Перейти к основному содержанию

Артиши миллии Тоҷикистон - як сохтори ҳарбии давлатӣ мебошад, ки асоси таъмини мудофиаи кишварро ташкил дода, барои ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои низомӣ таъсис ёфтааст. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Артиши миллӣ ба мардуми шарафманди кишвар сулҳ, субот ва оромиро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ мо бояд шукронаи ин давлати обод намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Маълум аст, ки Артиши миллӣ тайи 32соли фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз бо неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ба фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимодонаи марзу буми Ватани азизамон рушду такоммул меёбад. Хидмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад, нафароне ҳастанд, ки хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки Ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Хидмат ба Ватану халк қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозонаш фахр мекунад, барои он ки ҳар кас ҳам сарбоз шуда наметавонад. Чи тавреки ба мо маълум аст бузургии ҳар як давлат ба ҳастии Артиш (сарбози Ватан) хос аст, ки Артиши миллии худро дорост. Вазифаи ҳар як сарбоз муҳофизати марзу буми Ватан маҳсуб меёбад.

Хизмат ба Ватан қарзи ҳама мардон аст,

Дурӣ зи Ватан фирори номардон аст.

Рав бар ҳама ашхос бигӯ доди маро,

К - ин марзи Ватан ба аскарон пазмон аст.

Пойдории Истиқлолият, нигоҳдоштани ягонагии мамлакат, пуштибонӣ аз қонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини Артиши миллӣ мебошад. Ҳимояи Ватан ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлолро водор намуд, ки баҳри таъсиси Артиши миллии тавоно тамоми тадбирҳои заруриро андешад.

Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуда,он давра ба давра сурат гирифт. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сохторест, ки баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ бе гирифтани ягон мерос ба ҳастии худ оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳ тавонист рисолати касбии худро ба ҷо орад. Имрӯз он ба яке аз Артишҳои пурқуввати замон на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфта, машҳур ва овозадор гардидааст. Имрӯзҳо сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои ба мо дӯсту ҳампаймон, бо афсарони касби шуҷои Ватан пурра гардонида мешавад. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ваҳдати миллӣ ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.

Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати мардонаи афсарону сарбозонеро, ки рӯзҳои мудҳиштарине, ки ба сари миллатамон омада буд ҷасорату далери нишон дода ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша онҳоро қадрдонӣ мекунанду пос медоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар шодбошиҳои худ ба муносибати Рузи Артиши миллӣ таъкид менамояд, ки сол аз сол Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба як неруи тавоною муқтадир табдил ёфта, метавонад аз марзу бум ва фазои кишвар муҳофизат намуда, ҳаёти осоишта ва бунёдкоронаи мардуми шарафманди Ҷумҳуриро таъмин намоянд. Дар тулии 32 сол Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намудааст.

Дар модаи 43- юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. «Ҳифзи Ватан» ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Ҳар як фарди бонангу номуси миллат бояд шукронаи сулҳу суботи сарзаминро ба ҷо оварда, неъмати бебаҳои тақдир – Истиқлолияти давлатро қадр карда, барои таҳкими дастовардҳои он, ободиву осудагии ҳар хонадон ва ҳар гушаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми содиқона, софдилона ва ватандӯстонаи худро гузорад.

Маҳз Артиш аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар дунё, чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омӯзиши сулҳхоҳонаи ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми миллати тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати фарҳангсолорбиболему барои бозҳам машҳуртар гардидани он саъю кӯшиши бисёр намоем. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст.

Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дусташ медоранду эҳтиром мекунанд. Ватане, ки ҳар хасу хору хоки он бошандагонашро муқаддасу гиромист. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такроршавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандӯстӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд: Ватан болу пари инсон, сарфарозиву сарбаландии инсон, бахту иқбол ва умеду орзуи инсон аст. Муҳаммад Ғоиб яке аз шоирони муосири тоҷик ин меҳанро самимона дуст медорад ва аз ҳамин ҷиҳат тасвираш мекунаду чунин мегуяд:

Ватан он ҷо, ки паҳнои ҷаҳон дар нисбаташ танг аст.

Кафи хокаш ҳама зар ҳасту хораш низ гулранг аст,

Чу савти булбулаш овози товусаш хушоҳанг аст.

Ҳама ҳарфи ҳадисаш оби чашми меҳри пурнанг аст,

Худамро, соҳиби мулки куҳанро дуст медорам,

Ватанро дуст медорам, ватанро дуст медорам.

Дар ҳаққиқат аз ин байти пурмазмун бармеояд, ки Ватан ифтихор, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд. Инсон баҳар зарра хоку ҳар қатра оби ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳисиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиш ва хизмат кардан мебошад. Маънии калимаи Ватан дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ки, худ саршор аз идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳи ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ҳамин тавр мо бояд бо мақсади пешрафти кишвари азизамон ва беҳтар намудани савияи дониши худ ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ диҳем, дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат дарҷ гардидаро ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор дода, бо масъулияти баланди ватандорӣ паи иҷрои онҳо бошем. Сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва аъмоли неку созанда барои мо ҷавонон аз ҳама афзалтаранд. Президенти кишвар бештар ба мо ҷавонон такя карда моро созандагони Ватан, нерӯи созанда, соҳибони мустақилу демократӣ, такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол ном мебарад.

Ҳифзи Ватан, таъмини сулҳ ва субот, инчунин осоиштагии мардуми кишвар нақши муҳим ва ниҳоят муҳим дар таҳкими ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд доранд. Вақте ки Ватан ва мардуми он дар амон ва оромии комил қарор доранд, ҷомеа дар самти рушд ва пешрафт ба сӯи ояндаи беҳтар ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои аслӣ ва муҳими ҳар як шаҳрванд ва ҳукумати кишвар — таъмини амният ва сохтори ҳимоякунандаи Артиш аст, ки барои ҳифзи ҳудуд, истиқлолияти давлат ва таъмини осоиштагии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.

Мо бояд тамоми нерӯи маънавӣ, меҳру муҳаббат ва масъулияти худро ба таҳкими қудрати Артиши миллӣ равона кунем, то ки он на танҳо ҳимояи сарзамини мо, балки кафолати зиндагии орому бехавф барои тамоми мардуми кишвар гардад. Бо мавҷудияти Артиши пурқувват, мардум эҳсос мекунанд, ки онҳо дар муҳити осоишта ва муҳофизатшуда зиндагӣ мекунанд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад, ки ба ҳар як соҳаи ҳаёти худ бо боварӣ ва эътимод назар кунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки вақте мардум дар вазъияти амният ва оромӣ қарор доранд, онҳо метавонанд ба таҳкими иқтисод, фарҳанг ва тамоми соҳаҳои дигар диққати бештар диҳанд, ки натиҷаи он пешрафти тамоми кишвар хоҳад буд.

Исмоилзода Ҷ.А., Латипов М.Н. - ходимони илмии ШҶБ Институти астрофизикаи АМИТ