, ки дарёҳои Тоҷикистон асоси иқтидори гидроэнергетикии кишварро ташкил медиҳанд, яке аз хусусиятҳои он дар ин аст, ки оби ҳамаи дарёҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф шудаанд.

Аз ин сабаб бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 "Соли байналмилалии оби тоза", солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", соли 2013 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об" ва ниҳоят солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" эълон карда шуданд.

Энергияи сабз яке аз муҳимтарин роҳҳо барои ҳалли мушкилоти экологӣ дар ҷаҳон мебошад. Ин навъи энергия аз манбаъҳои барқароршаванда, ба мисли офтоб, шамол, об, ва энергияҳои геотермалӣ гирифта мешавад. Дар муқоиса бо манбаъҳои анъанавӣ, аз қабили ангишт, нафту газ, энергияи сабз боиси кам кардани ифлосшавии ҳаво, об ва хок мегардад.

Манбаъҳои энергияи сабз ҳангоми тавлиди энергия газҳои зараровар, ба мисли CO₂, намебароранд. Ин ба кам кардани гармшавии глобалӣ ва ифлосшавии ҳаво мусоидат мекунад. Офтоб, шамол ва дигар манбаъҳои энергияи сабз беохир мебошанд ва барои ояндаи инсоният ҳифз карда мешаванд. Баръакси захираҳои истеъмолшаванда, онҳо тамом намешаванд.

Энергияи сабз яке аз роҳҳои асосии паст кардани таъсири карбон ба муҳити зист аст, ки барои нигоҳ доштани иқлими мӯътадил муҳим мебошад. Бо истифода аз энергияи сабз кишварҳо метавонанд аз манбаъҳои берунаи энергия вобаста набошанд ва ба таври мустақил нерӯи барқ истеҳсол кунанд. Истифодаи нурҳои офтоб барои истеҳсоли нерӯи барқ бо ёрии панелхои офтобӣ ва генераторҳои шамолӣ энергияро тавассути нерӯи шамол ба барқ табдил медиҳанд.

Дар солҳои охир истифодаи энергияи сабз босуръат афзоиш ёфтааст. Бисёре аз кишварҳо ба сармоягузорӣ дар неругоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ шурӯъ кардаанд. Дар кишварҳои пешрафта, ба монанди Олмон, Чин ва Иёлоти Муттаҳида, энергияи сабз қисми асосии низоми энергетикӣ шудааст. Бо кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, энергияи сабз мусоидат мекунад, ки афзоиши ҳарорати Замин суст шавад.Кам кардани ифлосшавӣ ва истеъмоли захираҳои табиӣ ба ҳифзи ҷонварон ва набототи зист мусоидат мекунад.

Энергияи сабз захираҳои табииро ба таври устувор истифода мебарад, ки ба кам кардани партовҳо ва хароҷот кумак мекунад. Норасоии инфрасохтори лозима дар баъзе минтақаҳо. Энергияи сабз як роҳи бехатар, устувор ва экологии таъмини ҷаҳон бо энергия мебошад. Рушди он на танҳо барои ҳифзи муҳити зист, балки барои беҳтар кардани сифати зиндагии инсонҳо аҳамияти бузург дорад. Бо сармоягузорӣ ва дастгирии ҷаҳонӣ, энергияи сабз метавонад асоси системаи энергетикии устувори оянда гардад.

Каримов Х - омузгори фанни физикаи кафедраи фаноҳи табии.