Баъзан дар тақвим санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти даҳсолаҳо аҳамияти худро гум намекунанд. 9-уми май маҳз аз ҳамин гуна рӯзҳост. Ин на танҳо як санаи таърихӣ дар китобҳои дарсӣ, балки қиссаи зиндаи ҳар як оила, дарди меросӣ ва ифтихори бузурги миллати мост. Ҳарчанд дар ҳудуди Тоҷикистон садои тиру тӯп шунида намешуд, аммо ҷанг ба хонаи ҳар як тоҷикистонӣ ворид гардида буд. Аз кӯҳистони дурдаст то водиҳои зарнисор беш аз 300 ҳазор ҷавонмард ба ҷабҳа рафтанд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии онвақтаи Тоҷикистон ҳамагӣ тақрибан 1,5 миллион нафарро ташкил медод.
9-уми май дар таърихи инсоният ҳамчун санаи тақдирсоз сабт гардидааст. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1945, Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шикасти комили фашизм ба анҷом расид. Барои мардуми Тоҷикистон ин рӯз на танҳо рамзи пирӯзии низомӣ, балки нишонаи фидокорӣ, матонат ва ватандӯстии бемисл мебошад.
Дар ҳоле ки мардон дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Сталинград ва дигар ҷабҳаҳо қаҳрамонӣ нишон медоданд, дар ақибгоҳ занону кӯдакон низ заҳмати шабонарӯзӣ мекашиданд. Онҳо дар саҳроҳои пахта, корхонаҳо ва муассисаҳои истеҳсолӣ бо шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба!” меҳнат мекарданд. Корхонаҳои ҷумҳурӣ либос, маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти заруриро барои фронт омода менамуданд.
Зиёда аз 100 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Барои шуҷоату ҷасорати бемисл 54 нафар ҳамватанони мо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Дар байни онҳо Неъмат Қаробоев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Саидқул Турдиев ва дигар фарзандони шуҷои миллат ҳастанд. Неъмат Қаробоев аввалин тоҷикест, ки соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардидааст. Ӯ ҳанӯз соли 1940 барои шуҷоат дар ҷанги Финландия бо ин унвон қадрдонӣ шуда, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ қаҳрамониҳои зиёде нишон додааст.
Дар ҷанг на танҳо мардони тоҷик, балки занон низ фаъолона иштирок доштанд. Аз ҷумла, Ойгул Муҳаммадҷонова ҳамчун аввалин зани халабони тоҷик дар солҳои ҷанг зиёда аз 400 парвози ҷангӣ анҷом дода, борҳо техника ва мавқеъҳои душманро нобуд сохтааст.
Имрӯз барои насли ҷавон, ки дар фазои сулҳу оромӣ ба воя мерасад, ҷанг метавонад як воқеаи дур намояд. Аммо Рӯзи Ғалаба моро водор месозад, ки қадри сулҳ, субот ва истиқлолиятро бештар дарк намоем. Ҳар як гуле, ки имрӯз назди ёдгориҳо гузошта мешавад, рамзи эҳтиром ва арзи сипос ба қаҳрамониҳои гузаштагон аст. Ин рӯз ба мо ёдрас мекунад, ки маҳз иттиҳоду ҳамбастагӣ метавонад бар ҳама гуна бадӣ ва душманӣ ғолиб ояд.
9-уми май — ин иди бо ашк дар чашмон аст. Мо дар ин рӯз ба хотираи касоне, ки барои зиндагии осоиштаи имрӯза ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Сулҳе, ки имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо ҳукмфармост, идомаи ҳамон зафари бузурги соли 1945 мебошад.
Имрӯз дар байни мо собиқадорон хеле ангуштшумор боқӣ мондаанд. Ҳар як суҳбат бо онҳо, ҳар як хати рӯй ва ҳар як медали рӯи синаашон худ як достони пурифтихор аст. Вазифаи мо танҳо бо табрики солона маҳдуд намешавад, балки эҳтиром ба хотираи онҳо ва ҳифзи сулҳу ваҳдат бояд ҳамеша рисолати ҳар яки мо бошад.
9-уми май — ин рӯзи пирӯзии ҳаёт бар марг, рӯшноӣ бар зулмот ва инсоният бар бадист. Бигзор дар ҷаҳон дигар ҳеҷ гоҳ садои тир шунида нашавад ва сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бимонад.
САЙФУДИНОВА Н.И. Лаборанти Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
25 феврали соли 2025 дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар бо иштироки беш аз 80 нафар намояндагони 27 давлати дунё 10-умин Маҷмааи умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ фаъолияти худро оғоз намуд.
25 феврали соли 2025 дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар бо иштироки беш аз 80 нафар намояндагони 27 давлати дунё 10-умин Маҷмааи умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ фаъолияти худро оғоз намуд.
Дар ин рӯз маросими кушодашавии 10-умин Ассамблеяи генералӣ, интихоби президенти Шабакаи глобалии дипломатияи мардумӣ барои солҳои 2025-2028 ва ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи “Дипломатияи мардумӣ: омилҳо ва таҳдидҳои нав” баргузор гардид, ки дар кори он муовин оид ба илм ва таълими Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр ва ходими калони илмии ҳамин Институт Мирвайсов Мамурҷон иштирок ва маърӯза намуданд.
Инчунин дар ҳошияи ин чорабинӣ Сангинзода Д. ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила ва густариши он бо намояндагони давлатҳои аъзои GPDnet, ба монанди Қатар, Молдова,
Полша, Украина, Африқои Ҷанубӣ, Намибиа, Грузия, Малайзия, Балгария, Венгрия ва дигарон мулоқотҳои судманд анҷом дод.
25 феврали соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Саҳми занону бонувон дар рушди илм” бо ташабббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва дигар занону бонувон иштирок намуданд.
Нахуст, ба кори конференсия Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки занону бонувони кишвар роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доимо сармашқи кори худ намуда, кушишу ғайрати софдилонаву содиқонаи худро барои фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот равона карда истодаанд.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо суханронӣ намуда, қайд намуд, ки занону бонувони кишвар роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доимо сармашқи кори худ намуда, кушишу ғайрати софдилонаву содиқонаи худро дар тамоми соҳаҳо равона карда истодаанд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти занону бонувон ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки дар ҳақиқат занону бонувони давлати мо таҳти ғамхориву сарпарастии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати зан – модар дар замони соҳибистиқлолии ватани азизамон корҳои азиме ба сомон расонида шудааст, ки боиси ифтихор ва сарфарозиҳост.
Инчунин, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ибрози ақида намуда, таъкид дошт, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Тавре дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ироа гардид, бонувону занон ва духтарон дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ намудани бегонапарастӣ, аз ҷумла сарулибос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан, минбаъд низ саҳми худро мегузоранд.
25 феврали соли равон дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ амалии дар мавзуи “Саҳми занон дар рушди илм” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои бонувони муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар ин намоиши дастовардҳо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иштирок намуда, аз дастовардҳои бадастовардаи бонувону занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самтҳои гуногун дидан намуданд.
Дар раванди дидан намудани дастовардҳои бонувони академия аз ҷониби муаллифон ва мутасаддиён ба иштирокдорон – тамошобинон оид ба ҳар як дастовард, маълумоти мукаммал дода шуд, ҳамзамон аз ҷониби меҳмонон ба дастовардҳои бонувони академия баҳои баланд дода шуд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи давлату ҳукумат аз ҷумла таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону бонувон дар тамоми соҳаҳо умуман барои пешбурди кори давлату ҷамъият ниҳоят бузург аст ва дар ин радиф занон низ тавонистанд, ки ба боварӣ ноил гашта, дар пешбурди корҳои давлатию ҷамъиятӣ корҳои азимеро ба анҷом расонанд.
Ташкилотҳои ибтидоии “Дипломат” -и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар санаи 23 феврали 2025 дар қисми низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “23 феврал - Рӯзи Артиши миллӣ” ҳамоиши ҳизбӣ-фарҳангӣ бо иштироки аскарону афсарон ва аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур таҳти сарварии Каримзода Нилуфар баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ дар қисми низомӣ раиси ТИ “Дипломат”-и ҲХДТ, директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Рустам Ҳайдарзода, муовини директори ҳамин Институт Сангинзода Дониёр, сарходими илмии ҳамин Институт, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ширин ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими Артиши миллӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар идома афсарону сарбозон ин қисми низомӣ бо “Сипоснома”и ҲХДТ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гадиданд.
Санаи 21 - уми феврали соли 2025 дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ доир гардид.
Директори Марказ Шерализода Н.Ш. чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар мавзуи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Дар кори семинар инчунин ходими илмӣ Боқизода А., Қодиров Ҳ. оид ба масъалаҳои таъмини сулҳу суботи кишвар ва саҳми ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ баромад намуданд.
Имрӯзҳо маҳз бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёби мегардад. Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, маҳз барои таҳсил ва фаъолияти онҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардааст.
Дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои занон ва бонувон фаъолият менамояд, ки занону бонувон дар ҳар давру замон бо масъулияти баланди ватанпарастӣ дар пешрафти соҳаи илми кишвар ва баланд бардошатни нуфузу эътибори кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард. Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар байни занону бонувони академия курси омӯзишии “Зан сарвар” таъсис дода шуда буд.
Шурӯъ аз лаҳзаи фаъолият дар ин курс аз тамоми ниҳодҳои илмӣ бонувон иштирок намуда, аз суҳбат бо бонувоне, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши устувор гузоштаанд баҳравар гардиданд.
Имрӯз (21.02.2025) зимни вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо занону бонувон курси омӯзишии “Зан – сарвар” ҷамбаст гардид. Дар оғоз роҳбарияти академия қайд намуданд, ки таи солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тавонист, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Ҳукумати кишвар бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хоскор карда баромад. Сипас дар анҷоми вохурӣ зумрае аз занону бонувон бо Шаҳодатномаи хатми курси мазкур қадршиносӣ гардиданд.
РУНАМОИИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ
Имрӯз дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ рунамои Шурои диссертатсионӣ 6D КОА – 089 баргузор гардид.
Нахуст директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод оид ба таъсиси Шурои мазкур баромад намуда, намояндаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Мавзунаро барои иштирок дар рунамоии Шурои диссертатсионӣ изҳори сипос намуд.
Баъдан Каримзода Мавзуна фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Давлатзода Сайфиддинро ба ҳозирин қироат намуда, барои фаъолияти Шурои диссертасионӣ барору комёбиҳо орзу намуд.
ҲАМОИШ. АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
21 феврли соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон” ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоши идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону кормандон ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳозиринро ба муносибати 32- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон иброз менамоянд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд.
Дар идома олимону кормандон маърузаҳои хешро доир ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ моҳият ва хусусиятҳои он, рушду пешрафти он дар замони соҳибистиқлолӣ манзури ҳозирин намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиши идона зумрае аз шахсиятҳое, ки дар тули фаъолияти худ дар барқарорсозии Артиши миллӣ ва дар ҳифзи марзу буми ватан ҷовидона хизмат намудаанд аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.