Skip to main content

Артиши миллӣ нишон аз ҳастии давлату миллат буда, он ҳамчун рукни муҳим дар пойдории амнияту ҳифзи марзу буми кишвар ва сипари боэътимоди Ватан фаъолият менамояд. Артиш дар таърихи давлатдорӣ яке аз сарчашмаҳои эътиқоду боварии миллат мебошад. Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шудааст, ки дар он замон дар дохили ҷумҳурӣ гурӯҳҳои ифротгарои номаълум оромии ҷомеаро халалдор мекарданд. Вале ба ин ҳолатҳои сангину душвор нигоҳ накарда шермардони шуҷоъи Ватан Артиши миллиро таъсис доданд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Баъд аз як муддати кӯтоҳ, яъне санаи 23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолияти давлатӣ намоему дар обод намудани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Дар ин муддати кӯтоҳ таърихӣ ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромиву осудаи кишвар табдил ёфт ва айни ҳол Ватан ва халқи худро содиқона муҳофизат менамояд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар барои муҳофизати Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифродгарое, ки мақсади ноороми миллату давлатро доштанд, таъсис ёфта буд.

Артиши миллӣ тайи 32 соли фаъолияти худ рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз санҷишҳои шадиди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст, ки то инҷониб ҳама таҳти роҳбарию ҳидоятҳои ғамхоронаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурқувват гаштааст. Мо - ҷавононро мебояд ба қадри ин оромии давлат расида, барои пок нигоҳ доштани рукнҳои миллӣ, сулҳу субот, ободии давлати азизамон саҳми худро гузорем ва ҳамеша барои ҳифзи марзу буми кишвари биҳиштосоямон ҷони худро дареғ надорем.

Тоҷикистони азизам, дилу ҷонам, Ватанам,
Шарафи ҳастии ман, ному нишонам, Ватанам.

Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.

Садриддинов М.Р. – ходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ