Перейти к основному содержанию

Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем.

Эмомалӣ Раҳмон

12312312Дӯстию бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ байни халқу миллатҳои гуногун яке аз масъалаҳои муҳими танзимкунандаи амну осоиш ва оромии ҷомеаи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ин масъала эътибори махсус дода, бо тамоми мамлакатҳои хориҷи дуру наздик муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст.

Санаи 31 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар шаҳри бостони Хуҷанд мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар доираи ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ, шартнома байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатҳо ба имзо расонида шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баимзорасидаро «санади таърихӣ» номида, таъкид доштанд, ки «ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем».

Тоҷику ӯзбеку қирғиз се халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд. Ин се халқ дар тӯли асрҳо дар як минтақа зиндагӣ карда, фарҳанг, анъана ва урфу одатҳои худро бо ҳам омехта кардаанд. Муносибатҳои дӯстонаи байни ин халқҳо дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боз ҳам мустаҳкам шуданд.

Дар он замон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷумҳуриҳои бародар буданд ва дар ҳама соҳаҳо бо ҳам ҳамкорӣ мекарданд. Имрӯз, пас аз ба даст овардани истиқлолият, муносибатҳои дӯстонаи байни ин се халқ боз ҳам амиқтар шуда истодаанд.

Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва амният бо ҳам ҳамкорӣ карда, дар солҳои ахир муносибатҳои дӯстонаи хешро боз ҳам таҳким бахшида истодаанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти таъмини сулҳу субот дар минтақа, ҳалли масъалаҳои марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф тадбирҳои муштарак андешанд. Ин қадамҳо барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни се халқ мусоидат хоҳанд кард.

Дар таҳким бахшидани сулҳ ва устувор гардидани дӯстӣ миёни се кишвари бародару ҳамсоя саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати сулҳпарваронаи худ бори дигар собит кард, ки ҳамаи масъалаҳои баҳсбарангези миёни давлатҳои ҳамсоя танҳо бо роҳи дипломатия ва музокирот роҳи ҳалли худро ёфта метавонанд.

Дӯстии халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз гарави сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд. Ин дӯстӣ бояд ҳифз ва таҳким бахшида шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».

Пешвои миллат зимни суханронӣ зикр намуданд, ки мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем. Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи худ ба Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон азм дорад дар давраи оянда тамоми кӯшишҳоро барои фароҳам овардани заминаи зарурӣ ҷиҳати ҳамкории гуногунҷанбаи созандаи ду кишвар равона намояд.

Аз ин рӯ, таъмини суботи манотиқи наздисарҳадии кишварҳои минтақа саъю талоши давлатҳо ва сокинони ин қаламравҳоро тақозо менамояд. Мо ба ҳамкории устувор ва дӯстиву ҳамҷавории Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон умедворем.

Ҳамин тавр, мулоқоти сарони кишварҳо на танҳо як қадами муҳими сиёсӣ, балки иқдоми амалӣ барои таҳкими дӯстӣ, субот ва рушди ҳамгироии минтақавӣ гардид.

Бигзор дӯстии байни халқҳо ва муносибати стратегии Тоҷикистон Қирғизистон ва Узбекистон поянда бошад!

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул Ходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ