Перейти к основному содержанию

123123Ба ҳамагон маълум аст, ки Абуалӣ ибни Сино (980-1037) ҳамчун нобиғаи замони хеш дар таҳқиқу таҳлили масоили мубрами илмҳои гуногун саҳми бузург дошт, хосса дар бахши фалсафа ва тиб. Вуруди мутафаккир дар масоили гуногун ба таври фаннӣ сурат мегирад ва системанокии таълимоти фалсафӣ ва тиббии ў ҳақиқатест бе баҳс. Мавриди таваҷҷуҳи мо назари Ибни Сино дар масоили об аст аз ҷиҳати фалсафӣ ва тиббӣ. Мутафаккир чи дар осори фалсафӣ ва чи дар таълимоту таҷрибаҳои тиббиаш ба масъалаи об ҳамчун яке аз унсурҳои асосии ҳаёти инсон ва табиат назар андухта, паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо ба риштаи таҳқиқ мекашад. Ибни Сино мисли бисёр файласуфону олимони соҳаҳои гуногун обро манбаъ, нигоҳдоранда ва давомдиҳандаи мавҷудоти зиндаи кураи Замин медонад. Бинобар ин, файласуф ба ҳама ҷузиёти масоили марбут ба об назари дақиқ дорад ва хусусиятҳои онро вобаста ба мавзуъ шарҳу эзоҳ медиҳад.

Аввалан, Ибни Сино таърифи обро ба тариқи зайл меорад: «Об ҷирми сода буда, ҷойгоҳи табии он – агар хоку об андар ҷойгоҳи табии хеш бошанд – чунин аст, ки боистӣ гирди хокро бигрифта ва худ бо бод пўшида бошад. Ин вазни изофии он бувад. Об сарди тар аст. Яъне табъаш чунон аст, ки агар бо он чи ки варо воҷиб аст, гузошта шавад, агар сабабе аз берун ба вай дучор наояд, аз он сардии ҳисшаванда ва ҳолате падид ояд, ки тарӣ бувад. Тарӣ ин андар сиришти худ ба тавре будани об аст, ки бо андак сабабе аз ҳам бигсилад, ба ҳам ояд ва ҳар гуна шакле, ки набошад, бипазирад, вале онро [дер] нигоҳ надорад» [3; 34-35]. Чуноне ки дида мешавад дар тасаввуроти донишмандони замони Ибни Сино модда аз ҷиҳати таркиби молекулавӣ ё атомӣ не, балки аз ҷиҳати таркиби хилтӣ дида мешуд, ки он модда аз як унсур иборат аст ё бо дигаре махлут гаштааст. Вале аз ҷиҳати хосиятҳои мушоҳидашаванда таҳқиқи мутафаккир дуруст аст ва ҷанбаҳои гуногуни аломатҳои унсурии обро шарҳ медиҳад. Мутафаккир дар масъалаи вазнинии об қайд мекунад, ки «боистӣ гирди хокро бигрифта ва худ бо бод пушида бошад» ва хулоса мекунад, ки «ин вазни изофии он аст». Яъне об вазн (дуруштӣ ё ғилзат)-и зиёдатиро ё аз хок ва ё аз бод мегирад (масалан чиркинии об аз онҳо ба вуҷуд меояд) на аз оташ. Ва ин масъала ҷанбаи фалсафӣ касб мекунаду ба моҳияти унсур ё ашё бармегардад.

Дар таҳкими ин андеша мешавад шарҳу баёни Ибни Синоро овард, ки тақсими анвои обро на аз гавҳари обияш, балки аз ихтилот бо дигар ашё ва ғалабаи хосияти онҳо бар об медонад. «Обҳо на ба гавҳари обии хеш, балки ба ҳасби он чи ки бо онҳо биомезад ва ба ҳасби кайфиятҳое, ки бар онҳо ғолиб оянд, гуногун бошанд. Беҳтарини обҳо оби чашмасорон бошад, вале на ҳар гуна чашма, балки оби он чашмаҳое, ки аз замини дорои гили холис берун оянд ва ҳеҷ як аз ҳолатҳову кайфиятҳои бегона бар хоки он ҷой ғолиб набошад. Ё [оби чашмаҳое бошад, ки] аз санг [берун оянд], зеро ин беҳтар буда, уфунати заминӣ напазируфта бошад. Лекин оне, ки аз гили холис берун ояд, беҳтар аз оне бошад, ки аз санг берун ояд». [3; 270]. Дар назари аввал ин андеша сода менамояд, лекин дурусттар диққат кунем, дармеёбем, ки бисёре аз сокинони Тоҷикистони мо, хусусан онҳое, ки дар куҳистон зиндагӣ мекунанд, огоҳи аз ин масъала надоранд. Дар идома Ибни Сино мефармояд: «Ин [оби беҳтар] на ҳар оби чашмаи холис, балки он обест, ки ба замми он равон бошад ва он на ҳар гуна оби равон, балки он оби равоне бошад, ки бар [истиқболи] офтобу бодҳо кушода бошад, зеро инҳо аз ҷумлаи чизҳоеанд, ки оби равон бо ёрии онҳо фазилат касб кунад. Аммо оби истода бошад, аз кушодагӣ бадие ҳосил кунад, ки бо амиқу пўшида будан онро касб нахоҳад кард» [3; 270]. Чунин хосиятҳо бар аксари обҳои Тоҷикистон марбут аст, лекин ба таври касбӣ бояд онро истифода намуд.

Хосияти ҷоришавии об низ ниҳоят муҳим аст, чунки пас аз хориҷ шудан метавонад дар ҷараён вобаста ба маҳал тағйироти номатлуб бо он рўй диҳад. Аз он ҷумла Ибни Сино менависад: «Бидон, ки обҳои аз роҳи гилӣ раванда беҳтар аз обҳое бошанд, ки аз болои сангҳо равон бошанд, зеро гил обро пок созад ва чизҳои бегонаи бо он омехтаро ба худ гирифта, онро равшан кунад. Санг чунин коре нахоҳад кард. Лекин гиле, ки гузаргоҳи об аст, бояд гили пок бошад, на шўра ва ғайри он. Агар чунин иттифоқ биафтад, ки ин об бисёр буда, ба шиддат биравад, чизе, ки бо вай биомезад, бисёрии об онро аз табъи хеш бигардонад [ва] равиши он ба сўи офтоб буда, рў ба сўи офтоббаро, хусусан ба [офтоббарои] тобистонӣ, равон бошад ва хоса агар аз саргаҳи хеш ниҳоят дур шуда бошад, беҳтарин об бувад» [3; 570]. Ва ин роҳи табии тоза гаштани об аст, ки хосси табиати ватани мост. Аз ин гуфтаҳо дар тамоми мамолики мутамаддин ба тариқи усул ва технология нави тоза кардани об истифода мекунанд, ки моҳияташ ҳамон гуфтаи мутафаккир аст.

Дар мақоми дуюм Ибни Сино оберо медонад, ки ба сўи шимол равон аст. «Сипас обе [беҳтар] бошад, ки рў ба сўи шимол равон аст» [3; 570]. Аз назари мутафаккир ду самт – Шарқ ва Шимол барои ҳаракати об муфид аст ва дар хосиятҳои фоидабахши он меафзояд. Аммо обҳое, ки ба сўи мағриб ва ҷануб ҳаракат доранд, аз назари мутафаккир табиати хуб надоранд. «Оби рў ба сўи мағриб ва ҷануб дошта бад аст, хусусан ҳангоми вазидани боди ҷануб бад аст» [3; 570]. Бояд гуфт, ки беҳтаршавии обро ба шакли табиӣ Ибни Сино бозгў мекунад ва аз баландӣ ба поин рехтани онро яке аз роҳҳои тозашавиаш медонад. Ва обе ки ихроҷ, ҳаракат ва самти он, фурурезиаш ба ҳам ояд беҳтарини обҳо маҳсуб аст. «Обе, ки ба изофаи ин фазилатҳо аз баландӣ фурояд, баргузидатарини ҳама бошад. Ҳар обе, ки бад-ин сифат бошад, чунон хуш бошад, ки гўӣ ширин аст» [3; 270-271].

Дуруштӣ ва тозагии об дар вазни нисбӣ ва хосиятҳои физико-кимиёии он таъсиргузор аст ва ин масъала то ҳол мавриди баҳс ва таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор дорад. Ибни Сино дар мавриди ин масъала меорад: «Бидон, ки андар санҷидани ҳоли об вазн яке аз дастуроти натиҷабахш аст. Зеро оби сабуктар андар бештари ҳолатҳо беҳтарин об бошад» [3; 271]. Масъалаи мазкур дар тамоми мамолики ҷаҳон вобаста ба пешрафти илмӣ-техникӣ ё қафомонии онҳо ба таври гуногун пешниҳод шудааст ва қисман ҳалли худро ёфтааст. Дар баъзе аз мамлакатҳои пешрафта ва рў ба тараққӣ масъалаи дуруст кардани дуруштӣ ва мувозанати асидӣ-ишқории (рН) обро давлат ба уҳда дорад ва ин хизматрасониро ба қадри имкон ба аҳолӣ пешкаш менамояд. Дар Тоҷикистон низ мебояд бо даст додани имкон ин масъала ҳалли худро ёбад, чунки асоси ҳамаи реаксияҳои биокимиёии организми инсонро оби тоза ташкил медиҳад. Ин масъаларо низ Ибни Сино ҳазор сол қабл гузошта, тавсия худро пешниҳод намудааст. «Сабабҳои фоилӣ аз қабили ҳавоҳо ва чизҳои ба онҳо алоқаманд, хўрданиҳо, обҳо, ошомиданиҳо ва чизҳои ба онҳо вобаста, истифроғ, иҳтиқон (боздошташавӣ), шаҳрҳо, бошишгоҳҳо ва чизҳои ба онҳо алоқаманд, ҳаракатҳову сукунатҳои баданию нафсонӣ, ҳама сабабҳоеанд, ки ҳолатҳои тани мардумро бигардонанд ва ё нигоҳ доранд» [3; 31].

Вобаста ба минтақаи бошиш тағйири мизоҷи бошандагонро мутафаккир қайд мекунад, ки ба интихоби буду бошу кору фаъолият таъсиргузор аст. «Мизоҷи мардумони шаҳрҳои шимолӣ ва пешавароне, ки пешаашон ба об алоқамандӣ дорад, бештар тар аст. Мизоҷи касони мухолифи эшон баръакс бувад» [3; 52]. Маълум мешавад, ки табиби ҳозиқ мехоҳад донишмандон ва хусусан табибон аз ин масъала огоҳ бошанд дар интихоби навъ ва усули табобати беморон вобаста ба минтақаи зиндагиашон.

Дар масъалаи таркиби хуни одам, ки вобаста ба сину сол оби он каме тағйир меёбад (дар кудак 80-85 % дар пиронсол 55-65 %) Ибни Сино назари худро дорад. Ў манфиати ҳар ҷузъи хунро шарҳ дода, қисмати обии онро низ шарҳ медиҳад. «Ҳар гоҳ хун бароварда, андар найчаҳо гирифта шавад, андар пеши назар ба [хилтҳо] ҷудо хоҳад шуд – як ҳисса чун кафк, ки он сафрост; як ҳисса чун дурд ва лойоба, ки он савдост; як ҳисса чун сафедии хояи мурғ, ки он балғам аст; ва як ҳиссаи обӣ, ки он бахши обӣ буда, фазлаи он аз роҳи пешоб берун биравад. [Бахши] обӣ аз ҷумлаи хилтҳо нест, зеро он аз ҷумлаи ошомиданиест, ки ғизобахш нест ва аз баҳри тунук сохтани ғизо ва гузаронидани он бад-он ниёзмандӣ бувад» [3; 63]. Чун Ибни Сино обро сода медонад, онро аз ҷумлаи хилтҳои ғизобахш нею моддаи маҳалли ҳал ва ҳаракати хилтҳо медонад. «Аммо хилт бошад, аз ҷумлаи хўрданию ошомидании ғизобахш аст. Маънои «ғизобахш» гуфтани мо ин аст, ки вай билқувва танро мемонад. Он чизе, ки билқувва тани мардумиро монад, ҷисми омехта бувад, на сода. Об бошад, сода аст» [3; 63].
Дар масъалаи дарёҳо ва таносуби онҳо бо маҳал ё шаҳрҳои хурду бузург Ибни Сино назари донишмандони моқабли худро равшан сохта, идеяҳои хуб пешниҳод менамояд. Масалан, ў чунин менависад: «Дарёҳо бошанд, муҷиби зиёд шудани рутубати ҳамаи шаҳрҳое бигарданд, ки бар канори онҳо ҷойгиранд. Агар дарёҳо аз самти шимолӣ бошанд, онҳо ба сард шудани шаҳрҳо ёрӣ хоҳанд расонд, зеро боди шимолӣ ба рўи об, ки он табиатан сард аст, бивазад. Агар [дарё] аз самти ҷануб бошад, андар ситабрии боди ҷануб фузунӣ оварад, хусусан агар [бод] ба сабаби андар рў ба рў ҷойгир шудани кўҳ роҳи гузар наёбад. Агар дарё аз сўи машриқ бошад, ҳаворо тарӣ овардани он бештар аз он бошад, ки дарё ба сўи мағриб бошад, зеро офтоб баробари наздик шуданаш бар рўи он бухор шуданро доим зиёда кунад ва бар рўи дарёи ба сўи мағриб буда чунин кор накунад. Ба таври умум ҳамсоягӣ бо дарё муҷиби тарии ҳаво бигардад [3; 217]. Ва ин масъала дар умури шаҳрдорию саломатии аҳолӣ нақши муҳим дорад.

Дар мавриди бошандагони наздикуҳӣ, ки ҳаво дар аксари сол сарду барфист андешаи Ибни Сино онаст, ки ингуна мавозеъ ҳукми шаҳрҳои сардро дорад. Ба фарқ аз он ки чун барф гудохта шаваду хушки биёяд куҳҳо ҳавои тозаро масдуд кунанд ва ҳавои мавзеи зерикуҳӣ дамгирифта гардад. «Ҳукми бошандагони бошишгоҳҳои барфпўш чун ҳукми дигар шаҳрҳои сард бошад ва шаҳрҳои эшон бодӣ буванд. То вақте ки барф боқист, аз он бодҳои хуб падид оянд. Ҳар гоҳ ки барфҳо об шаванд ва кўҳҳо ба гунае бошанд, ки бодҳоро боз доранд, ҳаво дамгирифта бигардад [3; 255]. Бинобар ин, мутафаккир дар интихоби бошишгоҳ ба тааммулу тафаккур даъват менамояд, то тадбири манзил мувофиқи табиати инсон ва пойдории саломатии ў бошад. «Ҳар ки бошишгоҳ ихтиёр кунад, бояд бидонад: хоки замин ва ҳолати он андар баландиву пастӣ ва кушодагиву пўшидагӣ чӣ гуна аст; оби он, гавҳари оби он ва ҳолати баромад, кушодагӣ, пинҳонӣ ва пастии он [об] чӣ гуна аст; оё ин [ҷой] шамолрас ҳаст ва ё андар замин фурўрафта бувад» [3; 258].

Ибни Сино дар масъалаи дурушти (ситабри)-и об ва бо ҷушонидан тағйир ёфтани он ба андешаи табибони муосири худ мухолиф аст. Ў мегўяд: «Пизишкони нодон чунин гумон доранд, ки оби ҷўшонидаро бахши латифаш бухор шуда, бахши ғализаш боқӣ бимонад ва ҷўшонидан бефоида бошад, чунки обро аз он ситабрӣ бештар бигардад. Лекин бояд донист, ки бахшҳои об андар ҳадди обияти хеш аз ҷиҳати ситабрию тунукӣ яксонанд, аз баҳри он ки [унсури] содаи ғайри мураккаб аст» [3; 271]. Чуноне ки қайд шуд Ибни Сино ситабрию тунукии обро аз хосияти зотии об ҷудо мекунад ва қайд мекунад, ки бо сабаби фишор, таркиб бо омехтаҳои гуногуни берун аз моддаи аслии об, он метавонад ситабр ё тунук бошад. «Лекин об ё ба фишор овардани кайфияти сармо бар вай ситабр бигардад, ё бо бисёр омехта шуданаш бо ҷузъҳои хокие, ки онҳо ба иллати ниҳоят хурд будан наметавонанд аз об ҷудо шуда, тагшин бигарданд, аз баҳри он ки хурдии онҳо на ба андозаест, то битавонанд пайвастагии обро чок кунанд ва андар зери он бинишинанд. Ин [ҳол] чунин зарурат ба миён меоварад, ки бояд гавҳари обро аз барои онҳо омехтагие падид ояд [3; 271-272]. Бояд гуфт, ки шояд андешаи Ибни Сино бо андешаи табибони давр дар моҳият мухолиф набошад ва табибон низ ситабрии обро аз омехта шуданаш бо дигар унсурҳо медонистанд ва бинобар ин бо ҷушонидан ситабрии онро афзуда меҳисобиданд. Ва ин андеша бо таҷрибаҳои илмии муосир мувофиқ аст, аз он ҷиҳат, ки ҷушонидани оби дурушт бар дуруштии он меафзояд. Ва мебояд аввал обро ба қадри зарурат такшин сохт ва баъдан то ҳарорати 60-750 ҷўшонид, то он хосияти оби ҳаётбахшро бигирад [7].

Лекин мебояд қайд намуд, ки раванди тоза намудани об дар пешниҳоди Ибни Сино ба таври илмист, ки ба унсур, сифат ва хосиятҳои об дахл дорад. Мутафаккир менависад: «Баъд, ҷўшонидан нахуст зичиеро бибарад, ки аз сардӣ ба амал омадааст ва сипас ҷузъҳои обро сахт ковок ва ҳатто онро андар қивом тунуктар созад ва имконият диҳад, ки ҷузъҳои вазнини хокии андар зичии об нигоҳ дошташуда аз об ҷудо бигарданд. Онҳо ҳангоми тагшин шудан обро чок карда, бо тагшин шудан аз об ҷудо гарданд ва об ҳамчун оби холиси наздик ба оби сода боқӣ бимонад [3; 272]. Чигунае ки қайд мекунад «наздик ба оби сода», баёнгари он аст, ки об (ба таъбири имрўза дар сатҳи молекулаи холис) назди Ибни Сино дар унсур сода ва дар табиат метавонад холис бошад. Инчунин мутафаккир бо ҷушонидану такшин сохтан холис намудани обро аз ашёи бегона қабул дорад. Ва ин масъала баёнгари он аст, ки ҳанўз дар замони хеш Ибни Сино бо роҳи меканикӣ тоза намудани обро илман пешниҳод намудааст, чигунае ки пеш аз ў низ ба таври содатар пешниҳод мегашт.

Хулоса, масъалаи об ҳамчун унсури муҳими табиӣ барои пайдоиш ва бақои ҳаёт дар кураи Замин дар осори Абуалӣ ибни Сино ҳам аз ҷиҳати фалсафӣ ва ҳам аз ҷиҳати табиию тиббӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, вале пажуҳиши илмии ин масъала дар осори мутафаккир то ҳол пурра анҷом нашудааст. Бинобар ин, мебояд дар радифи дигар фарзияҳои пешниҳодшуда ва ё кашфнашуда дар осори Ибни Сино, фарзияҳои дар масъалаи об ва хосиятҳои тиббӣ ва табии он мавриди таҳқиқ қарор бигиранд, то паҳлуҳои норавшани масъала ошкор гарданд. Ва хусусан дар даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» аз имконияти ба даст омада ба хубӣ мебояд истифода кард, то саҳми мутафаккирони барҷастаи илми тоҷик, ба монанди Абуалӣ ибни Сино, дар ғановати хазинаи таърихи илмии инсоният дубора таъкид гардад, то насли оянда поси хотири эшонро ба таври бояду шоиста бидонанд ва ҳифз намоянд.

Шамсов Муборакшо Саловудинович - н.и.ф., мудири шуъбаи Таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ

Адабиёт
1. Абуалӣ ибн Сино. Осор. Т. 1. Мабдаъ ва маод. Душанбе, 2005.
2. Абуалӣ ибн Сино. Осор. Т.2. Китоби хидоя. Душанбе, 2005.
3. Абуалӣ ибни Сино. Осор. Ҷ. 12. Қонуни тиб. Китоби аввал. Душанбе, 2010.
4. Диноршоев М.Д. Натурфилософия Ибн Сины. Душанбе, 1985
5. Ибн Сино. Канон врачебной науки: В 10 т.- 3-е изд. Ташкент, 1996.
6. Исхаки Ю.Б. Ибни Сино и медицинская наука. Душанбе, 1984
7. Неумывакин И.П. Вода-жизнь и здоровье: мифы и реальность. Москва, 2014.