Перейти к основному содержанию
Наврӯзи имсола (2026) тибқи ҳисобҳои астрономӣ санаи 20 март соати 19:45:53 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки ин падида “таҳвили сол” ном гирифтааст. Маркази қурси Офтоб дар ин лаҳзаи вақт аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ гузариш анҷом медиҳад. Нуқтаи бурриши масири Офтоб (эклиптика, доирату-л-бурҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё Наврӯз меноманд. Ин лаҳза дар нимкураи шимолӣ ба оғози фасли баҳор ва дар никураи ҷанубӣ ба фарорасии фасли тирамоҳ гӯвоҳӣ медиҳад.

Дар масири таърих тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим бо як шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз ҷашни эътидол, баробарӣ, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, боғдорӣ ва накӯкорию эҳсонкорӣ мебошад. Худ калимаи Наврӯз сифр тоҷики буда, ба маънои “рӯзи нав” дар оғози баҳор ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни оламафрӯз рамзи оғози соли нав аз рӯи тақвими шамсӣ буда, таҳаммулпазирӣ, ҳамоҳангӣ бо табиат ва идомаи анъанаи наслҳоро баён мекунад. Наврӯз ё нуқтаи эътидоли боҳорӣ ҳамасола 20 – 22 март фаро мерасад, ки ин тафовут ба далели таъсири ҷозиба дар гардиши Замин аз ҷониби дигар ҷирмҳои осмон ба амал меояд.

Бинобар сабаби бутун набудани миқдори шабонарӯзҳо дар давоми сол (365.2422 шабонарӯз), дар ҳаёти рӯзмарра шабонарӯзи миёна (365 ё 366 шабонарӯз) мавриди истифода қарор мегирад ва лаҳзаи фарорасии Наврӯз, ки ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ алоқаманд аст, ҳамеша тағйир ёфта меистад. Офтоб дар яке аз ду нуқтаи буриши ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика воқеъ гардида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Дар ин лаҳза давомнокии шабу рӯз ба таври абстрактӣ ва нақшавӣ баробар мешавад, аммо ба таври ҳақиқи бинобар сабаби ҳодисаҳои атмосферӣ (рефраксия) 3-4 рӯз пеш аз Наврӯз давомнокии рӯз (аз тулӯъ то ғуруби Офтоб) ва шаб (аз ғуруб то тулӯи Офтоб) баробар мешаванд.

Дар давоми сол Офтоб дар осмони ситоразор аз рӯи бурҷҳое, ки қад – қади эклиптика ҷой гирифтааст пайиҳам ҳаракат мекунад. Аз 88 бурҷҳои осмони ситоразор 12-тошон таърихан хоса мебошанд, ки онҳоро бурҷҳои зодиакӣ меноманд. Вале як чизро бояд қайд намуд, ки бархилофи тасаввуроти қадима, махсусан тасаввуроти астрологие, ки то ҳоло мавҷуд аст, Офтоб ҳангоми ҳаракати зоҳирии солонааш на аз рӯи 12 бурҷ, балки аз рӯи 13 бурҷ мегузарад, аммо гузариши Офтоб аз бурҷи Морафсо дар осори гузаштагонамон ба назаррас нишон дода нашудааст. Инчунин, муддати гузариши Офтоб дар ҳар бурҷ нобаробар буда, вобаста ба андозаи бурҷ аз 7 шабонарӯз (дар бурҷи Ақраб) то 45 шабонарӯз (дар бурҷи Сунбула)-ро дар бар мегирад. Мувофиқи тасаввуротҳои муосир таҳвили Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ дар бурҷи Ҳут мувофиқ меояд. Бинобар сабаби ҳаракати тақдимӣ, ки аз ҳисоби претсесияи Замин ба амал меояд, нуқтаҳои эътидолӣ дар пасманзари осмони ситоразор ҳамасола ба андозаи 50.3" (50.3 сонияи кунҷӣ) ё тақрибан 0.0140 ҳаракат намуда, дар давоми 25771.6 сол як даври пурра мекунад. Дар ҳар соли ситорагӣ Наврӯз нисбат ба соли пешина тақрибан 20 дақиқаю 24 сония пештар фаро мерасад.

Экватори осмонӣ нисбат ба эклиптика таҳти кунҷи 23 дараҷа ва 26 дақиқаи кунҷи аст ва ин сабаб мегардад, ки дар Замин фаслҳои сол ба вуҷуд биёяд. Ҳангоми ба нуқтаҳои эътидолӣ, яъне ба нуқтаи буриши экваторӣ осмонӣ ва эклиптика расидани Офтоб дар ин ҳолат кунҷи байни эклиптика ва экватории осмонӣ ба нол дараҷа баробар мешавад. Ин лаҳзаи эътидоли баҳориро баъдан Наврӯз номиданд. Нуқтаи эътидоли баҳорӣ нуқтаи сарҳисоб аст, ки дар астрономия ҳамчун нуқтаи сарҳисоб ва эътидоли координатаҳо буда, аз ҳамин нуқта сар карда мавқеи ҷирмҳои осмони муайян карда мешавад. Офтоб ҳангоми ҳаракат аз рӯи эклиптика аз чор нуқтаи муҳим мегузарад. Нуқтаи эътидоли баҳорӣ (20-22 март), инқилоби тобистона (20-21 июн), эътидоли тирамоҳӣ (22-23 сентябр) ва инқилоби зимистона (21-22 декабр) мебошад.

Ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб аз рӯи мадори элипс (байзашакл) мебошад, ки ин сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазамии Офтоб дар осмони ситоразор мебошад. Бо ин сабаб давомнокии ҳақиқии шаборӯзи офтобӣ тағйиёбанда аст. Ними роҳи солонаро Замин ҳангоми ба Офтоб наздик шудан (аз нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ то ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ) дар давоми 179 шабонарӯз ва ними роҳи дури аз Офтобро (аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ то ба нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ) дар давоми 186 шабонарӯз тай менамояд. Зеро ҳангоми Замин ба масофаи наздиктарин ба Офтоб ҷойгир шудан ҳаракати он нисбатан тезтар гардида, миқдори шабонарӯзҳо дар ин муддат кам ба мушоҳида мерасад, инчунин дар масофаи дуртарин аз Офтоб бошад, ҳаракати Замин аз ҳолати аввала нисбатан сустар мегардад ва миқдори шабонарӯзҳо зиёд мешавад. Ба ин мисол шуда метавонад, 23 декабр нисбат ба 16 сентиябр 51 сония дарозтар аст.

Инсон аз замонҳои қадим барои корҳояшон дар зиндагӣ ба вақти муайян ниёз доштанд ва асоси муайян кардани вақт ин ивазшавии шабу рӯз, ивазшавии фазаҳои моҳ дар осмон ва ивазшавии мавқеи Офтоб дар осмони ситоразор дар муддати сол буд. Аз ин рӯ зарурати омода намудани тақвимҳо пеш омад ва тақвими аввалине, ки сохта шуд, ин тақвими қамарӣ буд, зеро ягона ҷирми осмоние, ки зуд-зуд фаза (шакл)-и худро иваз менамояд ин Моҳ аст. Моҳ дар муддати 29.53 шабонарӯз он мавқеи худро аз як фаза ба фазаи нав ё аз як моҳ ба моҳи нав табдил медиҳад. Тақвими дигар, ки аз рӯи ҳаракати Офтоб вобастагӣ дорад, ин тақвими шамсӣ аст. Ин аз рӯи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб дар осмони ситоразор мебошад. Тақвимҳое, ки мавриди истифода қарор доранд, инҳо тақвимҳои шамсӣ, қамарӣ ва шамсӣ-қамарӣ мебошанд. Дар Тоҷикистони тақвимҳои шамсӣ ва қамарӣ мустақиман мавриди истифода қарор доранд.

Тақвимҳои нисбатан саҳеҳтар мавриди амал қарор гирифт, бахусус тақвими юлианӣ ва тақвими григорианӣ мебошад. Дар асл тақвими григорианӣ такмили тақвими юлианиро медиҳад ва ҳангоми дар тақвими юлианӣ иштибоҳе ба мушоҳида расид ба ислоҳи он пардохтанд. Шабонарӯзи ҳақиқии офтобӣ, ки ба 365.2422 шабонарӯз баробар аст, аз ин рӯ мо наметавонем аз шабонарӯзи ҳақиқии офтобӣ истифода барем ва мо шабонарӯзи миёнаи офтобиро мавриди истифода қарор медиҳем. Бо ин тартиб давомнокии шабонарӯзҳо дар давоми 4 сол, як маротиба сол ба 366 шабонарӯз ва се сол ба 365 шабонарӯз баробар мешавад, инчунин садсолаҳои ба 400 бобақия тақсим мешаванд, соли оддӣ ҳисобида мешавад. Тақвимҳои дигар ҳастанд, ки аз тақвимҳои григорианӣ саҳеҳтар, ин тақвими Умари Хайём аст, ки дар замони давлати Салҷуқиён дар дарбори Маликшоҳ омода карда буд ва онро тақвими Ҷалолӣ мегӯянд. Саҳеҳии он нисбат ба тақвими григорианӣ якуним маротиба буда, он дар давоми 4500 сол як шабонарӯз ба хатогӣ роҳ медиҳад. Ин тақвим аз даври 33 сола бо 8 соли кабиса (бо изофаи як шабонарӯз фарқ аз солҳои оддӣ) иборат аст. Тақвиме, ки айни замон мавриди истифода қарор додаем, ин тақвими григорианист ва хатогии он дар муддати 3300 сол як шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Нурзода Ҳ.Ф., Пирова В.С. таҳияи ходими калони илмӣ

ва лаборанти калони Институти астрофизикаи АМИТ: