Перейти к основному содержанию

19-уми декабр яке аз шахсиятҳои барҷаста ва ҷавонони сарбаланди кишвар, пайрави асили сиёсати хирадмандона, созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷашни фархундаи мавлудашонро таҷлил менамоянд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳбари ҷавон, ташаббускор ва масъулиятшинос бо заҳмати содиқона ва иродаи қавӣ дар роҳи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти самарабахш ба роҳ монда, дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Хидматҳои шоистаи эшон, бахусус дар самти рушди пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, боиси қадршиносии аҳли ҷомеа гардида, намунаи олии хизмат ба Ватан ва мардум маҳсуб меёбанд.

Имрӯз шаҳри Душанбе ба шарофати иқдомҳои дурандешона, сиёсати шаҳрсозии муосир ва тадбирҳои пайвастаи муҳтарам Раис ба маркази воқеии рушд, фарҳанг, илму маориф ва зиндагии шоиста табдил ёфта, симои он рӯз ба рӯз наву зебо мегардад. Бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ, роҳҳо, боғу гулгаштҳо, иншооти варзишию фарҳангӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ далели равшани фаъолияти натиҷабахши роҳбарият мебошад.

Ба ин муносибати саид муҳтарам Рустами Эмомалиро бо рӯзи мавлудашон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, умри дароз, саодати рӯзгор, неруи тоза ва дар иҷрои рисолати пуршарафи давлатдорию роҳбарӣ муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоем. Орзумандем, ки зери роҳбарии эшон шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ободу пешрафта гардида, мақоми сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшанд.

Бигзор иқдомҳои созандаатон ҳамеша муваффақ, ниятҳои некатон ҷомаи амал пӯшанд ва фаъолияти пуршарафатон баҳри фардои дурахшони Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон равона гардад.