Перейти к основному содержанию

1231Забон на танҳо воситаи гуфтор ва муошират, балки рукни асосии давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ мебошад. Ҳар миллат дар тӯли таърих забонро ҳамчун оинаи ҳастӣ ва нишондиҳандаи фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури худ медонад. Забони тоҷикӣ, ки аз қадим то имрӯз мавқеи худро дар илму адаб ва фарҳанги ҷаҳонӣ собит намудааст, имрӯз ҳамчун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.

Бо назардошти аҳамияти бузурги он, ҳамасола дар кишвари мо 5-уми октябр Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана барои ҳар як тоҷикистонӣ рамзи эҳтиром ба гузашта, посдории фарҳанги миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

То соли 2009 Рӯзи забон дар Тоҷикистон 22-юми июл таҷлил мегардид. Аммо бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 5-уми октябри соли 2009, санаи таҷлили Рӯзи забон ба 5-уми октябр гузаронида шуд. Ин рӯз ба як иди расмии давлатӣ табдил ёфта, дар саросари ҷумҳурӣ бо баргузории ҳамоишҳо, конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ ва мулоқотҳо таҷлил мегардад.

Мақсади асосии таҷлили ин рӯз арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони модарӣ ва забони давлатӣ, таҳкими ҷойгоҳи он дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.

Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои куҳантарини олам буда, решаҳои он ба ҳазорсолаҳо бармегардад. Ин забон шохаи муҳими забонҳои эронии шарқӣ буда, дар давраҳои гуногуни таърих бо номҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ мавриди истифода қарор дошт.

Дар ин забон осори ҷовидонаи устод Рӯдакӣ – падари адабиёти классикии тоҷик, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, ғазалҳои пурҳикмати Ҳофиз, асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулмаонӣ Бедил ва садҳо шоиру олими барҷастаи дигар офарида шудаанд. Ин мероси ғанӣ собит месозад, ки забони тоҷикӣ яке аз ганҷинаҳои нодири фарҳанги башарист.

Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошад. Тавассути забони давлатӣ муносибатҳои расмӣ, санадҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ба роҳ монда мешаванд. Бо ҳамин забон қонунҳо қабул мегарданд, илму фарҳанг рушд меёбад ва ҷомеа ба сӯи пешрафт қадам мегузорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Забон рукни давлатдорӣ ва ҳастии миллат аст».

Дар ҳақиқат, маҳз тавассути забони модарӣ миллати тоҷик тавонист, ки дар тӯли садсолаҳо фарҳангу тамаддуни худро нигоҳ дошта, то ба даврони истиқлолият бирасонад.

Забони тоҷикӣ, ки мероси чандинҳазорсолаи ниёгони мо мебошад, дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи наву шоиста пайдо кард. Дар ин ҷода саҳми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва таърихист. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ эҳё ва рушд ёфт.

Бо сиёсати забондӯстонаи Сарвари давлат, имрӯз забони тоҷикӣ дар тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, расонаҳои омма ва дигар сохторҳо ҳамчун воситаи асосии муошират истифода мешавад.

Бо дастгирии Пешвои миллат, ҳамасола бахшида ба Рӯзи забон конфронсҳои илмӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамоишҳои фарҳангӣ ва нашри китобҳои илмӣ-оммавӣ доир мегарданд. Ҳадафи ин ҳама чорабиниҳо баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа мебошад.

Президенти мамлакат ба ҷавонон ҳамеша таъкид мекунанд, ки бояд забони модариро бо эҳтиром омӯзанд ва онро поку фасеҳ истифода баранд. Дар баробари забонҳои хориҷӣ, ки воситаи дастрасӣ ба илмҳои муосир мебошанд, истифодаи дуруст ва ифтихор аз забони модарӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷавонони тоҷик дониста мешавад.

Ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои покизагии забон бояд кӯшиш кард, ки онро бо вожаҳои бегонанавиштаи худ бой гардонем, аз ифлосшавии забон бо вожаҳои бегона пешгирӣ намоем ва онро ба таври дурусту фасеҳ истифода барем.

Ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, бояд забони модариро бо муҳаббат омӯзанд ва дар баробари забонҳои хориҷӣ онро бо ифтихор истифода баранд. Муаллимон, олимон, рӯзноманигорон ва аҳли зиё низ масъуланд, ки забони тоҷикӣ бо сифати баланд ва дар сатҳи илмӣ рушд дода шавад.

Рӯзи забони тоҷикӣ рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи мероси ниёгон мебошад. Ҷашн гирифтани ин рӯз на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта аст, балки масъулияти ҳар яки моро дар назди наслҳои оянда низ хотиррасон месозад. Забони тоҷикӣ ганҷинаи бебаҳоест, ки бояд аз он ифтихор намоем ва онро ҳамчун рамзи ваҳдат, истиқлолият ва ҳастии миллӣ ҳифз кунем. Ҳар як фарди ҷомеа бояд дар пос доштани покизагии забон, рушду такомули он ва интиқоли ин ганҷина ба наслҳои оянда саҳмгузор бошад.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ ва омили ваҳдати миллӣ бо сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат рушд ва такомули бесобиқа ёфтааст.

Қобилов М.М. – доктори илмҳои физикаю математика, мудири шуъбаи математикаи

амалӣ ва механикаи Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ