Февраль 18, 2025 14:05
ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврали соли равон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 32 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис дар назди он вазифаҳои муқаддасу пуршараф -ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2024 таъкид намуда буданд, ки “беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми мамлакатро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя менамоянд.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодию соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии мамлакат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд. Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаю таърихӣ намуданд”.
Дар заминаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд иброз намуд, ки аввалин санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 “Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки дар асоси он ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 моддаи 14 дорои мазмуни зайл илова карда шуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкили хизмати алтернативӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳро ҳал намуда, дар кори ташкили амнияти коллективӣ ва нигаҳдории қӯшунҳои стратегии Итиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамояд».
Баъдан фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 1991 “Дар бораи таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 29 январи соли 1992 “Дар бораи таъсиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 2 апрели соли 1992 “Дар бораи аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ, ҳарбии бинокорӣ ва роҳи оҳан ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраршудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Муттаҳидаи ИДМ, қисмҳои ҳарбӣ, қӯшунҳои сарҳади дохилӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 17 сентябри соли 1992 “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 17 октябри соли 1992 “Дар бораи таъсиси Шурои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуданд.
Муҳимтарин омиле, ки дар бақою тантанаи истиқлоли ҷумҳурӣ саҳми муносиб доштааст, ин Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ оғоз гардид. Метавон бо итминони комил гуфт, ки ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии марбут ба он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Ин иҷлосияи таърихӣ сабаб гардид, ки дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии мамлакат аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз намуд. Муҳимтарин масъала дар ин давра такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Маҷмуи асноди меъёрию ҳуқуқӣ, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ қабул гардид, далели минбаъд бо роҳи демократӣ пешрафт намудани мамлакат шуд. Табиист, ки таҳкими конститутсионии волоияти қонун, усули таҷзияи ҳокимият, таъмини пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, усули плюрализми идеологӣ ва сиёсӣ ва якчанд муқаррароти дигар ҷустуҷӯ ва пайдо кардани роҳҳои босамару сифатноки татбиқи ҳаётии онҳо ва таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи таҷрибаи ҳуқуқию давлатдориро тақозо дошт.
Дар ҷараёни иҷлосия якчанд санадҳои муҳим барои пешрафт ва сулҳу суботи ҷомеа ба имзо расиданд, ки аз фаъолияти самарабахш дарак медоданд. Ин ҳама пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».
Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва бо мақсади таъмини суботи сиёсӣ иҷлосия қарори дахлдор қабул намуда, аз шакли идораи президентӣ даст кашид. Ҳамзамон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти парламентиро дар ҷумҳурӣ муқаррар намуд. Тибқи он, ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши Раиси Шурои Олӣ вогузор карда шуда, ӯ Сарвари давлат гардид. Тибқи моддаи 109-и Конститутсия, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошт. Аз ҳамон давра эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба эътидол пайдо кардани вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат афзунтар гашт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштаанд, зеро таҳти раёсаташон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI 74 санади ҳуқуқӣ қабул гардид, ки ин ба фаъол ва таҳким намудани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузошт.
Дар ихтиёри Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани идораи мутамарказ ва роҳбарии фаврӣ аз болои тамоми қувваҳои ҳарбию низомии мамлакат далели хиради сиёсии роҳбарияти ҷумҳурӣ ва ҳамчунин зарурати муттаҳид намудани тамоми қувваю воситаҳо ва ҷалби онҳо ба минтақа ва мавзеъҳои осебпазари муқовиматҳои мусаллаҳона дар давраи мураккаби барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва мубориза бо неруҳои зиддидавлатӣ ва бартараф сохтани гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусаллаҳшуда мебошад. Ва чуноне, ки раванди минбаъдаи ҳодисаҳо нишон дод, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идораи мутамаркази неруҳои ҳарбию низомӣ ва истифодаи тактикӣ ва стратегии воҳидҳо ва сохторҳо аз маҳорати баланди ҳарбӣ ва интихоб намудани роҳи ҳалли муваффақиятноки он бархурдор аст.
18 декабри соли 1992 бо имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили артиши миллиро фароҳам овард. Вале заминаи амалии он бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шуд. Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 декабри соли 1992 таъсис дода шуд, бо маҷмуи вазифаҳои бар зиммааш гузошташуда нахустсохтори артиши миллӣ, пешоҳанги мубориза бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусаллаҳшуда ҳисоб мешавад.
23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон», ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт – шаҳри Душанбе паради низомӣ баргузор гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 28 декабри соли 1993 қабул гардид ва дар асоси он қӯшунҳои дохилӣ ба системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ташкилоти ҳарбии он гашта, барои иҷрои вазифаи хизматӣ-муҳорибавие, ки ин қонун пешбинӣ намуд, рисолат пайдо карданд Қӯшунҳои дохилӣ барои таъмини амният ва манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва дар замони ҷанг ба ҳайати он дохил мегарданд.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд ва дар моддаҳои 55 ва 69-и он оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои дахлдор дарҷ гардиданд. Аз ҷумла, дар моддаи 55 додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ва дар моддаи 69 ҳамчун салоҳияти Президент — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муқаррар гардида, ваколатҳо оид ба фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъйин ва озод намудан, барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода намудан дарҷ гардид.
Аввалин маротиба дар сатҳи қонун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23 феврал дар қисми 4, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи идонаи корӣ муқаррар гардид.
Санади мукаммали ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 14 декабри соли 1996 мебошад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, таъйинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Мутобиқи қонун вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд: зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ; ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд.
Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд: қӯшунҳои хушкигард; қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ; қӯшунҳои зудамал. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд.
Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд ва ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд, масъул мебошад.
Дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуфташуда ҳоло чунин санадҳо фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро ба танзим медароранд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 “Дар бораи мудофиаи гражданӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 “Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 “Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 “Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 “Дар бораи рӯзҳои ид” 23 феврал чун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад, бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилот ва ҳайатҳои меҳнатӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронида мешаванд.
Пас аз таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далел баён менамоем, ки халқи тоҷик давоми таҳаввулоти таърихии худ, баъди ҳазор сол соҳиби Қувваҳои Мусаллаҳ гардид, ки асосгузори он Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба хотири сулҳу суботи мамлакат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои бо қонунгузорӣ ба зиммаашон вогузоршударо пурра ва ҳаматарафа иҷро менамоянд.
Дониёр САНГИНЗОДА, - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор