Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 8 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қуватзода Сайдулло, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.

Баъд аз суханронии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, инчунин Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва иноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ба роҳ монда шуд.

Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ба тафсил сухан ронд. Қайд гардид, ки соли 2025 барои ҳайати олимон ва донишмандони Академияи миллии илмҳо аз ҳар ҷиҳат соли бобарор ва хотирмон буд. Тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 декабри соли 2025 зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки рӯзи 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.

Мубрамияти омӯзиши масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Маркази омўзиши пиряхшиносии АМИТ Муассисаи давлатии “Институти пиряхшиносӣ ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шавад, ки ин пешниҳод аз боварию эътимоди роҳбарияти олии кишвар ба олимони Академия дарак медиҳад. Соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, иштироки фаъол ва саҳмгузории Маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳо дар баргузории чорабинии мазкур далели гуфтаҳои мазкур аст.

Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём қайд намуданд, дар ҳамин рӯз бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Бо мақсади омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани қатъномаи мазкур бо ибтикори Раёсат Муассисаи давлатии “Институти давлат ва ҳуқуқ” аз оғози соли 2026 ба кор шуруъ менамояд, ки иқдоми дигари Раёсати Академияи миллии илмҳо дар соли 2025 буд.

Барои ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, ки бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 сурат гирифт заҳматҳои олимону бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ назаррас мебошад.

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дастур доданд ва таҳияи Консепсияи марказҳои мазкурро ба зиммаи Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ вогузор намуданд, ки масъулияти олимони Академияи миллии илмҳо дар соли 2026 дар самти омӯзиш ва пешниҳоди масъалаи мазкур дучанд хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ аввалин маротиба Академияи миллии илмҳо тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуд. Бо ин мақсад санаи 12 –уми феврали соли 2025 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба раванди таълим ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалии муассисавӣ гузаронида шуда, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) ба муҳлати 3 сол бо сертификати байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҳисобот зикр шуд, ки аз рўйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 2600 маводи илмӣ аз ҷумла, 80 монография, 156 китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог ва 2400 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шуд. Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ 1800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ (аз ин шумора беш аз аз 1200 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КАО назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 600 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ин шумора беш аз 150 мақола дар SCOPUS ва беш аз 300 - мақола дар РИНС) ба нашр расидаанд. Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ 2000 мақолаи илмию оммавӣ дар рўзномаю маҷаллаҳо ба нашр расонида шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки АМИТ дар ин давра дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНС) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон аз 854 нафар кормандони илмии АМИТ 625 нафар дар китобхонаи электронӣ (e-library) худро ба қайд гирифтаанд. Аз ин шумора ХИРШ- и 62 нафар олимони АМИТ аз 8 то 36-ро ташкил медиҳад. Ҳоло ХИРШ-и олимони АМИТ аз рўйи ҳамаи нашрияҳои e-library – 56 (52), аз рўйи РИНС-54 (50) ва аз рўйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНС нашршуда - 47 (43)-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ 7 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 патенти АвруОсиё, 2 патенти Ҷумҳурии халқии Хитой барои ихтироъ, 12 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ (6 адади онҳо нахустпатентҳое мебошанд, ки охири моҳи декабри соли 2024 гирифта шуда, ба ҳисоботи соли 2024 ворид нашуда буданд), 3 шаҳодатнома барои ихтироъ, 7 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 3 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд. Бояд қайд намуд, ки типқи таҳлилҳо аз соли 2009 то инҷониб дар АМИТ 335 патент, нахустпатент, шаҳодатнома, қарори мусбат барои ихтироот мавҷуд аст. Аммо чи қадар аз ин дар истеҳсолот ҷори шудааст мутаассифона механизми дар истеҳсолот татбиқ намудани ин ихтироот то ҳоло ҳалли худро ба таври зарури наёфтааст.

Ҳамзамон қайд гардид, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ дар соли 2025 бо мусоидати раёсати академия таъмири капиталӣ ва бо таҷҳизоти замонави муҷаҳаз намудани 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ таъмин карда шуд. Аз ҷумла: Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров – 1 адад, Институти химияи ба номи В.И. Никитин – 4 адад, Институти биологияи Помир ба номи Х. Юсуфбеков – 2 адад, Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакӣ – 1 адад, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология – 2 адад, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ – 1 адад, Маркази омӯзиши пиряхҳо - 2 адад, Маркази илмии Хуҷанд – 2 адад, Маркази инноватсионии Тоҷикистону Хитой – 3 адад.

Инчунин, аз ҷониби Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ 9-пойгоҳи сейсмикӣ бо таҷҳизотҳои рақами сейсмикӣ муҷаҳхаз гардонида шудаанд. Инчунин ба муассисаҳои илмии академия компютерҳои типи нав таъмин карда шуда, камераҳои назоратии биноҳои муассисаҳои илмии АМИТ қисман нав карда шуданд.

Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2025 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.

Умуман, ҳайати кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2025-ро бо дастовезҳои хуби илмию таҳқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки соли 2026-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони илмӣ ҷамъбаст намоянд. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои корҳои назарраси анҷомдодашуда ба ҳайати кормандони илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аҳли олимонро барои хубтару пурсамартар намудани дастовардҳои илмӣ даъват менамояд.

Инчунин, зумрае аз олимону кормандон барои заҳмати пурсамарашон дар соҳаи илм бо мукофотҳои соҳавӣ ва ифтихорномаҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ гардонида шуданд.