Skip to main content

23-феврал ҳамасола чун рӯзи мудофеони ватан ва таъсиси Артиши миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ин рӯзи таърихӣ дар тасаввури аҳли ҷомиа чун рӯзидалериву шуҷоат, нангу номуси ватандорӣ ва дифоъи марзу буми аҷдодӣ ҷо гирифтааст.

Бo таъсиси давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки қабл аз ҳама ҳифзи озодиву истиқлоли миллӣ ва таъмини амнияту субот бо нархи ҷони ҳар як сокини он баробар буд, зарурати таъсиси Артиши миллии бонизому обутобёфта ҳарчи бештар эҳсос мешуд. Чун ҳифзи истиқлоли миллӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизи тозаистиқлол бештар аз ҳар вақти дигаре муфиду сарнавиштсоз ба назар мерасид. Ҳифзи якпорчагии марзу буми таърихии ниёгон бештар аз ҳар омили дигаре ба мавҷудияти Артиши нерӯманди миллӣ бастагии қавӣ дошт.

Аммо барои таъсиси чунин Артиши муташаккилу нерӯманди миллӣ, заминаҳои бунёдӣ дар ҷомиа фароҳам набуд, зеро оташи ҷанги таҳмилиро душманону бадхоҳони миллати наҷибамон аз гӯшаҳои амн камин гирифтаву доман мезаданд, то ин ки аз сӯхта хокистар шудани биноҳои муҳташами фарҳангу тамаддуни дерини мо лаззат бибаранду ҳадафи нопоки худро бароварда созанд. Бо ин амали ноҷавонмардонаи худ, ки иғвою ҷудоӣ афкандан миёни афроди ҷомиа буду як миллати дерини таърихро байни худ даргир менамуд, боварии аҳли ҷомиаро ба ҳамдигар сусту заиф гардонид. Дар ин замоне, ки боварии фард-фарди ҷомиа аз ҳам дигар рахт баста буду касе ба касе бовар надошт ва бародар аз додари ҷонии худ дар дил шубҳаи амиқе дошту кина мепарварид, аҳли ҷомиаро дубора ба хушбоварӣ расондану гирди ҳам хондан ва Артиши миллӣ баҳри амну осудагии давлат таъсис додан, воқеан коре миёншикану берун аз тавони инсон менамуд.

Дар чунин замони фитнакориҳовудасисаафканиҳои бемаънӣ дар дили сокинони кишвар тухми умеду меҳр коштану ба боварии онон сазовор гардидан ва таъсис додани Артиши бонизоми миллӣ воқеан қаҳрамонӣ буд, ки масъулону дастандаркорони ин роҳи мураккаб бо роҳбарии сарвари дурандеши кишвар ба ҳадафи наҷиби хеш ноил омаданду миллатро аз чанголи парокандагиву бесарнавиштӣ раҳоӣ бахшида, гирди ҳам ҷамъ оварданд.

Як миллати воҳиду ягона ва як сарзамини маъмуру обод бе сипоҳи бонизому нерӯманди обутобёфта амнияти комилу сартосарии худро ҳифз карда наметавонад.

Артиши миллӣ нигаҳбони марзу буми ватан ва ҳифозатгари амнияти миллӣ ва оромии сартосарии кишвар буда метавонад.

Маҳз сипоҳиёну афсарони бонангу ватандӯсти кишвар дар рӯзҳои сангину мудҳиши ҷанги таҳмилӣ зарурати беш аз андозаи ҷомиаро ба сулҳу оштӣ ва амну амонӣ бештар аз ҳар вақти дигаре эҳсос намуда, ҷон дар кафи даст гирифтаву баҳри ҳифзи ватани аҷдодӣ ва пойдории сулҳу осоиштагии сар то сарӣ ҳамроҳ бо сарвари кишвар камари ҳиммат бастанд. Гӯё ин гуфтаҳои Фирдавсии покзодро шиори ҳаррӯзаи хеш карда буданд:

Зи баҳру бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Хушбахтона, бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии онҳо сулҳу оромӣ дар кишвари азизи мо тоҷикон – дар ин порахоки муқаддаси ниёгон, ки аз империяи паҳновари як замон дар миқёси ҷаҳон машҳуру маҳбуб ёдгор асту тамоми ҳаммиллатонамон дар паҳнои ҷаҳон чашми умед ба ин ягона манзилгоҳи миллии хеш бастаанд ва рушду шукуфоии беш аз андозаи онро мехоҳанд, пойдор гардиду садои шодиву нишоти пиру барно пас аз маҳрумиятҳои миллӣ дубора ба ҷаҳон танинандоз гардид.

Мо модарону бонувони тоҷик ин рӯзро – 23 февралро рӯзи нигаҳбонони Ватан, Рӯзи мудофеъони марзу буми кишвар, рӯзи афсарону сарбозони шуҷоъи ватанпарвар ва бо як калима Рӯзи мардони майдон медонем. Ва ин рӯзро барои мардони озодаву далер, ки нигаҳбонони ватани аҷдодиямон ва сулҳу оромӣ ҳастанд, барои кулли мардуми меҳан муборак бод мегӯем!

Анзурати Маликзод - ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология