(дар ҳошия таҷлил ва рӯзи гиромидошти устод А. Рӯдакӣ)
Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме..
Ҳамасола 22-юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Дар аввалҳо таҷлили ин ҷашни хусусияти илмӣ ва фарҳангӣ дошт. Пас аз замони соҳибистиқлолӣ ба он мақоми расмӣ дода шуд ва соли 2002, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ пазируфта шуд.
Барои нигорандаи сатрҳо мояи ифтихор аст, ки анҷумани илмӣ-амалии байналмилалӣ зери унвони “Ҳикмати Рӯдакӣ” дар диёри шоир, деҳаи Панҷрӯд, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳури Тоҷикистон ва ба муносибати арҷгузории бузургдошти сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар мавзӯи “Шинохти Рӯдакӣ дар Покистон” дар партави мақолаи устоди шодравон Абдуғанӣ Мирзоев зери унвони “Захмаи чанги Рӯдакӣ” дар Покистон андешаронӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар асарҳои донишмандон, аз ҷумла китобҳои эҷодкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номҳои адибону абармардони тамаддуни таърихи тоҷик ба хусус номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, шоири бузург ва Одамушшуаро дар нахустсафҳаи таърихи адабиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва ҷовидонӣ сабт шудааст.
Рӯдакишиносӣ имрӯз ба як шохаи муҳими адабиётшиносии тоҷик табдил ёфта, шомили мақолаву рисолаҳои фаровон мебошад. Тамоми мардуми ҷаҳон бахусус миллати тоҷик бо ин абармарди олами адаб фахр намуда, номи неки ӯро пос медорад. Устод Рӯдакӣ чеҳраи маҳбубу маъруфи аҳли адаб буда, дар борааш суханони зиёди пурситоиш гуфта шудаанд.
Бар ин росто сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ ба осору омоли устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи махсус дошта, дар навиштаҳои худ борҳо руҷӯъ ба эҷодиёти ин шоири барҷаста кардааст. Мавриди зикр аст, ки рисолаи С.Айнӣ бо номи «Устод Рӯдакӣ» сухани тозае дар Рӯдакишиносӣ буда, дар бораи Одамушшуаро маълумоти ҷолибу тозае пешниҳод гардидааст. Дар он чунин қайд шудааст: «Шеърҳои Рӯдакӣ бисёр содаву табиист ва бар болои ин, бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст. Мо дар шеърҳои ӯ… тумтароқиҳои шоирони дигарро намебинем, аммо аз хондани онҳо чунон лаззат мебарем, ки бо хондани бисёр шеърҳои шоирони машҳури дигар ин лаззат кам муяссар мешавад. Агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, мувофиқ меояд». Дар ҷойи дигар устод Айнӣ оид ба хусусиятҳои умдатарини шеъри Одамушшуаро мулоҳиза ронда, зимнан иброз медорад, ки «Забони шеъри Рӯдакӣ бисёр содаву оммафаҳм буда, ӯ калимаҳои арабиро кам истифода карда, аз суханҳои форсӣ-тоҷикӣ бештар содатарин ва оммафаҳмтаринашонро чида гирифта, ба кор мебарад». Дар ҳақиқат ашъори устод Рӯдакӣ равону самимӣ буда, хиради инсониро ба ваҷд оварда, ба дилҳо расида, ба хотирҳо нақш мебандад.
Донишманди мумтози тоҷик, адабиётшиноси варзида Абдулғанӣ Мирзоев яке аз муҳаққиқон ва рӯдакишиносӣ муваффақ мебошад, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ китоб зери унвони «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» эҷод кардааст. Ин олими номвар дар ситоиши султони шоирон, аз ҷумла, овардааст: «Умуман, мақоми Рӯдакӣ дар таърихи назми тоҷик аз ҷиҳати азамати худ бемонанд аст. Рӯдакӣ нафақат шаклҳо ва навъҳои назмро такмил дод, балки дар тамоми қисматҳои назми асри худ намунаҳои беҳтарини аввалин сабки шеърӣ – сабки туркистониро эҷод намуда, онҳоро аз ҷиҳати талаботи ғоявӣ ва бадеӣ ниҳоятдараҷа баланд бардошт».
Зикру ёди чунин фарзандони фарзонаи миллатро дар даврони истиқлолият аввалин маротиба ҳафт сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат санаи 22 сентябрро чун рӯзи Рӯдакӣ поягузорӣ ва арҷгузорӣ кард, ки ҳамасола санаи мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, аз соли 2008 дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, ки он нишона аз ҳифз намудан ва арҷгузорӣ ба бузургон мебошад.
Нигорандаи сатрҳо бо ҳамроҳии устоди зиндаёд Тоҷиддин Мардонӣ дар нишасти мазкур аз ҷонибӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ иштирок ва сӯханронӣ дошт, ки мақолаи банда “Шинохти Рӯдакӣ дар Покистон” дар партави мақолаи устод академик Абдуғанӣ Мирзоев зери унвони “Захмаи чанги Рӯдакӣ” дар Покистон иборат буд, ки дар он назарсанҷиҳои илмӣ доир ба қасидаи “Буи ҷуи Мулиён”-и Рӯдакӣ ва таъсири он ба нависандагони покистонӣ низ таҳқиқотӣ илмӣ намудааст.
Воқеан, арҷгузорӣ ба қаҳрамонони кишвар аз адабу шарофати ин ё он қавм аст, ки онҳоро чун намунаи адабӣ қадршиносӣ мекунанд. Дар воқеъ устод Рӯдакӣ яке аз шахсиятҳои нодире мебошад, ки дар ҷаҳон камназиранд.
Дар ниҳоят, мехоҳем чанд нуқтаеро ба ин муносибат баён намоем.
Мавриди зикри хос аст, ки устод Рӯдакӣ аз шоирони беҳамто ба шумор рафта, бо ташаббуси ӯ санги бунёдии адаби тоҷику форс гузошта шуда, то имрӯз ба авҷи камолот расидааст. Бояд қайд намуд, ки ашъори устод Рӯдакӣ поягузорӣ адабу илм буда, хонандаро огоҳ мекунад, ки бидуни ин ду ҳаёти инсонҳо ба таври хуб дурахшону фурузону тобанда намемонад. Инчунин, эътироф бояд кард, ки устод Рӯдакӣ аз нобиғагонест, ки тавассути “Буйи ҷуйи Мулиён”-и худ заминаи асосии меҳру муҳаббат ба ватан ва ватандӯстиро таҷассум кардааст.
Дар охир бояд қайд намуд, ки вазифаи устод Рӯдакиро чунин медонаду мешиносад: “инсон бояд дар ҳама кор ва зиндагии худаш ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад”. Ҳамин тариқ, ӯ ҷаҳонро мисли дарёе медонад, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, бояд дар зиндагӣ талош варзад то некӣ кунаду аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад, то ҳамаи аҳли башар аз он партави нуронӣ файз намояд ва ба қавли худи шоир:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ