Skip to main content

Имрӯз, 09 август дар боғи "Куруши Кабир" бо ташаббуси КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ бахшида ба 10- август Рӯзи варзишгарон аксияи тарғиботӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар саросари кишвар 10- август ҳамчун Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Ба ин мақсад дар тамоми манотиқи кишвар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд. Дар ин росто аз ҷониби муовини КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ширин аксияи тарғиботӣ миёни сокинони кишвар омӯзгорону ҷавонон гузаронида шуд.