Перейти к основному содержанию

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ

Рӯзномаи ҳамеша маҳбуби мо ва хондании рақами яки кишварамон - Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи "Ҷумҳурият" ҳануз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ, яъне як аср қабл аз ин бештар ба масоили саводнокшавии сокинон ва иҷрои корҳои тарғиботию бунёдкорӣ машғул буд. Рисолати он низ натанҳо барои мардум расонидани хабари тоза, балки чун минбар хидмат кардан будааст. Аз ин рӯ, бо эътимод метавон гуфт, ки бешак "Ҷумҳурият" оинаи тамомнамои таърихи як асри мост.

"Ҷумҳурият" аз рӯзи таъсисёбӣ, дар баробари иҷрои рисолати асосияш, ҳамзамон ба чопи даҳҳо мақолаҳои илмию оммавӣ, адабӣ, фарҳангӣ барои тафаккурсозӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа замина фароҳам овардааст.

Маҳз ба ин хотир, нахустпрезиденти Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ, ки худашон низ яке аз муаллифону ходимон ва обуначиёни фаъоли ин рӯзномаи маҳбубу маъруфи кишварамон буданд, маҳз ин нашрияи меҳвариро "модари матбуоти тоҷик" номида буданд, ки дар ҳақиқат, дуруст аст. Омӯзишу баррасии мундариҷа, шакл, таносуб ва ороиши матолиби ҷарида нишон медиҳад, ки он маҳз барои рангорангии муҳтавою мундариҷа ва таъсирбахш баромадани матлабҳои худ аз як қатор роҳу василаҳои мухталиф низ дар мавридҳои зарурӣ кор гирифтааст. Ин ҷарида қариб ҳама соҳаҳои як ҷомеаи рӯ ба рушдро дар худ ифода мекунад. Дар он сиёсат, илм, истеҳсол, иқтисод, иҷтимоъ, фарҳанг, ҳунар ва таърих ба таври рӯшан таҷаллӣ меёбад. Бахусус, дар ин як аср хабару гузоришҳои расмии сохтору зерсохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва воқеаҳои ба соҳаи илм марбут дар он пайваста чоп шудаанд. Ҳар каси алоқаманд агар таърихи таҳаввул ва ташаккули 74- солаи ин ниҳоди илмии бонуфузи ҷумҳуриро омӯхтанист, бешубҳа манбаи асосии "Ҷумҳурият" хоҳад буд.

Таърихи пурпечутоб, аммо ибратбахши якасраи фаъолияти пурсамарро ба ҳама аҳли қалами нашрия ва ҳайати эҷодии он самимона табрику муборакбод мегӯям. Ҷашни фархундаи 100- солагии нашрияи расмӣ ва маҳбуби Меҳан ба аҳли илму маърифати тоҷик фархунда бод!