Skip to main content

100 - солагии модари матбуоти тоҷик - рӯзномаи "Ҷумҳурият"- ро ба аҳли қалам ва ҳаводорони нашрияи рақами 1 - и Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯем!

Воқеан ҳам имрӯз нашрияи "Ҷумҳурият" ҳамчун мактаби бузурги бедории миллӣ ва хештаниносӣ буда, дар муддати 100 соли фаъолияти пурсамар муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи нашрия иброз медоранд: "Аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи "Иди тоҷик" таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи "Ҷумҳурият" нашр мешавад. Мо ифтихор дорем, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи "Иди тоҷик" буд ва дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоёнро анҷом дод".

Рӯзнома аввалин бор 15 марти соли 1925 бо номи "Иди тоҷик" ба табъ расид. Баъдан номи худро ба "Бедории тоҷик" иваз намуд. Ва ин шумора дувумин шумораи рӯзномаи миллӣ ба ҳисоб мерафт, ки 5 - уми апрели соли 1925 аз чоп баромад.

Ҳаминтавр рӯзнома 8- уми октябри соли 1928 номи "Тоҷикистони сурх"- ро гирифт, ки ягона мақсадаш бедор кардани шуури инқилобии тоҷик ба ҳисоб мерафт. Рӯзномаи мазкур дар давоми фаъолити пурсамараш вобаста ба вазъияти онвақта табдили ном намуда, бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шуравӣ» ба табъ мерасид. Пас аз ба даст овардани истиқлоли комили сиёсӣ дар кишвар рӯзнома номи «Ҷумҳурият» -ро гирифт. Имрӯз нашрияи "Ҷумҳурият" дар тарғиби сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми муассир мегузорад.

Бори дигар ба тамом ҳайати эҷодии рӯзномаи "Ҷумҳурият" ин санаи фархундаро шодбош мегӯем.