Skip to main content

19 феврали соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Артиши миллӣ – дастовард ва ҳомии бузурги истиқлолият” баргузор гардид.

Семинари илмиро муовин оид ба илм ва таълими директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Сангинзода Дониёр ифтитоҳ намуда, баён намуд, ки 18 декабри соли 1992 бо имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили артиши миллиро фароҳам овард. Вале заминаи амалии он бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шуд.

Бригадаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 декабри соли 1992 таъсис дода шуд, бо маҷмуи вазифаҳои бар зиммааш гузошташуда нахустсохтори артиши миллӣ, пешоҳанги мубориза бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусаллаҳшуда ҳисоб мешавад. 23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон», ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт – шаҳри Душанбе паради низомӣ баргузор гардид.

Аввалин маротиба дар сатҳи қонун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 23 феврал дар қисми 4, моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи идонаи корӣ муқаррар гардид. Пас аз таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далел баён менамоем, ки халқи тоҷик давоми таҳаввулоти таърихии худ, баъди ҳазор сол соҳиби Қувваҳои Мусаллаҳ гардид, ки асосгузори он Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар идомаи семинари илмӣ ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт Холназаров Назар дармавзӯи “Артиши миллӣ дастовард ва ҳомии бузурги истиқлолият” баромад намуда, иброз намуд, ки вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд: зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ; ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд: қӯшунҳои хушкигард; қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ; қӯшунҳои зудамал.

Дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд.

Дар музокира ва муҳокимаи семинари илмӣ доир ба мавзӯи баррасишаванда кормандони Институт Қурбонова Ширин, Зиёзода Субҳиддин, Воҳидова Санавбар, Дороншоева Некбахт ширкат намуданд.