Перейти к основному содержанию

Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ буда, 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйипурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки ин як руйдоди таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистонро дар ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд.

Тавассути ин дастоварди бузург, мардуми тоҷикро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ифтихор нишон дод, ки соҳиби давлати мустақили худ буда, барои нигоҳдорӣ, таҳким ва рушди комёбиҳои бадастомада пайваста талош менамояд. Ҳадафи асосии он рушди минбаъдаи соҳибихтиёрии давлати миллӣ буда, дар ин самт кӯшишҳои пайгирона ва саъйю талош меварзад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ сарчашма мегирад, ки ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, баҳри ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ ин санади таърихӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро гузошт. Ҳамчунин мувофиқи ин санад инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои ҳуқуқу озодиҳои васеи конститутсионӣ шинохта шуд. Масоили ҳуқуқи инсон ва озодиҳои инсон яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар меҳвари асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки ин яке аз принсипҳои калидии давлат ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар Конститутсия боби алоҳида (боби дуюм) маҳз ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки аз рӯи ҳаҷм, ин боб аз ҳама васеъ ба шумор рафта, 34 моддаро дар бар мегирад.

Вобаста ба ин, дар дигар моддаҳои Конститутсия низ масъалаҳое, ки ба вазъи ҳуқуқи инсон дахл доранд, зиёд мебошад. Яъне, дар маҷмуъ, муҳтавои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Агар аз як ҷониб мавқеи конститутсионии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ чун арзиши олӣ асоси давлати ҳуқуқбунёд бошад, аз ҷониби дигар ҳолат ё вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, низоми ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нишондиҳандаи дараҷаи демократӣ будани давлат ба ҳисоб меравад.

Бо дар назардошти тағйиру иловаҳо дар соли 2003 ва соли 2016 мазмуну муҳтавои моддаи 14 Конститутсия дар самти амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боз ҳам такмил ёфт. Ҳуқуқу озодиҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Баҳри амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфта, иҷрояшон кафолат дода мешавад. Вобаста ба ин, дар қатори дигар афзалияту ҳадафҳои давлат, таъмини манфиати инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамеша дар мадди аввал меистад. Ҳамин тавр, сиву як соли амали Конститутсияи Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз миллат ҷавобгӯи манофеи халқи кишвар буда, барои пешрафту шукуфоии ин сарзамину миллати куҳанбуёд хизмат хоҳад кард.

Маҳз хусусиятҳои хос ва арзишҳои нодири Конститутсия боис гардид, ки он аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шавад.

Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат қайд кардаанд: “Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид”.

Дар иртибот ба ин, мувофиқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як шаҳрванди кишвар уҳдадор аст, ки Ватанро ҳифз намуда, манфиатҳои давлатро муҳофизат кунад, истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро таҳким бахшад, зеро ин вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Ба ҳамин асос, ҳар порчаи хоки Тоҷикистон барои ҳар яки мо гиромиву муқаддас буда, ҳифзу посдории он қарзи фарзандӣ ва сабаби ифтихору сарбаландии бузург мебошад. Бо дарназардошти ин, зарур аст, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат бо ақлу заковати солим амал намуда, бо таҳаммулу андеша рафтор намоем, то ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободиву шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми арзандаи худро гузорем.

Самиев Муҳаммадбек – нозири калони кадри Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”