Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва рамзи ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ, кафили амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд. Ҷашни мазкур на танҳо барои низомиён, балки барои тамоми шаҳрвандони кишвар муҳим мебошад, зеро он ҳифзи марзу буми Ватан ва оромии ҷомеаро таҷассум мекунад.
Таърихи таъсис ва рушди Қувваҳои мусаллаҳ. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли1991, Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде дар соҳаи мудофиа ва таъмини амнияти кишвар рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит зарурати ташкили нерӯҳои низомии миллӣ ба миён омад. 23 феврали соли 1993 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар расман таъсис дода шуданд. Аз он замон инҷониб, низоми мудофиавии мамлакат тадриҷан рушд карда, таҷҳизоти низомӣ, таълимоти касбӣ ва омодагии ҷангии артиши миллӣ беҳтар гардид.
Артиши ҳар давлат нишони иқтидори ҳамон давлат аст. Мақсад аз таъсиси артиш дар ҳама давру замон ҳимояи давлат, марзу буми ватан будааст. Дар ин робита, аз саҳифаҳои таърихи ниёкон маълумоти зиёдро метавон дастрас кард. Маълумоти аввалинро дар бораи дастаҳою гурӯҳҳои махсуси мусаллаҳ аз модаркитоби инсоният - «Авесто» пайдо кардан мумкин аст. Аҷдодон бори аввал дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён (550 - 330 сол пеш аз милод) артиши касбӣ ташкил намуда буданд. Артишҳои давлатҳои Сосониён (224-651) ва Сомониён (619-999) дар замонашон яке аз пурқудраттаринҳо ба шумор мерафтанд.
Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар муддати кӯтоҳ дар ҷойи холӣ таъсис ёфт. Ҳангоми суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, 23 феврали соли 2019, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».
Бо ин мақсад фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти N ФП-14 аз 4 январи соли 1992 дар бораи ташкили Кумитаи мудофиа, таҳти N 363 аз 30 сентябри соли 1992 баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 1992, N ФП-188 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» қабул карда шуданд. Сипас, 18 декабри соли 1992, Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» аз 4 ноябри соли 1995 ва «Доктринаи ҳарбии Тоҷикистон», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2005, N103 тасдиқ шудааст, заминаи ҳуқуқии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам оварданд.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳ дорои сохторҳои гуногун, аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои сарҳадӣ, нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ мебошанд. Онҳо вазифадоранд, ки соҳибихтиёрии кишварро ҳифз намуда, бо ҳама гуна таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мубориза баранд. Ҳамчунин, барои таъмини суботи дохилӣ ва ҳифзи марзҳои давлатӣ ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии дигар идома дорад.
Айни замон зиёда аз 600 нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон таҳсилро идома дода истодаанд.
Аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ беш аз 5000 нафар ҷавон муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва беш аз 600 нафар академияҳои ҳарбиро хатм карданд. Ҳоло зиёда аз 90 дарсади афсароне, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ, яъне, мутахассиси соҳаи низомӣ мебошанд.
Дар таълимгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиа 1400 нафар таҳсил доранд ва онҳоро ҳар сол 350 нафар хатм менамоянд. Вазорати мудофиа ҳар сол дар асоси қарордод беш аз 200 нафар хизматчии ҳарбиро ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии давлатҳои пешрафта мефиристад. Ҳар сол беш аз 150 нафар афсар курсҳои такмили ихтисосро дар марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ хатм мекунанд.
Аҳамияти ҷашн ва нақши Қувваҳои мусаллаҳ. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ имконият медиҳад, ки ҷомеа ба хизматҳои низомиён эҳтиром гузорад ва қаҳрамониҳои онҳоро қадр намояд. Ҳар сол дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни идона, машқҳои ҳарбӣ ва намоишҳои қувваҳои низомӣ баргузор мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба низомиён паёми табрикӣ ироа намуда, ба хизматчиёни беҳтарин мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад.
Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки “Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”
Мардуми сулҳпарвари тоҷик дар симои Кувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони содиқи Ватанро мебинад ва дилпурона дар роҳи бунёдкориву созандагӣ бо азму талош кору зиндагӣ мекунад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”
Хулоса. Ҳоло бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар ташаккул ёфтааст. Он дар муборизаҳои шадид иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ андӯхта, обутоб ёфт. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрати миллӣ, ифтихор ва садоқат ба Ватан мебошад. Ин ҷашнна танҳо рӯзи низомиён, балки рӯзи ҳар як тоҷикистонӣ аст, ки барои сулҳу амнияти кишвар саҳм мегузорад. Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди давлат, кафили субот ва ҳаёти осоиштаи мардум боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд хизматҳои низомиёнро қадр намуда, барои рушди Артиши Миллӣ саҳми худро гузорад.
Аз ин минбари муқаддас истифода намуда, тамоми хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбиро ба ифтихори истиқболи ҷашни 32-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният намуда, зиндагии шоиста, хизмати сидқан бовафоро ба халқу миллати тоҷику тоҷикистониён орзу менамоям.
Хоҷаев М.А. - котиб илмии Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон