Перейти к основному содержанию

Технологияи ҳастаӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги илмии асри муосир аст, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз тиб то энергетика, нақши муҳим бозида истодааст. Дар ин раванд, Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) ҳамчун созмони калидии байналмилалӣ барои пешбурди истифодаи осоишта ва бехатари ин технология фаъолият мекунад.

Ба гуфтаи мутахассисон, технологияи ҳастаӣ дар илм барои кашфиётҳои нав роҳ кушодааст. Дар соҳаи тиб, дастгоҳҳои ташхиси бемориҳо ва радиотерапия барои муолиҷаи саратон аз ин технология истифода мебаранд. Дар энергетика бошад, нерӯгоҳҳои ҳастаӣ барои ҳазорҳо хонаводаҳо барқ тавлид мекунанд ва дар муқоиса бо манбаъҳои анъанавӣ камтар ба муҳити зист зарар мерасонанд. Ҳамчунин, дар кишоварзӣ, усулҳои радиатсионӣ барои беҳтар кардани ҳосили зироатҳо ва мубориза бо ҳашароти зараррасон кӯмак мерасонанд.
АБНА, ки соли 1957 таъсис ёфтааст, дар пешбурди ин технология ва ҷилавгирӣ аз истифодаи он барои ҳадафҳои низомӣ нақши муҳим дорад. Созмони мазкур тавассути санҷишҳои мунтазам барномаҳои ҳастаии кишварҳоро назорат мекунад, то итминон ҳосил шавад, ки онҳо танҳо барои мақсадҳои осоишта истифода мешаванд.

Инчунин, АБНА ба кишварҳои рӯ ба инкишоф барои татбиқи технологияи ҳастаӣ дар соҳаҳои тиб ва кишоварзӣ кӯмакҳои техникӣ мерасонад. Дар баробари ин, созмон стандартҳои байналмилалии бехатариро ҷорӣ карда, аз хатарҳои радиатсионӣ ва садамаҳои эҳтимолӣ пешгирӣ мекунад.
Мутахассисон мегӯянд, ки технологияи ҳастаӣ ҳам имконият ва ҳам хатар дорад. Аз ин рӯ, нақши АБНА дар ҳамоҳангсозии ҷаҳонӣ ва таъмини истифодаи он барои беҳбуди зиндагии инсонҳо беш аз пеш муҳим мешавад.

Самти дигари муҳими АБНА ин омӯзиши мутахассисон аст. Дар ин раванд, мутахассисони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чорабиниҳои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, донишҳои худро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, амнияти ядроӣ ва истифодабарии технологияи ҳастаӣ дар илм такмил медиҳанд. Нишастҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи касбияти олимони тоҷик низ мусоидат мекунад.

Мутахассисон ба ин назаранд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо АБНА на танҳо ба рушди илм ва тиб, балки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ, инчунин ҷалби сармоягузорон ба кишвар мусоидат мерасонад. Бо дастгирии АБНА, Тоҷикистон метавонад аз имкониятҳои технологияи ҳастаӣ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ истифода бурда ва дар ин раванд мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам созад.

Илҳом Мирсаидзода - профессор, директори Агентии амнияти

ХБРЯ-и АМИТОлимҷон Азизов - н.и.т., мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ