Skip to main content

19 феврали соли 2025 дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии тақдими дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) баргузор гардид. Ин дастгоҳ бо мусоидати Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсозии миллии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон мебошад, пешниҳод карда шуд.

Дар маросими тантанавӣ, муовини директор - Матин Ахмедов ва Олимҷон Азизов - мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба ҳайси ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллии АБНА, инчунин Акбарҷон Муродзода - сардухтури Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии Саратоншиносӣ" ва кормандони марказ ширкат варзиданд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ - Акбарҷон Муродзода, зимни тақдими таҷҳизот чунин изҳор дошт: «Солҳои охир бо мусоидати бевоситаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсозии миллии АБНА дар Тоҷикистон мебошад, ба Марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дастгоҳҳои замонавӣ тақдим гардида истодааст, ки онҳо ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, имкон медиҳад, ки ташхисро дар марҳилаи аввал муйаян намуда, ба табобати саривақтии беморони гирифтори саратон шуруъ намоем. Ҳамзамон он барои дар амал татбиқ намудани Барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди бемориҳои саратон саҳми назаррасро гузошта истодааст".

Илова бар ин, мутахассиси Марказ - Абубакр Насруллоев, ҷиҳати баланд бардоштани донишу малака давоми як сол дар Маркази миллии саратоншиносии шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба таҷрибаомӯзӣ рафта, айни замон дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ фаъолияти худро дар самти ташхиси дақиқ ва саривақтии бемориҳои саратоншиносӣ ба роҳ мондааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бештари лоиҳаҳои АБНА ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтар намудани шарту шароити табобатӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисоси касбӣ ва талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани Марказҳои саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд.