Skip to main content
Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ халқи тоҷик соҳибихтиёрии давлатиро ба даст овард ва дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи давлатдорӣ бамиён омад. Аз ин ҷост, ки 9 сентябри соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин сана ҳамчун рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини он, оғози дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақилу миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст.

Маҳз аз ҳамин давра сар карда, равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои нави миллӣ оғоз меёбанд. Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост меояд. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.

Сабабҳои сар задани муқовимати сиёсӣ, фалаҷ гардидани ҳокимияти даввлатӣ ба нестӣ омадани сохти Конститутсионии Тоҷикистон ба таври расмӣ ва аз нигоҳи тадқиқоти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсатшиносӣ ба таври мукаммал дар китобҳо, маърӯзаҳо, суҳбатҳо ва баромадҳои Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст.

Баъд аз фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ, мақомоти давлатӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушод. Дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб карда шуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини ба роҳбарии давлат интихоб шудан, тамоми азму иродаи худро ба масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат – таҳкими истқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот, муттаҳид намудани халқи Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.

Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва фаъолияти муттасили пайгиронаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи истиқлолияти давлатӣ ва давлати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби озодонаи самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард.

Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 фармон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсї» ба тасвиб расониданд, ки ба туфайли он дар кишварамон муҳити мусоиди бисёрҳизбї ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир омили муҳиме гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид гардида, фаъолияти худро ба ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеаи навини тоҷикон амалӣ созанд. Намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмону ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳамкории муштараку судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ин робитаҳо саъю кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳафт ҳизбҳои сиёсӣ озодона фаъолият мебаранд: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби давлат ва тараққиёт. Озодиҳои демократӣ пурра вуҷуд дошта, аҳзоби сиёсӣ дар интихоботҳои Президентӣ, Парлумонӣ, Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва. ноҳияҳо пурра ширкат меварзандва намояндагони ҳизбҳо дар парлумони мамлакат фаъолият доранд.

Барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва он тағйироти куллие, ки дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи таърихииXVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ падид омаданд, давраи комилан наверо дар низоми қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва мавқею мақоми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардидааст, ба миён овард.

Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи Истиқлолияти давлатӣ, созишу Ваҳдати миллї, дар самти таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо эъмори ҷаҳонии худро ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид намояд.

Низоми давлатдорие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа, амнияти доимӣ заминаҳои воқеӣ муҳайё карданд. Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ӯ ба бунёдгузорї ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолияти миллӣ оварда расонид.

Самараи тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои давлатсозӣ, ваҳтадгироии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.

Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ фаро гирифтааст. Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ мебошад. Чунки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ намуда, ин неъмати бебаҳо - Истиқлолияти давлатӣ, ки иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро ба миён овардааст, чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо фаро мегирад, ормони азалї ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Бояд таъкид намуд, ки рисолати мазкур муваққатӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа хоҳад гашт.

Халқи Тоҷикистон хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи бунёди Истиқлолияти давлатӣ, сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳотҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ, аз ҷумла таъмини амнияти Точикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба ҷомеаи ҷахонӣ ҳамчун давлати муосири демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандидошта муаррифӣ намудани Тоҷикистон , дар сатҳи қонуни конститутсионӣ қадр намуд.

Мутобиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, № 1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши созанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Мо бо ифтихор Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, асосгузори Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии давлат ва амнияти миллӣ, рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон эътироф менамоем ва шукрона аз он менамоем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати Тоҷикистон ва тамоми тоҷикон мебошанд.

Қодирзода Тоҳир Қамар - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,

ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ