АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.
Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ҶАНОБИ ОЛӢ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр
Вазъи соҳаи маориф дар аввали солҳои 90-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти хеле мураккабу печидаи солҳои 90 истиқлолияти давлатии худро эълон кард. Нооромиҳои сиёсию низомӣ дар он солҳо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва мактабу маорифи кишварро хароб карда буд. Аммо бо баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд) тадриҷан вазъ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар чунин шароити душвори иҷтимоию иҷтисодӣ дар кишвар азнавсозиҳои соҳаи маориф ва низоми таълиму тарбия оғоз гардид, ки ташаббускори бевоситаи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Ҳанӯз соли 1992 бо қарори Раёсати Шурои Олӣ лоиҳаи Қонун “Дар бораи маориф” дар матбуоти даврӣ барои муҳокимаи умумихалқӣ интишор гардид, ки баъдтар соли 1993 қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуд.
Сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи он солҳо аҳли маорифи кишвар тибқи раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи амалии қонуни мазкур шурӯъ карданд. Дар он давра дар кишвар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва мактабҳои олӣ фаъолият менамуданд.
Дар соҳаи маорифи он солҳо, махсусан дар самти омӯзиши фанҳои бунёдӣ мушкилиҳои зиёде мавҷуд буд, ки онҳо дар чунин давраи душвор ба пешравии соҳа ва ислоҳоти низоми он халал ворид мекард. Муҳассилин донишҳои азхуднамуда ва қобилияти эҷодияшонро амалӣ карда наметавонистанд. Илова бар ин, барномаҳои таълимии фанҳои муҳим на танҳо ба талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ ҷавобгӯ набуд, балки худи муҳассилинро қонеъ намекард. Шаклу шеваҳои таълим дар кишвар тағйиротҳои куллиро талаб менамуд, ки ҳамаи ин монеаю мушкилиҳо ислоҳоти кулии соҳаро тақозо мекард.
Аз ибтидои солҳои 90 ислоҳоти кулии соҳаи маорифи кишвар шурӯъ гардид, ки дар саргаҳи он шахсияти эътирофшудаи сиёсию фарҳангӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи худ меистоданд.
Ҳамин буд, ки бори аввал дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Пешвои миллат Консепсияи мактаби миллӣ, стандарти давлати ва нақшаҳои таълимиро таҳия намуда, барои амалӣ сохтан ба соҳаи маориф пешниҳод карданд, ки мазмуну муҳтавои он характери дорад ва реҷаи он аз таҳсилоти рӯзона, шабона, ғоибона иборат буда дорои чунин сохтор мебошад.
Сохтори зерини муассисаҳои соҳаи маориф пешниҳод карда шуда буд:
- Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ;
- Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ;
- Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ;
- Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
- Муассисаҳои таҳсилдоти ибтидоии касбӣ;
- Муассисаҳои таҳсилдоти миёнаи касбӣ;
- Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- Муассисаҳои таҳсилоти касбии баъдидипломӣ.
Бояд таъкит намуд, ки бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он солҳо ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешуд, ҳамин буд, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта, маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллӣ касб намуд. Ин аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими кишвар дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи тоҷик ба шумор рафта, махсусан, барои пешрафти соҳаи маориф ва илм шароит ва имкониятҳои басо мусоид фароҳам овард.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон бо суръати тамом рў ба пешрафту тараққӣ ниҳод. Ба туфайли Истиқлолияти миллӣ дар Тоҷикистон барои пурсамар ва ҳамаҷониба рушду инкишоф ёфтани соҳаи маорифу илм имконияту шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд. Далели равшани ин гуфтаҳо дар як муддати кўтоҳ дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон бунёд шудани садҳо мактабу таълимгоҳҳои нави замонавӣ, таъмиру тармим ва навсозӣ шудани қисми зиёди мактабу кўдакистонҳо мебошад.
Дар таърихи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маориф ва илми кишварамон маҳз бо ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат эътироф гардида, ба пешрафту комёбиҳои зиёде ноил шуд, ки таъкид намудани чанде аз онҳо мувофиқи мақсад аст:
1. Яке аз воситаҳои танзимкунандаи соҳаи маориф ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Вобаста ба ин самт дар даврони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф ба як қатор комёбиҳо ноил гардид, ки ин пеш аз ҳама қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (се маротиба бо тағйиру иловаҳо) мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии инкишофи маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, сохтори системаи маориф, принсипҳои танзим, идоракунӣ, ваколату самтҳои фаъолияти мақомоти онро муқаррар менамояд ва барои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар оид ба соҳаи маориф заминаи ҳуқуқӣ мебошад.
Соли 2025 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
2. Маблағгузории соҳаи маориф - Шурўъ аз соли 2001 афзоиши
маблағгузории соҳа ба чашм мерасад. Соли 2001 маблағгузории соҳаи маориф ба 60 млн. 900 ҳазор сомонӣ расид, ки он нисбат ба соли 2000 46,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ҳиссаи хароҷоти соҳаи маориф ба 2,4 фоизи ММД ва 16,9 фоизи Буҷети давлатӣ баробар шуд.
Ҳамин тавр, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурӣ маблағзугории соҳа давра ба давра зиёд гашта, дар соли 2020 ба 5 млрд. 4 млн. 653 ҳазор сомонӣ расида 5,7 фоизи ММД ва 19 фоизи Буҷети давлатиро ташкил дод ва соли 2021 ин нишондиҳанда ба 5 млрд. 597 млн. 100 ҳазор сомонӣ расид, ки ба 6 фоизи ММД ва 19,9 фоизи Буҷети давлатӣ баробар аст.
Феълан, маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2025 бештар аз 10.9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки 21.1 фоизи буҷаи давлатиро ташкил медиҳад.
3. Зинаи таҳсилоти томактабӣ дар рушду инкишофи кўдак зинаи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад ва маҳз ин зина дар омода намудани кўдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии он шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 744 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекунад, ки 114 ҳазор кудаконро фаро гирифтааст. Илова бар ин, ҳоло дар назди 1771 муассисаи таҳсилоти умумӣ Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 49332 кўдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Масъалаи таъмини кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тадриҷан ҳалли худро ёфт. Ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5969 нафар мураббӣ фаъолият менамояд, ки аксарияти онҳо занону бонувон мебошанд.
Дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» қабул гардид, ки заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии рушди соҳаи томактабиро муайян менамояд.
Бо мақсади барқарор ва баргардонидани муассисаҳои томактабӣ ва рушди минбаъдаи онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду барномаи давлатӣ қабул гардид: «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» аз 31.10.05, №395 ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» аз 4.11.2011, № 457 ба тасвиб расид.
Дар самти рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 295 қабул гардид, ки самтҳои асосии рушд ва тадбирҳои дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусиро дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ муайян менамояд. Ҳамчунин, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба навовариҳои соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.12.2014,№785) тасдиқ гардида, дастраси кормандони соҳа гардонида шуд.
4. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кишвар 3229 адад ва шумораи хонандагон 1 млн. 325 ҳазору 400 нафарро ташкил медод. Дар соли таҳсили 2024-2025 шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ 4037 адад ва шумораи хонандагон 2 млн. 357 ҳазору 100 (1 млн. 142 ҳазору 500 нафар духтарон) нафарро ташкил медиҳад, ки дар ин давра 808 муассисаи таълимӣ ва 1 млн. 31 ҳазору 700 нафар хонанда зиёд мебошад.
5. Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав бо назардошти шароитҳои муосир ва ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳонӣ самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияи навин мусоидат менамояд.
Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ агар то соли 2000 як муассисаи таълимии Президентӣ фаъолият менамуд, айни замон 9 мактаби Президентӣ ва 6 литсей барои хонандагони болаёқати мақоми ҷумҳуриявидошта фаъолият менамояд.
6.Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ то солҳои 2024-2025-ум 5175 кабинети фаннӣ бо таҷҳизоти озмоишӣ ва аёнияти таълимӣ ҷиҳозонида шуд.
7. Дар солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аниқтараш соли 2007 Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳурияии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” таъсис дода шуд.
Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №353 “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015–2020” тасдиқ гардид, ки тибқи талаботи он дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил карда шудааст.
Натиҷаи ғолибияти хонандагони болаёқати кишвар дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар соли таҳсили 2024-2025 2925 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 241 медали тилло, 501 медали нуқра, 2182 медали биринҷӣ гардидаанд. Дар 26 озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ 515 нафар хонандаи тоҷик сазовори ҷойи якум, 866 нафар сазовори ҷойи дуюм, 1396 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Бори аввал дар замони Истиқлолияти давлатӣ хонандаи тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанни математика сазовори ҷоизаи “Гран-при” гардид. Инчунин, бори аввал хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия дар ИМА сазовори ҷойи аввал ва медали тилло шуд.
8. Танҳо дар солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм як қатор асноди меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” (16 апрели соли 2012, №826), “Низомномаи Созмони талабагии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « 02» июли 2014, №¬13/5) тасдиқ шуда, оид ба зарурати тағйирёбии шакли системаи тарбияи беруназмактабӣ, гузариши он ба ҳолати сифатан нав лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ барои солҳои 2016–2020”, “Консепсияи рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ”, «Стратегияи инкишофи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар Тоҷикистон», «Барномаи байниидоравии рушди системаи муассисаҳои таҳсилоти иловагии кўдакону наврасон», “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ”, “Стандарти давлатии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” таҳия гардиданд, ки барои мустаҳкам намудани асосҳои ташкилию ҳуқуқии соҳа заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.
9. Зери дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (02.11.2012, №630) тамоми омўзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ ба литсейҳои касбии техникӣ, техникум ва омўзишгоҳҳо ба коллеҷҳо табдил дода шуданд.
Айни замон дар 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 14 самт ва 300 касбу ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешавад.
Ба ҳолати 15 сентябри соли 2025 дар 66 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 28 ҳазору 312 нафар (7 ҳазору 898 нафар духтарон) таҳсил намуда истодаанд. Аз шумораи 28 ҳазору 312 нафар хонанда 25 ҳазору 198 нафар (89,1%) дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 3 ҳазору 114 нафар (10,9%) дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 2 ҳазору 751 нафар, аз ҷумла 1 ҳазору 808 нафар омӯзгор (857 нафар занон) ва 943 нафар устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ (298 нафар зан) фаъолият карда истодаанд.
Аз теъдоди умумии 1 ҳазору 808 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 1 ҳазору 368 нафар (75,8%) бо таҳсилоти олии касбӣ ва 363 нафар (20%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 77 нафар (4,2%) бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият доранд.
Аз теъдоди умуми 943 нафар устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ 455 нафар (48,3%) бо таҳсилоти олии касбӣ 378 нафар (40%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 110 нафар (11,7%) бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият карда истодаанд.
Таҳсилоти миёнаи касбӣ. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (59 муассисаи давлатӣ ва 27 муассисаи хусусӣ) ва 6 филлиал фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯи самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ, таъмини бехатарӣ, аз рӯи зиёда аз 344 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.
Дар ин муассисаҳо 7 ҳазору 516 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 46 нафар доктори илм (15 нафар зан) ва 113 нафар номзади илм (45 нафар зан) мебошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳоло 97 ҳазору 234 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 71 ҳазору 397 нафар духтарон мебошанд.
10. Татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсиси муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани маълумоти касбӣ доранд, дар солҳои охир натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Имрӯз акнун тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо кадрҳои коргарии дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин ҳастанд, зиёда аз ин барои кор ба хориҷи кишвар низ фиристода мешаванд.
11. Яке аз комёбиҳои дигари соҳаи маориф ва илми кишвар дар даврони Истиқлолият таъсиси Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди вазорат ба шумор меравад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Барномаи давлатии компютеркунони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2015» зери назорати қатъии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошт. Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2015-ум» 105,2 дарсад иҷро гардид. Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои барнома дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамаи муассисаи таҳсилоти умумӣ ба шабакаи байналмиллалии Интернет пайваст карда шудааст, хусусан бо риштаҳои оптикӣ.
12. Зиёда аз ин, бо дастуру супоришҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ гузариш ба низоми кредитии таҳсилот тақозои замон ва талаботи соҳаи таълиму тарбияи ҷаҳони имрўза дониста шуда, ба роҳ монда шуд. Дар ин робита муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз соли 2010-2012 давра ба давра ба низоми кредитии таҳсилот шурўъ намуданд.
13. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар ҷавобгў, сафарбар намудани донишҷўён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ва воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007, №529 “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008–2015” қабул карда шуд. Ҳамин буд, ки ҳоло акнун дар 42 давлати хориҷии Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрико 42 ҳазору 400 нафар, аз ҷумла 12 ҳазору 808 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
14. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар тўли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳолати рушд қарор дорад. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 69300 нафар донишҷў (23600 духтар) фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 214 500 нафар донишҷў фаъолият менамояд.
Дар баробари таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пўлод ва хўллаи Москва», Донишгоҳи Осиёи марказӣ дар шаҳри Хоруғ, филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри душанбе аз иқдомҳои некбинонаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бо назардошти таъсиси муассисаҳои таълимии навтаъсис ва бо биноҳои маъмурию таълимӣ таъмини дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони истиқлолият бо кўмак ва дастгирии беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 бинои маъмурӣ ва таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Барои таъмини донишҷўёни шаҳру ноҳияҳои дурдаст бо макони зист дар ин давра дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 хобгоҳи замонавӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ агар соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 доктори илм аз рўи 136 ихтисос ба донишҷўён таълим медод медоданд. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 13 ҳазору 50 нафар омӯзгор, аз ҷумла 4 ҳазору 975 нафар занон кору фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 543 нафар (87 нафар зан) докторони илм ва 4 ҳазору 128 нафар (1 ҳазору 363 нафар зан) номзадҳои илм мебошанд.
Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурўъ аз соли таҳсили 1997-1998 барои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони лаёқатманд аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдаст квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд, ки ба он аз соли 2005 писарони лаёқатманд низ шомил гардиданд. Дар муддати таъсиси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар аз 61 шаҳру ноҳияҳо ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи нақша зиёда аз 27 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бидуни имтиҳони дохилшавӣ фаро гирифта шуданд.
Дар баробари ин, ҳамасола барои хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратӣ 100 ҷой ва барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд - 20 ҷой ҷудо карда мешавад, ки довталабон дар асоси суҳбат ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
15. Танҳо тайи солҳои охир як қатор қарор ва амру фармонҳо ҷиҳати пешбурди соҳа ба имзо расид, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.09.2020, №1610 «Дар бораи таъсиси Шўрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Низомномаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рўзона», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, магистр, аспирант ва докторантҳо”, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”, «Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷумлаи асноди мазкур маҳсуб меёбанд.
Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурўғи маърифат”, озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” қабул гардид.
16. Дар даврони Истиқлолият бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такягоҳи моддӣ-техникии илми донишгоҳӣ низ рушд ёфта, дар доираи амалисозии чорабиниҳо дар ин самт дар солҳои 2011–2015 тибқи Қонун “Дар бораи Парки технологӣ”дар 12 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ паркҳои технологӣ ва дар 7 муассиса марказҳои илмию биотехнологӣ ва озмоишгоҳҳо таъсис дода шуданд. Ин сохторҳо дар шароити кунунӣ дар раванди ташаккул бошанд ҳам, умед аст, ки бо гузашти замон ба рушди илм ва пайвастани он бо истеҳсолот такони ҷиддӣ мебахшанд.
Бо мақсади тарбияи кадрҳои илмӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014 дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид ва ибтидо аз 1 сентябри соли 2015 бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ қабул ба докторантура аз рўйи ихтисос шурўъ гардида, беш аз 100 нафар олимони ҷавон ба ин низоми таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои дастгирии олимони ҷавон низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зиёде андешида аст. Аз ҷумла, Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 29 июли соли 1996 «Оид ба таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аспирантҳои таҳсили рўзона» ба имзо расида, бо иқдоми наҷиби Сарвари давлат хобгоҳи ҷумҳуриявӣ барои аспирантон бо 297 ҷойи зист аз соли 2005 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шудааст.
17. Дар даврони истиқлолият дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ зиёда аз 123 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба тасвиб расидааст, ки дар асоси ин санадҳо ҳамкориҳо айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 41 кишвари хориҷӣ 45 ҳазор нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, техникии кишвар зарур, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
18. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон ташкил намудани Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ яке аз ғамхориҳои навбатӣ нисбат ба дастгирии ҷавонони лаёқатманди кишвар мебошад. Дар доираи маблағҳои Фонди мазкур ҳар сол теъдоди муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии бонуфузи давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд ва аз ҳисоби Фонди мазкур маблағгузорӣ сол ба сол зиёд гардида истодааст.
Соли 2008 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таъсис ёфта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсил (бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, ординатура, докторантура ва коромўзӣ) ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар ба таҳсил сафарбар карда мешаванд.
19. Бо мақсади таҷдиди низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (МТТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 аз 5-уми марти соли 2008 Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд, ки тибқи оиннома фаъолияти он ба ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба МТТОК равона гардидааст.
20. Бо ибтикори муҳтарам Ҷаноби Олӣ китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дастраси ҳар як оилаи кишвар гардиданд, ки ин амалҳо барои боло бурдани маърифати аҳолии кишвар, аз ҷумла ҷавонон мавқеи боризеро соҳиб мебошанд.
21. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои соҳои 2020-2040 падидаи муҳими замони мост.
22. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи фонди муомилоти китобҳои дарсӣ беш аз 470 номгўйи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 27 млн. 528 ҳазору 801 нусха ба маблағи умумии 148 млн. 585 ҳазору 334 сомонӣ ба нашр расид. Гузашта аз ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» аз 26 июли соли 2014, №1122 қабул гардид, ки барои ба танзим даровардани таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ замина мегузорад.
23. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат барои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияи Рашт филиалҳои он ташкил карда шуд.
24. Таъсиси Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм самараи даврони Истиқлол аст. Фаъолияти асосии Марказ аз таҳия ва ба чоп расонидани дастур ва тавсияҳои методӣ, тавассути ташкил ва гузаронидани семинарҳои машваратӣ расонидани кўмаки методӣ ба шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ иборат мебошад.
25. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ха¬дамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бо мақсади дуруст ба роҳ мон¬дани рафти иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот, эътирофи бароба¬рарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот, таъсис дода шуд, ки баъдан ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
26. Даврони истиқлол барои матбуоти ҷумҳурӣ, аз ҷумла матбуоти соҳавӣ пайки тозае дод, зеро дар ин давра миллати тоҷик соҳиби минбари худ гашт. Ба ибораи дигар, дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо нашрияҳои соҳавӣ, бахусус, ҳафтаномаи «Омўзгор» (замима-“Пайрав”), маҷаллаҳои «Маърифати омўзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва «Русский язык и литература в школах Таджикистана» низ нақши худро доранд. Илова бар ин ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нашрияҳои худро доранд.
27. Ба ғайр аз гуфтаҳои боло дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва илми кишвар инчунин навгонию падидаҳои муҳими зайл ба амал омаданд, ки ба таври мухтасар чанде аз онҳоро қайд кардан ба маврид аст:
1. Дар соҳаи маориф Ҷоизаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
2. Низоми баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон тағйир ёфта, аз панҷбала ба даҳбала гузаронида шуд.
3. Маркази “Зан-Сарвар” барои донишҷӯдухтарони лаёқатманд таъсис дода шуд.
4. Барои омӯзиши забонҳои русӣ ва чинӣ маркази “Конфутсий”, ва марказҳои “Русский мир” дар Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон таъсис дода шуд.
5. Бо дастуру супоришҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ барои таълиму нигоҳубини кӯдакони ятим дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактаб-интернатҳо кушода шудаанд.
6. Маркази “Корҳои берун аз дарсӣ”, бо мақсади омода кардани хонандагон барои интихоби касб ташкил карда шуд.
7. Тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ба низоми маблағгузории сарикасӣ гузаронида шуданд.
8. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фонди иҷораи китобҳои дарсӣ ба роҳ монда шуд.
9. Дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) амалан роҳандозӣ карда шуд.
Хулоса, соҳаи маориф ва илм самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои бунёди намунаи миллии таҳсилоти бисёрзинагии босифат, ҳамгироии системаи ягонаи ҷаҳонии таҳсилот, таъмини рушди маънавии инсон, талаботи шахсият барои ба даст овардани донишу ҳунар ва ба ин васила мусоидат ба пешрафту тараққиёти кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешида ба амал бароварда мешаванд. Барои ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар ҷойи аввал гузоштаанд.
Саид Нуриддин Саид, сарходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор
Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- 16 ноябр
Ҳамасола 16 ноябр “Рӯзи Президент” ҷашн гирифта мешавад. Маҳз сиёсати дурандешонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳи ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидааст. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқи тоҷик савганд ёд кард. 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бидуни истироҳат ҷашн гирифта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва худи ватан Президенти мардумию сулҳовар эътироф гардидааст. Зеро маҳз тавассути хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки кишвари азизамон ба як қатор дастовардҳои сиёсати дохилӣ ноил гардид, аз ҷумла:
-хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз;
-тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;
-ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, ва иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;
-таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;
-таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ; аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;
-таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум;
-саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт; таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум ва эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ.
Самтҳои дар боло зикргардида, яке аз хизматҳои муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилии кишвар ба шумор меравад ва инчунин дар сиёсати хориҷӣ низ нақши назарраси худро гузоштааст. Чунончи, иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон ва Фаластин; поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.
Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори барҷаста ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Тайи 34 соли даврони истиқлолият Президенти кишвар бо чандин ташаббусҳои созанда ва манфиатбахш баромад намуданд, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:
1. Ҳанӯз дар солҳои 90 дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҷанги бародаркӯш дар ин кишвар хотима дода шуда, тарафҳои даргир ба музокира даъват карда шаванд.
2. Соли 1998 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки ба хотири пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар атрофи Афғонистон камарбанди амният ташкил карда шавад.
3. Шуруъ аз соли 2000 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо силсила ташаббусҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ аз рӯи масъалаи об баромад намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ба ин ташаббусҳо дохил мешаванд:
-Эълон кардани соли 2003 соли оби тоза;
-Эълон кардани Даҳсолаи “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015;
-Эълон кардани соли 2013 соли дипломатия об;
-Эълон кардани Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” солҳои2018-2028;
-Эълон карадани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо.
4. Соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи панҷгонаи Шанхай бо иштироки Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузоргардид. Дар ин ҳамоиш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки панҷгонаи Шанхай ба созмони байналмилалӣ табдил дода шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт ва ин ташкилот номи худро ба Созмони ҳаикории Шанхай табдил дод, ки то имрӯз бо чунин ном фаъолият менамояд. Ташаббуси дигари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки оби кули Сарези Помир ба кишварҳои дигар интиқол дода шавад. Ин ташаббус аз ҷониби ҷамеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
5. Президенти кишвар соли 2024 дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дорои ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар ҷаҳон мебошад, пешниҳод намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба вазъи Афғонистон ва Фаластин ҷалб менамуд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст.
Маҳз сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтаи Сардори давлат аст, ки Тоҷикистон соли 2024 бо 186 давлати ҷаҳон муносибаҳои дипломатӣ барқарор намуда, бо 110 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам намуда, манфиатҳои миллии худро дар муносибатҳои мутақобилан судманд таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Маҳз сиёсати дохилию хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷаҳон ҷойгоҳи худро пайдо намуд.
Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки барои ободии кишвар, сулҳу ваҳдат, таҳкими арзишҳои миллии ба даст омада, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри татбиқи нақшаҳои оянда саҳмгузор бошем.
Соҳиби Баҳруло, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр
Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба саҳнаи сиёсат қадам гузоштанаш худро ҳамчун шахсияти таърихӣ ва меъмори давлати навини тоҷикон муаррифӣ намуд. Дар шароите, ки кишвари ҷавони мо аз чолишҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва парокандагии иҷтимоӣ ранҷ мекашид, ӯ масъулияти таърихиро ба дӯш гирифта, тамоми дониш, таҷриба ва неруи хешро барои барқарории сулҳ ва эҳёи миллат равона сохт. Худи ӯ таъкид кардааст:
«Барои гул-гулшукуфии Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи мардум сидқан талош мекунам; агар зарур шавад, ҷон нисор мекунам».
Бунёди давлатдории навин ва истиқрори сулҳ
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳи пойдор, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Ӯ тавонист дар муҳлати кӯтоҳ пояҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, артиш ва қӯшунҳои сарҳадиро эҳё намояд, институтҳои давлатӣ ва сохторҳои маъмуриро аз нав бунёд кунад.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) марҳалаи нав дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар гардид. Ин ҳуҷҷат, ки ба шарофати иродаи қавӣ ва талошҳои шахсии Пешвои миллат ба даст омад, Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ наҷот дод ва барои рушди минбаъдаи давлатӣ заминаҳои устувор гузошт.
Таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа
Дар сиёсати дохилии кишвар ҷойгоҳи муҳими Пешвои миллат эҳёи ҳофизаи таърихӣ, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад. Бунёди муҷассамаҳо ва ёдгориҳои миллӣ, эҳёи ҷашнҳои таърихӣ, рушди илм ва маориф, инчунин арҷгузорӣ ба мероси тамаддуни ориёӣ – ҳамаи ин боиси таҳкими ҳувияти миллӣ ва рӯҳияи давлатсозии тоҷикон гардид.
Модернизатсияи иқтисодӣ ва инфрасохторӣ
Дар даврони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон раванди модернизатсияи иқтисодии Тоҷикистон ба марҳалаи босуръат ворид шуд. Аз ҷумла:
- Сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, махсусан НБО-и Роғун - ки барои истиқрори амнияти энергетикӣ аҳамияти тақдирсоз дорад;
- Рушди долонҳои нақлиётӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ;
- Саноатсозии босуръат, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва рушди бахши коркард;
- Амнияти озуқаворӣ, ки яке аз чор ҳадафи стратегӣ мебошад.
Ин ислоҳот сиёсати нави иқтисодиро ба вуҷуд оварда, муносибатҳои бозорӣ, низоми бонкӣ, пулию буҷетӣ ва гумрукро муосир гардонд.
Истиқрори муносибатҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои глобалӣ
Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда пайдо кард. Давлат ҳамчун пуштибони ташаббусҳои муҳими глобалӣ, бахусус дар масъалаҳои захираҳои об, амнияти экологӣ ва рушди устувор, шинохта мешавад.
Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2003, 2005-2015, 2013, 2018-2028 ба мавзӯи об бахшид. Ин иқдомҳо таҷрибаи Тоҷикистонро ба як модели умумибашарӣ табдил доданд.
Тоҷикистон ҳамчунин дар ҳалли мушкилоти минтақа, аз ҷумла бӯҳрони экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал, фаъолона саҳм мегузорад.
Модернизатсияи сиёсӣ ва иҷтимоӣ
Пешбурди ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ташаккули низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт. Ин раванд ба рушди устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ, вусъати фазои маънавӣ, рушди озоди андеша ва фаъолияти институтҳои сиёсӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Ҷомеаи муосир ва ҷараёни модернизатсия
Модернизатсия ҳамчун раванд аз таҳаввули амиқи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иборат аст. Он мегузаронидани ҷомеаи анъанавӣ ба ҷомеаи муосир буда, дарбаргирандаи инкишофи техника, истеҳсолот, муносибатҳои меҳнатӣ, идоракунии давлат ва сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ин замина як намунаи хоси модернизатсияи давлати пасоконфликтӣ ба шумор меравад, ки тавонист дар муҳити мушкил ба сатҳи нави рушди устувор бирасад.
Хулоса
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар навсозӣ ва тараққиёти ҷомеаи тоҷик, дар таҳкими сулҳ ва ваҳдат, боло бурдани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ташаккули модели муосири давлатдорӣ бесобиқа аст. Ӯ ҳамчун меъмори давлати навин, ҳомии ҳувияти миллӣ ва роҳнамои ҷомеаи тоҷик ба сӯи рушди устувор шинохта мешавад.
Давраи роҳбарии ӯ саҳифаи пуршараф дар таърихи Тоҷикистон буда, роҳандозии ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила самараи воқеӣ ба бор овардааст.
ДАВЛИЁРОВА Сафаргул Тешаевна, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ - Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр душвор ва буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ қарор дошт. Дар ҷомеа ихтилофоти гуногун ба миён омад, ки дар ниҳоят ин ихтилофот ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Ҳазорҳо нафар шаҳрвандон маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва ба кишварҳои ҳамсоя куч банданд. Дар чунин шароити буҳронӣ, кишвар ба парокандашавӣ ва ҳатто хатари аз байн рафтани истиқлол рӯ ба рӯ шуд. Аз ҳамин сабаб, зарурати ҷалби нерӯҳои қонунӣ барои наҷоти давлат ба миён омад. Ваколатдорони Шӯрои Олӣ - мақоми олии қонунгузори кишвар қарор доданд, ки иҷлосияи навбатиро дар минтақаи нисбатан амну ором баргузор намоянд. Дар он давр шаҳри Хуҷанд аз ҷиҳати амниятӣ нисбатан ба дигар минтақаҳои кишвар хело ором буд ва имконияти фароҳам овардани муҳити муносиб барои кори вакилонро низ дошт. Аз ин рӯ баргузории иҷлосия маҳз дар он ҷо амри зарурӣ гардид.
Дар ин иҷлосия лозим буд ки дар риштаҳои гуногуни давлвтдорӣ аз ҷумла “Роҳбарияти нав” шахсияте интихоб гардад, ки тавонад кишварро аз ин буҳрон берун барорад, сулҳро эҳё ва мардумро сарҷамъ намояд. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз, вакилон тавонистан бо хираду заковати дурбинона фарзанди фарзона ва Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд. Ин интихоби таърихӣ ба оғози марҳилаи нави давлатдорӣ асос гузошт. Бо қабул шудани қарорҳои муҳим дар бораи сулҳ, қонуният, ваҳдат ва суботи иҷтимоӣ, иҷлосия ба рамзи эҳёи давлатдории миллӣ табдил ёфт. Ҳамин тавр, зарурати баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ на танҳо аз нигоҳи сиёсӣ, балки аз ҷиҳати таърихӣ ва маънавӣ як амри тақдирсоз буд. Он кишварро аз фурӯпошӣ наҷот дод ва ба оғози давраи нави сулҳ, ваҳдат ва бедории миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт.
Дар он шароит, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд ва таъкид кард: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам, ҳатто агар ҷони худро фидо кунам.» Ин суханон ҳамчун шиори сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат ба тамоми мардуми кишвар паём доданд. Ва ҳамин таврҳам шуд, сулҳро барқарор кард, мардумро сарҷамъ ва гурезагонро ба ватан баргардонид.
Таҷрибаҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои сиёсатмадорони ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як дастурамали аввалиндараҷа дар низоми давлатдорӣ низ арзиши бисёр баланд дорад. Аз ин лиҳоз Созмони Милали Муттаҳид таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро “намунаи нодири барқарорсозии сулҳи устувор” номид. Пешвои миллат инчунин дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои калидӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (2018–2028) ва сиёсати “дарҳои кушода”-ро пешниҳод намуданд, ки ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар ҷаҳон устувор сохт.
Аввалин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат бо забони ноби тоҷикӣ суханрони намуданд ва намояндагони ин созмон забони Тоҷикиро шуниданд. Мо ҷавонон бо чунин Пешво ифтихор мекунем ва барои иқдомҳояш арҷгузорӣ мекунем. Арҷгузорӣ ба Сарвари маҳбубамон ин арҷгузорӣ ба мардум ва миллат аст, чун ки миллат ин Пешворо интихоб намудааст.
Ташаббусҳои сулҳоваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба барқароршавии суботи сиёсӣ, балки ба таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карданд. Ба туфайли сулҳ ва ваҳдат, Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба кишвари амну обод ва рушдёбанда табдил ёфт. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки меъмори воқеии сулҳ дар Тоҷикистон ва бунёди давлати соҳибистиқлол маҳз бо тавоноӣ ва сиёсати хирадмандонаи ин абармарди таърихсоз, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ходими илмии озмоишгоҳи “Геохимия ва химияи таҳлилӣ” Ҳабибуллоев Суҳайлӣ
(Бахшида ба 16- ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои асосии даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пас аз истиқлолият кишвар ба мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ гардид ва зарурати таҳкими субот ва муттаҳид сохтани неруҳои ҷомеа эҳсос мешуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва дурандешона нақши барҷаста дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши барҷаста бозиданд. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки кишварро ба марҳилаи ҳассос ва пуртаҳдид ворид кард, имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои хотима бахшидан ба низоъҳо ва таҳкими ҳамбастагии миллат хизмат намуд. Пешвои миллат бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созанда байни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва қавмҳои гуногуни кишвар муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимодро ба вуҷуд оварданд, ки ин раванд ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва коҳиши эҳтимоли низоъҳои нав мусоидат намуд.
Яке аз дастовардҳои асосии Пешвои миллат таҳкими давлатдории миллӣ ва муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ мебошад. Бо роҳбарии устувор ва сиёсати баробаргардонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ҳукумати ягона ва муассисаҳои давлатӣ, низоми қонунгузорӣ ва идоракунии давлатӣ, ҳамчунин ҳамаи неруҳои сиёсӣ ва иҷтимоиро ба ҳам оварда, фазои ором ва ҳамбастагӣ дар ҷомеа эҷод кунанд. Ин тадбирҳо на танҳо ба ҳифзи истиқлолият ва амнияти сиёсӣ мусоидат намуданд, балки заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро низ фароҳам оварданд.
Барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ бо рушди иқтисод ва иҷтимоӣ алоқаманд аст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии устувор барқарорсозии инфрасохтор, аз ҷумла роҳҳо, кӯпрукҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти муҳими кишварро ба роҳ монданд. Ҳамзамон, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таҳким дода шуданд, ки ин барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди инсонӣ заминаи устувор фароҳам овард. Барномаҳои иҷтимоӣ барои дастгирии оилаҳои ниёзманд ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ карда шуданд, ки ин иқдомҳо барои коҳиши тафриқаи иҷтимоӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ дар ҷомеа аҳамияти калон доштанд. Бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ Пешвои миллат заминаи рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши сатҳи зиндагии мардумро фароҳам оварданд, ки ин ба таҳкими ваҳдати миллӣ низ таъсири мустақим дошт.
Пешвои миллат инчунин ба ҳифзи ҳуқуқ ва арзишҳои миллии тоҷикон ва рушди фарҳанг таваҷҷуҳи хоса доштанд. Ҳифзи забон, адабиёт, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ заминаи устувори ҳамбастагӣ ва ифтихори миллӣ эҷод намуд. Ташкили муассисаҳои фарҳангӣ, дастгирии рассомон ва муҳаққиқон, таҳкими анъанаҳои суннатӣ ва ифтихори миллӣ дар байни шаҳрвандон ҳамчун омилҳои асосии таҳкими ваҳдати миллӣ хизмат карданд.
Дар арсаи байналмилалӣ низ сиёсати Пешвои миллат муҳим аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва суботбахш дар минтақа шинохта шуда, таҷрибаи кишвар дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ намунаи амалии ҳамкорӣ ва ҳамзистии сулҳомез барои дигар давлатҳо гардид. Пешвои миллат бо сиёсати сулҳпарварона ва бародарсолорӣ байни қавмҳо ва кишварҳо нуфуз ва эътибори байналмилалии Тоҷикистонро баланд бардоштанд, ки ин ба таҳкими истиқлолият ва рушди устувори кишвар мусоидат намуд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурандешона ба рушди ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ аҳамияти калон доданд. Ин тадбирҳо барои ташаккули насли ояндасози ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва эҷоди рӯҳияи масъулият дар миёни шаҳрвандон нақши муҳим бозиданд. Бо ин васила, Пешвои миллат тавонистанд, ки суботи сиёсии кишварро тақвият бахшанд ва ваҳдати миллӣ, ки пояи давлатдории навини тоҷикон мебошад, устувор гардонад.
Ҳамчунин, 16 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил мешавад, ки ин сана нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат ва нақши муҳими ӯ дар таъмини истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Рӯзи Президент ҳамчун рамзи ягонагӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил шуда, ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки таҳкими ваҳдат ва рушди кишвар ба сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат вобаста мебошад. Ин сана ҳамчунин барои ташаккули шинохти сиёсии ҷавонон ва аҳамияти хизматҳои роҳбарони давлатӣ дар таъмини оромӣ ва рушд аҳамияти махсус дорад.
Дар ҷамъбаст, саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ таърихсоз ва муқаддас ба шумор меравад. Сулҳ ва ваҳдат, ки бо хирадмандӣ, сиёсати дурандешона ва тадбирҳои устувори Пешвои миллат таъмин гардид, асоси муқовимат ба хатарҳо, таҳкими истиқлолият ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳамаи дастовардҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат бо талошҳои пайваста ва сиёсати созанда заминаи рушди ҳамаҷониба ва тавонмандии Тоҷикистонро таъмин намуданд. Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни миллӣ эътирофи хизматҳои Пешвои миллат ва рамзи ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти кишвар ба шумор меравад.
Раҳмонова Ф.А. ходими хурди илмии Шуъбаи география ва зондкунии фосилавии Раёсати АМИТ
Дар равандҳои пуртазод ва печидаи охири асри XX, вақте ҷомеаи ҷаҳонӣ бо тағйироти ҷиддии геополитикӣ рӯ ба рӯ гардид, миллати тоҷик низ ба марҳалаи тақдирсоз қадам гузошт. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, холигии сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳо ва ҷудоихоҳӣ Тоҷикистонро ба гирдоби буҳрони амиқ кашид. Дар чунин шароити сангину хатарнок барои давлату давлатдории тоҷикон зарурати пайдо шудани шахсияти қавиирода, дурбин ва масъулиятшиноси миллӣ эҳсос мегардид. Ба арсаи сиёсат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин айём ба марҳалаи нав оғоз бахшид, ки он имрӯз ҳамчун пояи давлатдории навини тоҷикон мавриди таҳқиқи илмӣ қарор дорад. Президент ҳамчун шахсияти таърихсоз дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши сарнавиштсоз гузошта, асосҳои бунёдии давлатро аз сари нав эҳё намуд.
Рӯзи Президент, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, ҳамчун рамзи эҳтироми миллӣ ба хизматҳои барҷаста ва нақши таърихсози Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории муосир пазируфта шудааст. Ин рӯз ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи мустақим дорад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимоми раҳбарии кишвар интихоб шуд. Он на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки нуқтаи ибтидоии раванди сулҳсозӣ, эҳёи сохторҳои давлатӣ ва поягузории Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ба шумор меравад.
Ҷашни Рӯзи Президент имконият медиҳад, ки ҷомеа ба муҳимтарин саҳифаҳои давлатсозии навин назар афканда, саҳми шахсияти таърихсозро дар таъмини истиқлолият, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии кишвар бо диди илмӣ арзёбӣ намояд. Дар ин рӯз мардуми кишвар ба раҳбари худ ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат, бунёдгузори давлати навин ва ҳомии арзишҳои миллӣ арҷ мегузоранд.
Давраи аввали роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як вазъи фоҷиабори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рост омад. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти кишвар ва сохторҳои давлатиро фалаҷ намуда буд, хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид шудани Тоҷикистонро ба миён оварда буд. Дар чунин вазъ ибтикори Пешвои миллат оид ба барқарор намудани сулҳ ва таъмин кардани ваҳдати миллӣ аҳамияти сарнавиштсоз касб кард. Муборизаи ӯ барои сулҳ танҳо як иқдоми сиёсӣ набуд, балки барномаи стратегӣ ва дурбинонаи давлатсозӣ маҳсуб меёфт. Дастовардҳои Раванди сулҳ, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун падидаи нодир пазируфта шудааст, собит намуданд, ки роҳбари кишвар тавонист бо хирад ва сабру таҳаммул тамоми ҷонибҳоро ба музокирот ҷалб намояд ва таъсири қувваҳои манфиатдори хориҷиро маҳдуд созад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 ҳамчун дастоварди нодири таърихӣ то имрӯз мавриди таҳлили мутахассисон мебошад.
Дар баробари барқарор шудани сулҳ, масъалаи эҳёи давлат ва барқарорсозии сохторҳои фалаҷшудаи қудратӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба миён омад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ оғоз намуд. Бунёди Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 яке аз қадамҳои муҳим дар таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлат ба шумор меравад. Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, балки меъмории сиёсиест, ки роҳи рушди давлатдории демократӣ, идоракунии низомманд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян намуд. Бо такя ба он сохторҳои давлатдорӣ аз сари нав шакл гирифта, асосҳои рушди устувор гузошта шуд.
Сиёсати Пешвои миллат дар самти таҳкими ҳокимияти давлатӣ бо муваффақият амалӣ шуд. Ташкили Артиши миллии Тоҷикистон, азнавсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси системаи муосири идоракунӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ба устувор гардидани раванди давлатсозӣ мусоидат намуданд. Ин иқдомҳо барои суботи дохилӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ замина гузоштанд.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувори иқтисодиро роҳандозӣ намуд. Баъди солҳои 1990 иқтисоди кишвар дар ҳолати фурӯпошӣ қарор дошт. Барои рафъи ин ҳолат тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуданд: ҷалби сармоя, эҳёи корхонаҳо, ислоҳоти аграрӣ, таҷдиди инфрасохтор ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ. Ислоҳоти аграрӣ ба рушди истеҳсолот, беҳбудии сатҳи зиндагии деҳот ва таҳкими амнияти озуқаворӣ мусоидат намуд. Имрӯз Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ пешрафти назаррас дорад, ки ин натиҷаи бевоситаи сиёсати дурбин ва амалигаронаи Пешвои миллат мебошад.
Сиёсати энергетикӣ низ ҳамчун самти калидӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Бо назардошти он ки Тоҷикистон захираҳои обии бузург дорад, вале аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мебурд, Пешвои миллат сохтмони нерӯгоҳҳои муҳими стратегиро роҳандозӣ намуд. Бунёди НБО-ҳои “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва, пеш аз ҳама, оғози сохтмони НБО-и “Роғун”, ки онро рамзи асри нав ва иқтидори миллӣ медонанд, ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикиро амалӣ гардонид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф низ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуд. Бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, таҷдиди барномаҳои таълимӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонон, ташкили стипендияҳои давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ Тоҷикистонро ба фазои нави маърифатӣ ворид кард. Дар паҳлуи ин эҳёи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва мероси таърихӣ мавқеи марказӣ гирифтанд. Барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, таъсиси осорхонаҳои муосир ва воридшавии чандин ёдгориҳои тоҷикон ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО самараи ин сиёсати фарҳангӣ мебошад.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ дар замони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи сифатан нав расид. Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Ташаббусҳои умумиҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об, ки пай дар пай аз минбари СММ пешниҳод шудаанд, Тоҷикистонро ба кишвари калидӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ табдил доданд. Ин иқдомҳо нуфузи байналмилалии кишварро тақвият бахшида, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро густариш доданд.
Дар маҷмуъ, фаъолияти бисёрҷанбаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари сиёсӣ, меъмори сулҳу ваҳдат, эҳёгар ва бунёдгузори давлати муосири тоҷикон дар тамоми соҳаҳо—сиёсат, иқтисод, дониш, фарҳанг, амният ва робитаҳои байналмилалӣ нақши таърихсоз дошта, асоси рушду шукуфоии мамлакатро ташкил медиҳад. Бо такя ба ин дастовардҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати шахсияти таърихсоз на танҳо дар даруни кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ шинохта шудааст.
Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Раҳимзода Алишер Орзу
Бахшида ба «16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон»
Институти президентӣ дар низоми ҳокимияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон накши мухим дорад. Баъд аз ба даст овардани истиклолият дар Ҷумхурии Тоҷикистон чунин зарурат ба амал омад, ки низоми нави сиёсие таъсис дода шавад, ки ҷавобгуи принсипҳои демократӣ ва манфиатҳои миллӣ бошад. Ин буд, ки моҳи ноябри соли 1991 ба шакли идоракунии институти президентӣ асос гузошта шуд. Дере нагузашта, ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ, аввалин президенти ҷумҳури интихоб гардид.
Дар Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, салоҳияти президент, вазифаҳо ва масъулиятҳои у дар назди халқ баён гардидааст. Тибқи Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон, Президент фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи шохаҳои ҳокимият – қонунгузор, иҷроия ва судиро таъмин менамояд. Ҳамзамон сиёсати дохилӣ ва ҳоричӣ кишварро муайян намуда, аъзоёни ҳукуматро таъин менамояд ва ҳамзамон давлатро дар арсаи байналмилалӣ намояндаги мекунад.
Бояд кайд кард, ки даврони соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки ҳам аз лиҳози салоҳияти президент ва ҳам аз ҷанбаи таҷрибаи амали гардидани институти президентӣ дар кишвар, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон кафили Конститутсия, рамзи яонагии халқ, ваҳдати миллӣ ва чеҳраи калидии суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар мебошад. Таҷрибаи даврони сохибистиклолӣ нишон дод, ки институти президентӣ муносибтарин шакли давлатдорӣ барои рушди имрӯз ва фардои Тоҷикистон аст.
Аз ин ру, барои таҳкими институти президентӣ, аз 16 ноябри соли 2016 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон «Рӯзи Президент» дар қаламрави ҷумхурӣ таҷлил карда мешавад. Тачлили Рӯзи Президент ба хотири арҷгузори ба институти президентӣ хамчун рамзи суботу амният, ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Барои тақвияти гуфтаҳои боло чанд дастоварде, ки дар натиҷаи амали гардидани институти президентӣ ҳамчун шакли муваффақи сохти давлатдорӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон ба даст омадааст, оварда мешавад. Албатта, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузоли сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишвар беандоза аст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ тавонистанд, ки дар рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон саҳми беандозаи худро гузоранд.
Дастовардҳо дар сиёсати дохилии кишвар:
1. Дастоварди аввалине, ки ба рушди минбаъдаи кишвар заминаи воқеӣ гузошт ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он бузург аст, ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд.
2. Роҳандозӣ намудани барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар партави чор ҳадафи старатегӣ: «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини истиқлолияти энергетикӣ», «таъмини амнияти озуқаворӣ» ва «саноатикунонии босуръати кишвар».
3. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар самти рушди сиёсати иҷтимоӣ баръало ба назар мерасад. Махсусан бунёди муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба маротиб афзудаанд, ки гувоҳ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар мебошанд.
4. Эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва таҷлил кардани онҳо дар асоси санадҳои таърихӣ ба монанди ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз. Ин иқдоми бузург барои тақвияти худшиносии миллӣ ва шинохти арзишҳои миллӣ мусоидат намуд.
5. Тарғиби идеяҳои ободкорӣ, шаҳрсозӣ, боғпарварӣ, кабудизоркунӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки аз беҳтарин хислатҳои мардуми ориёитабор дар дарозои таърих будааст, ки имрӯз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат эҳё гардид. Маҳз дар фазои соҳибистиқлолӣ миллати созандаву ободкор метавонад корхонаҳо ва шаҳрҳои нав бунёд кунад ва нерӯгоҳҳое ба монанди НБО Роғун бунёд намояд, ки имрӯзу ояндаи кишварро нурронӣ намояд.
6. Роҳандозӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва маърифатнокии ҷомеа равона гардидааст. Албатта тарғиби илму дониш аз фазилатҳои халқи бузурги тоҷик аст, ки фарзона-фарзандонаш дар даврони таърих шоҳасарҳои безаволро оид ба илму адаб ба ҷаҳониён боқӣ гузоштаанд. Маҳз ин чорабиниҳои маърифатӣ бо иқдоми бевоситаи Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.
7. Падидаи муҳим ирсоли Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ – дастовард ва таҷрибаи бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамасола паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба мардуми шарифи кишвар ироа мегарданд дар худ фалсафаи бузурги созандагӣ баҳри рушди ҷомеаро касб намудаанд. Албатта, ирсоли Паёмҳо талаби замон буда, зарурати воқеиеанд, ки масъалаҳои асосии ҷомеаро дар бар мегиранд. Паёмҳо аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод мегарданд, ифодакунандаи вазъи воқеии натиҷаи солонаи ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар мебошанд. Паёмҳо ҷанбаи ҳамгироикунандагӣ, рӯҳбаландкунандагӣ ва таҳкимбахшандагии ваҳдати ҷомеаро ифода мекунанд. Дар онҳо нуктаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ифода ёфта ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат менамояд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешбурди сиёсати дастгирии табақаҳои ниёзманди кишвар мебошад. Ятимону бепарасторон аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд ва онҳо ҳам аз ҷиҳати моддӣ таъмин гардида ва боз ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Саҳми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1.Пеш аз ҳама, Эмомалӣ Раҳмон меъмор ва бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол гардидан аз он иборат аст, ки ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷумхурии мо ҳамчун давлати рӯ ба рушд муаррифӣ гардида, имиҷи сиёсии он боло рафт. Қадами аввалин дар ин самт дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гузошта шуда буд. Воқеан, Иҷлосияи 16-ум қадами аввалин ва калидие буд барои эъмори давлатдории миллӣ ва заминагузор барои рушди сиёсати хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон. Ҳамзамон, дар муроҷиатномаи таърихие, ки дар рафти Иҷлосия ба тамоми мардуми кишвар садо дода буд, моҳият ва стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало намоён буд. Яъне Тоҷикистон барои эъмори давлати миллии хеш камар бастааст ва барои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо дарназардошт ва эътирофи манфиатҳои миллии ҳар кишвари минтақа ва фароминтақа омодаи ҳамкорӣ аст.
2. Махсусан бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.
3. Инчунин дар пешбурди сиёсати хориҷӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамкориро дар сиёсати хориҷии худ бо кишварҳои минтақа дар авлавият карор додааст, ки ин сиёсат дар чанбахои зерин ифода ёфтааст:
- аъзо будан дар созмонҳои гуногуни минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологӣ;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад;
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу амният дар Афғонистон буда, таъмини амният дар ин кишварро аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати хоприҷии худ медонад.
4. Бо пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ, муаррифкунандаи кишвар дар ҷаҳон мебошад. Махсусан дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо - Соли байналмилалии оби тоза - соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» - солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - соли 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд.
Нусратулло Зокирзода, ходими калони илмии ИФСҲ ба номи
А. Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои фалсафа
16 - уми ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агар ҳар яки мо, бо мурури замон ва инчунин гузашти солҳо лаҳзае ба саҳифаҳои пурҳаводиси миллати барӯмандамон назар афканем ва ё худ ибтидои солҳои навадуми асри сипарӣ гардидаро ба ёд орем, хоҳ -нохоҳ фазои он замонаро пеши назар ҷилвагар месозад, ки маҳз он даврони басо ҳам пурошӯб талошу ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои насли имрӯза бозгӯ менамояд.
Зеро мо ҳамагон хуб медонем ва ба хубӣ дарк менамоем, ки барои ба ин рӯзҳои накӯ ва сарнавиштсоз расидан, махсусан баҳри ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ ва инчунин нигоҳдошту якпорчагии Истиқлол миллати азиятдидаи тоҷик рӯзҳои басо душвореро паси сар намуд.
Ҳеҷ ҷойи пинҳон кардан нест, ки то рӯзи баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, хусусан гирем дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 ва ҳамзамон интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ он солҳои душвор аз боби Истиқлолу Ваҳдати миллӣ умуман гирем ягон ному нишоне набуд гӯем ҳам ягон иштибоҳ нахоҳем кард.
Илова ба ин гуфтаҳои фавқуззикр ин ду вожаҳои басо ҳам муқаддас низ тамоман вуҷуд надоштанд ва вирди забонҳо ҳам набуданд. Зеро он солҳо мардуми шарифи кишварамон низ дар он даврони хело душвори парокандагию бесарусомониҳо рӯҳияи Истиқлолро ҳам қариб буд, ки эҳсос намекарданд. Ҳар кас дар орзуи он буд, ки шояд рӯзи накӯе фаро расаду инсони асил ва марди соҳибхираде ба сари давлат ояду ин миллати парокандаро боз ба ҳам дӯсту тифоқ гардонад ва тамоми хавфу хатар ва парокандагии халқу мардуми кишварашро таъмин намояд.
Ниҳоятан ба бахти миллати тоҷик пас аз баргузор гардидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум бо қарори худ санаи 9-уми сентябри соли 1991-ро расман ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд ва ин санаи муқаддас дар таърихи давлату давлатдории миллати мо ҳамчун рӯзи миллӣ сабт гардида, аз он рӯз эътиборан дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд, ки ҳамаи ин ба шарофати ба сари қудрат омадани Президенти муҳтарами мо ва бо пойи муборакқадами ин абармарди миллат тавъаманд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишварамон маҳсуб меёбад.
Лозим ба тазаккур аст,ки маҳз барои ба ин гуна рӯзҳои накӯ расидан, хусусан баҳри ҳифзи Истиқлол миллати мо рӯзҳои душвореро паси сар кард. Дар кишварамон ба ҷойи таҳкиму такмили пояҳои давлатдории мавҷуда ихтилофу низоъ рӯз аз рӯз қувват мегирифт. Як идда қувваҳои аҷнабӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ҳамзамон ба таври пинҳонӣ ва гоҳе рӯйирост саъю талош меварзиданд, ки зимоми давлатдориро ба зиммаи худ гиранд ва идеологияи бегонаро барои миллати мо ҳоким ва тарғибу ташвиқ созанд.
Бар замми ин гуфтаҳо инчунин Хусуматҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатии мухолифини исломӣ таҳти роҳбарии ташкилоти экстеремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ) боиси норозигӣ ва муқовимати солими ҷомеа гардида, ниҳоятан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ё худ бародаркушӣ оварда расонид.
Мутобиқи шаҳодати омор дар ҷараёни рух додани ин фоҷиаи миллӣ зиёда аз 150 000 нафар одамон куштаву 30 000 адад хонаҳои истиқоматӣ сӯзонидаву садҳо биною иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд ва дар маҷмуъ хисороти молии ин ҷанги бемаънӣ қариб 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил менамуд.
Ҳамин тариқ, барои ба ин рӯзҳои нек расидан, махсусан баҳри ҳифзи Истиқлол ва инчунин якпорчагии кишвар миллати барӯманди мо рӯзҳои душвореро аз сари худ гузаронд ва бар замми ин гуфтаҳо ранҷҳои зиёдеро низ таҳаммул намуд.
Маҳз талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурданҳои Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Қаҳрамони Тоҷикистон тавонист, ки чунин рӯзҳои хушу хуррам ва ҳаёти осударо баҳрамон муҳайё гардонад.
Инак, Истиқлоли давлатии мо ҳам аллакай 34 -35 сола шуд. Ва Тоҷикистони азизу мустақилу озоди мо таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди арсаи сиёсат дар фазои орому осоишта ва бунёдкорию созандагиҳо ба комёбиҳои назаррас ҳамеша ноил гардида истодааст, ки ин ҳама дастовардҳову комёбиҳои беназир боиси ифтихори мову шумост.
Аз ин рӯ, дар саросари ҷумҳурии соҳибиқболу соҳибистиқлоли мо низ мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ботантана дар сатҳи давлату давлатдорӣ ва инчунин ботантана таҷлил карда мешавад.
Зеро маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриявиро касб намуда, бар замми ин рӯ ба тараққӣ дар самтҳои мухталиф намуд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббати дучанд ба Роҳбари давлатамон, марди соҳибхирад ва инсони асилу нексиришт ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Чунки маҳз ба бахти миллати бузурги тоҷик, таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату бофарҳанг ва бонангу номуси тоҷик муяссар гардид.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо як қатор мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид, ки бахти мардуми тоҷик ҷавонмарди далеру ғаюр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллату давлат аз аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан дар саргаҳи ин муборизаҳо қарор дошт ва ниҳоят ба шарофати талошу ҷоннисориҳо ва хости Парвардигор мову Шумо ниҳоятан ба чунин рӯзҳои нек мушарраф гардидем, ки аз ин падидаи нодири таърихӣ ҳамагон мудом шукргузор бояд бошем.
Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Расул Ғамзатов дар васфи Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин гуфтааст: ”Фақат ҷанг набошад шуд, он гаҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Оре, басо ҳам дуруст қайд кардааст ин нависандаи маъруф, чунки ҳаёт собит намудааст, ки хоҳ - нохоҳ пас аз рух додани воқеаҳои муҳимми сиёсӣ дар ҳар як кишвар шахсони таърихиро рӯйи саҳнаи сиёсат меоранд ва ҳамзамон ин нафарони диловару шуҷоъ дар сарнавишти миллату давлати худ бо мурури айём ва раванди рӯзгор нақши боризи худро мегузоранд.
Яке аз ин гуна ашхоси машҳури рӯйи олам - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки дар як давраи ниҳоят пурхавфу хатар ва дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор доштани кишвар ва дар мавриди фалаҷ гаштани пояҳои давлату давлатдорӣ бо як ҷуръату далерии рустамона зимоми давлату давлатдориро ба ӯҳдаи худ гирифта, давлати тоҷиконро аз фаноёбӣ ва миллатро аз вартаи фалокат наҷот доданд. Илова бар ин мардуми парокандаву ба кишварҳои хориҷӣ ба таври иҷборӣ ҳиҷрат кардаро аз хоки Афғонистону дигар мамолики рӯйи олам ба Ватани аҷдодиашон бозгардониданд.
Баъди бозгашти фирориён барои таъмини сулҳу суботи сартосарӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагонӣ ба таври пайваста ғамхориҳо зоҳир карданд. Тири онҳое, ки мехостанд ҷумҳурии нав ба Истиқлол расидаи тоҷиконро дар вартаи ҳалокату фалокат қарор диҳанду саропо ва ғарқа дар нифоқу низоъ ва ҷудоиандозиҳову парокандагиҳо бубинанд, ниҳоятан хок хӯрд.
Ҳамин тариқ, пеш гирифтани роҳи раҳоӣ аз бунбасти коммуни-катсионӣ, ҳисси баланди масъулият зоҳир карданҳо, талошу ҷонбозиҳо, муроду номуродиҳо, шинохти ҳувияти миллӣ, расидан ба сулҳу суботи доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҷоннисорона бархостану зимоми давлатдориро ба ӯҳда гирифтан, наҷоти кишвари харобу валангоргардида аз вартаи фалокату ҳалокат, эҳёи суннату анъанаҳои аҷдодӣ, ташкили оши оштӣ, гуфтушунидҳои ҳамешагӣ ва талошу муборизаҳои ватандӯстона, ҳифзи марзу бум ва таъмини амният дар маркази пойтахти мамлакат ва иҷрои дигар амалҳои накӯю судбахш боис бар он гаштанд, ки дар натиҷа мардуми паҳну парешон ва дар гирдоби номуродиҳо афтодаро раҳнамо гардаду ҳамаи онҳоро дар атрофаш мутаҳид намуда, дар қалби ҳар кадомашон ахтару шуълаи умедро ба рӯзгори орому осуда афрӯхта, ниҳоятан давлатро аз фаноёбӣ наҷот бахшад.
БОБОЗОДА Бақохоҷа Бобо, директори Институти ботаника,
физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)
Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.
Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.
Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.
Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.
Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.
Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.
Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм
Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон




